Зикри “Ғазваи Ҳудайбия”
Ҳудайбия номи як чоҳ буд, ки дар оғози Ислом ба мусофирҳо ва ҳоҷиҳо об медод, аммо дар ин ҷо биёбон буд ва ободӣ набуд.
Дар бораи шумораи мусалмонҳо дар “Ғазваи Ҳудайбия” ба риоятҳои гуногун дучор мешавем. Аз рӯйи ин ривоятҳо ин теъдод аз як ҳазор то 1700 зикр шудааст.
Ҳини ин сафар баъзе муъҷизаҳои Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ зикр шудаанд. Дар вақте, ки об тамом шуданӣ буд, Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар як зарф дасти худро гузоштанд ва ҳамон замон аз ангуштҳо об мисли фаввора баромадан сар кард.
Дар охири хутба зикри хайри як шаҳид, ки дар Бангла Деш шаҳид шуда буд, карда шуд. Номи шаҳид Шаҳриёр Рокинг буд, ки душманони Аҳмадият ӯро танҳо ба сабаби Аҳмадӣ буданаш шаҳид карданд.
Сипас зикри Абдуллоҳ Асад Авдоро карданд ва баъди намози Ҷумъа, намози ҷанозаи ғоиби инҳоро имомат караднд.
Leave A Comment