Дар ин хутбаи Ҷумъа Ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад, – халифаи панҷуми ҷаомати Аҳмадия, як Сария ва як Ғазваро зикр намуданд. Номи сария Сарияи Курз ибни Ҷобир буд ва номи ғазва Ғазваи Зӣ Қард буд.

Сабаби сарияи Курз ибни Ҷобир ин буд, ки аз қабилаҳои Укул ва Урайна 8 нафар пеши Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам омаданд ва дар бораи Ислом маълумот гирифта мусалмон шуданд. Онҳо бемор буданд ва дар атрофи Мадина равон карда шуданд. Вақте сиҳат шуданд, мусалмонҳои он ҷоро куштанду шутурҳоро гирифта бурданд. Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам Курз ибни Омир Феҳриро бар 20 мусалмонҳо сардот таъйин намуда дунболи онҳо фиристоданд. Онҳо қотилонро дошта пеши Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам оварданд ва қотилонро ҷазои қатл дода шуд.

Боз ғазваи Зӣ Қард чунин ба вуқӯъ омад, ки шутурҳои Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро Уяайни ибни Ҳисн ба зурӣ гирифта буд. Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам то ба ҷойи Зӣ Қард ба дунболи онҳо рафтанд ва шутурҳои худро баргардонданд.