Дар ин хутбаи Ҷумъа Ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад, – халифаи панҷуми ҷаомати Аҳмадия, ду Сарияҳоро зикр намуданд. Яке Сарияи Абдуллоҳ ибни Равоҳа ва дигаре Сарияи Амр ибни Умайя Замрӣ ном дошт. Сардори нави яҳудиҳои Хайбар Усайр ибни Ризом аз сари нав кӯшишҳо сар кард, то ки Ислом ва мусалмонҳоро нест кунад. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳазрати Абдуллоҳ ибни Равоҳаро бо се саҳобаи дигар пеши сардори яҳудҳо равона карданд, то ки бо онҳо маслиҳат карда шавад ва аз ҷанг худдорӣ карда шавад.
Сарияи дигар Амр ибни Умайя Замрӣ мебошад. Абӯсуфён як одамро ба тарафи Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам равона карда буд, то ки ӯ Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро қатл кунад, аммо Он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз тарафи Худо хабар ёфта ӯро доштанд ва баъдтар ӯ мусалмон шуд. Сипас Он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам Амр ибни Умайя Замрӣ ва Салама ибни Асламро ба тарафи Абӯсуфён равона карданд ва фармуданд, ки агар ӯро дар ҳолати ғафлат бинед, бикушед, зеро Абӯсуфён лоиҳаи куштани Пайғамбарро сохта буд. Онҳо ба ин Сария баромданд, аммо Абӯсуфёнро кушта натавонистанд.
