Худои таоло дар Қуръони маҷид яҳудиҳоро мухотаб карда мефармояд:

قُلْ يَا أَيُّهَا الَّذِيْنَ هَادُوْا إِن زَعَمْتُمْ أَنَّكُمْ أَوْلِيَاءُ لِلّٰهِ مِن دُوْنِ النَّاسِ فَتَمَنَّوُا الْمَوْتَ إِن كُنْتُمْ صَادِقِيْنَ۔ وَلَا يَتَمَنَّوْنَهُ أَبَدًا بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ وَاللّٰهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ۔ سورۃ الجمعۃ: 7-8

Яҳудиҳо дар замони ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам даъво карданд, ки мо дӯсти Худо ҳастем ва ин ки Худо моро дӯст медорад. Дар Қуръони пок чунин омадааст, ки نَحْنُ اَبْنَآءُ اللہِ وَ اَحِبَّاءُہٗ  Дар ҷавоб аз тарафи Худо ин ояти сураи Ҷумъа мебошад. Тарҷумааш чунин аст:

“Ту (ба ин яҳудиҳо) бигӯ, ки эй яҳудиҳо, агар шумо худро дӯсти Худо фикр мекунед, пас, барои худ дуои бад кунед ва хоҳиши марг кунед. Аммо бидонед, ки инҳо ҳеҷ гоҳ хоҳиши марг нахоҳанд кард, зеро аъмоли бади худро хуб медонанд. Ва Худо золимонро хуб медонад”.

Аз ин оятҳо маълум мешавад, ки онҳое, ки амалҳои бад мекунанд, медонанд, ки мо дар роҳи рост нестем ва мардумро фиреб медиҳем. Ҳамин аст, ки дар ботин аз қаҳри Худо метарсанд. Аммо касе аз тарафи Худо бошад, медонад, ки дар ҳақиқат ман аз тарафи Худо ҳастам ва Худо дар ҳар як мушкил валии ман мебошад. Ҳамин аст, ки ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом Худои таолоро мухотаб карда ба форсӣ шеърҳои зерин гуфтанд:

ای قدیر و خالق ارض و سما    ای رحیم و مہربان و راہ نما

ای کہ میداری تو بر دلھا نظر    ای کہ از تو نیست چیزی مستتر

گر تو می بینی مرا پر فسق و شر   گر تو دیداستی کہ ہستم بد گہر

پارہ پارہ کن من بدکار را      شاد کن این زمرہ اغیار را

آتش افشان بر در و دیوار من     دشمنم باش و تباہ کن کار من

«حقیقۃ المھدی۔ روحانی خزائن جلد 14۔ صفحہ434»

Ба тоҷикӣ чунин аст:

Эй Қадиру Холиқи арзу само,

Эй Раҳиму Меҳрубону раҳнамо.

Эй, ки медорӣ Ту бар дилҳо назар,

Эй, ки аз Ту нест чизе мустатар.

Гар Ту мебинӣ маро пурфисқу шар,

Гар Ту дидастӣ, ки ҳастам бадгуҳар.

пора-пора кун мани бадкорро,

шод кун ин зумраи ағёрро.

Оташ афшон бар дару девори ман,

Душманам бошу табаҳ кун кори ман.

«Ҳақиқат-ул-Маҳдӣ. Рӯҳонӣ хазоин. Ҷилди 14, саҳ. 434»

Бубинед. Оё як одами дурӯғгӯ Худоро мухотаб карда чунин гуфта метавонад? Агар касе аз рӯйи нодонӣ чунин кунад, пас магар Худо дар ҷавоб хомӯш меистад ва ё ӯро аз рӯйи ояти сураи Ҷумъа табоҳу барбод мекунад? Бо вуҷуди ин шеърҳо ва ин дуои бад дар ҳаққи худ кардан Худои таоло дар дасти ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом нишонҳои дигар ба мардум нишон дода исбот кард, ки ин кас аз тарафи Ман аст. Аз ин чӣ натиҷа мебарояд? Оё Худо як одами дурӯғгӯро тараққӣ медиҳад? Вақте як одам ҳамаи ин саволҳоро дар хотир монда ба тарафи даъвои ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом нигоҳ мекунад, албатта мефаҳмад, ки ин одам дар ҳақиқат аз тарафи Худо аст.

●●●●