ПЕШГӮӢ ОИД БА ШАҲОДАТИ САЙИД АБДУЛЛАТИФ, МАВЛАВӢ АБДУРРАҲМОН ВА ВОҚЕАҲОИ МИНБАЪД

Дар ин мақола зикри пешгӯие карда мешавад, ки бо Афғонистон тааллуқ дорад.

Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад, – Масеҳ ва Маҳдии Мавъуд (а)-ро илҳом шуда буд, ки

شَاتَانِ تُذْبَحَانِ وَ کُلُّ مَنْ عَلَیْھَا فَانٍ

«Тазкира, саҳифаи 88, чопи чаҳорум»

Яъне ду буз забҳ карда хоҳанд шуд ва ҳар кас, ки дар он ҷо зиндагӣ дорад, фано хоҳад шуд. Аз рӯйи илми таъбир калимаи “шаат” ду хел таъбир дорад. Якум занҳо ва дуюми раияти бениҳоят итоатгузор. Азбаски матни давоми илҳом бо занҳо алоқа надорад, зеро занҳо бо қурбонӣ хеле кам тааллуқ доранд. Аксари вақт мардҳо ҷони худро қурбон мекунанд, бинобар ин наздиктарин маънояш ҳамин бошад, ки ду мард, ки итоатгузори подшоҳи худ мебошанд, бо вуҷуди он ки ҳеҷ гуноҳи подшоҳ накарда бошанд ва ҳеҷ қонуншиканӣ накарда бошанд, сазовори ҷазои қатл намуда қатл карда хоҳанд шуд. Баъд аз ин дар он кишвар табоҳкорӣ хоҳад омад ва ҳолокат бар он сарзамин нозил хоҳад шуд.

Дар ин пешгӯӣ ҳарчанд зикри кишвар нашудааст, аммо аз матнаш маълум мешавад, ки ин воқеа дар зери ҳукумати англисҳо нахоҳад шуд, балки дар он кишваре падидор хоҳад шуд, ки мардуми он ҷо бо вуҷуди итоати қонуни кишвар дар натиҷаи хафагию норозигии мардум қатл карда мешаванд.

Аломати дуюм ин, ки ин мақтулҳо пайравони мулҳим, яъне ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) мебошанд, зеро агар ин тавр нашавад, пас ба кадом сабаб ӯро хабари ду мақтул дода шуд.

Сеюм ин, ки ин қатлҳои новоҷиб хоҳанд шуд. Дар натиҷаи ягон гуноҳи сиёсӣ нахоҳанд шуд.

Чорум ин ки дар ивази ин қатли ноҷоиз як табоҳии ом ба ин кишвар хоҳад омад.

Хонандагони азиз, ин ҳар чор умур якҷоя шуда ин пешгӯиро як пешгӯии махсус месозанд ва ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки ба сабаби зикр нашудани кишвар ин пешгӯӣ ибҳом дорад. Агар ин ҳар чор қисм якҷоя воқеъ шаванд, пас азамати пешгӯӣ ва садоқати ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) исбот мешавад, зеро ин чор умур ногаҳон ҷамъ шуда наметавонанд.

То 20 сол баъд аз ин пешгӯӣ ҳеҷ воқеа рух надод, аммо вақте 20 сол ба ин пешгӯӣ гузаштанд, аломатҳое падидор шуданд, ки ин пешгӯиро рост исбот карданд. Воқеа чунин шуд, ки баъзе китобҳои ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а)-ро касе Афғонистон бурд ва дар он ҷо ин китобҳо ба як олим Сайид Абдуллатиф, ки дар ҳукумати Афғонистон хеле иззату эҳтиром дошт ва бисёр ҳокимон тақвову диёнати ӯро дида бо вай хулус доштанд, дод.

Ӯ ин китобҳоро хонда ба қарор омад, ки ҳазрати ақдас (а) содиқ ва ростгӯ аст ва шогирди худро барои таҳқиқот равон карда гуфт, ки баъд аз итминони том аз ҷониби вай байъат кунад. Номи шогирд Мавлавӣ Абдурраҳмон буд. Ӯ Қодиён омада ва таҳқиқ карда аввал худаш байъат кард, баъд аз ҷониби Мавлавӣ Сайид Абдуллатиф низ байъат карда китобҳои ҳазрати ақдас Масеҳи Мавъуд (а)-ро гирифта ба Афғонистон баргашт. Ӯ аввал шаҳри Кобул рафт, то ин даъватро ба подшоҳ пешниҳод кунад.

Чун ба Қобул расид, баъзе кутоҳақл ва бадхоҳони ҳукумат гапҳои мухолифро аз тарафи худ сохта ба дарбор расонданд, ки ин одам аз Ислом баргашта муртад шудааст ва воҷиби қатл аст. Подшоҳи вақт аз фатвои муллоҳо ночор ҳукми қатли ӯ дод. Он касе, ки бо подшоҳи худ чунон муҳаббат дошт, ки пеш аз он, ки ба ватани худу хонаи худ баргардад, пеши подшоҳ ин хабари хуш овард, ки Масеҳи Худо ва Маҳдӣ омадааст, ба ивази чунин муҳаббат дар гарданаш чодар андохта нафасашро гирифта шаҳид карда шуд. Инна лиллаҳи ва инна илайҳи раҷиун. Аммо дар ин воқеа дасти Худо кор мекард. Худо 20 сол пеш қатл кардани ду нафари бегуноҳро хабар дода буд ва ин хабар бояд рост мешуд. Бинобар он хабар, аз ду нафар яке қатл карда шуд.

Як-ду сол баъд аз ин воқеа соҳибзода Сайид Абдуллатиф шаҳид барои ҳаҷҷи байтуллоҳ аз ватани худ равона шуд. Азбаски вай пешакӣ байъат карда буд, бинобар ин тасмим гирифт, ки бо Ҳазрати ақдас (а) мулоқот кунад, аммо дар Қодиён омада он чӣ дар китоб хонд, бештар аз он ба чашмони худ дид ва ба сабаби доштани дили соф ба тарафи нӯри Илоҳӣ чунон майл дошт, ки ҳамон ҷо монд. Баъд аз чанд моҳ ба ватан баргашт ва қарор гирифт, ки подшоҳро ҳам шарики он неъмат кунам, ки ман ёфтаам. Бинобар ин, шаҳри Хост расида ба чор рукнҳои дарбор номаҳо фирист. Вақте ин номаҳо ба Кобул расиданд, баъзе мардуми Кобул Подшоҳро зидди Сайид Абдуллатиф карданд ва туҳматҳои гуногун бар он зада ҷаноби Амир Ҳабибуллоҳхонро омода кунонданд, ки ӯро дошта Кобул оварда шавад. Ҳокими Хостро ҳукм дода шуд ва Соҳибзода Абдуллатиф ба шаҳри Кобул ҳозир карда шуд. Амир ӯро ба муллоҳо супорид, ки онҳо ҳеҷ гуноҳи ӯ ёфта натавонистанд, аммо баъзе ҳақношиносон, ки дар муқобили фоидаи салтанат хоҳиши худро бартар медонанд, Амир Ҳабибуллоҳро зидди Сайид Абдуллатиф карданд ва гуфтанд, ки агар ин касро раҳо карда шавад, мардум аз ин таъсир қабул мекунанд ва аз ҷиҳод боз хоҳанд монд ва аз ин кас ҳукумат зарар хоҳад дид. Охир фатвои сангсор кардани вай дода шуд. Амир Ҳабибуллоҳ шахсан барои фоидаи Абдуллатиф ӯро чанд бор фаҳмонд, ки аз ин ақида тавба кунад, аммо Сайид Абдуллатиф ҳамин ҷавоб дод, ки ман дар Ислом ҳастам, оё тавба карда кофир шавам. Ман ҳақро, ки дидаву дониста қабул кардаам, ҳеҷ аз даст нахоҳам дод. Вақте диданд, ки ин кас аз ақидааш барнамегардад, пас ӯро аз шаҳр берун бурда пеши як ҷамоати калон сангсор карда шуд.

Ин вафодори подшоҳи худ шикори ҳилаи баъзе матлабпараст ва ҳилагарон шуд ва онҳо Амирро ҳам фиреб карданд, ки агар ин кас зинда монад кишвар зарар хоҳад дид, ҳол он ки чунин одамон барои кишвар ҳамчун паноҳ мебошанд ва Худо ба сабаби ин хел одамон кишвареро аз балоҳо маҳфуз мемонад. Муллоҳо пеши подшоҳ ин гапро гуфтанд, ки агар ин кас зинда монад, мардум аз фикри ҷиҳод суст мемонанд, аммо инро нагуфтанд, ки ба ҷамоате, ки ин тааллуқ дорад, ин таълим ҳам дорад, ки зери кадоме ҳукумат бошед, ҳатман итоати комил ба вай кунед. Пас аз ваъзҳои Сайид Абдуллатиф ҷанги дохилӣ ва ихтилофҳо байни мардум дур мешуданд ва ҳама мардуми кишвар зери итоати подшоҳ меомаданд. Дар ҷое, ки арақи подшоҳ резад, дар он ҷо рехтани хуни худро тайёр мешуданд. Инчунин муллоҳо ба подшоҳ нагуфтанд, ки ба ҷамоате, ки ин кас тааллуқ дорад, таълимаш ҳамин, ки ҳилаи пинҳонӣ накунед, ришва нагиред, дурӯғ нагӯед, ва мунофиқат накунед. Дар бораи ин чизҳо натанҳо таълим дода мешавад, балки амал ҳам карда мешавад. Пас, агар фикрҳои Сайид Абдуллатиф густариш меёфтанд, ҳолати кишвар ба роҳи рост меомад ва кишвар тараққӣ мекард. Инчунин муллоҳо ба подшоҳ ин чиз нагуфтанд, ки ин кас мункири он ҷиҳод аст, ки бе дастандози динии қавмҳои дигар ба онҳо ҳамла карда шавад ва дини Исломро бадном карда шавад ва мункири он ҷиҳоди ҳақиқии дифоӣ нест, ки Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам кард ва инчунин ин одам мункири ҷиҳоди сиёсӣ ҳам нест, ки ҳар як қавм барои зинда мондан ва бақову қиёми худ бо дигарон мекунад. Ақидаи ин шахс танҳо ҳамин буд, ки агар аз қавмҳои дигар дастандозии динӣ нашавад, бо онҳо ҷиҳод гуфта ҷанг накунем, то Ислом доғи бадномӣ нагирад. Барои фоидаҳои сиёсӣ агар ҷанг кардан лозим ояд, биҷангед, аммо номи ӯ ҷиҳод монда нашавад, зеро он фатҳе, ки некномии Ислом дар он қурбон карда шавад, аз он шикаст беҳтар аст, ки дар он ҳифозати Ислом карда шавад.

Хулоса, Амир Ҳабибуллоҳро ҳақиқати нодуруст гуфта Сайид Абдуллатифро шаҳид кунонда шуд ва ба ин тавр қисми якуми илҳом комилан рост шуд, ки “شَاتَانِ تُذْبَحَانِ”. Ду нафар аз ин ҷамоат бо вуҷуди вафодорӣ бо ҳукумат забҳ карда шуданд ва қисми дуюми илҳом боқӣ монд, ки баъд аз ин фоҷеа табоҳӣ хоҳад омад. Ин қисми илҳом низ рост баромад. Ҳоло бар шаҳодати Сайид Абдуллатиф як моҳ нагузашта буд, ки дар Кобул вабои истифроғ (қай) сар шуд ва чунон бо касрат мардум мурданд, ки хурду калон аз ин мусибати ногаҳон дар ҳарос афтиданд ва мардум ҳис карданд, ки ин бало ба сабаби он Сайиди мазлум бар мо омадааст. Чунончи гувоҳии шахси бетааллуқ ба ин амр Мистер Фаранк Мартин, ки чандин сол дар Афғонистон сармуҳандис буд, исбот мекунад, ки ӯ дар китоби худ «Under the absolute Amir» гуфтааст, ки ин вабои истифроғ тамоман ғайри одӣ буд, зеро дар Афғонистон вабоҳои пешинаро нигоҳ карда ҳоло то чор соли дигар ба чунин вабо таваққӯъ набуд. Пас ин вабо аз тарафи Худо як нишон буд, ки хабараш маъмури худро 28 сол пеш дода буд. Ғайр аз ин чизи аҷиб ҳамин, ки дар бораи ин Абдуллатиф шаҳидро ҳам иттилоъ дода шуд. Чунончи пеш аз шаҳодати худ ба мардум гуфт, ки мебинам, ки баъд аз шаҳодати ман қиёмате омада истодааст. Таъсири вабои истифроғ ба ҳар як хонаи Кобул расид. Дар баробари мардуми омма, мардуми сарватманд низ дар шиканҷаи ҳамин вабо гирифтор шуданд ва бо вуҷуди ҳар як асбоби паноҳдорӣ аз онҳо ҳам ҳалок шуданд. Онҳое, ки дар сангсори Сайид иштирок карда буданд, ба таври хос дар гирифти Худо омаданд. Баъзеҳо худашон мурданд ва баъзеҳо марги хешҳои бисёр наздикро диданд.

Хулоса, баъди муддати дароз Худо каломи худро рост исбот кард ва бо нишонҳои қаҳрии худ шаъни маъмури худро нишон дод ва барои соҳибони фаросат дари имон оварданро кушод. Кӣ гуфта метавонад, ки ягон инсони одӣ чунин пешгӯӣ карда метавонад. Кӣ дар ҳоле, ки ҳоло ҳеҷ кас ӯро қабул накардааст, ин хабарро паҳн карда метавонад, ки замоне фаро хоҳад расид, ки бисёр мардум бар вай имон хоҳанд овард ва ҷамоаташ аз ин кишвар баромада ба кишварҳои дигар паҳн хоҳад шуд ва дар он ҷо ду муридонаш ба сабаби имон овардан бар ӯ, на ба сабаби ягон гуноҳи дигар шаҳид карда хоҳанд шуд ва вақте ҳар ду шаҳид хоҳанд шуд, Худо як ҳалокатро нозил хоҳад кард, ки барои қотилон намунаи қиёмат хоҳад шуд ва бисёр мардум аз он ҳалок хоҳанд шуд. Агар ягон инсон ҳам чунин гуфта тавонад, пас, дар каломи Худо ва инсон чӣ фарқ хоҳад монд?

Хонандагони азиз, дар ин ҷо як иштибоҳро дур кунем, ки калимаҳои илҳом “کُلُّ مَنْ عَلَیْھَا فَانٍ” мебошанд, яъне ҳамаи одамони он сарзамин ҳалок хоҳанд шуд, аммо ҳама ҳалок нашуданд ва теъдоди зиёдашон зинда монд. Дар асл калимаи “کل” гоҳ ба маънои умумӣ ва гоҳ ба маънои баъзе низ истифода мешавад. Лозим нест, ки ҳар бор маънояш мафҳуми кул дошта бошад. Чунончи, дар Қуръон меояд, ки занбӯри асалро Худо ваҳй кард, ки “کُلِیْ مِنْ کُلِّ الثَّمَرٰتِ” (Аз ҳар як мева бихӯр), ҳол он ки занбӯри асал ҳар як меваро намехӯрад. Пас, маънояш ин хел мебошад, ки аз меваҳо баъзеҳоро бихӯр. Ҳамин тариқ дар бораи малика Сабо гуфта шуд, “وَاُوْتِیَتْ مِنْ کُلِّ شَیْءٍ” (Ӯро ҳама чиз дода шуд) ҳол он ки ӯ маликаи як минтақаи хурди дунё буд. Пас маънои ҳақиқии ин оят чунинанд, ки аз неъматҳои дунё баъзеҳо ӯро дода шуда буданд. Албатта ин лозим аст, ки вақте калимаи кул истифода карда шавад, он дар худ як умумият дошта бошад ва аз кулли одамон як қисмашонро дар бар гирад ва ин ҳар ду чиз дар вабои истифроғ буданд, ки баъд аз шаҳиди марҳум дар Кобул ҳамла кард. Ҳар як одам аз ин тарсида буд ва теъдоди бисёр бо ин ҳалок шуд, ҳатто як нависандаи англис, ки аз ин илҳом илм надошт, дар китоби худ ба таври хос ин ваборо зикр намуд.

Эроди дуюм бар ин пешгӯӣ ин шуда метавонад, ки дар илҳом калимаи “تُذْبَحَانِ” аст, аммо яке аз онҳо ба роҳи хабак ва дигараш сангсор карда шаҳид карда шуд. Бинобар ин илҳом дуруст набаромад, ки ду одам забҳ карда мешаванд.

Ин эътироз ҳам натиҷаи камфикрӣ аст, зеро дар забони арабӣ маънои забҳ ҳалок кардан низ мешаванд, хоҳ ба кадом роҳ ҳалок карда шавад ва дар Қуръон ба ин маъно чандин ҷо зикр шудааст. Чунончи дар воқеаи ҳазрати Мӯсо (а) меояд, ки

یُذَبِّحُوْنَ اَبْنَآءَکُمْ وَ یَسْتَحْیُوْنَ نِسَآءَکُمْ۔

Яъне писарони шуморо онҳо забҳ мекарданд ва духтарони шуморо зинда мемонданд. Ҳол он ки аз таърих исбот мешавад, ки навкарони Фиръавн писаронро забҳ намекарданд, балки аввал дояҳоро амр дода шуда буд, ки кӯдаконро кушанд, аммо вақте онҳо раҳмдилӣ карданду баъзе писарон зинда монданд, Фиръавн амр дод, ки онҳоро дар дарё партофта шавад.

(Библия, Хурӯҷ, боби 1, ояти 22)

Дар луғати Тоҷ‑ул‑урус зикр шудааст, ки “اَلذَّبْحُ اَلْھَلَاکُ” Яъне маънои забҳ ҳалок кардан ҳам мебошанд. Пас чунин эътироз дуруст нест, ки Сайид Абдуллатиф сангсор карда шуд, на ки забҳ, зеро калимаи забҳ ба маънои ҳалок кардан истифода мешавад, хоҳ ба кадом роҳ ҳалок карда шавад.

Хонандагони азиз. Шаъну азамати ин пешгӯиро нигоҳ кунед. Худои таоло чӣ хел садоқати Масеҳи поки худро ба воситаи ин пешгӯӣ изҳор намуд. Оё як одами дурӯғгӯ ва ботилпараст чунин пешгӯӣ карда метавонад?

●●●●