ДАЛЕЛИ ҲАФТУМИ САДОҚАТИ ҲАЗАРАТИ МАСЕҲИ МАВЪУД АЛАЙҲИССАЛОМ
Аллоҳ ҷалла ҷалолаҳу дар Қуръон мефармояд:
أَمْ يَقُوْلُوْنَ افْتَرَاهُ قُلْ فَأْتُوْا بِعَشْرِ سُوَرٍ مِّثْلِهِ مُفْتَرَيَاتٍ وَادْعُوْا مَنِ اسْتَطَعْتُمْ مِّنْ دُوْنِ اللهِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ۔ فَإِنْ لَّمْ يَسْتَجِيْبُواْ لَكُمْ فَاعْلَمُوْاْ أَنَّمَا أُنْزِلَ بِعِلْمِ اللهِ۔ سورۃ ھود: 14-15
Тарҷума. “Оё мегӯянд: «Қуръонро барбастааст»? Бигӯ: «Агар ростгӯ ҳастед, пас, даҳ сура мисли ин сохта биёред ва ғайр аз Худо ҳар киро тавонед, даъват кунед». Пас, агар онҳо шуморо ҷавоб дода натавонанд, бидонед, ки (ин Қуръон) бо илми Худо нозил карда шудааст”.
Дар ин оятҳо аз тарафи Худо дар ҳаққи содиқ будани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мункиринро даъват дода шудааст, ки агар шумо ин пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ фикр мекунед, пас мисли он сураҳое, ки бар ин пайғамбар нозил шудаанд, сохта биёред. Аммо ҳеҷ кас дар ҷавоб ягон сура сохта натавонист. Маълум шуд, ки илме, ки аз тарафи Худо пайғамбарро дода мешавад, ҳеҷ кас дар ҷавоби он илм қалам бардошта наметавонад.
Ин даъвати Қаръон бар каломи Илоҳӣ буданаш як далели забардаст аст ва 14 аср бар садоқати даъвати Қаръони Маҷид гувоҳ мебошанд. Дар асри XIV, ки асри қаламӣ аст, бар дини Ислом эътирозҳои гуногун ворид шуданд. Мухолифҳо чунин гуфтан сар карданд, ки даъвати Қуръон арабҳои бесаводро дода шуда буд ва он замон олимони хуб набуданд. Ба ҳамин сабаб онҳо мисли Қуръон китоб сохта натавонистанд ва ин далели содиқ будани Қуръон шуда наметавонад. Агар имрӯз, ки илм тараққӣ кардааст ва олимони хуб пайдо шудаанд, касе чунин даъвати мубориза аз тарафи Худо диҳад, пас ҳар кас ҷавоб навишта метавонад.
Худои таоло барои дурӯғ исбот кардани даъвоҳои минкирини Ислом дар ин замон ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро интихоб кард ва Эшон пеши тамоми дунё эълон карданд, ки Худои таоло маро бо муколамаву мухотабаи худ мушарраф фармудааст ва маро чунон илму маърифат додааст, ки ҳеҷ кас дар дунё ба муқобили ман истодагарӣ карда наметавонад.
Барои ин мақсад ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом китобҳои «Эъҷози Аҳмадӣ» ва «Эъҷоз-ул-Масеҳ» дар забони арабӣ навиштанд ва эълон намуданд, ки агар касе ҷавоби «Эъҷози Аҳамдӣ»-ро дар вақти махсус нависад, вай аз ман даҳ ҳазор рупия (миллион-миллион долари имрӯза) мукофотпулӣ хоҳад гирифт. Илова бар ин фармуданд:
“-Худои таоло қаламҳои инҳоро мешиканад ва дилҳои инҳоро ғабӣ хоҳад кард”.
(Рӯҳонӣ Хазоин, Эъҷози Аҳмадӣ, ҷилди 19, саҳифаи 148)
Боз фармуданд:
-“Боз, агар дар давоми бист рӯз, ки 10-уми декабри соли 1902 тамом хоҳанд шуд, онҳо ҷавоби ин қасида ва мазмуни урдуро чоп карданд, пас, бидонед, ки ман несту нобуд шудам ва ҷамоати ман ботил хоҳад шуд. Дар ин сурат ҳамаи афроди ҷамоати ман бояд маро тарк кунанд ва аз ман алоқаро қатъ намоянд”.
(Рӯҳонӣ Хазоин, Эъҷози Аҳмадӣ, ҷилди 19, саҳифаи 205)
Дар бораи китоби «Эъҷоз-ул-Масеҳ» эълони мукофотпулӣ панҷсад рупия карда шуд ва бар сарварақи он навишта шуд, ки
’’فَاِنَّہٗ کِتَابٌ لَیْسَ لَہٗ جَوَابٌ وَمَنْ قَامَ لِلْجَوَابِ وَ تَنَمَّرَ فَسَوْفَ یَرٰی اَنَّہٗ تَنَدَّمَ وَ تَدَمَّرَ‘‘
Яъне ин китобест, ки ҳеҷ ҷавобаш нест ва касе барои ҷавоби ин омода шавад, мебинад, ки чӣ тавр нодиму шарманда хоҳад шуд.
Боз фармуданд:
وَاِنِ اجْتَمَعَ اٰبَآءُھُمْ وَ اَبْنَآءُھُمْ وَ اَکْفَآءُھُمْ وَعُلَمَآءُھُمْ وَحُکَمَآءُھُمْ وَفُقَھَآءُھُمْ عَلٰی اَنْ یَّاْتُوْا بِمِثْلِ ھٰذَا التَّفْسِیْرِ فِیْ ھٰذِہِ الْمُدَی الْقَلِیْلِ الْحَقِیْرِ لَا یَأْتُوْنَ بِمِثْلِہٖ وَلَوْ کَانَ بَعْضُھُمْ لِبَعْضٍ کَالظَّھِیْرِ۔ «اعجاز المسیح»
Яъне агар падар, писар, ҳамсар, олимон, ҳукамо ва фуқаҳои инҳо якҷоя шуда дар ин муҳлат, ки зикр карда шудааст мисли ин китоб китобе навиштан хоҳанд, ҳеҷ гоҳ навишта наметавонанд.
Оё як одам чунин даъво карда метавонад, то Худо бо вай набошад? Баъд аз ин даъво аз деҳаи Биҳин ноҳияи Ҷеҳлум Мавлавӣ Муҳаммадҳусайн Файз ҷавоби ин китобро навиштан сар кард. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро аз тарафи Худо илҳом шуд, ки
مَنَعَہٗ مَانِعٌ مِنَ السَّمَآءِ۔
Яъне Худои таоло аз осмон ӯро боздоштааст.
Бинобар ин, ҳоло андак мавод барои китоб тайёр карда буд, ки дар як ҳафта мурд. Барои маълумоти муфассал китоби «Нузул-ул-Масеҳ»-ро хонед.
Агар як одам дурӯғгӯ бошад ва даъво кунад, ки ман чунин китоб навиштаам, ки ҳеҷ кас ҷавобаш навишта наметавонад ва ба ин тариқ бар Худо дурӯғ барбандад. Агар дар муқобили он шахс як одами одӣ ҳам истад, Худо бо дасти ӯ дини худро муҳофизат мекунад ва умрашро дароз мекунад, баръакси ин, ки ӯро дар як ҳафта ҳалок кунад. فاعتبروا یاولی الابصار
Ҳазрати Масеҳи Мавъуд барои ҷавоби китоби худ ба ин сабаб муҳлат муқаррар карда буданд, то эрод гирифта нашавад, ки дар муқобили Қуръон китоби худро дараҷа доданд. Ҳазрати масеҳи Мавъуд алайҳиссалом фармуданд, ки он каломи эъҷозӣ, ки маро дода шудааст, зери Қуръон аст ва ба шарофати Қуръон дода шудааст. Чунончи:
“Даъвои мо ин аст, ки ба таври муъҷиза бо таъйиди Худо ин қувваи иншопардозӣ моро дода шудааст, то ин ҷиҳатҳои маърифатҳову ҳақиқатҳои Қуръонро ба дунё ошкор карда шавад”.
(Рӯҳонӣ хазоин, Нузул-ул-Масеҳ, ҷилди 18, саҳифаи 437)
Боз фармуданд:
کُلَّمَا قُلْتُ مِنْ کَمَالِ بَلَاغَتِیْ فِی الْبَیَانِ فَھُوَ بَعْدَ کِتَابِ اللہِ الْقُرْاٰنُ۔ لجۃ النور۔ صحیفہ 123۔ حاشیۃ
Яъне ман чизе дар бораи фасоҳат ва балоғати камоли худ гуфтам, вай ҳама баъди Қуръон мебошад.
Дар китоби «Зарурат-ул-Имом» фармуданд:
“Ман зери сояи муъҷизаи Қуръон нишони фасоҳату балоғати забони арабӣ дода шудам. Ҳеч кас нест, ки дар муқобил барояд”.
Боз, азбаски ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом барои навиштани ҷавоб мукофотро эълон карда буданд, бинобар ҳамин, муҳлати ҷавобро таъйин карда буданд ва мехостанд, ки дар ҳаёти эшон Худо мардумро нишон диҳад, ки ин кас содиқ аст.
Хонандагони азиз, аз ин мубориза низ исбот мешавад, ки ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад, – Масеҳ ва Маҳдии Мавъуд алайҳиссалом, рост ва аз тарафи Худо буданд, зеро Худо нахост, ки дар ин мубориза ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом шикастро бинанд.
●●●●
Leave A Comment