ПЕШГӮӢ ДАР БОРАИ ҶАНГИ ҶАҲОНИИ ЯКУМ

ПЕШГӮӢ ДАР БОРАИ ПОДШОҲИ (ЦАРЬ) РОССИЯ

Аз рӯйи Қуръони пок содиқ бояд аз тарафи Худо илм бар ғайб дошта бошад. Ин пешгӯӣ, ки дар поён зикр мекунем, дар бораи ҷанги ҷаҳонии якум мебошад. Дар таркиби ин пешгӯӣ бисёр пешгӯиҳои дигар ҳам буданд, ки аз тарафи Худо ба вуқӯъ омаданд. Яке аз онҳо дар бораи аҳволи бади подшоҳи Россия низ буд. Ин мақола ғайр аз исбот кардани садоқати Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад (а), мақолаи илмӣ ва таърихӣ низ мебошад.

Ин пешгӯӣ барои ҳамаи дунё ба манзалати ҳуҷҷат шуд ва исбот карда шуд, ки дар қабзаи қудрати Худованд дилҳои арбоби ҳукумат низ мисли дилҳои мардуми одӣ ҳастанд ва дигар махлуқот барин инсон ҳам итоати Ӯ мекунад. Ин пешгӯӣ соли 1905 чоп карда шуд ва дар матнаш дар бораи ҷанги ҷаҳонӣ хабар дода шуд.

Матни аслӣ, ки дар он дар бораи ин ҷанг хабар дода шуд, дар бораи як зилзила хабар буд, аммо аломатҳое, ки гуфта шуданд, зоҳир мекарданд, ки ғайр аз зилзила ягон офати дигар низ дар вай пинҳон аст ва илҳомҳои дигар низ таъйиди ҳамин хаёл мекарданд. Чунончи илҳомҳое, ки дар бораи ин ҷанг хабар медиҳанд, инҳо мебошанд.

“Нишони тоза, осеби нишони тоза. زَلُزَلَۃُ السَّاعَۃِ قُوْا اَنْفُسَکُمْ.

نَزَلْتُ لَکَ۔ لَکَ نُرِیْ اٰیَاتٍ وَ نَھْدِمُ مَا یَعْمُرُوْنَ۔ قُلْ عِنْدِیْ شَھَادَۃً مِنَ اللہِ فَھَلْ اَنْتُمْ مُؤْمِنُوْنَ۔

 کَفَفْتُ عَنْ بَنِیْ اِسْرَائِیْلَ۔ اِنَّ فِرْعَوْنَ وَ ھَامَانَ وَ جُنُوْدُھَا کَانُوْا خَاطِئِیْنَ۔

«Тазкира, саҳифаи 450, 451. Чопи 2004»

Фатҳи намоён, фатҳи мо. 285

اِنِّیْ مَعَ الْاَفْوَاجِ اٰتِیْکَ بَغْتَۃً۔ 286

Ин илҳом бо такрор шуд. “Кӯҳ афтид ва зилзила омад.”

“Оташафшон”

مَصَالِحُ الْعَرَبِ۔ مَسِیْرُ الْعَرَبِ۔

عَفَتِ الدِّیَارُ کَذِکْرِیْ۔

اُرِیْکَ زَلْزَلَۃَ السَّاعَۃِ۔

یُرِیْکُمُ اللہُ زَلْزَلَۃَ السَّاعَۃِ۔

لِمَنِ الْمَلْکُ الْیَوْمَ لِلّٰہِ الْوَاحِدِ الْقَھَّارِ۔

«Тазкира. Саҳифаҳои 543, 559, 563, 566, 609, 625»

Тарҷумда: Зилзила – намунаи қиёмат, ҷонҳои худро саломат баред. Ман ба хотири ту нозил шудам, Мо ба хотири ту бисёр нишонаҳо нишон хоҳем дод ва чизе дунё гуфта истодааст, онро маҳву нобуд хоҳем кард. Бигӯ, ки ман аз тарафи Худо шаҳодат дорам, магар шумо имон хоҳед овард? Ман сахтии Бани Исроилро дур кардам. Лашкарҳои Фиръавн ва Ҳомон ва худи онҳо хатокоранд. Фатҳи намоён. Ман бо лашкарҳо назди ту меоям ва якбора меоям. Кӯҳ афтид ва зилзила омад. Кӯҳи оташафшон. Барои аҳли араб чунон роҳҳо пайдо мешаванд, ки ба онҳо рафтан фоиданок аст ва аҳли араб аз хонаҳои худ берун меоянд. Хонаҳоро мисли он, ки зикри Ман аз он ҷо маҳв карда шудааст, маҳв карда хоҳанд шуд.

Дар шеърҳои урду Ҳазрати Ақдас алайҳиссалом ин зилзиларо шарҳ дода зикр кардаанд. Хулосааш ин аст.

“Ин зилзила чунон сахт хоҳад буд, ки ба мардум, деҳаҳо ва киштзор табоҳӣ хоҳад омад. Агар ба одаме дар ҳолати бараҳнагӣ ин зилзила ояд, он кас либоси худро пӯшида нахоҳад тавонист. Мусофирҳо аз ин дар дарди сахт мубтало хоҳанд гашт ва баъзе аз таъсираш ба ким‑куҷо хоҳанд рафт. Дар замин шикофҳо пайдо хоҳанд шуд ва ҷӯйҳои хун равон хоҳанд шуд. Ҷӯйҳои кӯҳҳо бо хун сурх хоҳанд шуд. Ба тамоми дунё ин офат хоҳад омад ва ҳамаи инсонҳо хоҳ калон бошанду хоҳ майда ва ҳамаи ҳукуматҳо дар натиҷаи ин заиф хоҳанд шуд. Алалхусус Царь (пошоҳи Россия) ба ҳолати бад гирифтор хоҳад шуд. Ҳатто ҳайвонҳо низ аз ин бетаъсир нахоҳанд монд ва ҳуши худро гум карда забони худро фаромӯш хоҳанд кард”.

Ғайр аз ин ҳазрати Ақдас алайҳиссаломро илҳом шуд, ки “Киштиҳо роҳ мегарданд, то куштӣ шавад”, “Лангарро бардор” «Тазкира» ва ин ҳам навиштанд, ки “Ин ҳамаи чиз дар давоми 16 сол воқеъ хоҳанд шуд”. Аввал ҳазрати Ақдас алайҳиссаломро илҳом шуда буд, ки аз он маълум мешавад, ки зилзила дар зиндагии Ҳазрати Ақдас (а) хоҳад омад, аммо баъдтар дар илҳом ин дуоро ёд дода шуд, ки “Эй Худо, маро ин зилзила нишон надеҳ”. Чунончи ҳамин тавр шуд. Ин ҷанг дар байни 16 сол шуд, аммо дар зиндагии Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом сар нашуд.

Чӣ хеле, ки пештар зикр кардам, ки ин пешгӯӣ калимаи зилзиларо дар бар мегирад, аммо мурод аз ин ҷанги ҷаҳонӣ аст. Акнун он нуқтаҳоро баён мекунем, ки аз он маълум мешавад, ки дар ин пешгӯӣ дар ҳақиқат хабари ҷанги ҷаҳонӣ дода шуда буд.

1. Калимаи зилзила барои ҷанг низ, балки барои ҳамаи офат истифода карда мешавад. Дар Қуръони карим низ ин калима барои ҷанги ҷаҳонӣ истифода карда шудааст. Дар сураи Аҳзоб Худои Ҷалла Ҷалолаҳу мефармояд:

إِذْ جَاؤُوكُم مِّن فَوْقِكُمْ وَمِنْ أَسْفَلَ مِنكُمْ وَإِذْ زَاغَتِ الْأَبْصَارُ وَبَلَغَتِ الْقُلُوبُ الْحَنَاجِرَ وَتَظُنُّونَ بِاللَّهِ الظُّنُونَا۔ هُنَالِكَ ابْتُلِيَ الْمُؤْمِنُونَ وَزُلْزِلُوا زِلْزَالًا شَدِيدًا۔

Яъне ба хотир биёред он вақтро, ки душман аз боло ва аз поёни шумо бар шумо ҳамла кард. (он гоҳ) чашмҳо хира ва дилҳо то ба гулӯ расида буданд ва шумо дар бораи Худо дар ваҳмҳои гуногун афтида будед. Он вақт муъминҳоро озмуда шуд ва онҳо дар як офати сахт мубтало гаштанд.

Пас, вақте ки калимаи зилзила барои ҳар кадом офат истифода карда мешавад ва дар Қуръон низ барои ҷанг истифода шудааст, мо ҳақ дорем, ки калимаҳои пешгӯиро низ ба ин маъно гирем ва метавонем, ки маънояш ғайр аз зилзила кунем.

2. Вақте ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) ин пешгӯиро чоп карданд, он вақт ин чиз ҳам илова карданд, ки ҳарчанд дар зоҳир калимаҳо ба тарафи зилзила ишора мекунанд, аммо “мумкин аст, ки ин зилзилаи одӣ набошад, балки ягон офати шадид бошад, ки назораи қиёмат нишон диҳад ва назираш ин замона надида бошад ва бар ҳар намуд ҷонҳо ва биноҳо сахтӣ нозил шавад”. «Тазкира. Саҳифаи 540. Чапи чаҳорум»

Пас пеш аз ин ҳам фикри мулҳим ба ин тараф рафтааст, ки аҷиб нест, ки мурод аз зилзила ягон мусибати дигар бошад ва ҳарчанд мухолифҳо бисёр гуфтанд, ки ҳазрати Ақдас (а) калимаи зилзиларо ба маънои дигар накашад, аммо ҳазрати Ақдас (а) ҳама вақт дар ҷавоби эътирозашон гуфтанд, ки вақте дар каломи Илоҳӣ маъноҳои гуногун мавҷуданд, пас, ман чӣ тавр инро ба як маъно махсус карда метавонам. Азамати пешгӯӣ ин аст, ки дар вай нишонаҳои бисёр гуфта шудаанд, ки пеш аз вуқӯи он ягон инсон гуфта наметавонад. Сонӣ пешгӯӣ вақтро ҳам таъйин мекунад, ки дар он ин ҳодиса хоҳад шуд ва инро ҳам мегӯяд, ки чунин воқеа пеш аз ин нашудааст.

3. Худи матни пешгӯӣ мегӯяд, ки мурод аз ин зилзила нест, балки ягон мусибати дигар аст, зеро (1) Дар пешгӯӣ гуфта шудааст, ки он зилзила бар ҳамаи дунё меояд ва ҳеҷ гоҳ зилзила бар ҳамаи дунё намеояд, балки аз рӯйи қонуни илми ҷадид баъзе‑баъзе ҷоҳо меояд. (2) Аз пешгӯӣ маълум мешавад, ки ин соати зилзилавӣ ба мусофирон сахт хоҳад шуд ва онҳо роҳро гум хоҳанд кард. Ҳамаи мо медонем, ки таъсири зилзила мусофиронро аз роҳ гумгашта намекунад. Зилзила барои онҳо хатар дорад, ки дар хонаҳо ва шаҳрҳо сукунат пазиранд. Он мушкилие, ки аз он мусофир роҳи худро гум кунад ва чӣ кор карданашро надонад, танҳо ҷанг мебошад, зеро дар ҷойи ҷанг ва сафҳои ҷангӣ даромада наметавонад ва роҳҳои дигар мекобад. (3) Аз пешгӯӣ маълум мешавад, ки таъсираш ба боғҳо ва киштзорҳо мешавад. Медонем, ки таъсири зилзилаҳо бар боғҳо ва киштзорҳо намешавад, балки ҷанг ба онҳо таъсири худ мерасонад, зеро аз тӯпҳо онҳо вайрон мешаванд ва баъзе вақт фоидаи ҷангро дида киштзорҳо ва боғҳоро даравида мешавад. (4) Аз пешгӯӣ маълум мешавад, ки ба парандагон низ ин зилзила таъсир хоҳад расонд ва онҳо забони худро гум хоҳанд кард ва ҳӯшашон аз сар хоҳад парид. Ин таъсир низ аз зилзила зоҳир намешавад, зеро андак замин меҷунбад ва агар парандагон дар ҳаво бошанд, онҳо ҳатто ҳис намекунанд, аммо дар ҷанг ин чизро мебинем, ки ба сабаби бомбаборони тӯпҳо ва буридани дарахтҳо ҷонварон ва парандагон аз он ҷо мегурезанд ва ҳӯши худро гум мекунанд. (5) Дар илҳомҳои зилзила як ҷумла کَفَفْتُ عَنْ بِنِیْ اِسْرَآئِیْلَ мавҷуд аст, ки маънояш ҳамин аст, ки ман Бани Исроилро аз шар паноҳ додам. Ин чиз бо зилзилаи зоҳирӣ ҳеҷ алоқа надорад, бинобар ин мурод аз ин ягон воқеае мебошад, ки аз он Бани Исроил фоида бинад ва баъдтар мегӯем, ки ин ҳам яке аз аломатҳои ҷанги ҷаҳонӣ буд, ки зуҳур кард. Дар ин ҷо зикр кардан лозим меояд, ки зикри ин пешгӯӣ дар Қуръон низ ҳаст. (6) Аз матни илҳом маълум мешавад, ки ин ҷанг аст, зеро дар илҳомҳои зилзила гуфта шудааст, ки Фиръавну Ҳомон ва лашкарҳояшон дар хато буданд. Аз ин ба тарафи қайсари олмонӣ ишора карда шудааст, ки худро ҳамчун Худо медонист. Чӣ хеле, ки Фиръавн дар бораи худ мегуфт, ки اَنَا رَبُّکُمُ الْاَعْلٰی ва мурод аз вазири Фиръавн шоҳи Австрия мебошад, ки дар ишораи роҳбари ҷангии олмонӣ ҳар кор мекард ва итоати вай карда худро ҳеҷ чиз намеҳисобид. Агар аз маънои калимаи зилзила заминҷунбӣ гирем, пас фаҳмидани اِنَّ فِرْعَوْنَ وَھَامَانَ وَجُنُوْدَھُمَا کَانُوْا خَاطِئِیْنَ мушкил мешавад. (7) Бо ин илҳомҳо اِنِّیْ مَعَ الْاَفْوَاجِ اٰتِیْکَ بَغْتَۃً низ ба такрор шудааст, ки аз он маълум мешавад, ки ба тарафи ягон ҷанг ишора аст. (8) Аз илҳомҳо маълум мешавад, ки кӯҳи оташафшон мекафад ва ба ин ҳодиса маслиҳатҳои арабҳо вобастаанд ва онҳо аз хонаҳо мебароянд. Ин мазмун низ бо зилзилаҳо часпонда намешавад. Мурод аз ин ҳамин мебошад, ки мизоҷҳои мардум мисли оташафшон ба сабаби ягон воқеа меҷӯшанд ва он гоҳ арабҳо мебинанд, ки хомӯш истодан зидди фоидаи онҳост, пас, онҳо низ аз хонаҳои худ мебароянд ва ин лаҳзаро истифода мекунанд. (9) Дар илҳом гуфта шудааст, ки он рӯз подшоҳӣ танҳо дар дасти Худо хоҳад буд. Аз ин ҳам маълум мешавад, ки ҳукуматҳо заиф хоҳанд шуд ва Худо ҳукумати худро бо нишонаҳои қавӣ барпо хоҳад кард. (10) Илҳоми дигар ин буд, ки кӯҳ афтид ва зилзила омад. Хурдсолон низ медонанд, ки зилзилаҳо ба сабаби афтидани кӯҳо намеоянд, балки ба сабаби зилзилаҳо кӯҳо меафтанд. Пас аз ин маълум мешавад, ки мурод аз кӯҳ афтидан ва зилзила омадан заминҷунбӣ нест, балки дар истиора чизи дигар мурод аст ва он ҳамин аст, ки мусибате меояд, ки дар натиҷааш дар дунё зилзилаҳо хоҳанд омад ва мардум ба як дигар ҷанг хоҳанд кард.

4. Далели чаҳорум дар ин бора, ки мурод аз зилзила ягон офати дигар аст, чунин аст, ки дар ҳамон рӯзҳо илҳомҳои дигар низ шуданд, ки ба тарафи ҷанги ҷаҳонӣ ишора мекунанд. Масалан “Лангарро бардоред” яъне ҳар як қавм ба киштибонҳои худро ҳукм диҳад, ки барои дар баҳр рафтан ҳама вақт тайёр бошанд ва ҳамин тариқ ин илҳом аст, ки “Киштиҳо роҳ мегарданд, то куштиҳо шаванд”. Яъне киштиҳои ҷангии баҳрӣ дар баҳр ҳар тараф мегарданд, то мавқеи ҷанг биҷӯянд.

Баъд аз исбот намудани ин чиз, ки мурод аз ин пешгӯӣ ҷанги ҷаҳонии I буд, ки аз сар гузарондем, акнун ҷузъиёташро зикр мекунам, ки чӣ хел зоҳир шуданд. Пеш аз ҳама мо бояд инро бинем, ки дар ин пешгӯӣ гуфта шуда буд, ки ибтидояш чунин мешавад, ки ягон мусибат нозил мешавад ва дар натиҷааш дар ҳамаи дунё зилзила меояд. Чунончи ҳамин тавр ҷанг оғоз шуд. Сабаби ин ҷанг қатли шаҳзодаи Австрия-Венгрия ва ҳамсари ӯ шуд, на ки ихтилофи сиёсии давлатҳо. Чизи дигар дар ин пешгӯӣ чунин гуфта шуд, ки таъсири ин офат ба ҳамаи дунё мерасад, чунончи ин чиз мисли рӯзи равшан рост баромад. Пеш аз ин ягон мусибат наомадааст, ки таъсираш ба ҳамаи дунё расида бошад. Аврупо маркази ин ҷанг буд ва Осиё низ кафо намонд. Дар Чин ҷанг шуд, Япония шомили ҷанг шуд, Ҳиндустон дар ҷанг иштирок кард ва киштиҳои ҷангии Олмонӣ ба соҳилҳои Ҳиндустон ҳамла карданд. Дар Эрон қушунҳои англис бо туркҳо ҷанг карданд ва бо сафорати олмонӣ эрониҳо ҷанҷол карданд. Дар Ироқ, Сурия, Фаластин ва Сибир ҷанг шуд. Дар Африқо низ ба чор тараф ҷанг шуд. Дар минтақаи ҷануб ҳукумати Африқои ҷанубӣ ба Африқои ғарбии олмонӣ ҳамла кард ва дар Африқои ҷанубӣ аз ҳукумат саркашӣ сар шуд. Дар Африқои шарқӣ ҷанг шуд. Дар соҳили ғарб дар Камерун ҷанг шуд. Дар соҳили ғарбии канали Суэтс ва сарҳади Миср алоқаманд ба Трепел ҷанг шуд. Дар Австралия киштии ҷангии олмонӣ ҳамла кард ва дошта шуд ва дар Новая Гвинея ҷанг шуд. Дар соҳили Амрико байни киштиҳои ҷангии англисҳо ва немисҳо ҷанг шуд ва Канада ва Иёлоти Муттаҳида иштирок карданд ва штатҳои Амрикои ҷанубӣ низ бар хилофи Олмон ҷанг эълон карданд. Хулоса, ягон ҷойи дунё намонд, ки аз таъсири ин ҷанг маҳфуз монда бошад.

Як аломат дар ин пешгӯйҳо ин гуфта шуда буд, ки кӯҳҳо ва шаҳрҳо парронда мешаванд ва киштзорҳо вайрон хоҳанд шуд. Айнан ҳамин тавр шуд ва бисёр кӯҳо ба сабаби тиру туппаронӣ ва нақбзанӣ аз харитаи дунё маҳв шуданд ва бисёр шаҳрҳо барбод шуданд, ҳатто барои аз сари нав обод кардани онҳо миллиард­‑миллиард доллар харҷ кард ва то ҳозир барои ин мақсад ӯ пул медиҳад ва зарари киштзорҳо ва боғҳо шумор надорад. Лашкари кадоме кишвар пешрафт кард, ҳамаи киштзорҳо ва сабзазорҳои кишвари дигарро несту нобуд кард ва азбаски ба ҳазор‑ҳазор километр тӯпҳо паҳн шуда буданд, бинобар ин ҳамин қадар зиён шудааст, ки шумурда намешавад. Аломати дигар ин гуфта шуд, ки ҳӯши ҷонварон мепаранд. Чунончи ҳамин хел шуд. Дар ҷоҳое, ки ҷанг мешуд, дар он ҷо ҳайвонҳо нест шуданд.

Аломати дигар ин гуфта шуд, ки замин зеру забар мешавад. Дар Фаронса, Сербия ва Россия дар баъзе ҷоҳо чунон бомбаборон шуда буд, ки аз таг об баромад. Инчунин дар бисёр ҷоҳо хандақҳо канда шуданд, ки дар натиҷаи ин ҳама ҷо вайронӣ буд ва онҳоро дида маълум мешуд, ки шояд ин ҷо ғорҳо буданд.

Аломати дигар ин буд, ки оби ҷӯйҳо сурх хоҳад шуд ва ҷӯйҳои хунӣ ҷорӣ хоҳанд шуд. Пас, бе ягон муболиға ҳамин тавр шуд. Баъзе вақт он қадар мардумро кушта мешуд, ки оби ҷӯиҳо сурх мешуд ва дар ҳамаи сарҳадҳо чунон ҷанги сахт шуда буд, ки ҷӯиҳои он ҷо пур аз хун буданд.

Нишонаи дигар ин гуфта шуд, ки ҳангоми зилзила (ҷанг) мусофирон азоб хоҳанд кашид ва роҳи худро гум хоҳанд кард. Чунончи ҳамин тавр шудааст. Бар замин лашкарҳо паҳн шуданд ва бар баҳрҳо киштиҳои ҷангӣ ҳама ҷо буданд, бинобар ин, мусофирон бисёр азоб кашиданд ва ҳангоми ҷанг ҳазор‑ҳазор мардум дар кишварҳои душман маҳсур шуда монданд ва баъзе вақт ҳазор‑ҳазор километр сафар карда, ба хонаи худ расиданд. Ғайр аз ин дар ҷанг сарбозон низ ба сабаби аз даст додани баъзе ҷоҳо ба душман, бисёр сафари дароз мекарданд ва қушунҳои англисҳо ба сабаби бегона будан дар Фаронса роҳи худро гум мекарданд. Барои ҳамин дар гарданҳои онҳо номҳо ба забони фаронсавӣ навишта кашол карда шуданд, то куҷое раванд, он номҳоро нишон дода ба манзили худ бирасанд.

Аломати дигар ҳамин буд, ки Аврупо чӣ қадар биноҳо тайёр карда истодааст, онҳоро нест карда мешавад. Чунончи ҳамин тавр шуд. Дар натиҷаи ин ҷанг дар баробари нобуд кардани биноҳои муқаррарӣ тамаддуни Аврупо низ таъсири калон дид.

Аломати дигар ин гуфта шуд, ки азобе, ки Бани Исроил мекашид, аз он раҳо мешавад. Ин аломат низ рост баромад. Мобайни ҳамин ҷанг ва ба сабаби ҳамин ҷанг Мистер Балфур, ки акнун бо номи Лорд Балфур шинохта мешавад, эълон кард, ки яҳудиҳо, ки беватан буданд, хонаи миллиашон, яъне Фаластин ба онҳо баргардонда мешавад ва Ақвоми Муттаҳида (UN) дар лоиҳаи худ ин чизро илова менамоянд, ки баъд аз ин ҷанг ин беадолатиро дур карда шавад. Чунончи баъд аз ин ҷанг Фаластинро аз Туркия ҷудо карда шуд ва хонаи яҳудиҳо қарор дода шуд. Акнун дар он ҷо ҳукумат чунин идора карда мешавад, ки рӯзе он ҷоро хонаи миллии яҳудиҳо гуфта шавад. Аз чор тараф яҳудиҳо дар он ҷо ҷамъ карда мешаванд ва талаботи яҳудиҳоро қабул карда шудааст, ки дар бораи ҷамъшавии миллии худ мекарданд.

Дар бораи ин аломат чизи аҷиб ҳамин аст, ки ба тарафи ин амр Қуръони карим низ ишора кардааст. Дар сураи Бани Исроил омадааст, ки

وَقُلْنَا مِن بَعْدِهِ لِبَنِي إِسْرَائِيلَ اسْكُنُواْ الأَرْضَ فَإِذَا جَاء وَعْدُ الآخِرَةِ جِئْنَا بِكُمْ لَفِيفًا

Яъне баъд аз ҳалок кардани Фиръавн Мо ба Бани Исроил гуфтем, ки дар ин замин зиндагӣ кунед, пас ҳангоме вақти рух додани гапи дигар хоҳад расид, он гоҳ ҳамаи шуморо ҷамъ карда меорем.

Баъзе муфассирҳо мурод аз калимаи “ал‑арз” (замин) Мисрро донистаанд ва мурод аз “гапи дигари ваъда додашуда” рӯзи қиёмат гуфтаанд, аммо ин ҳар ду шарҳ нодурустанд, зеро Бани Исроилро на дар Миср, балки дар арзи муқаддас зиндагӣ карданро фармон дода шуд ва онҳо дар ҳамон ҷо буданд. Ҳамчунин мурод аз “وَعْدُ الْاٰخِرَۃِ” қиёмат нест, зеро қиёмат бо бошандагони арзи муқаддас чӣ алоқа дорад. Маънои дуруст ҳамин мебошанд, ки онҳоро дар арзи муқаддас зиндагӣ карданро ҳукм дода шуд ва боз инро гуфта, ки вақте “وَعْدُ الْاٰخِرَۃِ” хоҳад расид, мо шуморо боз ҷамъ хоҳем овард, ба ин тараф ишора карда шудааст, ки вақте мерасад, ки шумо ин ҷоро хоҳ нохоҳ тарк хоҳед кард, аммо вақти “وَعْدُ الْاٰخِرَۃِ” яъне замони Масеҳи Мавъуд Мо шуморо боз ҷамъ карда хоҳем овард. Чунончи дар тафсири “Фатҳ‑ул‑баён” навишта шудааст, ки

وَعْدُ الْاٰخِرَۃِ نُزُوْلُ عِیْسٰی مِنَ السَّمَآءِ۔

Дар оғози ҳамин сура Худованд вобаста ба яҳудиҳо ду замонро зикр кардааст, ки дар бораи замони дуюм мефармуяд.

فَإِذَا جَاء وَعْدُ الآخِرَةِ لِيَسُوؤُواْ وُجُوهَكُمْ وَلِيَدْخُلُواْ الْمَسْجِدَ كَمَا دَخَلُوهُ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَلِيُتَبِّرُواْ مَا عَلَوْاْ تَتْبِيرًا

Яъне чун ваъдаи дигар ба он ҷо расад, то чеҳраҳои шуморо дигар кунад ва душманони шумо дар масҷид дароянд, мисли он, ки бори аввал дохил шуда буданд ва чизеро ба даст оранд, барбод диҳанд. Аз ин оят маълум мешавад, ки мурод аз “وَعْدُ الْاٰخِرَۃِ” ҳамон замон аст, ки баъд аз Масеҳи Мавъуд бар яҳудҳо хоҳад омад, зеро баъд аз ин “وَعْدُ الْاٰخِرَۃِ” ба ҷойи ҷамъ кардани яҳудҳо онҳоро пароканда карда шуд. Бинобар ин, исбот мешавад, ки дар ҷойи дуюм мурод аз “وَعْدُ الْاٰخِرَۃِ” замони баъд аз нозилшавии Масеҳи дуюм аст ва мурод аз “جِئْنَا بِکُمْ لَفِیْفًا” ҷамъшавии яҳуд аст, ки ҳозир дар Фаластин карда мешавад ва ҳамаи яҳудҳо аз ҷоҳои гуногун дар он ҷо ҷамъ шуда истодаанд. Мурод аз илҳоми ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) “کَفَفْتُ عَنْ بَنِیْ اِسْرَائِیْلَ” замони мухолифат аст, ки ҳамаи қавмҳо бо Бани Исроил (яҳудҳо) доштанд ва ҳеҷ як қавм онҳоро намегузошт, ки хонаи худ бисозанд.

Аломати дигар дар бораи ин ҷанг ин гуфта шуд, ки ин ҷанг ба ҳар ҳол дар муддати 16 сол хоҳад шуд ва ҳамин тавр шуд. Соли 1905 ин илҳом шуд ва баъди 9 сол яъне соли 1914 ин ҷанг оғоз шуд.

Илҳоми дигар ин буд, ки ҳамаи киштиҳои ҷангӣ дар он вақт тайёр монда мешаванд ва медонем, ки дар ин ҷанг дар он ҷоҳо, ки ҷанг набуд, онҳо ҳам киштиҳои худро ҳама вақт тайёр монда буданд, то офати ногаҳонро аз сар гузаронанд.

Аломати дигар дар бораи ин ҷанг ин гуфта шуд, ки киштиҳои ҷангӣ дар об чор тараф хоҳанд гашт, то ҷанг кунанд. Яъне дар баҳр низ барои ин ҷанг тайёриҳо дида мешаванд ва дар ҳамаи баҳр киштиҳо давр мезананд. Мебинем, ки дар ин ҷанги ҷаҳонӣ бисёр киштиҳо истифода карда шуданд ва ҳар тараф давр мезаданд, ки мисолаш дар тӯли таърих намеёбем. Махсус киштиҳои ғоратгар ва киштиҳои зериобӣ дар ин ҷанг чунон иштирок карданд, ки мисолаш намеёбем. Дар илҳом аз калимаи киштӣ ба ин тараф ишора карда шудааст, ки дар ҷанг нисбат ба киштиҳои калон киштиҳои майда зиёдтар иштирок хоҳанд кард.

Нишонаи дигар дар бораи ин офат чунин гуфта шуд, ки ин офат ногаҳон хоҳад омад. Ин ҷанг низ якбора шуд, ки ҳама ҳайрон монданд ва мудаббирон иқрор карданд, ки ҳарчанд онҳо ба як ҷанг интизор буданд, аммо инро намедонистанд, ки вай зуд ба сарашон меояд. Танҳо қатли шаҳзодаи Австрия ва ҳамсараш сабаб шуда буд, ки ҳамаи дунё ҷанг сар кард.

Аломати дигар ин гуфта шуд, ки байни ин ҷанг баъзе вақтҳо арабҳо бисёр фоида мегиранд ва ҳама барои ҷанг мебароянд. Чунончи ҳамин хел шуд. Дар баробари иштироки туркҳо дар ҷанг, арабҳо диданд, ки вақти он хоҳиши озодии миллӣ, ки аз асрҳо дар дили онҳо аланга мезад, расидааст, ҳамаи онҳо якбора зидди туркҳо хестанд ва ҷамъ шуда охир озодиро ба даст оварданд.

Аломати дигар ин буд, ки чӣ тавре, ки зикри Ман (Худо) маҳв шудааст, ҳамчунин хонаҳо маҳв карда хоҳанд шуд. Чунончи ҳамин тавр шуд ва Фаронсаи шарқӣ, ки ҷойи пуршукӯҳ буд ва ҳамаи Аврупоро аз он ҷо арақ расонда мешуд ва ҳамаи мардуми пулдор барои исрофкорӣ дар он ҷо ҷамъ меомаданд, аз ҳама зиёд дар ҷанг зарар дид. Чӣ хеле, ки зикри Худо аз он ҷо маҳв шуда буд, ҳамин тавр дару деворҳои он ҷо маҳв карда шуданд.

Аломати дигар ин буд, ки мо ғолиб меоем. Яъне ба кадом ҳукумате ҷамоати Масеҳи Мавъуд мешавад, ҳамон ҳукумат фатҳ ҳосил хоҳад кард. Чунончи ҳамин тавр шуд. Худои таоло Англияро аз ин мусибат наҷот дод. Ҳарчанд сиёсатмадорон фикр мекунанд, ки дар натиҷаи ҳилаҳои онҳо ин фатҳ шудааст, аммо агар воқеаҳоро бинем, маълум мешавад, ки сабабҳои фавқулода мӯҷиби фатҳи анлисҳо шуданд. Аз ин маълум мешавад, ки ин фатҳ аз тарафи осмон шудааст, на ки бо дастҳои инсонӣ.

Аломати дигар, ки дар худ бисёр нишонаҳоро дорад, ин буд, ки дар ин ҷанг вазъияти Царь (подшоҳи Россия) низ бениҳоят бад хоҳад шуд. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) дар забори урду чунин навишта буданд:

زار بھی ہو گا تو ہو گا اس گھڑی باحال زار

Дар ин матни ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) калимаи زار истифода карда шудааст, ки дар забони русӣ “царь” мебошад. Вақте ин пешгӯӣ карда шуд, он вақт вазъият зидди пешгӯӣ буд, аммо пешгӯӣ рост баромад ва барои ҳар як одам мӯҷиби ҳайрат шуд.

Дар ин пешгӯӣ, пешгӯиҳои бисёр пинҳонанд. Дар пешгӯӣ гуфта шудааст, ки то ин офат “царь” ҳеҷ зарар нахоҳад дид. Вақте ин ҷанг сар мешавад, ӯ гирифтори ин ҳодиса хоҳад шуд, аммо ин ҳодиса ин тавр намешавад, ки он кас сараввал кушта шавад, зеро касе кушта шавад, дар борааш ин тавр гуфта намешавад, ки ӯ дар ҳолати бад қарор гирифт. Пас, калимаҳои илҳом гуфта истодаанд, ки он вақт ба ӯ марг намеояд, балки ба балоҳои гуногун мубтало хоҳад гашт. Боз ин ҳам маълум мешавад, ки дар натиҷаи ин офат силсилаи “царь” тамом хоҳад шуд, зеро дар ин илҳом ягон шахси махсусро ворид накарда шудааст, балки нисбат ба уҳдаи “царь” гуфта шудааст. Акнун бубинед, ки ин аломат чӣ тавр бо дабдаба рост баромад. Пеш аз ин ҷанг зидди “царь” чӣ қадар план сохта шуданд, аммо ӯ маҳфуз монд. Сипас ин ҷанг сар шуд ва гуфтаи Худои таоло вақташ фаро расид ва ӯ чунон ба ин ҳолатҳо гирифтор шуд, ки ҳама ҳайрон монданд. Чӣ хеле, ки аз вазъият маълум мешавад, ки вақте дар Россия фитна сар шуд, царьи Россия барои санҷиши лашкарҳои сарҳад рафта буд. Ӯ вақте аз пойтахт баромада буд, ҳеҷ фитнаву фасод вуҷуд надошт. Баъд аз рафтанаш ба сабаби хатоҳои ҳокими он ҷо мардум ба қаҳр омаданд, аммо дар ҳукуматдорӣ ин хел қаҳрҳои авом пайдо мешаванд ва ҳукуматҳои мустаҳкам бо ин хел қаҳрҳои мардум якбора пош намехӯранд, аммо Худо кори дигар карданӣ буд. Подшоҳи Россия аҳволи мардумро дида ҳокимро фармон дод, ки ба онҳо сахтӣ кунад, аммо ин дафъа натиҷа баръакс баромад ва валвалаи инқилоб зиёдтар шуд. Подшоҳ ҳокимро сабукдӯш карда ҳокими дигар таъйин кард ва тарафи пойтахт сафар сар кард, то мардум подшоҳро дида ором шаванд, аммо дар роҳ ӯро хабар дода шуд, ки қаҳри мардум афзудааст ва подшоҳ тарафи пойтахт наравад. Подшоҳ парвои ин насеҳат накарда фикр кард, ки дар ҳолати мавҷуд будани ӯ дар пойтахт мардум ором хоҳанд шуд. Ҳоло поезди подшоҳ андак сафар карда буд, ки хабари балво ба подшоҳ расид. Ӯро гуфта шуд, ки ҳамаи идораву вазоратҳоро мардум зери итоати худ даровардаанд ва ҳукумати навро барқарор кардаанд. Ин ҳодиса дар як рӯз шуд, яъне аз саҳар то бегоҳи 12‑уми марти соли 1917 подшоҳи калону боихтиёри дунё, ки худро қайсар мегуфт, яъне зери итоати касе намедарояд ва бар ҳама ҳукумат мекунад, ҳукумати худро аз даст дода зери итоати мардуми худ дароварда шуд. 15‑уми Март ӯ бо дасти худ эълон кард, ки ӯ ва авлодаш аз тахти Россия даст кашидаанд ва тибқи пешгӯии Ҳазрати Ақдас (а) ҳукумати “царь” ва хонадонаш тамом шуд, аммо то ҳол қисми дигари каломи Худо боқӣ монда буд, ки бояд зоҳир шавад. Николай II (царь Россия) фикр дошт, ки аз ҳукумат ҷудо шуда ҷони худ ва оилаашро ба саломат хоҳад бурд ва умри боқӣ мондаашро ба сарвату замини худ мегузарад, аммо кораш барор нагирифт. 15‑уми Март ӯ аз ҳукумат ҷудо шуд ва 21‑уми Март ӯро дошта ба Сакусило (Skosilo) бурда шуд. 22‑уми Март Амрико ва 24‑ум Англия, Фаронса ва Италия ҳукумати нави Россияро қабул кард ва умедҳои қайсар ториктар шуданд. Ӯ дид, ки ҳукуматҳои рафиқонаш, ки ба хотири онҳо ӯ бо Олмон ҷанг мекард, дар давоми як ҳафта ҳукумати нави Россияро таслим кардаанд ва дар ҳаққи ӯ ҳеҷ овоз набаровардаанд. Аммо ранҷу алами зиёдтар аз ин дар тақдираш навишта шуда буд, то аз ҳолати зории ӯ каломи Худо рост барояд. Ҳарчанд ӯ дар ҳабс буд, аммо ба сабаби лаҷоми ҳукумат дар дасти яке аз афроди шоҳӣ шаҳзода Дилвав (Dilvao) будан дар маҳкама ба ӯ муносибати эҳтиромона мешуд ва дар он ҷо бо аҳлу оила боғбонӣ ва корҳои дигар мекард, аммо дар моҳи Июл он шаҳзода низ аз уҳдааш ҷудо карда шуд ва Керенский (Александр Фёдорович) ҳокимиятро дар даст гирифт ва ба ин сабаб сахтиҳои маҳбас афзуданд, аммо аз ҳудуди инсоният таҷовуз накарданд. 7‑уми Ноябр инқилоби болшевик ҳукумати Керенскийро ба итмом расонд. Акнун он вазъияти хатарноки “царь” сар шуд, ки онро дида одами сангдил ҳам ба ларза меояд. “Царь”-ро аз қалъаи Сакусило бароварда дар ҷоҳои гуногун монда шуд ва дар охир ӯро барои хотиррасонии он зулмҳое, ки ба мардуми худ мекард, ба Екатеринбург (Ekaterinburg, Yekaterinburg) фиристода шуд. Ин як шаҳри майда аст, ки ба тарафи шарқи кӯҳи Урал (Ural Mountains) ҷойгир аст ва аз шаҳри Москва 1440 км дуртар аст. Дар ин ҷо ҳамаи ҳамон машинаҳо тайёр мешуданд, ки дар конҳои Сибир барои асирони сиёсии Россия истифода карда мешуданд. Гӯё ҳама вақт дар пешаш нақшаи аъмоли ӯ монда мешуд.

Танҳо бар азобҳои зеҳнӣ басанда нашуд, балки ҳукумати шуравӣ хӯроки онҳоро кам кардан гирифт ва дар пеши чашмони ӯ ва ҳамсараш фарзанди беморашонро сарбозон мезаданд ва духтаронашро ҳар хел азоб медоданд, аммо аз ин дили онҳо ором намешуд ва роҳҳои нави азобдиҳии онҳоро эҷод мекарданд. Рӯзе сарбозон исматдарии духтарони “царь” карданд. “Царь” ва оилааш ҳамаи ин зулмҳоро бардошт карда, ки шояд ба касе нозил нашуда бошанд, 16‑уми Июл 1918 бо оилааш қатл карда шуд ва сухани Пайғамбари Худо рост баромад, ки

“زار بھی ہو گا تو ہو گا اس گھڑی باحالِ زار”

Яъне дар он соат “царь” низ ба ҳоли зор (бад) гирифтор хоҳад шуд.

“Царь”-и Россия дарду аламро бардошта мурд. Ҷанг тамом шуд. Подшоҳи Олмон ва подшоҳи Австрия аз ҳукуматҳои худ бедахл карда шуданд. Шаҳрҳо вайрон шудан, кӯҳҳо реза‑реза шуданд, миллион‑миллион одам кушта шуд, ҷӯйҳои хун ҷорӣ шуданд, дунё таҳу боло шуд, аммо афсус, ки дунё ҳоло ҳам далели садоқати фиристодаи Худо металабад. Хазинаҳои Худо чӣ тавре, ки аз раҳмат холӣ нестанд, ҳамчунин аз азоб низ холӣ нестанд, аммо онҳо мубораканд, ки дар вақташ мефаҳманд ва ба ҷойи ҷанг кардан бо Худо ба тарафи сулҳ медаванд ва аз нишонаҳои Худо нобино барин намегузаранд. Худо бар онҳо раҳмати худ нозил мекунад ва онҳо соҳиби баракатҳои Худо мешаванд ва барои дунё муборак.

وما علینا الا البلاغ المبین

●●●●