Дар ин хутбаи Ҷумъа Ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад, – халифаи панҷуми ҷаомати Аҳмадия, эълони соли нави “Вақфи ҷадид”-ро карданд. Ҳузур фармуданд:
Ҳадиси қудсӣ аст, ки Аллоҳи таоло мефармояд, ки эй ибни одам, ту хазинаи худро ба ман дода мутмаин бош. Минбаъд онро на оташ хоҳад сӯзонд, на дар об ғарқ хоҳад шуд ва на ягон дузд хоҳад дуздид. Хазинае, ки ба Ман додаӣ, онро он рӯз ба ту мегардонам, ки ту аз ҳама зиёд эҳтиёҷаш хоҳӣ дошт.
Муъмуни ҳақиқӣ, ки ҳама вақт дар ҷустуҷӯи ризои Худо мебошад, бояд ҳамон меъёрҳои некиҳоро соҳиб шавад, ки ӯро наздики Худо кунанд. Боз фармуданд, ки “ризои ҳақиқии Худои таоло то вақте, ки мушкилҳои муваққатиро бардошт накунем, ҳосил шуда наметавонад.
Ҳазрати Абӯҳурайра (р) ривоят мекунад, ки ҳар саҳар ду фариштаҳо нозил мешаванд. Яке аз онҳо мегӯяд, ки Худоё, сахӣ ва харҷкунандаро бисёртар бидеҳ ва мисли ӯ одамони дигар низ пайдо кун. Фариштаи дигар мегӯяд, ки Худоё, бахилро ҳалок кун ва молу матоашро барбод деҳ.
Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҷоҳои гуногун барои харҷ кардани мол ҳавасмандӣ кардаанд.
Бо ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссалом Худои таоло ҳамин чиз фармуда буд, ки ман туро мол хоҳам дод ва мебинем, ки Худо мол дода истодааст. Аллоҳи таоло ҷамоатро тавфиқи харҷи ин мол низ диҳад. Дар ҷойи дуруст харҷ карда шавад ва ягон камбудӣ дар вай пайдо нашавад.
Ҳузур фармуданд, ки дар ин соли гузашта ҷамоат бо фазли Худо 13 миллиону 681 ҳазор фунт стерлинг қурбонии молӣ додааст. Сипас Ҳузур аз рӯйи қурбонии молӣ ҷоҳои кишварро эълон намуданд.
Leave A Comment