“ЯК ҚУВВАИ ШАРҚӢ ВА АҲВОЛИ ЗАИФИ КОРЕЯ”
Кишвари Корея як кишвари ҷазирамонанд аст, ки наздики Япония ҷойгир мебошад. То соли 1904 ин кишвар мустамликаи Чин буд ва тамоман машҳур набуд. Ҳатто одамони таълимёфта ҳам аз номи ин кишвар ноошно буданд. Ҳамон замон моҳи июни соли 1904 Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро ба забони урду илҳом шуд, ки
’’ایک مشرقی طاقت اور کوریا کی نازک حالت‘‘
“Як қувваи шарқӣ ва аҳволи заифи корея” «Тазкира, саҳифаи 429, чопи 2004»
Бубинед, дар як деҳаи хурдакак, дар Қодиён нишаста як одаме, ки аз сиёсати дунё бехабар буд ва бо ягон шаҳри калон ҳам иртибот надошт, даъво мекунад, ки маро Худои таоло дар илҳом хабар додааст, ки дар Шарқ як қувва пайдо хоҳад шуд, ки ба сабаби он вазъияти Корея заиф хоҳад шуд. Дар ҳақиқат ин даъво ҳайратовар аст ва агар ин пешгӯӣ рост барояд, дар худ муъҷиза ҳисобида мешавад.
Акнун таърихшиносон медонанд, ки дар соли 1904 салтанатҳои бузург ва қувваҳо дар ғарб буданд ва дар шарқ ягон қувваи бузург мавҷуд набуд. Япония он замон як салтанати майдаак буд ва баъд аз илҳоми ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дар шарқ ҳамчун қувваи бузург қабул карда шуд. Россия мехост, ки Кореяро ба мустамликаи худ дарорад, аммо Япония дар натиҷаи ин кори Россия марги худро медид. Билохир дар соли 1905 ба сабаби ҳамин масъала байни Россияву Япония ҷанги сахт оғоз шуд. Ҳама медонистанд, ки дар муқобили Россия, Япония мисли чумчук дар муқобили уқоб аст, зеро Япония ягон қуввае надошт, аммо фармудаи Худо бояд ба мардум нишон дода мешуд ва садоқати фиристодаи ӯ бояд ба мардум ошкор карда мешуд. Дар ин ҷанг бар зидди умедҳои ҳамаи дунё Россия бо вуҷуди қувваи бузурги ҷангии худ аз Япония шикаст хӯрд ва киштии азими ҷангии Россия дар баҳри Япония ғарқ шуд. Дар натиҷа Корея зери Япония шуд ва пешгӯии ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ҳарф ба ҳарф рост баромад.
Азамати ин пешгӯиро як таърихдон фаҳмида метавонад, аммо як одами одӣ ҳам агар таърихро мутолиа кунад ва дар баробари ин пешгӯии ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро бинад, ҳатман бар садоқати ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом қоил хоҳад шуд. Худо ҳамаро тавфиқ диҳад, ки Маҳдӣ ва Масеҳи ҳақиқиро қабул кунанд.
وما علینا الا البلاغ المبین
●●●●
Leave A Comment