ДАЛЕЛИ ПАНҶУМ БАР САДОҚАТИ ҲАЗРАТИ МАСЕҲИ МАВЪУД АЛАЙҲИССАЛОМ
Аллоҳ ҷалла Ҷалолуҳу дар Қуръони карим мефармояд:
فَأَنجَيْنَاهُ وَأَصْحَابَ السَّفِينَةِ وَجَعَلْنَاهَا آيَةً لِّلْعَالَمِينَ۔ سورۃ العنکبوت:16
Пас, Мо ӯ (Нӯҳ) ва соҳибони киштиро (аз ғарқоби селоб) наҷот бахшидем ва мо ӯро (киштиро) барои ҳамаи ҷаҳон ҳамчун нишон сохтем.
Дар замони ҳазрати Нӯҳ алайҳиссалом бар мункирин азоби сел омада буд ва Худои таоло ҳазрати Нӯҳ алайҳиссалом ва пайравонашро маҳфуз монд. Ҳамин тавр дар замони ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом аввал Ҳузур пешгӯй карда буданд, ки аз тарафи Худо бар шумо азоб омаданист, аммо мардум қабул накарданд. Сонӣ тибқи пешгӯй азоби вабои тоун дар Ҳиндустон омад. Ҳазор-ҳазор одам аз ин азоби Худо мурданд. Хонаҳо холӣ шуданд ва ягон соҳибашон намонд. Бисёр муллоҳое, ки ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро тамасхур мекарданд ва дурӯғгӯ мегуфтанд, дар ин азоби Илоҳӣ гирифтор шуданд. Айни замон Худои таоло ба ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом чунин илҳом кард:
اِنِّیْ اُحَافِظُ کُلَّ مَنْ فِی الدَّارِ وَاُحَافِظُکَ خَاصَّۃً۔
«تذکرۃ۔ صفحہ 350، مطبوعہ 2004»
Тарҷума. Ман ҳамаи онҳоро, ки дар ин хона ҳастанд ва махсус туро муҳофизат хоҳам кард.
Хонандагони азиз, агар як одами дурӯғгӯ мешуд ва медонист, ки ман аз тарафи Худо нестам, пас, дар ин замони вабо чунин даъво намекард, ки Худо маро гуфтааст, ки Ман туро нигоҳубинӣ мекунам, балки аз хона мегурехт ва ба тарафи ягон ҷангал мерафт, то ҷон ба саломат барад. Дар замоне, ки вабо дар авҷ аст ва мардум ҳама ҷо мурда истодаанд, танҳо одаме аз тарафи Худо чунин даъво карда метавонад, ки Худо маро илҳом кардааст, ки ман туро аз ин вабо эмин хоҳам монд. Чунончи, ҳамин тавр шуд. Он замон қариб ҳаштод (80) нафар дар дори (хонаи) Масеҳ зиндагӣ мекарданд. Ҳамсояҳое, ки ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро қабул накарда буданд, аз вабои тоун бемор шуда мурданд, аммо ягон одам дар хонаи ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом вафот накард. Онҳое, ки ҳазраи Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро қабул карда буданд, онҳо низ аз ин вабо маҳфуз монданд. Оё Худо бо як дурӯғгӯ чунин муносибат мекунад?
Он замон ҳукумати инглисҳо дар Ҳиндустон буд ва ҳукумат ҳамчун пешбинӣ як сӯзандору барои маҳфуз мондан аз ин вабо бароварда буд, аммо ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом аҳли хонавода ва пайравонашонро фармуданд, ки ягон кас сӯзандору нагирад, зеро Худо моро ваъда додааст, ки шумо аз ин вабо маҳфуз мемонед. Субҳоналлаҳ, Худо бандагони ҳақиқии худро аз дигарон ҷудо мекунад.
Эй мардум, фикр кунед. Оё як одами дурӯғгӯ ба тарафи Худо чунин илҳомро нисбат дода метавонад ва Худо дар ҷавоб ӯро ягон ҷазо ҳам намедиҳад. Баръакс бо ӯ муомилаи хуб мекунад ва дигаронро нишон медиҳад, ки дар ин замон Ман бо ин кас ҳастам. Фикр кунед.
●●●●
Leave A Comment