ПЕШГӮӢ ДАР БОРАИ НАВИШТАИ ХУД – “МАЗМУН ҒОЛИБ БАРОМАД”

Силсилаи мақолаҳо дар бораи иттлоъ бар ғайби ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом – Мироз Ғулом Аҳмад (а) навишта мешавад. Аз рӯйи оятҳои Қуръони пок ҳар касе, ки даъво мекунад, ки аз тарафи Худо таъйин шудааст, бояд Худо ӯро дар баъзе умури ғайб хабар диҳад, то дунёро маълум шавад, ки ин кас дар ҳақиқат аз тарафи Худо аст, зеро як дурӯғгӯ дар бораи оянда пешгӯӣ карда наметавонад ва агар кунад ҳам, Худо пешгӯии ӯро пеши мардум ботил карда нишон медиҳад. Танҳо ҳамон кас дар бораи оянда пешгӯӣ карда метавонад, ки Худои таоло ӯро хабар дода бошад ва бе Худои олимулғайб ин корро анҷом додан тамоман мумкин нест.

Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ҳазор-ҳазор пешгӯиҳо дар ҳаёти рӯзмарраи худ карда буданд ва мухолифони ҳамон вақта бар ин шоҳид буданд. Дар ин ҷо танҳо баъзе мисолҳоро навиштем, то дар дили як муҳаққиқ аланга пайдо шавад, ки дар бораи ин муддаии Масеҳ ва Маҳдӣ таҳқиқ кунад ва садоқатро қабул кунад.

Вазифаи ҳақиқии ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом Исломро бар ҳамаи динҳои дигар ғолиб карда нишон додан буд. Барои ин кор Худои таоло ҳазрати Ақдас алайҳиссаломро хеле фурсатҳо ба ҳам расонд ва ҳазрати Ақдас (а) бо роҳҳои гуногун ҳаққоният ва садоқати дини Исломро ба дунё нишон доданд. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дар ҳаёти худ бисёр хоҳиш доштанд, ки ягон ҷаласа баргузор шавад, ки дар он ҷо намояндагони ҳамаи динҳо бошанд ва ҳар кас садоқати дини худро ба мардум ошкор кунад, то маълум шавад, ки дар ин замон дар дунё кадом дин дини ҳақиқӣ, афзал ва аз тарафи Худо аст. Худои таоло барои такмили хоҳиши Ҳузур (а) чунин фурсат пайдо кард, ки як ҳинду – Савомӣ Соду Шуганчандр, ки барои тарбияи ҳиндуҳо хидмат мекард, фикр кард, ки бояд як ҷаласа шавад ва дар он ҷо намояндаи ҳамаи динҳо бошанд, то маълум шавад, ки кадом дин афзалу бартар аст. Ӯ барои такмили ин кор комиссияро ташкил дод ва як майдони шаҳри Лоҳурро барои ҷаласа интихоб кард. Ӯ як эълон чоп карда пайравони ҳамаи динҳоро савганд дода мухотаб кард, ки ҳатман ҳамаи шумо дар ин ҷаласа иштирок кунед ва дар бораи садоқати дини худ маърӯзае бихонед. Барои ғайрат пайдо кардан ҳамон ҳинду навишт, ки

“Оё ман қабул карда метавонам, ки касе дигаронро дар як бемории хатарнок гирифтор фикр кунад ва боварӣ дорад, ки шифои он беморӣ дар доруи ман аст ва дар баробари ин даъвои ҳамдардии инсонҳо низ мекунад, дар ҳолате, ки беморон барои табобати худ ӯро ҷеғ мезананд, дониста аз пайи табобати онҳо нашавад? Дили ман барои ин кор беқарор шудааст, ки қазоват шавад, ки кадом дин дар ҳақиқат пурри садоқатҳо аст ва намедонам, ки ин эҳсосоти худро чӣ тавр баён кунам”.

Мунтазимини ҷаласа ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро низ даъвати иштироки ҷаласа доданд. Ҳазрати Ақдас (а) бо камоли мусаррату хурсандӣ инро қабул карданд. Барои навиштани маърӯзаҳо аз тарафи комиссия панҷ саволҳо пешниҳод карда шуданд ва қарор гирифта шуд, ки бояд аз китоби динии ҳар кас ҷавоби ин саволҳо гардонда шаванд. Саволҳо чунин мебошанд:

  1. Ҳолатҳои ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва рӯҳонии инсон
  2. Ҳолати баъдинаи зиндагонии дунёи инсон, яъне уқбо
  3. Ҳадафи ҳақиқии вуҷуди инсон дар дунё чӣ мебошад ва он ҳадаф чӣ тавр ҳосил карда метавонем?
  4. Таъсири аъмол дар дунё ва дар охират чӣ хел аст?
  5. Воситаҳои илму маърифат кадомҳоянд?

Барои ин ҷаласа се рӯз 26,27 ва 28-уми декабри соли 1896 интихоб карда шуданд. Ҳазрати Масеҳ Мавъуд алайҳиссалом ин даъватро қубул фармуда, дар бораи ҳаққонияти дини Ислом маърӯза навиштанро сар карданд. Ҳоло ҳазрати Ақдас (а) маърӯзаро навишта истода буданд, ки аз тарафи Худо ҳамчун пешгӯӣ дар забони урду илҳом шуд, ки

’’مضمون بالا رہا‘‘

Яъне “Мазмун ғолиб шуд, ё маърӯза боло баромад”. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ин башорати аз тарафи Худои олимулғайбро 21-уми декабри 1896, яъне 5 рӯз пеш аз оғоз шудани ҷаласа, ҳамчун эълон чоп карда байни мардум паҳн карданд. Дар эълон матни зеринро навиштанд:

“Ҷаласаи мазоҳиби аъзам дар Лоҳур 26,27 ва 28-уми декабр 1896 баргузор хоҳад шуд. Дар ин ҷаласа маърӯзаи банда дар бораи камолот ва муъҷизаҳои Қуръон хонда хоҳад шуд. Ин як маърӯзаест, ки аз қувваҳои инсонӣ бартар ва нишоне аз нишонҳои Худо ва бо таъйиди хоси Ӯ таборак ва таоло навишта шудааст. Дар ин маърӯза ҳақоиқ ва маорифи Қуръон навишта шудаанд, ки аз онҳо мисли Офтоб равшан хоҳад шуд, ки дар ҳақиқат ин каломи Худо ва китоби Рабб-ул-оламин аст. Ҳар он шахсе, ки ин маърӯзаро аз аввал то охир, яъне то ҷавоби саволи панҷум гӯш хоҳад кард, ман яқин дорам, ки як имони нав дар ӯ пайдо хоҳад шуд ва як неруи нав дар ӯ хоҳад дурахшид ва як тафсири ҷомеъ ба даст хоҳад овард. Маърӯзаи ман аз савсатаҳои инсонӣ пок ва аз доғи лоф муназза аст. Айни замон танҳо ҳамдардии бани одам маро бар навиштани ин эълон маҷбур кардааст, то онҳо мушоҳидаи ҳусну ҷамоли Қуръон кунанд ва бубинанд, ки мухолифони мо чӣ қадар зулм мекунанд, ки бо торикӣ часпидаанд ва аз нур нафрат доранд. Маро Худои Алим ба воситаи илҳом иттилоъ додааст, ки ин маърӯзаест, ки бар ҳама ғолиб хоҳад баромад ва дар ин як нури садоқат, ҳикмат ва маърифатест, ки қавмҳои дигар, ба шарте, ки дар он ҷо ҳозир бошанд ва аз аввал то охир гӯш кунанд, шарманда хоҳанд шуд. Онҳо ҳеҷ гоҳ бар ин қодир нахоҳанд шуд, ки чунин камолот дар китобҳои худ нишон диҳанд. Онҳо хоҳ масеҳиён бошанд, хоҳ ория, хоҳ соҳибони санотандарам ва хоҳ пайравони ягон дини дигар, зеро Худои таоло қарор гирифтааст, ки он рӯз ҷилваи китоби поки Ӯ зоҳир шавад. Ман дар олами кашф дар бораи ин дидам, ки бар маҳалли ман аз ғайб даст зада шуд ва бо ламси он аз он маҳалли ман як нури сотеа баромад, ки ба атроф паҳн шуд ва бар дастҳои ман низ нури он маҳал расид. Он гоҳ шахсе, ки ба назди ман истода буд, бо овози баланд гуфт: اَللہُ اکْبَر خَرِبَتْ خَیْبَر (Аллоҳу акбар, харибат хайбар). Таъбири ин кашф чунин аст, ки мурод аз маҳал дили ман аст, ки ҷойи нузулу ҳулули анвор аст ва маърифатҳои нуронӣ ҳастанд. Мурод аз хайбар ҳамаи динҳои вайроншуда мебошанд, ки дар онҳо ширк ва ботил омехта шудааст ва дар онҳо инсонро ҷойи Худо дода шудааст ва ё сифоти Худоро аз ҷойи комилашон фароварда шудааст. Пас, маро хабар дода шуд, ки баъд аз паҳн шудани ин маърӯза ботил будани динҳои дигар ошкор хоҳад шуд ва садоқати Қуръон рӯз то рӯз густариш хоҳад ёфт, то вақте, ки доираи худро ҳосил нанамояд. Ҳамон вақт ман аз он ҳолати кашф ба ҳолати илҳом интиқол дода шудам ва маро илҳом шуд, ки

اِنَّ اللہَ مَعَکَ اِنَّ اللہَ یَقُوْمُ اَیْنَمَا قُمْتَ۔

Яъне “Худо бо ту аст. Худо бо ту истодааст”. Ин барои ҳимояи Илоҳӣ ҳамчун истиора аст. Акнун ман бисёр навиштан намехоҳам. Ҳар касро иттилоъ медиҳам, ки ҳатман вақти худро ҷудо карда барои гӯш кардани ин маърифатҳо дар Лоҳур дар мақоми ҷаласа биояд. Ақлу имонашон то ба дараҷае фоида хоҳанд дид, ки онҳо ҳатто гумон карда наметавонанд”. والسلام علی من اتبع الھدٰی

(Таблиғи рисолат, қисми панҷум. Саҳифаи 78,79. Эълони 21-уми декабр 1896)

Ин эълонро, ки як пешгӯии забардаст дошт, дар тамоми Ҳиндустон ва махсус дар шаҳри Лоҳур паҳн карда шуд. Пеш аз сар шудани ҷаласа дар ҳамаи шомилин ва мунтазимини ҷаласа низ тақсим карда шуд, ки аксари онҳо ғайри мусалмон ва мухолифи дини Ислом буданд. 26-уми декабр ҷаласа оғоз шуд. Охирон рӯзи ҷаласа, яъне рӯзи 28-ум навбати хондани маърӯзаи ҳазрати Ақдас (а) расид. Аз рӯйи нақша маърӯза бояд аз соати 1:30 то 3:30 хонда мешуд. Саҳобӣ ва пайрави ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а), Мавлоно Абдулкарим сиёлкутӣ маърӯза хонданро оғоз карданд. Дар майдон қариб 8 ҳазор шунавандагон бо диққат маърӯзаро гӯш карданд. Аз ҳар тараф овози офарин баланд шуд. Вақти таъйиншуда тамом шуд, аммо маърӯза ҳоло ҳам тамом нашуда буд. Ҳамаи ҳозирини ҷаласа як забон шуда гуфтанд, ки барои тамом кардани маърӯза вақтро зиёд карда шавад. Мунтазимин вақтро зиёд карданд. Бо вуҷуди ин матни маърӯза то охир хонда нашуд. Ҳозирин ҷаласа илтимос карданд, ки барои тамом кардани ин маърӯза бояд як рӯзи дигар илова карда шавад. Мунтазимин завқи мардумро дида, як рӯзро афзуданд. 29-уми декабр боз ин маърӯзаро хонда, то охир тамом карда шуд. Вазъият ин тавр шуд, ки рӯзи 29-ум теъдоди иштирокчиёни ҷаласа аз рӯзи 28-ум ҳам зиёдтар шуд.

Дар охири ҷаласа аз даҳони сардори ҷаласа, ки як ҳинду буд, беихтиёр баромад, ки “Ин маърӯза бар ҳамаи маърӯзаҳои дигар ғолиб баромад”.

Ғайр аз ин рӯзномаҳои гуногуни ҳамон вақт дар таърифи ин маърӯза хабар доданд ва таҳсину офарин гуфтанд. Рӯзномаҳои машҳур, ки дар бораи ғолиб баромадани ин маърӯза хабар дода буданд, инҳо мебошанд:

Сивал энд милитарӣ газат”, “Чодҳавӣ садӣ”, “Ҷанрал ва гавҳари осафӣ”, “Бирисал таймз энд мирар”, “Спирчуал ҷанрал”, “Теософикал бук нотс”, “Индиан ривию”, “Муслим ривию” ва ғайраҳо.

Ин маърӯзаро баъдтар бо номи «Фалсафаи усули Ислом» дар шакли як китоб чоп карда шуд.

Хонандагони азиз, фикр кунед ва дуо кунед, ки Худо ҳамаи моро роҳи рост нишон диҳад, то дунё ва охирати мо дуруст шавад. Худои таоло дар бораи як маърӯза хабар дод, ки ин маърӯза ғолиб хоҳад баромад. Натиҷа ин тавр шуд, ки мухолифони мусалмонон ҳам ин маърӯзаро таъриф карданд ва то ҳозир касе ин маърӯзаро мехонад, забонаш бетаъриф намемонад.

وما علینا الا البلاغ المبین

●●●●