ПЕШГӮӢ ОИД БА НОДИРШОҲ – ПОДШОҲИ АФҒОНИСТОН

“ОҲ, НОДИРШОҲ КУҶО ШУД”

Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро 5‑уми май 1905 рӯъё шуд. Фармуданд:

Дар вақти саҳар навишта нишон дода шуд. “Оҳ, Нодиршоҳ куҷо шуд”. (Тазкира, саҳифаи 461)

Ин азимушшаън пешгӯӣ чунин ба вуқуъ омад, ки вақте соли 1903 ва баъд аз он аз рӯйи ҳукми хонадони шоҳии Афғонистон тибқи пешгӯии ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) شاتان تُذبحان ду аъзои ҷамоати Аҳмадия, Сайид Абдуллатиф ва Мавлавӣ Абдурраҳмонро танҳо барои қабули Аҳмадият ва бе ягон сабаби дигар шаҳид карда шуданд. Баъд аз ин зулм ҳамаи Афғонистон ва махсус хонадони шоҳии он вақта бо вабои истифроғ (қай) дучор шуданд. Ҳазорҳо одамон ҳалок шуданд. Баъд аз ин Худои таоло боз ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро ба воситаи илҳом хабар дод, ки

“Се буз кушта хоҳанд шуд”. (Тазкира, саҳифаи 501)

Ин илҳом соли 1924 рост баромад. Он вақт Амир Амонуллоҳхон охирон шоҳи ҳамон хонадон буд. Дар нитиҷаи ҳукми ӯ се аҳмадии дигар Ҳазрати мавлавӣ Неъматуллоҳхон, Ҳазрати мавлавӣ Абдулҳалим ва Мулло Нуралӣ танҳо бо ҳамин гуноҳ, ки аҳмадӣ буданд шаҳид карда шуданд.

Баъд аз ин воқеаҳо Худои таоло нахост, ки ҳукумати Афғонистон дар дасти ҳамин хонадон бошад, ки панҷ бегуноҳ ва маъсум Аҳмадиҳоро шаҳид карда буд. Бинобар ин, Худои таоло барои нест кардани ин хонадон як одами бениҳоят одӣ, ки номаш Ҳабибуллоҳ буд ва ӯро Бача Сиқа низ мегуфтанд, маъмур кард. Ӯ танҳо бо ҷамъияти 300 нафар Амонуллоҳро шикасти бадтарин дод. Амонуллоҳ баъд аз шикасти худ маҷбур шуд, ки Афғонистонро тарк кунад.

Акнун пешгӯии “Оҳ, Нодиршоҳ куҷо шуд” ин тавр ба вуқӯъ омад, ки вақте Ҳабибуллоҳ (Бача Сиқа) бар зидди ҳукумат хеста буд, он гоҳ генерал Нодирхон, ки ба сабабҳои мариз будан соли 1923 ба тарафи Аврупо рафта буд, аҳволи бади Афғонистонро дида бо вуҷуди мариз будан Кобул баргашт ва Бача Сиқаро шикаст дод. Нодирхон мардуми Афғонистонро гуфт, ки кадом касеро хоҳанд, подшоҳи худ интихоб кунанд, аммо мардуми Афғонистон хостанд, ки худи Нодирхон подшоҳ шавад. Ин тавр Худо Нодирхонро аз Аврупо оварда подшоҳи Афғонистон таъйин кард, то пешгӯӣ рост барояд.

Акнун номе, ки дар пешгӯӣ омада буд, Нодиршоҳ буд ва номи ин кас Нодирхон буд. Бинобар ин Худо дар дили Нодирхон фикр андохт ва ӯ расми қадими Афғонистонро шикаста эълон кард, ки ӯро ба ҷойи “Нодирхон” ва ё “Шоҳ Нодирхон”, танҳо “Нодиршоҳ” номида шавад. Минбаъд ӯ ба ҷойи Нодирхон, Нодиршоҳ номида шуд.

Азбаски ҳатман пешгӯии Масеҳи Худо рост мебаромад, бинобар ин, баъд аз чор соли ҳукумат, ки ин подшоҳ, подшоҳи маҳбуби мардум шуда буд, 8-уми ноябри соли 1933 дар ҳолае, ки ӯ тақсими мукофот дар талабаҳои мактаб мекард, дар байни онҳо як талаба Абдулхолиқ наздикаш омада ӯро се тир зад. Дар натиҷа Нодиршоҳ ҳамон ҷо ҷон ба Ҳақ супорид. Мардум аз тарсу ҳарос ба тарафи бозорҳо давиданд ва эълон карданд, ки Нодиршоҳ мурд ва ҳеҷ кас подшоҳи маҳбубашонро аз марг наҷот дода натавонист. Дар натиҷаи ин марг дар ҳамаи кишвар мотам оғоз шуд ва мардум бо забони ҳолашон гуфтанд, ки

“Оҳ, нодиршоҳ куҷо шуд”

Соли 1905 ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) ин пешгӯӣ карда буданд. Он замон ягон подшоҳ ба номи Нодиршоҳ вуҷуд надошт, аммо баъд аз 28 сол Худои Алиму Хабир ин пешгӯиро рост баровард. Албатта, ин хел хабарҳо танҳо Худо дорад ва тибқи ояти Қуръон аз байни бандагони худ танҳо бар бандаи маҳбубтаринаш мекушояд. Нодиршоҳ баъд аз 28 соли ин пешгӯӣ бар содиқ будани Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом муҳр зад.

Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом мефармоянд:

“Бидонед, ки ваъдаҳои Худо рост мебошанд. Ӯ мувофиқи ваъдаи худ дар дунё як Назир фиристод, дунё ӯро қабул накард, аммо Худои таоло ӯро ҳатман қабул хоҳад кард ва бо ҳамлаҳои сахт садоқати ӯро зоҳир хоҳад кард”.

Боз мефармоянд:

“Ман рост-рост мегӯям, ки ман аз рӯйи ваъдаи Худои таоло Масеҳи Мавъуд шуда омадам. Хоҳ қабул кунед, хоҳ рад кунед, аммо бо радди шумо ҳеҷ чиз намешавад. Худои таоло чизе карданӣ бошад, ҳатман хоҳад шуд”.

وما علینا الا البلاغ المبین

●●●●