Дар ин хутбаи Ҷумъа Ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад, – халифаи панҷуми ҷаомати Аҳмадия, зикри ғазваҳо ва сарияҳои соли шашуми ҳиҷрӣ-қамариро аз рӯйи сирати набавии саллаллоҳу алайҳи ва саллам карданд.

Як ҷавони ансорӣ аз Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам пурсид, ки аз афзалтарин муъмин кист?

Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки “оне, ки дар ахлоқ беҳтарин аст”. Ӯ пурсид, ки муттақӣ кист? Ҳузур саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки “оне, ки маргро дар пеши худ гузошта ҳама вақт вайро ёд мекунад ва пеш аз вай тайёрӣ мебинад”.

Ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки панҷ гуноҳҳо дар кадом қавм пайдо шаванд, ки вайро барбод мекунанд.

Якум ин, ки дар қавме то ин дараҷа фаҳшо ва бадкорӣ пайдо шавад, ки ӯро бармало кунанд.

Дуюм ин, ки дар қавме дар бораи вазни тарозу баддиёнатӣ пайдо шавад.

Сеюм дар қавм закоту садақаҳо дода нашаванд.

Чаҳорум ин қавм аҳди Худо ва русулро шиканад.

Панҷум ин ки олимони динӣ шариатро тоб дода фатвоҳои ба хоҳиши дили худ диҳанд.

Ҳузур фармуданд, ки аз чизҳое, ки Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам паноҳ хостанд, ҳамон чизҳо дар мусалмонҳои муосир ба назар мерасанд. Худо раҳм кунад.

Дар охир се марҳуминро зикр намуданд, ки ҷанозаи ғоибашон баъди намоз хонда хоҳанд шуд.