ПЕШГӮӢ ОИД БА ДАЪВОКУНАНДАИ ДУРӮҒИНИ АМРИКО “ҶОН АЛЕКСАНДР ДУЙ (ДЖОН АЛЕКСАНДР ДОУИ)”, КИ БАРОИ МАСЕҲИЁН БА ТАВРИ ОДДӢ ВА БАРОИ БОШАНДАГОНИ АМРИКО БА ТАВРИ ХОС ҲУҶҶАТ БУД.
Пешгӯии сеюм, ки далел бар содиқ будани ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом мебошад, дар бораи Дуй аст. Мақсадаш ба масеҳиён ва махсус ба мардуми кишварҳои ғарб ҳуҷҷат тамом кардан буд. Александр Дуй як одами машҳури Амрико буд. Ин кас бошандаи Австралия буд. Аз он ҷо ба Амрико кӯчид. Соли 1892 шахси мазкур ваъзу насеҳати динӣ сар кард ва дер нагузашта бинобар даъвои худ, яъне бетабобат қувваи шифо додан дорад, машҳур шуд. Соли 1901 ӯ даъво кард, ки барои омади дуюми Исо (а) ӯ ба таври Илёс ва барои ҳамвор кардани роҳаш омадааст. Азбаски аломатҳои зуҳури Масеҳ зоҳир шуда буданд, бинобар ин байни мардуме, ки интизори Масеҳ буданд даъвои Дуй пазируфта шуд. Дуй як қитъаи замин харида дар болояш “Сайҳун” (ZION) ном як шаҳр обод кард ва эълон кард, ки Масеҳ дар ҳамин шаҳр нозил хоҳад шуд. Одамони сарватманд барои дидори Масеҳ дар он ҷо бо арзиши гарон замин харида хона сохтанд ва ин кас дар он шаҳр мисли подшоҳ зиндагӣ сар кард. Дар муддати андак муридҳои ӯ аз сад ҳазор зиёд шуданд ва дар ҳамаи кишварҳои масеҳӣ намояндагонаш барои таблиғ муқаррар карда шуданд. Ин кас бо Ислом душмании сахт дошт ва ҳамеша зидди Ислом гап мезад. Дар газетаи худ навишта буд:
“Ман қавмҳои Амрико ва Аврупоро ҳушдор мекунам, ки Ислом дини мурда нест. Ислом пур аз қувва аст, аммо бояд Ислом нобуд шавад. Муҳаммадизм ҳатман барбод шавад (наузубиллоҳ), аммо вайронии Ислом на аз дасти масеҳияти лотинӣ хоҳад шуд ва на аз масеҳияти юнонии заиф ва на аз дасти он масҳиён, ки Масеҳро барои ном қабул доранд”.
«Лиюз оф ҳилинг. 25 август соли 1900»
Мурод аз ин матни Дуй ҳамин буд, ки Ислом бо дасти ман нобуд хоҳад шуд. Соли 1902 Дуй эълон кард, ки агар мусулмонҳо масеҳиятро қабул накунанд, ҳамаи онҳо ба ҳалокат хоҳанд расид. Ин хабар ба ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) расид. Эшон якбора як эълон чоп карданд, ки дар он аввал бартарии Исломро зикр карданд ва баъд навиштанд, ки барои нишон додани садоқати масеҳият миллиён‑миллиён одамро куштан чӣ даркор аст, ман аз тарафи Худо ҳамчун Масеҳ фиристода шудам. Ба ман мубоҳила (дуо кардан зидди як дигар) карда бинед, ки кӣ аз ин қазовати динӣ росту дурӯғ хоҳад шуд ва мардум низ ба як қарор хоҳанд омад.
Ин эълони эшон дар сентябри соли 1902 дар маҷаллаи «Ривию оф рилиҷанз» чоп карда шуд ва чунон ба теъдоди зиёд чоп карда шуд, ки аз декабри 1902 то охири 1903 дар рӯзномаҳои гуногуни Амрико ва Аврупо бар ин эълон шарҳу тавзеҳ чоп шуданд. Аз байни онҳо қариб 40 рӯзномаҳо то Ҳиндустон ҳам фиристода шуданд. Аз ин қадар паҳн шудани эълони ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) маълум мешавад, ки ҳеҷ набошад, қариб ду ё дуву ним миллиён одам аз ин мубоҳила огоҳ шуда буданд.
Дуй ба ин даъват ҷавоб надод, аммо бар хилофи Ислом дуоҳои бад сар кард ва ҳамлаҳои сахт оғоз кард. 14 Феврал ӯ эълон кард, ки
“Ман аз Худо дуо мекунам, ки он рӯз тезтар фаро расад, ки Ислом аз дунё нобуд шавад. Худоё, ту ҳамин тавр кун. Худоё, Исломро ҳалок кун”.
Боз 5‑уми Август 1903 эълон чоп кард, ки
“Ин доғи баднамо (яъне Ислом) бар инсониятро Сайҳун ҳалок хоҳад кард”. Вақте ҳазрати Масеҳи Мавъуд диданд, ки ин одам аз мухолифати худ даст намекашад, пас Эшон соли 1903 як эълони дигар чоп карданд, ки номаш “Пешгӯиҳо оид ба Дуй ва Пигат” буд. Дар ин эълон Эшон навиштанд, ки маро Худо дар ин замон барои он фиристодааст, то тавҳид қоим карда шавад ва ширк аз дунё маҳв кунам. Боз навиштанд, ки барои Амрико Худо маро ин нишон додааст, ки агар Дуй ба муқобили ман мубоҳила кунад ва дар муқобили ман хоҳ ба таври куллӣ ва ё ишоравӣ барояд, пас ӯ “дар ҳаёти ман бо дарду ранҷ ва азоб ин дунёро тарк хоҳад кард”. Баъд аз ин Ҳазрати ақдас (а) навиштанд, ки Дуйро ман пеш аз ин ҳам даъвати мубоҳила дода будам, аммо то ҳозир ҳеҷ ҷавоб надодааст, бинобар ин аз имрӯз ӯро муҳлати 7 моҳ дода хоҳад шуд. Ҳазрати ақдас (а) илова намуданд, ки “Бояд яқин доред, ки бар Сайҳун ба наздикӣ як офат омаданист ва дар охир ҷавоби ӯро интизор накарда навиштанд, ки Эй Худо, дурӯғи Дуй ва Пигатро ба мардум тезтар ошкор кун”.
Ин эълон ҳам ба теъдоди касир дар кишварҳои ғарб паҳн карда шуд ва рӯзномаҳои бисёри Аврупо ва Амрико мисли «Гласго», «Ҳералд»‑и Англия, «Нию‑Йорк камаршал адвартаизар» ва ғайра хулосаи ин мазмунро чоп карданд. Ба ин тариқ садҳо ҳазор мардум ба ин мазмун огоҳ шуданд.
Вақте ин эълон чоп шуд, он замон ситораи Дуй дар гардиш буд ва шумораи муридҳояш рӯз ба рӯз зиёд шудан мегирифт ва муридонаш чунон сарватманд буданд, ки дар ҳар соли навӣ ӯро қариб туҳфаҳои 3‑миллиён доллар медоданд ва ғайр аз ин бисёр фабрикаҳо дошт. Қариб 60‑миллиён доллар дошт ва хизматгузарони он бешумор буданд. Саломатиаш то ба дараҷае хуб буд, ки инро муъҷизаи худ мегуфт ва мегуфт, ки дигар маризонро ҳам сиҳат карда метавонам. Хулоса, аз рӯйи пулу мол, сиҳат, ҷамоат ва иқтидор қисми зиёд медошт.
Баъд аз чоп шудани эълон аз ҳазрат Мирзо Ғулом Аҳмад (а) мардум ба ӯ савол доданд, ки чаро ӯ ҷавоби ин даъватро намедиҳад. Дар ҷавоб ӯ ба онҳо гуфт, ки мардум мепурсанд, ки “Ту чаро гапи фалон‑фалонро ҷавоб намедиҳӣ. Оё шумо фикр мекунед, ки ман кирмҳои чанд ва мӯрчаҳои нотавонро ҷавоб диҳам. Агар пойи худро ба инҳо гузорам, дар як лаҳза пачақ мекунам, аммо ман инҳоро вақт медиҳам, ки аз нигоҳи ман дур шуда чанд рӯзи дигар зинда монанд”.
Инсон гоҳе чӣ тавр нодонӣ мекунад. Дуй ҳам аз муқобала инкор карда надониста ба муқобил омад, зеро Ҳазрати ақдас (а) навишта буданд, ки “агар ин кас бо ишора ҳам ба муқобили ман ояд, пас дар зиндагии ман ҳалок хоҳад шуд”. Дуй Эшонро кирм гуфт ва чунин гуфта, ки агар ман пой худ ба ӯ гузорам, ӯро пачақ хоҳам кард, худро ба муқобили Ҳазрати ақдас (а) овард ва азоби Худоро даъват дод.
Аммо саркашии Дуй то ба ин ҷо тамом нашуд. Баъд аз чанд рӯз ӯ номи Эшонро зикр карда нисбат ба Ҳузур (а) ин калимаҳоро истифода кард “аблаҳ Масеҳи Муҳаммадӣ” ва инро ҳам навишт, ки “Агар дар замини Худо ман пайғамбари Худо набошам, пас ҳеҷ каси дигар пайғамбар нест”. Декабри соли 1903 бо дили кушод ба муқобили Эшон омад ва (дар рӯзномааш) эълон кард, ки фариштае омада ба ман гуфтааст, ки ту бар душманонат ғолиб меоӣ. Гӯё бо ин эълон дар муқобили пешгӯии ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) пешгӯии ҳалокати Ҳузур (а) чоп кард. Ин муборизаи ӯ, ки дар оғоз пинҳонӣ буд, оҳисти‑оҳиста зоҳир шуд ва тез натиҷабахш шуд. Ҳазрати ақдас (а) баъд аз ин ҳамлаи охиринаш бар хилофи ӯ дигар нанавиштанд ва тибқи ҳукми Қуръон “فَانْتَظِرْ اِنَّھُمْ مُنْتَظِرُوْنَ” натиҷааш аз тарафи Худо интизор шуданд. Охир Худо, ки шиканҷааш оҳиста‑оҳиста шуда шадид мешавад, дасти худро дароз кард ва он пойҳояшро, ки бо онҳо ӯ Масеҳи Мавъудро пачақ кардан мехост, бекор кард. Қувваи пой мондан дар болои Масеҳаш як тараф истад, минбаъд Дуй он пойҳоро дар болои замин ҳам монда наметавонист, яъне ғазаби Худо дар шакли фалаҷ ба ӯ нозил шуд. Баъд аз чанд рӯз андак сиҳат шуд, аммо баъд аз ду моҳ 19‑уми декабр боз ҳамлаи дуюм шуд ва қувваи мондагиро ҳам шикаст. Вақте ӯ тамоман аз кор монд, кори худро ба муовинҳояш супорид ва худи ӯ дар як ҷазирае, ки ҳавояш барои сиҳат шудан аз бемории фалаҷ хуб буд, истиқомат кард, аммо қаҳри Худо ӯро дар он ҷо ҳам аз азоб раҳо накард ва чӣ хеле, ки ӯ Масеҳашро кирм гуфта буд, Худо ӯро ҳам кирм барин исбот кард ва он асбобе, ки ӯ бар онҳо фахр карда ҳамин суханҳоро гуфта буд, ба воситаи ҳамон чизҳо ӯро расво кард. Чунончи вақте ӯ аз Сайҳун рафт, муридҳояш фикр карданд, ки ин кас даъвои шифо додани дигаронро на ба дуо балки бо ҳукми худ мекард, чаро худаш бемор шудааст. Муридонаш баъд аз рафтани вай он ҳуҷраҳоро, ки вай ҳеҷ касро иҷозат намедод, ки он ҷо раванд, кофтанд ва бисёр шишаҳои шароб аз он ҷо ёфтанд ва ҳамсару писараш гувоҳӣ доданд, ки ӯ пинҳонӣ бисёр шароб менӯшид, ҳол он ки ӯ муридҳояшро насеҳати худдорӣ намудан аз шароб мекард ва ягон чизи нашъаоварро иҷозат намедод, ҳатто аз тамоку низ манъ мекард. Ҳамсараш гуфт, ки ман дар рӯзҳои сахт вафодори Дуй будам, аммо акнун инро дониста сахт афсус хӯрдам, ки ин кас барои оиладор шудан бо як зани молдори пиронсол масъалаи нав гуфтааст, ки аз як зиёд зан гирифтан мумкин аст, чуночи ӯ ҳамон мактубҳои зане, ки дар ҷавоби номаҳои Дуй навишта буд, мардумро нишон дод. Инро дида қаҳри мардум афзуд ва он пулро ҳисоб краданд, ки Дуй дошт ва маълум шуд, ки қариб 5 миллиён доллар хӯрдааст ва ин чиз низ маълум шуд, ки бисёр духтарони ҷавони шаҳрро туҳфаҳои сад ҳазор доллара додааст. Бинобар ин, ба тарафи Дуй як нома фиристода шуд, ки “ба розигии ҳамаи ҷамоат туро ба сабаби исрофкорӣ, риёкорӣ, дурӯғгӯӣ, каломи муболиғанок, пули мардумро харҷ кардан, зулм ва ғасб аз уҳдаат сабукдӯш карда шуд”.
Дуй ин илзомҳоро рад карда натавонист ва охир ҳамаи мурид мухолифи ӯ шуданд. Дуй хост, ки пеши муридонаш омада онҳоро ба тарафи худ майл кунад, аммо дар истгоҳи поезд ғайр аз чанд одам ҳеҷ кас барои истиқбол наомад ва ҳеҷ кас ба тарафаш таваҷҷуҳ накард. Охир ӯ ба суд муроҷеат кард, аммо аз он ҷо ҳам пули мардум ба ӯ дода нашуд ва танҳо барои зиндагӣ гузарондан андак пул дода шуд. Аҳволи ҷисмониаш то ба дараҷае расид, ки навкарони ҳабшӣ ӯро бардошта аз як ҷо ба ҷойи дигар мебурданд ва зиндагии аламнок мегузаронд. Беморию дардашро дида баъзе наздиконаш мегуфтанд, ки табобат кунад, аммо ба сабаби он аз табобат инкор мекард, ки ман мардумро аз табобат манъ мекардам ва худам табобат гирам. Охир вақте аз сад ҳазор муридонаш танҳо ду сад мардум монданд ва аз судҳо нокомӣ дид ва беморӣ низ зиёд шудан гирифт, ин ҳамаи воқеаҳоро бардошт накарда девона шуд ва рӯзе баъзе муридонаш вақте барои гӯш кардани ваъзаш рафтанд, диданд, ки ҳамаи баданаш бо дока печонда шудааст. Дуй ба онҳо гуфт, ки номаш Ҷерӣ аст ва ӯ тамоми шаб бо шайтон ҷанг кардааст ва дар ин ҷанг генерали ӯ кушта шуд ва худи ӯ захмӣ шудааст. Инро дида онҳо бовар карданд, ки ин кас девона шудааст ва онҳо ҳам ӯро тарк намуданд ва тибқи калимаҳои ҳазрати ақдас, ки “пеш аз ман бо ҳасрат ва андуҳи тамом ин дунёи фониро тарк хоҳад кард” Дуй 9-уми Март 1907 бо ҳасрати тамом аз олам гузашт. Вақти маргаш танҳо 4 нафар дар назди ӯ буданд ва ҳамагӣ 30 доллар дошт.
Хонандагони азиз, аз ин зиёд марги ҳасрат ва дарду алам шуда метавонад? Албатта ин як воқеаи ибратнок ва барои бошандагони мағриб нишони аён аст. Чунончи рӯзномаҳои бисёр ин нишонро қабул карданд, ки пешгӯии Ҳазрати ақдас (а) рост баромадааст ва онҳо ба ин кор маҷбур буданд. Барои мисол якчанд рӯзномаҳоро зикр мекунем.
“Dunville Gazette” «Данвил газет» рӯзномаи амрикоӣ ин воқеаро зикр карда менависад. “Агар Аҳмад ва пайравони ӯ ба пешгӯии худ, ки чанд моҳ пеш рост баромадааст, фахр кунанд, пас онҳо ба ин ҳақ доранд”.
“Truth seeker” «Трут сикар» рӯзномаи амрикоӣ менависад. “Воқеаҳои зоҳирӣ зидди даъвокунанда буданд, аммо ӯ ғолиб шуд”. Яъне умри Ҳазрати ақдас аз Дуй зиёдтар буд ва ӯ дар муқобили Эшон ҷавон буд.
Рӯзномаи Бостон, Америка “Herald” «Ҳералд» навишт, ки “Ба марги Дуй шуҳрати пайғамбари Ҳиндустон баланд шуд, зеро дуруст нест, ки ӯ дар бораи марги Дуй пешгӯӣ карда буд, ки дар зиндагиаш воқеъ мегардад ва бо дарду алам вафоти Дуй воқеъ шуд. Умри Дуй 65 сол ва умри соҳиби пешгӯӣ 75 сол буд”.
Аз ин иқтибосҳои рӯзномаҳо маълум мешавад, ки масеҳиён ва ҳатто даҳрияҳо ҳам таъсир гирифта буданд ва онҳо аз таъсири натиҷаи ин пешгӯӣ то ба дараҷае дар ҳайрат афтиданд, ки бе ягон монеа дар рӯзномаҳои худ инро зикр намуданд.
Дар соли 2022 пайравон ва ходимони Масеҳи мавъуди Ҷамоати Аҳмадия дар шаҳри Сайҳун, дар ҳамон ҷое, ки як душмани Ислом пайдо шуда буд ва махсус ин шаҳрро барои амалиёти зидди Ислом сохта буд, масҷид сохтаанд ва халифаи панҷуми ҷамоат он масҷидро Амрико рафта ифтитоҳ карданд. Алҳамдулиллоҳ.
Хонандагони азиз, ин воқеаро хонда қазоват кунед. Оё Худо аз дасти як дурӯғгӯ дини мубини худ, яъне Исломро ҳимоя мекунад? Албатта, ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) аз тарафи Худо буданд ва дар баробари хидматҳои дигари динӣ, ин ғалаба низ ба воситаи ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) зоҳир шуд, зеро Худо маҳбубони худро барои ҳимояти дини худ интихоб мекунад.
وما علینا الا البلاغ المبین
●●●●
Leave A Comment