Давоми зикри аҳволу воқеаҳои “Ғазваи Ҳудайбия”
Дар ин хутбаи Ҷумъа низ халифаи панҷуми ҷамаоти Аҳмадия, − Ҳазрати Мироз Масрур Аҳмад (аба), дар бораи “Сулҳи Ҳудайбия” сухан ронданд. Дар бораи Сулҳи Ҳудайбия сураи Фатҳ нозил шуд ва дар борааш ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки “Имшаб бар ман як сура нозил шудааст, ки дар байни тамоми ашёи дунё маҳбубтаринам мебошад”.
Агар воқеаҳои баъдина бо диққат фикр карда хонда шаванд, созишномаи сулҳи Ҳудайбия дар ҳақиқат барои мусалмонҳо як фатҳи азим буд.
Боз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки ман ғайр аз Абӯбакр дар байни шумо ҳатто дар вафодортарин одамон рӯҳи эродгириро ҳис кардаам.
Ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссалом дар бораи ин сулҳ фармуданд: Яке аз самараҳои мубораки Сулҳи Ҳудайбия ин аст, ки барои мардум фурсат пайдо шуд, ки пеши Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам биоянад. Онҳо суханҳои Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро гӯш карданд ва садҳо одам бо ҳамин роҳ мусалмон шуданд.
Хутбаи пурраи Амирулмуъминин дар видео тамошо кунед.
Leave A Comment