Далели даҳум бар садоқати ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а)
ПЕШГӮӢ ОИД БА ЛЕКРОМ ПИШОВАРӢ (ОЛИМИ ҲИНДУҲО)
Пеш аз он, ки боз яке аз пешгӯиҳои ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а)-ро зикр кунем, ояти Қуръониро менависем. Худои таоло дар Қуръони пок мефармояд:
عَالِمُ الْغَيْبِ فَلَا يُظْهِرُ عَلَى غَيْبِهِ أَحَدًا۔ إِلَّا مَنِ ارْتَضَى مِنْ رَسُولٍ۔۔۔ سورۃ الجن: 27-28
Тарҷума: “Худои таоло Олимулғайб мебошад; ва ҳеҷ касро бар илми ғайби Худ огоҳ намесозад, ғайр аз расули баргузидаи худро…”
Аз рӯйи ҳамин оят як пешгӯии дигари ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а)-ро зикр мекунем. Ин пешгӯӣ ба аҳли ҳинд барои исбот намудани садоқати дини Ислом Эшон аз тарафи Худо хабар гирифта зоҳир карданд ва пешгӯӣ дар вақташ рост баромада фикри ҳазор‑ҳазор мардумро ҷунбонд ва дар ботин онҳо ба садоқати дини Ислом қоил шуданд ва бисёр мардум Исломро қабул карда буданд.
Шарҳи ин пешгӯӣ чунин аст, ки дар вақти ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) як фирқаи нав аз ҳиндуҳо пайдо шуда буд, ки номаш “Ориё самоҷ” аст. Ин фирқа ҳолати заифи Исломро дида ба пешаш ҳадаф гузошт, ки мусалмонҳоро ҳинду карда шавад ва ба ин мақсад ҳамеша роҳбарони диниашон дар муқобили Ислом китобҳои бемаърифат ва фуҳш дар бораи Ислом чоп мекарданд. Яке аз он роҳбароне, ки бисёртар даридадаҳонӣ ва фуҳшгӯӣ мекард, Лекром ном дошт. Ҳазрати ақдас (а) бо ӯ чандин бор суханронӣ карда онро ба садоқати Ислом қоил карданӣ шуданд, аммо он кас дар саркашиаш зиёд шудан гирифт ва тарҷумаи ояҳои Қуръонро чунон фуҳш карда чоп мекард, ки барои як одами нангу номус медоштагӣ хондани онҳо ҳам мушкил буд. Ба назди Лекром дар дунё аз ҳама одами бад он кас буд, ки дар асл инсони комил буд ва аз ҳама китоби беҳуда он буд, ки дар ҳақиқат хазинаи ҳамаи илмҳост, аммо чашми беморро нӯри офтоб доим зарар мерасонад. Аҳволи Лекром ҳам ҳамин тавр буд. Вақте баҳсу мубоҳиса тӯл кашид, ин одам дар бадгӯй ба нисбати Расули карим саллаллоҳу алайҳи ва саллам зиёдтар шудан гирифт ва ҳазрати ақдас алайҳиссаломро низ тамасхур мекард, ки чаро ин кас маро нишоне аз тарафи Худо нишон намедиҳад. Охир ҳазрати ақдас дар борааш ба боргоҳи Худо дуо карданд ва Эшонро хабар дода шуд, ки барои ин кас ин нишон аст, ки зуд ҳалок карда хоҳад шуд. Пеш аз чопи ин пешгӯӣ аз Лекром пурсида шуд, ки агар ӯро аз ин пешгӯӣ ранҷ расиданӣ бошад, инро зоҳир карда намешавад, аммо ӯ дар ҷавоб навишт, ки ман аз пешгӯии ту ҳеҷ наметарсам. Пешгӯӣ чоп кардан гир. Азбаски дар пешгӯӣ вақт таъйин карда нашуда буд ва Лекром вақти муайянро мехост, бинобар ин Ҳузур (а) дар чопи ин пешгӯӣ таваққуф карданд ва аз тарафи Худо интизор шуданд, ки вақт таъйин карда шавад. Охир аз тарафи Худо ин хабарро ёфта, ки аз 20-уми феврали соли 1893 сар карда дар давоми 6 сол бар Лекром азоби дарднок хоҳад омад, ки натиҷааш ба сурати марг хоҳад шуд. Ин пешгӯӣ чоп карда шуд ва дар баробараш ин илҳом низ ба нисбати Лекром чоп карда шуд, ки
عِجْلٌ جَسَدٌ لَہٗ خُوَارٌ لَہٗ نَصَبٌ وَّ عَذَابٌ۔
(Иштиҳори 20-уми Феврали соли 1893)
Яъне ин шахс мисли гӯсолаи Сомарӣ як гӯсола аст, ки бефоида овоз мебарорад, вагарна дар дохилаш зиндагии рӯҳонӣ нест. Бар ин кас балое нозил хоҳад шуд ва азоб хоҳад омад.
Баъд аз ин Эшон навиштанд ва мафҳуми матн чунин мебошад, ки акнун ман бар ҳамаи фирқаҳои динӣ ошкор кунам, ки агар бар ин шахс дар давоми 6 сол аз таърихи имрӯз, яъне 20-уми Феврал 1893 ягон азоби фавқулода наояд, ки аз дарду алами ҳаррӯза мухталиф бошад ва дорандаи азоби Илоҳӣ набошад, пас бидонед, ки ман аз тарафи Худо нестам.
(Рӯҳони хозоин, ҷилди 5, саҳифаи 649 то 651, китоби «Оинаи камолоти Ислом»)
Баъд аз ин пешгӯӣ Эшон оид ба Лекром як пешгӯии дигар чоп карданд, ки дар вай дар барои ҳалокати ин одам возеҳтар навишта шуд. Матни пешгӯӣ чунин буд.
وَبَشّرَنِیْ رَبِّیْ وَ قَالَ مُبَشِّرًا
سَتُعْرَفُ یَوْمَ الْعِیْدِ وَالْعِیْدُ اَقْرَبٗ
(Рӯҳони хозоин, ҷилди 7, саҳифаи 96, китоби «Каромот‑ус‑содиқин»)
Яъне Худованд ба ман хабари хуш додааст, ки ту як рӯзи ид мебинӣ ва он рӯз ба рӯзи ид якҷоя хоҳад шуд. Боз навиштанд:
وَ مِنْھَا مَا وَعَدَنِیْ رَبِّیْ وَاسْتَجَابَ دُعَائِیْ فِیْ رَجُلٍ مُفْسِدٍ عَدُوُّ اللہِ وَ رَسُوْلِہٖ اَلْمُسَمّٰی لیکھرام الْفَشَاوَرِیْ۔ وَاَخْبَرَنِیْ رَبِّیْ اَنَّہٗ مِنَ الْھَالِکِیْنَ۔ اِنَّہٗ کَانَ یَسُبُّ نَبِیَّ اللہِ وَ یَتَکَلَّمُ فِیْ شَاْنِہٖ بِکَلِمَاتٍ خَبِیْثَۃٍ فَدَعَوْتُ عَلَیْہِ فَبَشَّرَنِیْ رَبِّیْ بِمَوْتِہٖ فِیْ سِتِّ سَنَۃٍ اِنَّ فِیْ ذَالِکَ لَاٰیَۃٍ للِّطَّالِبِیْنَ۔
(Рӯҳони хозоин, ҷилди 7, саҳифаи 162-163, китоби «Каромот‑ус‑содиқин»)
Яъне яке аз фазлҳои Худо бар ман ин аст, ки дар бораи Лекром Худо дуои маро мустаҷоб гардонд ва маро хабар додааст, ки ӯ ҳалок хоҳад шуд. Ин кас Расули карим саллаллоҳу алайҳи ва салламро дашном медод. Ман бар хилофи ӯ дуо кардам ва Рабби ман гуфт, ки ин кас дар муддати 6 сол хоҳад мурд. Дар ин амр барои талабкунандагон нишон аст.
Баъдан шарҳи иловагӣ маълум шуд ва он дар сарварақи китоби «Баракот‑уд‑дуо»-и Ҳазрати ақдас (а) зери сарлавҳаи “Хабари дигар оид ба Лекроми Пишоварӣ” навишта шудааст. Дар он ҷо навишта шудааст, ки
“Имрӯз 2 Апрели 1893 (рӯзи Якшанбе) аст. Вақти саҳар дар ҳолати хоболуд дидам, ки дар макони васеъ нишастаам ва якчанд рафиқон низ ҳамроҳи ман ҳастанд. Он замон як одами қавӣ ва муҳибшакл, гӯё ки аз чеҳрааш хун чакида истодааст, пеши ман омада истод. Ман боло нигоҳ карда дидам, ки он кас аз махлуқи дигар аст, гӯё ки инсон нест ва аз фириштагони шидод аст ва ҳайбати он кас бар дилҳо буд. Ман ҳоло ӯро нигоҳ карда истода будам, ки ӯ пурсид, ки Лекром дар куҷост? Ва номи як одами дигар низ пурсид, ки ӯ дар куҷост? Он вақт фаҳмидам, ки ин кас барои ҷазодиҳии Лекром ва он шахси дигар маъмур шудааст”.
(Рӯҳони хазоин, ҷилди 6, саҳифаи 33, китоби «Баракот‑уд‑дуо»)
Дар як китоби дигар «Оинаи камолоти Ислом» Мирзо Ғулом Аҳмад (а) шеърҳои зайлро дар бораи Лекром чоп карда буданд:
Ало эй душмани нодону бероҳ,
Битарс аз теғи буррони Муҳаммад (с).
Ало, эй мункир аз шони Муҳаммад (с),
Ҳам аз нӯри намоёни Муҳаммад (с).
Каромат гарчи беному нишон аст,
Биё бингар зи ғилмони Муҳаммад (с).
(Рӯҳони хазоин, ҷилди 5, саҳифаи 649, китоби «Оинаи камолоти Ислом»)
Аз ҳамаи ин пешгӯиҳо, ки Эшонро дар вақтҳои гуногун хабар дода шуд, ин умур аён мешаванд:
- Бар Лекром азобе нозил карда хоҳад шуд, ки натиҷааш марг аст.
- Ин азоб дар давоми 6 сол нозил хоҳад шуд.
- Ин азоб он рӯз хоҳад омад, ки бо рӯзи Ид наздик мебошад, яъне рӯзе пеш аз Ид ё баъд аз Ид.
- Ба Лекром мисли гӯсолаи Сомирӣ муносибат карда хоҳад шуд ва он муносибат ин буд, ки гӯсоларо пора‑пора карда сӯзонда дарёбурд карда шуд.
- Барои ҳалокати Лекром шахсе, ки аз чашмҳояш хун мечакад, таъйин карда шудааст.
- Ӯ шикори теғи Муҳаммадӣ хоҳад гашт.
Ин нишонаҳо ва аломатҳо он қадар аён ҳастанд, ки дар бораи матну мафҳумашон ҳеҷ иштибоҳ намемонад. Баъд аз ин пешгӯӣ 5 сол аз байн гузаштанд. Душманон бар ҷамоати Аҳмадия механдиданд, ки 5 сол гузаштаанд ва ҳеҷ чиз нашудааст ва Мирзо Ғулом Аҳмад дурӯғгӯ аст. Рӯзи дуюми Иди Рамазон, ки рӯзи Шанбе буд, вақти намози Аср Лекром аз ханҷари шахси номаълум захмӣ карда шуд ва рӯзи Якшанбе мурд. Ба ин тариқ каломи Худо бо ҳамаи нозукиҳояш рост баромад. Дар илҳом муддати 6 сол буд ва он кас пеш аз 6 сол мурд. Гуфта шуда буд, ки ин воқеа ба рӯзҳои наздики рӯзи Ид рӯӣ хоҳад дод, ӯ рӯзи дуюми Ид захмӣ карда шуд. Боз гуфта шуда буд, ки ӯро шахсе, ки аз чеҳрааш хун мечакад, ҳалок хоҳад кард, пас ҳамин тавр шуд. Боз гуфта шуда буд, ки ӯро теғи Муҳаммадӣ қатл хоҳад кард, пас ӯ қатл карда шуд. Боз ин хабар дода шуда буд, ки бо ӯ тибқи гӯсолаи Сомирӣ муносибат карда мешавад, пас чӣ хеле, ки гӯсолаи Сомирӣ рӯзи Шанбе пора‑пора карда шуд, ин кас низ рӯзи Шанбе пора‑пора карда шуд ва чӣ хеле, ки гӯсолаи Сомирӣ аввал сӯзонда шуд ва баъдан хокаш ба дарё партофта шуд, ҳамин тавр бадани Лекромро ба сабаби расми ҳиндуҳо аввал сӯзонда шуд ва баъдтар дар дарё хокаш партофта шуд.
Воқеаи қатлаш чунин нақл карда мешавад, ки шахсе назди Лекром омад, ки дар борааш гуфта мешуд, ки аз чашмҳояш хун мечакид. Ӯ Лекромро гуфт, ки ӯ мусалмон аст ва ҳинду шудан мехоҳад. Лекром бо вуҷуди насеҳати мардум, ки инро назди худ роҳ надиҳед, ӯро қабул кард. Лекром ба ӯ боварӣ мекард. Охир Лекром ҳамон рӯзро барои ҳинду кардани вай интихоб кард, ки дар он рӯз захмӣ карда шуд. Он рӯзи Шанбе буд ва Лекром чизе менавишт. Ӯ он шахси номаълумро гуфт, ки китобе бардошта диҳад. Он шахс зоҳир намуд, ки гӯё китобро бардошта оварда истодааст, аммо наздик расида дар шиками Лекром ханҷар пайваст кард ва онро чанд бор тоб дод, то рудаҳояш бурида шаванд. Баъдан он шахс тибқи баёни хонагиҳои Лекром ғоиб зад. Лекром дар ошёнаи дуюми хона буд ва ҳамон замон дар поён бисёр одам мавҷуд буданд, аммо ҳеҷ кас шаҳодат надод, ки вай поён фаромада бошад. Ҳамсар ва модари Лекром боварӣ доштанд, ки он шахс ҳоло ҳам дар хона аст, мардум ҳар ҷо кофтанд, лекин ӯро дар хона наёфтанд ва ғайр аз Худо ҳеҷ кас хабар надорад, ки ӯ куҷо ғоиб зад. Лекром дар ранҷу алам мубтало гашта дар ҳамон рӯзи Якшанбе мурд, ки Ҳазрати ақдасро дар кашф нишон дода шуда буд, ки як одами ҳайбатнок Лекромро суроғ мекунад ва аз чеҳрааш хун мечакад. Барои садоқати фаристодаи Аллоҳи таоло ин як нишон шуд ва барои онҳо намунаи ибрат шуд, ки бар хилофи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам услуби пастро истифода менамоянд.
Пас, Худои таоло дар дасти Маҳдӣ ва Масеҳи худ ин нишонро нишон дод ва исбот намуд, ки ин кас аз тарафи Ман аст, зеро ягон одами дурӯғгӯ чунин пушгӯй карда наметавонад.
فاعتبروا یٰاولی الابصار۔
●●●●
Leave A Comment