Зикри аҳволу воқеаҳои “Ғазваи Ҳудайбия” ва шарҳи пуртаъсири “Байъати Ризвон”, инчунин аҳволи дунёро зикр карда барои дуо гуфтан ва чорабиниҳои бехатариро ёдоварӣ намудан

 

Дар ин хутбаи Ҷумъа низ халифаи панҷуми ҷамаоти Аҳмадия, − Ҳазрати Мироз Масрур Аҳмад (аба), дар бораи “Сулҳи Ҳудайбия” сухан ронданд. Баъзе нуктаҳои хутба чунин мебошанд:

Сафири Қурайши Макка, Урво баъди гуфтугӯ бо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Макка баргашт ва гуфт, ки эй мардум, ман ҳамчун сафир дар дарборҳои подшоҳо, пеши Қайсару Кисро ва Наҷошӣ рафтаам. Қасам ба Худо, ки ман ягон подшоҳро ин тавр надидам, ки вайро мисли итоати саҳобаи Муҳаммад (с) итоат карда шавад.

Набии карим саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд. “Мо барои ҷанг наомадаем, балки танҳо нийяти Умра дорем. Ман бо онҳо ҳатто ба ин созишнома низ омодаам, ки онҳо бар хилофи ман ҷанг накунанд ва маро барои дигар мардум озод гузоранд, аммо агар онҳо чунин тавсияи маро низ рад кунанд ва ба ҳар сурат алангаи ҷангро фурӯзон монанд, дар ин ҳолат маро низ қасам ба он Зоте, ки дар дасташ ҷонам ҳаст, ман ҳам то он дам аз мубориза даст нахоҳам кашид, ки ё ҷони ман дар ин роҳ қурбон шавад ва ё Худо маро фатҳ диҳад”.

Дар вақти гуфтугӯи Урва бо мусалмонҳо ҳазрати Абӯбакр (р), ки дар пушти Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам нишаста буданд, хашмнок шуда ба Урва гуфтанд. “Рафта Лот, яъне бути худро бӯса кардан гир. Яъне вайро парастиш кун. Магар мо Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро тарк хоҳем кард?

Дар вақти Ҳудайбия сафирони Қурайш бо суханҳои худ кӯшиш карданд, ки ҳолати амнро вайрон кунанд, аммо Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам сарфи назар карданд.

Вақте ҳазрати Усмон (р) ҳамчун сафир ба Макка рафтанд ва хабар паҳн шуд, ки ҳазрати Усмонро шаҳид карда шуд, пас, ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба саҳоба фармуданд. “Биёед ва бар дасти ман даст гузошта (яъен байъат карда) чунин аҳд кунед, ки аз байни шумо ҳеҷ кас дар ҳолати ҷанг пуштро нишон нахоҳад дод ва ҳатто ҷони худро фидо хоҳад кард, аммо ҳеҷ гоҳ ҷойи худро тарк нахоҳад кард.

Дар вақти байъат ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дасти чапи худро бар дасти рости худ гузошта фармуданд, ки “Ин дасти Усмон аст, зеро агар ӯ дар ин ҷо мебуд, дар ин байъи муқаддас ҳеҷ қафо намемонд, аммо айни замон ӯ дар кори Худо ва Русул машғул аст”.

Саҳобаи киром зикри “Байъати Ризвон” карда мегуфтанд, ки ин байъат бар аҳди марг буд, яъне чунин аҳд кардем, ки ҳар як мусалмон ба хотири Ислом ва ба хотири тақаддуси Ислом ҳатто ҷони худро фидо хоҳад кард, аммо пуштро нишон нахоҳад дод. Ҷанбаи хоси ин байъат ҳамин буд, ки ин байъат танҳо иқрори даҳонӣ набуд, ки ба эҳсосот дода шуда карда шавад, балки дар ҳақиқат аз таҳти дил карда шуд. Дар пушти ин байъат тамоми қувваи мусалмонҳо буд, ки дар маркази воҳид ҷамъ шуда буд.