ДАЛЕЛИ СЕЮМ БАР САДОҚАТИ ҲАЗРАТИ МАСЕҲИ МАВЪУД АЛАЙҲИССАЛОМ
Худои таоло дар Қуръони пок мефармояд:
فَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ افْتَرَى عَلَى اللّهِ كَذِبًا أَوْ كَذَّبَ بِآيَاتِهِ إِنَّهُ لاَ يُفْلِحُ الْمُجْرِمُونَ۔ سورۃ یونس:18
Тарҷума: “Аз он касе, ки бар Худо ифтиро кунад ё оятҳои Вайро дурӯғ шуморад, кӣ золимтар шуда метавонад. Албатта муҷримин (гуноҳкорон) комёб нахоҳанд шуд”.
Боз Худои таоло дар сураи дигари Қуръон мефармояд:
۔۔۔لَا تَفْتَرُوا عَلَى اللَّهِ كَذِبًا فَيُسْحِتَكُمْ بِعَذَابٍ وَقَدْ خَابَ مَنِ افْتَرَى۔ سورۃ طٰہٰ:62
Тарҷима: “Ба тарафи Худо дурӯғро мансуб накунед. (Агар чунин мекунед) пас, Ӯ шуморо бо азоб ҳалок хоҳад кард ва ҳамоно дурӯғгӯ ноком мемонад”.
Хонандагони азиз, мафҳуми ҳар ду оятҳоро дар хотир монед. Худои таоло ба ин сабаби оятҳоро дар Қуръон овардааст, то барои садоқати фиристодаи худ далел бошанд. Дар оятҳои зикршудаи боло дар муқобили ҷабру сахтиҳои мухолифони дини Ислом комёбу комрон шудани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро Худо ҳамчун далел ба мухолифони Ислом нишон додааст.
Ин оятҳоро бо диққат хонед ва даъвои ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро нигоҳ кунед. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом аз аввали рӯзи даъвои худ мухолифати шадидро диданд ва бо вуҷуди ин ҳар рӯз ҷамоаташон тараққӣ кардан гирифт. Бисёриҳо фатвои куфр бар ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом бастанд, дар суд бо мақсади паст задани номуси Эшон даъвоҳои дурӯғ карданд, ҳар намуд дурӯғ дар байни мусалмонҳо дар бораи Эшон паҳн карда шуданд, пайравонашонро шаҳид карда шуд. Бо вуҷуди ин ҷамоати Аҳмадия аз рӯзи аввал то ҳозир тараққӣ мекунад. Оё аз рӯйи оятҳои боло як одами дурӯғгӯ тараққӣ карда метавонад. Барои соҳиби ақлу фаҳму фаросат ҳамин далел басанда аст. Касе бар Худо имони комил дошта бошад ва дар баробари ин бар китобаш, – Қуръони маҷид, имони комил дошта бошад, барои вай ин амрро фаҳмидан бениҳоят саҳл аст, ки ин ҷаомат аз тарафи Худо аст. Ҷамоати Аҳмадия ғайри мусалмонҳоро мусалмон карда истодааст ва дар тамоми дунё Қуръонро дар забонҳои гуногун чоп карда паҳн карда истодааст. والأمر الیکم
ДАЛЕЛИ ЧАҲОРУМ БАР САДОҚАТИ ҲАЗРАТИ МАСЕҲИ МАВЪУД АЛАЙҲИССАЛОМ
Далели чаҳорум низ бо далели сеюм иртибот дорад. Худои таоло дар Қуръони пок мефармояд:
كَتَبَ اللَّهُ لَأَغْلِبَنَّ أَنَا وَرُسُلِي إِنَّ اللّٰهَ قَوِيٌّ عَزِيزٌ۔ سورۃ المجادلۃ:22
Тарҷума. “Аз тарафи Худо навишта шудааст, ки албатта, Ману пайғамбаронам ғолиб мешавем. Ҳамоно, Худо Тавоно ва ғалабаи комил дорад”.
Боз Худои таоло мефармояд:
وَلَقَدْ سَبَقَتْ كَلِمَتُنَا لِعِبَادِنَا الْمُرْسَلِينَ۔ إِنَّهُمْ لَهُمُ الْمَنْصُوْرُوْنَ۔ وَإِنَّ جُنْدَنَا لَهُمُ الْغَالِبُوْنَ۔ سورۃ الصافات:172-174
Тарҷума. “Ва ҳароина, ваъдаи Мо барои бандагони фиристодаи Хеш, яъне русулҳо содир шудааст. Ба дурустӣ, ки онҳо ёриёфтагонанд. Ва ба ростӣ, ки лашкари Мо (гурӯҳи муъминон) ғолиб аст”.
Боз Худои таоло мефармояд:
أَفَلَا يَرَوْنَ أَنَّا نَأْتِي الْأَرْضَ نَنْقُصُهَا مِنْ أَطْرَافِهَا أَفَهُمُ الْغَالِبُوْنَ۔ سورۃ الانبیاء: 45
Яъне, оё (кофирон) намебинанд, ки мо заминро аз атрофаш кам карда истодаем (яъне пайравони ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам оҳиста-оҳиста зиёд ва мункирин кам шуда истодаанд). Оё кофирон бо вуҷуди ин ғолиб хоҳанд шуд?
Дар оятҳои боло зикр шудааст, ки пайғамбарони Худо ва ҷамоаташон ҳамеша бар мункирин ғолиб мешаванд ва аз ҳар ҷиҳат аз тарафи Худо ба онҳо ёрӣ расонда мешавад ва мухолифон баъд аз зиёд шудан оҳиста-оҳиста кам шудан мегиранд ва ҷамоати мурсали Худо оҳиста-оҳиста зиёд шудан мегирад.
Муносибати Худои таоло бо ҷамоати ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом низ ҳамин тавр аст. Ҷамоати Аҳмадия бо вуҷуди ҳар гуна мухолифат рӯз то рӯз тараққӣ карда истодааст. Он ҷамоат, ки дар як деҳаи гумноми Ҳиндустон аз тарафи Худо бунёд карда шуд, акнун дар зиёда аз 200 кишвар густариш ёфтааст. Ҷамоати Аҳмадия ба 75 забонҳо Қуръонро тарҷума кардааст. Оё Худо як дурӯғгӯро ҳамин тавр баракат ва тараққӣ медиҳад?
وما علینا الا البلاغ المبین
Leave A Comment