ПЕШГӮӢ ДАР БОРАИ КИСРОИ ЭРОН
“ТАЗАЛЗУЛ ДАР АЙВОНИ КИСРО ФИТОД”
Яке аз пешгӯиҳои ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) дар бораи подшоҳи салтанати Эрон буд. 15 Январ 1906 ҳазрати ақдас Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро дар забони форсӣ чунин илҳом шуд:
“Тазалзул дар айвони Кисро фитод”. «Тазкира, саҳифаи 504, чопи 2004»
Ин илҳом мисли илҳомҳои дигар дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои ҷамоат чоп карда шуд. Вақте ин илҳом чоп карда шуд, он вақт ҳолати тахти шоҳи Эрон мустаҳкам буд, зеро шоҳи Эрон мутолиба ва ё даъвоҳои бошандагони кишварро қабул карда порлумон сохта буд ва дар ҳамаи Эрон дар натиҷаи ин кори подшоҳ ҷашн гирифта шуд ва подшоҳ Музаффар‑уд‑диншоҳ байни мардум ҳамчун шоҳи маҳбубашон машҳур шуда буд. Ҳар як одам ба ин амр хурсанд буд, ки подшоҳ бе ягон ҷангу ҷанҷол кишварро ҳуқуқи ниёбат додааст. Дар дигар кишварҳои дунё ҳам бо шавқу умед ба тарафи ин таҷриба нигоҳ карда мешуд, махсус барои кишварҳои Осиё, ғайр аз Япония, ин таҷрибаи нав буд. Дар ҳақиқат онҳо аз натиҷаҳои хатарноки ин таҷриба ноошно буданд, ки дар байни одамони камилм ва нотаҷриба бо чунин ҳукумати ду тарафа пайдо мешуданд. Дар ин ҳолат паҳн кардани илҳоми ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом, ки “Тазалзул дар айвони Кисро фитод” ба назари дунё чизи аҷиб буд, аммо барои Худо он корҳо осонанд, ки дар назари дунё аҷиб метобанд. Эрон аз истиқлоли нави худ ва шоҳ Музаффар‑уд‑дин бар машҳурии худ хурсанд буд, ки соли 1907 ҳамагӣ дар синни 55 солагӣ шоҳ аз дунё гузашт ва писараш Мирзо Муҳаммадалӣ тахтнишин ва Кисрои нав шуд. Ҳарчанд Мирзо Муҳаммадалӣ баъди шоҳ шудан давоми ҳукумати ниёбатӣ ва истеҳкоми маҷлисро эълон кард, аммо баъд аз чанд рӯз дунё он осорро ҳис намудан сар кард, ки хабараш дар илҳоми ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дода шуда буд. Баъд аз як соли илҳоми ҳазрати ақдас (а) фитнаву фасод дар Эрон сар бардошт. Байни подшоҳ ва маҷлис олӣ мухолифат сар шуд ва дар муқобили талаботи маҷлис подшоҳ баҳонаҳо кофтанро сар кард. Дар натиҷаи фишор овардани маҷлис ваъдаи ҷудо кардани он одамонро аз дарбор карда шуд, ки маҷлис онҳоро фитнагарон медонист, аммо дар баробари ин, подшоҳ қарор гирифт, ки аз Теҳрон меравад. Айни замон байни дастаи аскарӣ, ки подшоҳро муҳофизат мекард ва ҳимоягарони қавмпарастон ихтилофи сахт шуд ва илҳом ин тавр ҳам рост баромад, ки порлумонро бо тӯпҳо парронда шуд ва подшоҳ порлумонро мавқуф кард. Дар натиҷаи ин кори подшоҳ дар кишвар барои инқилоб кӯшишҳо сар шуданд ва дар Лористон, Лобадҷон, Акбаробод, Бӯшаҳр, Шероз ва тамоми Эрони ҷанубӣ шефтагони ҷумҳурият бо тантана ҳукуматро дар дасти худ гирифтанд. Ҷанги ватанӣ сар шуд. Подшоҳ дид, ки вазъият безеб шудааст, хазинаву асбоб ба Россия фиристодан сар карда то ҳадди имкон кӯшиш кард, ки саркашӣ фурӯ нишинад, аммо фитнаву фасод рӯз то рӯз бисёр шудан гирифт, ҳатто моҳи Январи 1909 дар Исфаҳон ҳам саркашӣ сар шуд ва сардори бахтиёрӣ бо қавмпарастон шомил шуд ва сарбозони шоҳиро шикасти сахт доданд. Подшоҳ аз тарс аҳди ҳифзи ҳукумати ниёбатӣ кард ва бо такрор эълон кардан гирифт, ки ҳукумати истибдодиро ҳеҷ барпо нахоҳад кард, аммо тақдири Худо ҳамин буд. Дар айвони Кисро тарсу ҳароз зиёд шудан гирифт ва рӯзе расид, ки муҳофизон, ки подшоҳ ба онҳо фахр мекард, шоҳро тарк намуда тарафи қавмпарастон шуданд. 15 Июл 1909 подшоҳ бо оилаи худ айвонро тарк намуда дар сафоратхонаи Россия паноҳ гирифт ва ба ин тариқ баъд аз дую ним сол илҳоми ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом “Тазалзул дар айвони Кисро фитод” рост баромад. Аз Эрон истибдодият ба охир расид ва таҷрибаи нави ҷумҳурият оғоз гардид. Дар моҳҳои Июн ва Июл абрҳои хавфу ҳарос ва ноумедӣ дар болои айвони Кисро паҳн шуда буданд, ки онҳо хубтар инро дарак карда метавонанд, ки ин вазъиятро мушоҳида карда бошанд ва ё аз тарафи Худо қувваи фикрии фавқулода онҳоро дода шуда бошад, аммо барои соҳиби басират барои рост будани ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) ин нишон як далели бузург аст, аммо кам ҳастанд, ки фоида мегиранд.
Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом фармуданд:
“Инкори ман, инкори ман не, балки инкори Худо ва Русулаш саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебошад, зеро касе такзиби ман мекунад, ӯ пеш аз ман маозаллоҳ Худоро дурӯғ мегӯяд. Вақте мебинад, ки фитнаву фасодҳои дурунӣ ва берунӣ аз ҳад зиёд шудаанд ва Худои таоло бо вуҷуди ваъдааш, яъне
انا نحن نزلنا الذکر وانا لہ لحافظون۔ الحجر:10
барои ислоҳ ягон кор накардааст ва вақте ӯ дар зоҳир имон меорад, ки Худои таоло дар ояти истихлоф, яъне
وعد اللہ الذین اٰمنوا منکم وعملوا الصلحت لیستخلفنھم فی الارض کما استخلف الذین من قبلھم ۔۔۔۔
ваъда дода буд, ки мисли силсилаи Мӯсо дар силсилаи Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ халифаҳо барпо хоҳад кард. Аммо Ӯ маозаллоҳ ин ваъдаро вафо накард ва айни ҳол ягон халифа дар уммат нест. Ва натанҳо ба ин дараҷа, балки аз ин сухан низ инкор кардан лозим меояд, ки Қуръон Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро масили Мӯсо (а) гуфтааст, яъне
إِنَّا أَرْسَلْنَا إِلَيْكُمْ رَسُولًا شَاهِدًا عَلَيْكُمْ كَمَا أَرْسَلْنَا إِلَى فِرْعَوْنَ رَسُولًا
(ба назди инкоркунандаи ман) ин оят ҳам дуруст намебошад, зеро барои мушобиҳати атам ва мумосилат лозим буд, ки дар асри чаҳордаҳум дар ин уммат низ Масеҳ пайдо мешуд, чӣ хеле, ки дар силсилаи мӯсавӣ дар асри чаҳордаҳум Исо (а) Масеҳ шуда омада буданд. Инчунин (инкоркунандаи ман) ин оятро низ дурӯғ мешуморад, ки
واٰخرین منھم لما یلحقوا بھم۔ الجمعۃ 4
(Дар ин оят Худои таоло як одамеро хабар дода истодааст, ки шогирд ва мисили ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам шуда хоҳад омад ва мисли ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Исломро аз сари нав зинда хоҳад кард). Ва инчунин бисёр оятҳои Қуръон мебошанд, ки такзибашон лозим меояд, балки ман бо даъво мегӯям, ки аз Ал-ҳамд сар карда то Ваннос ҳамаи Қуръон тарк кардан лозим меояд. Пас фикр кунед, ки такзиби ман амри осон аст. Ин сухан аз худ намегӯям, балки қасам ба Худо, ки ҳамин ҳақ аст, ки касе маро тарк хоҳад кард ва такзиби маро хоҳад кард, ӯ ҳарчанд бо забон накунад, аммо аз амали худ ҳамаи Қуръонро такзиб мекунад ва Худоро тарк мекунад. Ба ҳамин тараф дар як илҳоми ман низ ишора шудааст, ки
أنت منی و انا منک
Албатта, бо такзиби ман такзиби Худо лозим меояд ва бо иқрори ман, тасдиқи Худо мешавад ва бар ҳастии Ӯ имон қавитар мешавад. Боз такзиби ман такзиби ман нест, балки такзиби Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи васаллам аст. Акнун, ҳар касе, ки барои такзиби ман ҷуръат мекунад, аввал аз дили худ фатво талаб кунад, ки ӯ дар ҳақиқат киро такзиб карда истодааст?
●●●●
Leave A Comment