ПЕШГӮӢ ДАР БОРАИ ВАБОИ ТОУН

Солҳои 1894 ва 1895 аз рӯйи ҳадиси ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар моҳи Рамазон барои нишон додани садоқати Масеҳи Мавъуд (а) Худо нишони моҳгирифтан ва офтобгирифтанро нишон дод. Мардум аз ин нишон фоида нагирифтанд. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом 6-уми феврали соли 1898 кашф диданд. Фармуданд:

“Фариштаҳои Худои таоло дар ҷоҳои гуногуни вилояти Панҷоби Ҳиндустон ниҳолҳои сиёҳ корида истодаанд ва он дарахтон бениҳоят бадшакл, сиёҳранг ва хавфноку қадпастанд”. «Тазкира, саҳифаи 262, чопи 2004»

Ҳазрати Ақдас (а) фармуданд, ки

“Ман аз баъзе корандагони ҳамин ниҳолҳо пурсидам, ки инҳо чӣ намуд дарахтанд? Онҳо ҷавоб доданд, ки инҳо дарахти вабои тоун мебошанд, ки ба наздик дар кишвар паҳн шуданист”. «Тазкира, саҳифаи 262, чопи 2004»

Барои паҳн кардани ин пешгӯӣ Ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) ҳамон рӯз як иштиҳор чоп кунонданд ва дар он мардумро маслиҳат дода шуд, ки азбаски тибқи пешгӯӣ ба наздикӣ вабои тоун паҳн шуданист, бинобар ин, ҳамчун пешбинӣ дар рӯзҳои тоун мардум аз деҳаҳо берун шуда, дар майдонҳо рӯзҳо ба сар баранд. Азбаски дар вақти чопи ин иштиҳор дар кишвар ягон нишонаи вабои тоун набуд ва дар зоҳир имконҳои паҳн шудани вабо низ набуданд, бинобар ин олимон ва инкоркунандагони ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) бар зидди Ҳазрати Ақдас (а) як тӯфони беадабӣ барпо карданд ва бисёр истеҳзову шӯхиҳо карданд. Рӯзномаи машҳури он вақт “Пайса Ахбор” навишта буд, ки

“Мирзо ҳамин тавр мардумро метарсонад. Худи ӯ шикори тоун хоҳад шуд”.

Хулоса, монанди суннати дигар фиристодаи Худо мардум ба ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом низ бисёр истеҳзо карданд, аммо Худо ҳақро аз ботил ҷудо мекунад.

Дар охир аз рӯйи пешгӯӣ аввал дар Ҷоландар ва баъдтар дар Ҳушёрпур вабои тоун сар шуд ва оҳиста-оҳиста чунин сахт шуд, ки ҳукумат ҳеҷ кор карда натавонист. Азбаски ҳоло вабо ба дигар шаҳрҳо сироят накарда буд, барои ҳамин олимони динӣ ва мардум ба ҷойи он ки аз инзори Худо тарсида фоида гиранд ва тавбаву истиғфор кунанд, роҳи тамасхурро пеш гирифтанд. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) аз роҳи ҳамдардӣ боз як эълони дигар ба унвони “Тоун” 17-уми марти соли 1901 чоп карданд. Дар ин иштиҳор пешгӯии пешинаро ба мардум хотиррасон кунонда навиштанд, ки

“Эй азизон, ба он хотир ин иштиҳор чоп мекунам, ки эҳтиёт шавед ва аз Худо битарсед ва намунаи покро нишон диҳед, то Худо бар шумо раҳм кунад ва он балое, ки бисёр наздик омадааст, Худо вайро нобуд кунад. Эй ғофилон, ин вақти тамасхару шӯхӣ нест. Ин ҳамон балоест, ки аз осмон меояд ва танҳо аз ҳукми Худои осмон бартараф мешавад”.

(Маҷмӯаи иштиҳорот, ҷилди 2, саҳифаи 500. Иштиҳори 17-уми март соли 1901)

Вақте аз ин танбеҳоти ҳазрати Ақдас (а) мардум ҳеҷ фоида нагирифтанд ва натанҳо ба тарафи Худо таваҷҷуҳ накарданд, балки дар саркашӣ аз ҳад гузаштанд, он гоҳ қаҳри Худованд афзуд ва дар соли 1902 вабои тоун он чунон сахт шуд, ки мардум мисли ҳайвонҳо мурданд. Хонаҳо аз инсонҳо холӣ шуданд ва лошаҳои мардум дар хона пӯсиданд, зеро ба сабаби даҳшати тоун касе ҷуръат намекард, ки онҳоро гӯронад. Агар касе чунин мекард, худаш дар вабо гирифтор мешуд. Бисёр муллоҳо, ки ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро тамасхур мекарданд, шикори тоун шуданд ва Худо дунёро нишон дод, ки Ӯ ба тарафи кӣ аст. Ин ҳолатро дида боз дар дили ҳазрати Масеҳи Мавъуд раҳми мардум ҷӯш зад ва ҳазрати Ақдас алайҳиссалом бо ҳидояти Илоҳӣ як китобча ба номи «Дофеъ‑ул‑бало ва меъёри аҳл‑ул‑истифо» навиштанд. Дар ин китобча мардумро якум ба тарафи назофати зоҳирӣ таваҷҷуҳ карданро пешниҳод карданд ва дуюм ба тарафи табобати ҳақиқии тоун таваҷҷуҳи мардумро кашиданд, яъне онҳо бояд аз гуноҳҳо ва бадамалиҳои худ тавба кунанд ва бо Холиқи ҳақиқии худ сулҳ кунанд. Дар ҳамин китоб ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссало мардумро ҳамон илҳоми худ низ ёдоварӣ кунонданд, ки 26-уми май 1898 дар як даъватнома чоп карда буданд. Илҳом ин тавр мебошад:

اِنَّ اللہَ لَا یُغَیِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتّٰی یُغَیِّرُوْا مَا بِاَنْفُسِھِمْ اِنَّہٗ اٰوَی الْقَرْیۃَ۔

Яъне Худои таоло нийят кардааст, ки ин балои тоунро ҳеҷ гоҳ дур нахоҳад кард, то мардум фикрҳои худро, ки дар дилашон мавҷуд аст, иваз накунанд. Яъне то вақте, ки онҳо маъмури Худоро қабул накунанд, тоун дур нахоҳад шуд ва Ӯ Худои Қодир Қодиёнро (деҳаи ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссаломро) аз вайронӣ ва табоҳӣ маҳфуз хоҳад монд, то шумо бидонед, ки Қодиён барои он маҳфуз монда шуд, ки русули Худо дар он ҷо мавҷуд буд.

(Дофеъ-ул-бало, Рӯҳонӣ хазоин, ҷилди 18, саҳифаи 225,226)

Хонандагони азиз, оё ҷойи фикр нест, ки як одам, ки мардум наузубиллоҳ ӯро каззоб ва даҷҷол мегуфтанд, чор сол пеш аз омади тоун хабари вай медиҳад. Он вақт ягон аломати тоун ҳам набуд, аммо баъдтар айнан гуфтаи ҳамон одам рост баромад ва мардум мисли ҳайвонҳо мурданд ва ягон кас соҳибашон нашуд.

Боз ҳамон одам, ки даъвои Масеҳ ва Маҳдӣ дорад, дар бораи аҳлу оилаи худ илҳом чоп мекунад, ки

اِنِّیْ اُحَافِظُ کُلَّ مَنْ فِی الدَّارِ۔۔۔۔۔ وَاُحَافِظُکَ خَاصَّۃً۔ (تذکرۃ۔ صفحہ250 مطبوعہ 2004)

Яъне Худо ба ҳазрати Масеҳи Мавъуд фармуд, ки Ман ҳар он касро, ки дар хонаи шумо аст ҳифозат мекунам ва махсус туро аз ҳар бало маҳфуз хоҳам монд.

Хонандагони азиз, магар ягон дурӯғгӯ дар вақти вабо ва бало чунин даъво карда метавонад? Танҳо ҳамон кас чунин даъво карда метавонад, ки аз тарафи Худо бошад, зеро ӯ яқини комил дорад, ки Худо ӯро маҳфуз хоҳад монд ва айнан ҳамин тавр шуд. Он замон дар хонаи ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом қариб 80 нафар буданд. Ҳеҷ кас ба бемории тоун гирифтор нашуд. Аз ҳамон кӯчаву ҳамсояҳо мардум ба ин бемории тоун гирифтор шуданд ва мурданд, аммо Худои бузургу бартар, ки ҳар як зарра зери ҳукми Ӯ мебошад, хонаи ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро аз беморӣ маҳфуз монд.

Ғайр аз ин ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом мухолифони худро мухотаб карда гуфтанд, ки агар онҳо фикр мекунанд, ки бо Худо ягон намуд алоқа доранд, пас, онҳо низ чинин даъво чоп кунанд, ки “Худо моро низ аз ин беморӣ маҳфуз хоҳад монд”. Агар ин тавр шуд, пас, ман онҳоро авлиёуллоҳ хоҳам донист. Бо вуҷуди ин, ки муллоҳои он замон худро посбонони дини Ислом мегуфтанд ва ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро каззобу даҷҷол мегуфтанд, ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки дар вақти вабои тоун ба муқобили ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом барояд.

Ин пешгӯӣ чунон равшан аст, ки баъд аз ин ҳам агар касе сарпечӣ кунад, пас ҳолати ӯ ниҳоят қобили раҳм мебошад. Кадоме чашми адолат дорад, мебинад, ки

  1. Хабари вабои туон бисёр пештар дода шуда буд ва ягон ихтирои тиббӣ ҳоло эҷод нашуда буд, ки пешакӣ дар бораи вабоҳо огоҳ кунад.
  2. Вақти зоҳиршавии тоун мардумро огоҳ карда шуд, ки ин бемории қӯтоҳмуддат нест, балки сол то сол ин беморӣ ҳамла кардан мегирад.
  3. Ин чиз ҳам пешакӣ гуфта шуд, ки ин беморӣ дар Панҷоб ниҳоят сахт хоҳад буд, чунончи аз воқеаҳо исбот мешавад, ки ин беморӣ дар Панҷоб аз ҳама зиёд паҳн шуд ва дар ҳамин ҷо муромурӣ бисёр шуд.
  4. Духтурҳо пешгӯиҳо карданд, ки акнун ин беморӣ идора карда шудааст, аммо ҳазрати Ақдас алайҳиссалом фармуданд, ки то он вақт ин беморӣ кам намешавад, ки Худо нагӯяд ва ҳамин тавр шуд. Даври ин вабо то 9 сол давом кард.
  5. Билохир Худо раҳм карда, кам кардани шиддати бемориро ваъда дод ва ба ҳазрати Ақдас алайҳиссалом фармуд, ки “Тоун рафтааст ва тасп мондааст”. Чунончи, баъд аз ин илҳом тоун кам шудан гирифт ва ҳамлаи таспи шадид дар Панҷоб сар шуд, ки ҳеҷ як хона аз ин холӣ намонд ва дар ҳисоботи ҳукуматӣ ҳам қабул карда шуд, ки ин ҳамлаи таспи ғайри одӣ буд.

Аз ин пешгӯӣ низ исбот мешавад, ки Худои таоло Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссаломро Масеҳ ва Маҳдӣ карда фиристода буд, зеро мардум ба шинохти одам хато карда метавонанд, аммо Худо ҳеҷ гоҳ хато намекунад ва ҳақро аз ботил фарқ карда нишон медиҳад. اھدنا الصراط المستقیم۔

وما علینا الا البلاغ المبین۔

●●●●