Давоми зикри аҳволу воқеаҳои “Ғазваи Ҳудайбия”

 

Дар ин хутбаи Ҷумъа низ халифаи панҷуми ҷамаоти Аҳмадия, − Ҳазрати Мироз Масрур Аҳмад (аба), зикри “Сулҳи Ҳудайбия”-ро давом доданд ва баъзе эродҳоро, ки дар бораи ин воқеа аз тарафи шарқшиносҳо карда мешаванд, ҷавоб гардонданд.

Яке аз шартҳои ин аҳди дутарафа ин буд, ки агар ягон мусалмон аз Макка ба Мадина ояд, ӯро ба Қурайши макка баргардонда шавад, аммо агар аз байни мусалмонҳо касе кофир шуда ба Макка равад, Қурайшиҳо ӯро барнамегардонанд.

Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Абӯбасир, ки аз Макка ба Мадина омада буд, фармуданд, ки “Эй Абӯбасир, ту медонӣ, ки мо бо онҳо аллакай аҳду паймон бастаем ва динамон моро иҷозати аҳдшиканӣ намедиҳад.

Абӯбасир (р), ки ба сабабашон Қурайши макка ба розигии худ аз ин шарти аҳд даст кашиданд, оламро падруд гуфтанӣ буданд, ки номаи Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба эшон расид. Эшон номаи Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро бо муҳаббату завқ дар дасти худ монданд ва дар ҳамин ҳолат вафот карданд. Мусалмонҳои дигар ба Мадина омаданд.

Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам аҳдро то охир вафо карданд ва мусалмонҳое, ки берун аз амалдории сиёсии Мадина бошанд, онҳоро ба Макка баргардондан вазифаи Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам набуд. Қурайши Макка дар он замон пеши ягон кас ва ягон бор нагуфтанд, ки Пайғамбари Ислом (с) аҳдро шикастааст, аммо таҳқиқоти беҳудаи ҳозира инро исбот кардан мехоҳанд, ки наузубиллоҳ Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам аҳдро шикаста буданд. Ин дурӯғи маҳз аст.