ДАЛЕЛИ ҲАШТУМ БАР САДОҚАТИ ҲАЗРАТИ МАСЕҲИ МАВЪУД АЛАЙҲИССАЛОМ

Дар ин мақола оид ба ҳақоиқу маорифи қуръонӣ зикр карда мешавад. Худои таоло дар Қуръони маҷид мефармояд:

لَا یَمَسُّہٗ اِلَّا الْمُطَھَّرُوْنَ۔ سورۃ الواقعہ:80

Яъне ин Қуръонро танҳо покон мерасанд. Дар ҳақиқат шаъни Қуръон бояд ҳамин тавр бошад, зеро ин китоби ягон одам не, балки китоби илоҳӣ аст. Ҳамин аст, ки матолабу маонӣ ва ҳақоиқу маорифи Қуръони маҷид танҳо бар ҳамонҳо кушода карда мешаванд, ки пок ва мутаҳҳар мебошанд. Чунончи ҳазрати Имом Раббонӣ Муҷаддиди Алифи Сонӣ раҳимаҳуллоҳ дар мактуботи худ зери тафсири ин оят дар забони форсӣ чунин менависанд:

“Мисос накунанд асрори макнунаи қуръониро, магар ҷамоатеро, ки аз лавси тааллуқоти башария пок шуда бошанд. Ҳаргоҳ насиби покон мисоси асрори қуръонӣ бувад, ба дигарон чӣ расад”?

(Мактубот, ҷилди 3. Саҳифаи 11, оғори мактуби чаҳорум)

Маълум шуд, ки огоҳӣ бар ҳақоиқу маорифи Қуръон далели забардасти садоқат дар дини Ислом мебошад. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) даъво карданд, ки Худои таоло илмҳои Қуръон бар ман кушодааст. Агар касе шубҳа дорад, бо ман мубориза карда бисанҷад. Ҳар як олими дунё, ки ба ман мубориза кардан мехоҳад, вайро даъват медиҳам, аммо дар ҳаёти ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) тамоми олимони дунё хомӯш шуда исбот карданд, ки илмҳои осмонӣ танҳо бар онҳо кушода карда мешаванд, ки бо осмон алоқа доранд. Инро низ исбот карданд, ки олими калони дунё ҳам бошад, пеши шогирди ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам истодагарӣ карда наметавонад, зеро Худо бо вай мебошад. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) дар китобҳои худ ғайр аз навиштани тафсир, усулҳои нодири тафсирро низ гуфтанд. Худи Ҳузур бо ин усулҳо оёти Қуръонро тафсир дода нишон доданд, ки илмҳои осмонӣ танҳо бо бандагони махсуси Худо вобастагӣ доранд. Танҳо азёд кунии тасрифи феълҳо ضرب، یضرب، ضربا ва омӯхтани забони арабӣ Қуръон комилан фаҳмида намешавад. Агар чунин мешуд, пас Ҷурҷӣ Зайдон (Джирджи Зейдан) ва монанди ӯ масеҳиён, яҳудиҳо ва ё даҳрияҳо, ки моҳири забони арабӣ мебошанд, муфассирони бузурги Қуръон мешуданд. Аммо Худои таоло дар китоби худ لا یمسہ الا المطھرون фармуда қоида сохт, ки илмҳои Қуръонро ҳамонҳо дарак карда метавонанд, ки пок ва мутаҳҳар бошанд. Яъне чӣ қадар покизагӣ ва таҳорат зиёдтар хоҳад шуд, ҳамон қадар дари улуми Қуръон кушода шудан мегирад.

Пас, дар муқобили ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) ҷуръат надоштани уламо, фузало, фусаҳо ва булағои дунё далел бар содиқ ва ростбоз будани Ҳузур (а) мебошад. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) мефармоянд:

“Боз як пешгӯйи дигар нишони Илоҳӣ мебошад, ки дар саҳифаи 238-и «Бароҳини Аҳмадия» навишта шудааст ва он пешгӯй чунин мебошад:

الرحمن علم القراٰن۔ سورۃ الرحمن:2-3

Дар ин оят Худои раҳмон ваъдаи илми Қуръон дода буд. Пас, ин ваъдаро ин тавр вафо кард, ки акнун ҳеҷ кас дар маърифатҳои Қуръон қувваи мубориза надорад. Ман рост-рост мегӯям, ки агар ягон олими дин дар ин кишвар дар маорифи Қуръон бо ман мубориза кардан мехоҳад ва тафсири ягон сураро ман нависам ва ӯ ҳам нависад, пас ӯ бениҳоят залил хоҳад шуд ва мубориза карда нахоҳад тавонист. Ҳамин сабаб аст, ки бо вуҷуди эълонҳо ягон олим ба ин тараф таваҷҷуҳ накардааст. Пас, ин як нишони азимтарин мебошад, аммо ин нишон барои онҳо аст, ки имон ва инсоф доранд”.

(Рӯҳонӣ хазоин, ҷилди 11, китоби Анҷоми Отҳам, саҳифаи 293)

Боз мефармоянд:

“Аз тарафи ман бисёр эълонҳову плакат дар дунё чоп шудаанд, ки маро яке аз бисёр нишонҳои дастгирии Худованд ин ҳам дода шудааст, ки ман дар забони арабии фасеҳу балеғ тафсири ягон сураи Қуръонро навишта метавонам ва аз тарафи Худо маро чунин нишон дода шудааст, ки бар муқобили ман ягон олим, мавлавӣ ва ё пири тариқат, хоҳ касе бошад, ҳеҷ гоҳ чунин тафсир навишта наметавонад”.

(Рӯҳонӣ хазоин, ҷилди 18, китоби Нузул-ул-Масеҳ, саҳифаи 431)

Боз мефармоянд:

“Акнун чӣ қадар зулм аст, ки ин қадар нишонаҳоро дида боз гуфтан мегиранд, ки ҳеҷ нишон зоҳир нашудааст. Ва барои муллоҳо нишони беилмии онҳо басанда мебошад, зеро дар рекламаву плакатҳо ҳазор-ҳазор рупияро дар натиҷаи ғолиб баромадани онҳо ҳамчун мукофотпулӣ эълон кардам, ки агар онҳо пеши ман нишаста ягон сураи Қуръонро ба забони арабии фасеҳу балеғ тафсир карда тавонанд, соҳиби мукофотпулӣ хоҳанд шуд, аммо онҳо муқобала карда натавонистанд. Оё ин нишон нест, ки Худо ҳамаи қувваи илмии онҳоро салб намуд. Бо вуҷуди он, ки онҳо ҳазорҳо буданд, ягон кас ҷуръат накард, ки бо нийяти нек бар муқобили ман ояд ва бинад, ки Худои таоло дар ин мубориза киро кумак мерасонад”.

(Рӯҳонӣ хазоин, ҷилди 18, китоби Нузул-ул-Масеҳ, саҳифаи 407-408)

Боз мефармоянд:

“Худои таоло ба воситаи муколамаи худ се неъматҳо ба бандаи комили худ ато мекунад. Якум, бештари дуоҳои онҳо қабул мешаванд ва қабул шудани онҳоро иттилоъ дода мешавад. Дувум, Худои таоло онҳоро дар бораи бисёр амрҳои ғайбӣ хабар медиҳад. Сеюм, ин ки бар ӯ бисёр улуми ҳикмияи Қуръон ба воситаи илҳом кушода карда мешаванд. Пас, касе ин бандаро такзиб карда даъво дорад, ки ин ҳунарҳо дар ӯ мавҷуданд, ман ӯро қасами Худо медиҳам, ки дар ин се умур бо ман мубориза кунад ва муқобил нишаста ҳар ду гурӯҳ аз Қуръони шариф 7 ояро интихоб кунанд ва тафсир нависанд”.

(Рӯҳонӣ хазоин, ҷилди 11, китоби Анҷоми Отҳам, саҳифаи 303)

Хулоса, ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) дар ҳаёти худ баъд аз даъво дар бораи улуми Қуръон уламои тамоми дунёро даъват доданд, аммо ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба муқобил барояд, зеро Худо дар дилашон ҷуръат наандохт, то муқобил бароянд. Маҳбуби Худо улуми осмонӣ оварда буд, ба ҳамин сабаб улуми хушки дунё бо ӯ мубориза карда натавонистанд. Ҳамин аст садоқати Масеҳи Мавъуд (а).

وما علینا الا البلاغ المبین۔

●●●●