Дар ин хутбаи Ҷумъа Ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад, – халифаи панҷуми ҷаомати Аҳмадия, зикри ғазваҳо ва сарияҳои соли шашуми ҳиҷрӣ-қамариро аз рӯйи сирати набавии саллаллоҳу алайҳи ва саллам карданд. Инчунин бадтар шудани вазъияти сиёсии дунё ва офатҳои осмониро зикр намуда ба тарафи дуо диққат доданро таъкид карданд.

Аввал зикри сарияи “Укоша ибни Меҳсан” шуд, ки дар шашуми ҳиҷрӣ ба тарафи Ғамари Марзуқ бо 40 нафар рафтанд. Онҳо хабари ин лашкарро шунида пароканда шуданд.

Сараияи дигар зери роҳбарияти ҳазрати Муҳаммад ибни Маслама (р) ба тарафи Бану Саълаба равон карда шуд. Вақти ин гурӯҳи андак дар он ҷо расид, қариб 100 нафари душманон инҳоро муҳосира карда куштанд. Ҳазрати Муҳаммад ибни Масламаро як мусофир дар ҳолати захмӣ бардошта ба Мадина овард.

Барои интиқом як сарияи дигар зери роҳбарияти ҳазрати Абӯубайда ибни Ҷарроҳ (р) шуд. Инҳо 40 нафар ба қабилаи Бану Саълаба ҳамла карданд ва онҳоро пароканда кунонда молу асбоби онҳоро гирифта ба Мадина баргаштанд.

Дар ин хутба зикри домоди Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки ҳоло Ислом қабул накарда буд, низ карда шуд. Ӯро саҳоба дар натиҷаи як сария асир карда ба Мадина оварданд. Абулос ҳила карда пеши оилаи худ ҳазрати Зайнаб рафт ва паноҳ ҷуст. Ҳазрати Зайнаб ӯро паноҳ дод ва Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ баъд аз иҷозати саҳоба ӯро паноҳ доданд. Абулос ин сирати Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро дида ба Макка рафтанд ва молу асбоби тиҷоратро ба соҳибонаш баргардонда ба Мадина омаданд ва Исломро қабул карданд.

Боз зикри ғазваи Бану Лаҳён карда шуд. Бану Лаҳён зидди мусалмонҳо лоиҳаҳо тартиб медоданд. Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо 200 нафари пиёдагард ва 20 асп барои гӯшмолиашон рафтанд. Онҳо пешакӣ хабар ёфта аз он ҷо ба тарафи кӯҳҳо гурехтанд. Дар вақти баргашт Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам як дуо карданд, ки минбаъд саҳоба низ дар вақти баргашт аз сафар ин дуо карданро одат карданд.

Дар охир дар бораи иваз шудани ҳукумати Шом андак гуфтанд ва барои дуо гуфтанд, ки ҳукумати оянда одил бошад. Барои Покистон, Эрон ва дигар кишварҳо низ дуо карданро гуфтанд.

Дар охир зикри як шаҳид карданд, ки дар Покистон танҳо ба сабаби Аҳмадӣ буданаш шаҳид карда шуд. Инчунин зикри як мубаллиғи Малайзияро карданд, ки вафот шуд.