ДАЛЕЛИ НУҲУМ БАР САДОҚАТИ ҲАЗРАТИ МАСЕҲИ МАВЪУД (А)
ПЕШГӮӢ ОИД БА АБДУЛЛОҲ ОТҲАМ (ОЛИМИ МАСЕҲИЁН)
Минбаъд далелҳое, ки дар бораи садоқати ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дода мешаванд, ин дар бораи ахбори ғайб мебошанд. Худои таоло дар Қуръони пок мефармояд:
عَالِمُ الْغَيْبِ فَلَا يُظْهِرُ عَلَى غَيْبِهِ أَحَدًا۔ إِلَّا مَنِ ارْتَضَى مِنْ رَسُولٍ۔۔۔ سورۃ الجن: 27-28
Тарҷума: “Худои таоло Олимулғайб мебошад; ва ҳеҷ касро бар илми ғайби Худ огоҳ намесозад, ғайр аз расули баргузидаи худро…”
Дар ин оят мурод аз калимаи غیبہ ғайби холис аст, ки илмаш ғайр аз Худо ҳеҷ касро намебошад. Дар бораи ҳамаи ғайб Худои таоло мефармояд:
وَعِنْدَهُ مَفَاتِحُ الْغَيْبِ لَا يَعْلَمُهَا إِلَّا هُوَ۔ سورۃ الانعام:60
Яъне калидҳои ғайб (ахбори пинҳонӣ) бо Худо мебошанд; ва ғайбро ғайр аз Худо ҳеҷ кас намедонад.
Аз ин оятҳо маълум шуд, ки илми ғайбро танҳо Худо медонад. Агар Худо аз бандагонаш касеро баъзе хабарҳо диҳад, маълум мешавад, ки ӯ одам аз тарафи Худо аст ва Худо бо ризои худ ӯро хабарҳои оянда додааст. Ҳеҷ кас аз ин хазинаи Худо дуздӣ карда наметавонад. Пас, агар касеро бар бисёр умури ғайбия иттилоъ дода шавад ва он ахборҳо низ ахборҳои одӣ набошанд, балки бо офоқ алоқаманд бошанд. Сипас, он ахборҳо чӣ хеле, ки аз тарафи он бандаи Худо хабар дода шуданд, ҳамон тавр воқеъ шаванд, пас, ин ахбори ғайбия ва ё пешингӯйҳо бар ин чиз шаҳодати Илоҳӣ мебошанд, ки ин одам аз тарафи Худо аст. Худои таоло дар Қуръони карим мефармояд:
سَنُرِيهِمْ آيَاتِنَا فِي الْآفَاقِ وَفِي أَنْفُسِهِمْ حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ الْحَقُّ أَوَلَمْ يَكْفِ بِرَبِّكَ أَنَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ۔ سورۃ فصلت:54
Тарҷума: Мо ба онҳоро дар ҳамаи атрофи олам ва дар нафсҳои онҳо нишонаҳои Худро нишон хоҳем дод, то бар онҳо ошкор шавад, ки ин (ваҳйи қуръон) ҳақ аст. Оё нигарон шудани Рабби ту ба ҳар як чиз кофӣ нест?
Пас, маълум шуд, ки ба воситаи маъмурминаллоҳ (фиристода ва интихобкардашуда аз тарафи Худо) ду намуд нишонаҳо зоҳир мешаванд. Баъзеашон бо атрофи олам алоқа доранд ва баъзеашон бо инсонҳо алоқаманд мебошанд.
Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васалламро аз ҳама зиёд аз тарафи Худо ғайр аз китоби азимушшаън, яъне Қуръони маҷид, бар ғайб илм дода шуд. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораи оянда низ пешгӯиҳо карданд ва дар он замон низ ҳар рӯз дар бораи ғайб илм дода мешуд. Чунончи саҳобии ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки Ҳаром ибни Милҳон ном доштанд ва бисёртар Қуръон дарс медоданд, вақте ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам саҳобии мазкурро бар дигар саҳоба амир таъйин карда тарафи Банӣ Омир равон карданд ва онҳо қариб ҳамаи саҳобаро шаҳид карданд, саҳоба аз Худо хоҳиш карданд, ки аҳволи моро ба Пайғамбари худ хабар диҳед. Ҳамон вақт ҳазрати Ҷиброил (а) омада ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро хабар доданд. Ҳамин аст илми ғайб, ки Худо танҳо бар бандагони интихобкардаи худ зоиҳир мекуднад. Ҳазор-ҳазор мисолҳо дар сирати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ёфта метавонем.
Азбаски ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) низ аз тарафи Худо буданд, пас, бояд Худо барои исбот кардани садоқати маъмури худ ӯро илм бар ғайб медод. Аз ин мақола оғоз карда як чанд мисолҳо ба хонандагон нишон медиҳем, ки аз онҳо маълум мешавад, ки ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад (а) аз тарафи Худо буданд ва Худо Ҳузур алайҳиссаломро илми ғайб дода буд.
ПЕШГӮИИ ЯКУМ
Ин пешгӯӣ оид ба Абдуллоҳ Отҳам (номи як олими масеҳӣ) мебошад, ки ба воситаи он ба ҳамаи масеҳиён умуман ва ба масеҳиёни Ҳиндустон хусусан атмоми ҳуҷҷат шуда буд.
Ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) дар муқобили насрониҳо ин пешгӯӣ нашр фармуданд ва аз тарафи Ислом ба онҳо атмоми ҳуҷҷат намуданд. Кашишҳо (роҳбарони рӯҳонии дини насронӣ) ва мубаллиғони масеҳӣ ақидаҳои ғалати мусулмонҳоро истифода карда бар зоти Расули карим саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳамлаҳои сахт карданро одат доранд, аммо шиддати ҳамлаҳои онҳо дар замони ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) ба авҷ расида буд, ки имрӯз онро ҳис карда наметавонем. Вақте ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) забондарозии масеҳиёнро диданд ва аз Худо тавфиқ ёфта бо қувваи тамом муқобили ин гурӯҳ баромаданд, онҳо ҳамлаҳои Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро қувва накарданд ва акнун он тарзи навиштанро тарк намудаанд, ки он вақт интихоб карда буданд. Як нафар байни онҳо аз ҳама сахт даридадаҳанӣ мекард. Номаш диптӣ (муовин) Абдулло Отҳам буд. Боре мусалмонҳо ва масеҳиён байни ҳазрати ақдас ва Абдулло Отҳам баҳсу мунозираи динӣ андохтанд. Ҳини мунозира Абдулло Отҳам хеле кӯшиш кард, аммо мағлуб шуд ва пеши хешу бегона зиллат ва хиҷолат кашид. Азбаски вақти мунозира зикри муъҷизаҳо ҳам омад, бинобар ин Худо хост, ки ин мубоҳиса аз эъҷоз холӣ намонад ва эшонро илҳом кард, ки,
“Дар ин баҳс аз ҳар ду гурӯҳ касе дониста дурӯғ гуфта истодааст ва худои содиқро тарк кардааст ва як инсони нотавонро худо гуфта истодааст, ӯ баробари шумораи ҳамин рӯзҳо, яъне як рӯз як моҳ шуморида дар муддати 15 моҳ, ба шарте, ки тарафи ҳақ руҷӯъ накунад, дар ҳовия (дӯзах) афтонда хоҳад шуд ва ӯ бо зиллати сахт дучор хоҳад шуд”.
(Рӯҳонӣ хазоин, Ҷилди 6, китоби «Ҷанги муқаддас», саҳифаи 292)
Вақте Эшон охирон коғази мубоҳиса навиштанд, дар он ин пешгӯӣ ҳам илова карда шуд ва навиштанд, ки агар ин пешгӯӣ рост баромад, пас исбот мешавад, ки Расули карим саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки ту дар китоби худат «Андарунаи Библия» Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро “نَعُوْذُ بِاللہِ مِنْ ذٰلِکَ” Даҷҷол навиштӣ, дар ҳақиқат фиристодаи Худо в русул буданд.
Дар ин пешгӯӣ ду амр баён шудаанд. Якум ин, ки Абдулло Отҳам, ки Масеҳ алайҳиссаломро Худо мегӯяд ва ба сабаби якравӣ, таассуб ва бадгӯии худ дар ҳовия партофта мешавад. Дуюм ин, ки агар он кас ба ҳақ руҷӯъ кунад ва бар гуфтаҳои худ пушаймон шавад ва хатои худро таслим кунад, дар он сурат аз азоб маҳфуз хоҳад монд. Агар гурӯҳи мухолиф ба тарафи ҳақ руҷӯъ намекард ва бар якравии худ намеҷунбид ва бо вуҷуди ин ҳалок намешуд, пас пешгӯӣ ғалат исбот мешуд. Таври дигар, агар гурӯҳи мухолиф руҷӯъ (тавба) мекард ва бо вуҷуди ин дар муддати понздаҳ моҳ ҳалок мешуд, дар ин сурат ҳам пешгӯӣ нодуруст исбот мешуд, зеро дар пешгӯӣ гуфта шуда буд, ки умри Абдуллоҳ Отҳам аз 15 моҳ зиёд мешавад ва танҳо дар он сурат дохили 15 моҳ мемурад, ки аз гуфтаи худ барнагашта тавба накунад. Бо фикри андак маълум мешавад, ки ҳар ду паҳлуи қисми дуюми пешгӯӣ шаъни бисёртар доранд, зеро қисми якум ин паҳлуҳо дошт, ки агар Отҳам якравӣ кунад, пас дар муддати 15 моҳ хоҳад мурд ва якравии Отҳам як чизи мукаррарӣ мешуд, зеро он кас як олими бузурги масеҳиён буд. Бисёр китобҳо дар таъйиди Масеҳият ва зидди Ислом навишта буд. Аз рӯйи дунё ҳам байни мардум дараҷаи баланд дошт ва бо инглисҳо бисёр тааллуқ дошт. Ғайр аз ин дар ин мубоҳисаи бузург ҳамаи кашишҳои масеҳиёнро партофта ӯро интихоб карда шуд ва кашишҳои калон‑калон муовини ӯ буданд. Пас дар бораи чунин одам ҳамин фикр карда мешавад, ки ӯ бар масеҳият яқини комил дошт ва ин, ки баъд аз ин қадар таъйиди масеҳият ва манозири калон дониста шуда, ҳеҷ аз худоии Масеҳ инкор нахоҳад кард ва ҳеҷ қуввати муъҷизонаи Ислом дар дилаш намеорад ва ин чиз, ки дар ин ҳолат ӯ байни 15 моҳ мемурад, ҳарчанд дар зоти худ шаъне дорад, аммо нисбат ба шахси 65 сола иштибоҳ пайдо мешавад, ки шояд умраш ҳамин қадар бошад, аммо ҳар ду паҳлуҳои сурати дигар дар зоти худ шаъни зиёдтар доранд, яъне ин ки, агар он кас тавба кунад, пас то 15 моҳ дар Ҳовия партофта намешавад. Қисми якуми сурати дуюми илҳом, ки Отҳам тавба кунад, аз ин, ки дар сухани худ истиқомат кунад, бақувваттар аст, зеро қатли одаме аз дасти одам низ шуда метавонад, аммо касеро то 15 моҳ зинда доштан ғайр аз Худо дар ихтиёри ҳеҷ кас нест. Хулоса, агар сурати дуюми пешгӯӣ рост мешуд, он нисбат ба сурати якум равшантар мешуд. Худо, ки қодири ҳамаи чиз аст, паҳлуи дуюмро интихоб кард, яъне Худо руъби худ бар дили ӯ монд ва таъсири якумаш ҳамин зоҳир шуд, ки Отҳам дар маҷлиси мубоҳиса бо дастҳояш гӯшҳоро дошта гуфт, ки ӯ Расули карим саллаллоҳу алайҳи ва салламро Даҷҷол намегӯяд. Баъд аз чоп шудани пешгӯӣ ҳамаи Ҳиндустон ба ин тараф нигоҳ дошт, ки натиҷаи ин пешгӯӣ чӣ хоҳад шуд. Худо мардумро то 15 моҳ дар интизор намонд. Баъд аз чоп шудани пешгӯӣ аҳволи Отҳам дигар шудан гирифтанд ва он кас дар таъйиди Масеҳият китобҳо ва маҷаллаҳо навиштанро бас кард. Ин чизи оддӣ набуд, ки як мубаллағи машҳур ва нависандаи бузург аз кораш даст кашад ва хомӯш шинад, балки далели равшан ба ин амр буд, ки дилаш ҳис кардан оғоз кард, ки дини Ислом рост аст ва дар муқобилаш баромада ӯ хато кардааст. Танҳо бар хомӯшӣ бас накард, балки дар як ҳовияи рӯҳонӣ партофта шуд, яъне таъсири ин фикр, ки ӯ мубоҳиса карда хато кардааст, чунон зиёдтар шудан гирифт, ки назораҳои аҷиб медид, чӣ хеле, ки ӯ ба хешу табораш нақл кард. Гоҳе ӯ морҳо медид, ки ӯро газиданӣ мешуданд, гоҳе сагҳо ӯро газиданӣ буданд ва гоҳе одамони найзабардор дар хаёлаш бар ӯ ҳамла мекарданд, ҳол он ки на мору сагҳо ин хел ром карда мешаванд, ки танҳо рафта Отҳамро газанд ва на дар Ҳиндустон озодии аслеҳа аст, ки мардум сари роҳ найза гирифта дар интизори Отҳам истанд, ки ӯро бикушанд. Дар ҳақиқат ин як Ҳовия буд, ки дар дилаш ба сабаби ин пайдо шуда буд, ки ӯ аз ин амр пушаймон шуд, ки чаро бар хилофи Ислом дар ҳимояти масеҳият истод. Ин Ҳовия ба ивази он Ҳовияи калон буд, ки Отҳам бар хилофи худ ангехта буд ва дар он андохтанӣ мешуд. Агар дар ҳақиқат имонаш бар Масеҳият қоим мемонд ва Исломро ҳамчунон ботил мепиндошт, ки пеш аз он меангошт, дар ин сурат чӣ гуна мумкин буд, ки дар ҷаҳаннуми васвасаҳо ва хатарҳо меафтид ва фикр мекард, ки морҳои хаёлӣ ва сагҳо ӯро мегазанд. Агар он кас Худоро зидди худ фикр намекард, пас чаро махлуқи Худоро душмани худ фикр кард ва ҳар намуд ёрии дини Масеҳият, чӣ қаламӣ ва чӣ даҳонӣ, тарк карда шаҳр ба шаҳр медавид.
Ғараз Худо дар илҳоми худ қисми дуюм руҷӯъ илалҳақ гуфта буд, ки аз қисми якуми илҳом мушкилтар буд, ба шакли аҷиб зуҳур кард. Дили Отҳам нисбат ба ақидаи худоии Масеҳ ибни Марям дар шубҳа монд ва нақшҳои рост будани Ислом дар дилаш монд. Он гаҳ қисми дуюми хабари Илоҳӣ ба вуқӯъ омад, яъне бо вуҷуди он ки тарси дохилӣ ӯро бо марг қариб карда буд, то 15 моҳ зинда монд, то сухани Худо рост барояд, ки агар тавба кунад, эмин хоҳад монд.
Ин як пешгӯии забардаст буд, ки барои кушодани чашмҳои мардум кофӣ буд, аммо агар ин вақт бе ягон воқеа мегузашт, пас шояд баъд аз муддате мардум мегуфтанд, ки Отҳам ҳеҷ тавба накарда буд, ин маҳз сохтакории ҷамоати Аҳмадия аст. Бинобар ҳамин, барои равшантар нишон додани пешгӯӣ Худо аз мусалмонҳо ва масеҳиён як гурӯҳро бардошт, ки дар ҳимояти як масеҳӣ хеста буданд ва мегуфтанд, ки ин пешгӯӣ дурӯғ буд ва Отҳам намурдааст. Дар ҷавоб онҳоро фаҳмонда шуд, ки пешгӯӣ ду қисм дошт ва қисми дуюмаш комилан рост баромадааст, аммо онҳо инкор карданд ва гуфтанд, ки Отҳам ҳеҷ вақт тавба накардааст. Дар ин ҳолат ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) Абдулло Отҳамро боз даъват доданд, ки вакилҳои масеҳӣ ва мусалмонҳо дар ҳаққи ӯ чизе гуфта истодаанд, агар рост бошад, пас ӯ савганд хӯрда эълон кунад, ки дар ин муддат дар дили ӯ фикрҳои садоқати Ислом ва ботил будани ақидаҳои масеҳӣ наомадаанд, аммо ӯ аз савганд хӯрдан инкор кард ва бе ягон савганд эълон кард, ки ман то ҳозир дини Масеҳиро рост фикр мекунам, аммо Худои таоло, ки бар дилу димоғи мардум тасарруф дорад, миёни ин эълонҳо аз қаламаш ин сахан баровард, ки ман Исо алайҳиссаломро чун дигар масеҳиён Худо намепиндорам ва чӣ хеле, ки матни илҳом дар боло зикр шудааст, пешгӯӣ ҳамин буд, ки “КАСЕ ЯК ИНСОНИ НОТАВОНРО ХУДО ГУФТА ИСТОДААСТ, ДАР ҲОВИЯ ХОҲАД АФТИД” ва Абдулло Отҳам иқрор кард, ки ӯ Масеҳро Худо намепиндорад, аммо боз Абудлло Отҳамро маҷбур карда шуд, ки агар он кас дар ҳақиқат дар он рӯзҳо аз дини худ лағзиш нахӯрдааст ва садоқати дини Ислом дар дили ӯ пайдо нашудааст, пас ӯ савганд хӯрда эълон кунад, ки ман дар он рӯзҳо бар ҳамон фикрҳои пешина будам. Агар он кас қасам хӯрад ва баъд аз ин то як сол зинда монад, пас дар ин сурат мо дурӯғгӯ ҳастем ва ҳазрати Масеҳ Мавъуд (а) ин суханро ҳам илова карданд, ки агар Абдулло Отҳам қасам хӯрад, дар он сурат мо ӯро як ҳазор рупия мукофотпулӣ медиҳем. Дар ҷавоб Абдулло Отҳам чунин гуфт, ки дар дини мо қасам хӯрдан ҷоиз нест, ҳол он ки дар китоби Инҷил зикри қасами ҳавориҳои Исо (а) чандин бор омадааст ва дар ҳукуматҳои масеҳӣ ҳам ягон мансабдор нест, ки савганд ёд накарда мансаб гирад, ҳатто подшоҳ ҳам савганд ёд мекунад. Мансабдорони сарбозонро қасам дода мешавад, дар суд гувоҳоро савганд дода мешавад, балки қонуни судҳои масеҳӣ чунин аст, ки онҳо қасамро танҳо барои масеҳиён махсус кардаанд ва аз ғайри масеҳӣ савганд намегиранд, балки дар вақти гувоҳӣ ин сухан гуфта мешавад, ки чизе мегӯям, Худоро ҳозиру нозир дониста мегӯям. Акнун исбот шуд, ки назди масеҳиён савганд хӯрдан танҳо барои масеҳиён лозим мебошад, дар ин ҳолат узри Абдулло Отҳам номаъқул буд ва танҳо барои худдорӣ намудан аз қасам буд, зеро ӯ он наззораҳоро пешакӣ дида буд, ки ӯро бовар кунонданд, ки агар ӯ қасам хӯрд, дар он ҳолат ҳатман ҳолок хоҳад шуд. Ҳақиқати инкор намудани Абдулло Отҳам аз қасам аёнтар мегардад, вақте мебинем, ки то он вақт мансаби калон ба касе дода намешавад, ки қасам нахӯрад ва дар фирқаи протестантӣ, ки Отҳам бо он тааллуқ дошт, ду намуд қасам ёд карда мешаванд, яке вафодор будани он бо калисо ва дигаре вафодорӣ бо ҳукумат. Вақте ин гапҳо пеши ӯ монда шуданд, дар он ҳолат тамоман хап шуд. Аз ин тараф пули инъом аз як ҳазор зиёд карда то чор ҳазор карда шуд ва гуфта шуд, ки як сол нагузашта ҳозир ин пулро гиред ва қасам хӯред, аммо вақте ки дилаш медонист, ки ӯ танҳо аз қавми худ тарсида ҳолати худро пинҳон доштааст, ки ҳини 15 моҳ аз он гузаштааст, пас чӣ хел савганд хӯрда метавонист. Ӯ қасам нахӯрд ва рӯзҳоро бо сукут гузаронид ва зидди Ислом китобҳоро навиштан ва даҳонӣ таблиғи масеҳиятро низ тамоман тарк кард ва ин тавр садоқати пешгӯӣ намоёнтар шуд ва гӯё ба ин тариқ Худо аз душман аз ақидаи худоии Масеҳ ба шакли навишторӣ иқрор кунонд ва дар бораи садоқати Ислом дар дилаш фикрҳо пайдо шуда буданд (ҳол он ки вақти мубоҳиса, ки баъд аз он пешгӯӣ карда шуд, он кас кӯшиш карда буд, ки Худо будани Масеҳ ва ҳамаи хубиҳои Худо дар Исо исбот кунад), ки иқрорашон ба воситаи рафтори баъдинаи Абдулло Отҳам исбот мешавад, вақте аз он савганд талаб карда шуд.
Ин пешгӯӣ дар азамат ва шавкати худ чунин ранг дорад, ки ҳар як инсони саидфитрат ба воситаи ин дар имони худ тараққӣ карда метавонад ва ҷилваи Худоро бо чашмони худ дида метавонад, зеро дар дили як мухолифи сахти Ислом ва роҳбари қавми худ, ки барои баҳсу мунозира аз қавми худ интихоб карда шуд ва умраш дар ҳамин кор гузашта бошад, дар бораи дини худ иштибоҳ ва оид ба дини мухолиф фикрҳои садоқатро барпо кардан ва назораҳои фавқулода ӯро нишон додан ва ба ивази фикрҳояш то 15 моҳ ӯро зинда доштан аз қувваи инсон тамоман берун аст.
Дар ин воқеа ғайр аз ғалабаи Ислом бар масеҳиён, ин амр низ исбот шуд, ки ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) содиқ ва аз тарафи Худо мебошанд, зеро Худои таоло дар ин замон барои ҳимояти дини Ислом ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро интихоб кард.
Хонандагони азиз. Беҳтарин воситаи садоқати касеро донистан дуо аст. Аз Худо дуо кунед. Худои таоло мефармояд:
ادعونی استجب لکم۔
●●●●
Leave A Comment