ДАЛЕЛИ ДУЮМ БАР САДОҚАТИ ҲАЗРАТИ МАСЕҲИ МАВЪУД АЛАЙҲИССАЛОМ

Хадои таоло дар Қуръони маҷид мефармояд:

وَلَوْ تَقَوَّلَ عَلَيْنَا بَعْضَ الْأَقَاوِيلِ۔ لَأَخَذْنَا مِنْهُ بِالْيَمِينِ۔ ثُمَّ لَقَطَعْنَا مِنْهُ الْوَتِينَ۔ فَمَا مِنكُم مِّنْ أَحَدٍ عَنْهُ حَاجِزِينَ: سورۃ الحاقۃ۔ 45-48

Тарҷума: “Ва агар Пайғамбар баъзе суханҳоро бар Мо мебаст (ва мегуфт, ки ин илҳом маро аз тарафи Худо шудааст), албатта, ӯро аз дасти рост дошта раги ҷони ӯро мебуридем. Пас, ҳеҷ кас аз байни шумо монеъ аз ин (кор) намешуд”.

Дар тафсири ин оят Аллома Фахриддини Розӣ (р) фармуданд:

ھٰذَا ذِکْرُہٗ عَلٰی سَبِیْلِ التَّمْثِیْلِ بِمَا یَفْعَلُہُ الْمُلُوْکُ بِمَنْ یَّتَکَذَّبُ عَلَیْھِمْ فَاِنَّھُمْ لَا یُمْھِلُوْنَہٗ بَلْ یَضْرِبُوْنَ رَقَبَتَہٗ فِی الْحَالِ۔ تفسیر کبیر جلد 8، صفحہ 291

Тарҷума: Дар ин оят аҳволи муфтарӣ (дурӯғгӯ) тамсилан баён карда шудааст, ки бо ӯ ҳамон муносибат карда мешавад, ки подшоҳе бо шахсе мекунад, ки дар бораи подшоҳи худ дурӯғ гӯяд. Подшоҳ ӯро муҳлат намедиҳад, балки тез ӯро ба қатл мерасонад. (Ҳамин аҳволи он шахс мешавад, ки бар Худо ифтиро мебандад).

Ба воситаи ин оятҳо Худои таоло садоқати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро ба мардум ошкор мекунад ва мегӯяд, ки ту пеши мардум даъвои ваҳйю илҳом дорӣ. Агар ин даъво дурӯғ мешуд, ту ҳеҷ гоҳ тараққӣ намекардӣ ва баръакс Ман (Худо) ҳеҷ гоҳ намемондам, ки кори ту пеш равад. Азбаски таълими Қуръони пок то қиёмат амалӣ аст, бинобар ҳамин, Худои таоло ба воситаи ин оятҳо як меъёр сохт ва моро фаҳмонд, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам агар касе дар бораи худ даъвои ваҳйю илҳом аз тарафи Худо кунад, Худо ҳеҷ гоҳ ӯро тараққӣ нахоҳад дод ва баръакс ӯ аз рӯйи ин оятҳо қатл карда хоҳад шуд.

Азбаски ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам баъд аз даъвои ваҳйю илҳом 23 сол зинда буданд, пас, барои ҳар он касе, ки даъвои ваҳйю илҳом баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мекунад, меъёраш низ 23 сол мебошад. Ҳамин тариқ касе, ки даъвои ваҳйю илҳом кунад, бояд 23 сол зинда монад; дуюм ин, ки қатл карда нашавад; сеюм ин, ки кори ӯ пеш равад.

Акнун ба зиндагонии ҳазрати Мирзо Ғуло Аҳмад, – Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом, назар кунед. Эшон баъд аз даъвои илҳом 23 сол зинда монданд ва қатл низ карда нашуданд. Ҷамоати Эшон ҳар рӯз тараққӣ карда истодааст. Ин нишонаҳо бар садоқати ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом муҳр мезананд. Пас, агар касеро Худо содиқ гӯяд, ҳеҷ одам ҳақ надорад, ки дурӯғ гӯяд ва мавриди азоби Илоҳӣ шавад.

Дар замони худ ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ҳамаро даъват карда буданд, ки агар касе ягон мисол дар ин бора биорад, ки касе даъвои нубувват ва ё илҳоми дурӯғ карда бошад ва баъд аз он 23 сол зинда монад, пас, ман ӯро 500 рупия (ҳазорҳо доллари ҳозира) медиҳам.

Дар яке аз китобҳои муътабари аҳли суннат «Шарҳи ақоиди Насафӣ» навишта шудааст:

فَاِنَّ الْعَقْلَ یَجْزِمُ بِاِمْتَنَاعِ اِجْتَمَاعِ ھٰذِہِ الْاُمُوْرِ فِیْ غَیْرِ الْاَنْبِیَاءِ وَ اَنْ یَّجْمَعَ اللہُ ھٰذِہِ الْکَمَالَاتِ فِیْ حَقِّ مَنْ یَّعْلَمُ اَنَّہٗ لِمْنْ یَفْتَرِیْ عَلَیْہِ ثُمَّ یُمْھِلُہٗ ثَلَاثًا وَّ عِشْرِیْنَ سَنَۃً۔ مبحث النبوات۔ صفحہ 100

Яъне “ақл ин амрро номумкин қарор медиҳад, ки ин чизҳо дар як ғайри набӣ ҷамъ шаванд. Ва дар ҳаққи он шахсе, ки Худо медонад, ки ӯ бар Худо ифтиро карда истодааст. Сипас Худо ӯро муҳлати 23 сола низ диҳад”.

Боз дар «Наброс» Аллома Абдулазиз Пурҳоравӣ менависанд:

وَ قَدْ اِدَّعٰی بَعْضُ الْکَذّٰبِیْنَ النُّبُوَّۃَ کَمُسَیْلَمَۃِ الْیَمَامِیْ وَالْاَسْوَدِ الْعَنْسِیْ وَ سَجَّاحِ الْکَاھِنَۃِ فَقُتِلَ بَعْضُھُمْ وَ تَابَ بَعْضُھُمْ وَ بِالْجُمْلَۃِ لَمْ یَنْتَظِمْ اَمْرُ الْکَاذِبِ فِی النُّبُوَّۃِ اِلَّا اَیَّامًا مَّعْدُوْدَاتٍ۔ نبراس۔ صفحہ 444 مطبوعہ میرتھ

Яъне баъзе дурӯғгӯҳо чун Мусайламаи ямомӣ, Асвади Ансӣ ва Саҷҷоҳилкоҳина даъвои нубувват карданд. Пас баъзеҳо аз байнашон қатл карда шуданд ва дигарон тавба карданд. Хулоса, кори набиҳои козиб ғайр аз якчанд муддат давом намекунад.

Хонандагони азиз, даъвои ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро зиёда аз 135 сол шудаанд, аммо ба ҷойи ғорат шудан ин ҷамоат рӯз то рӯз тараққӣ карда истодааст. Фикр кунед.

Аллома Имом ибни Қайим дар вақти баҳс бо як масеҳӣ ҳамин далелро оварданд:

وَھُوَ مُسْتَمِرٌّ فِی الْاِفْتِرَآءِ عَلَیْہِ ثَلَاثَۃً وَّ عِشْرِیْنَ سَنَۃً وَّ ھُوَ مَعَ ذٰلِکَ یُؤَیِّدُہٗ۔ «زاد المعاد جلد 1، صفحہ 500»

Тарҷима: Чӣ тавр мумкин аст, ки шумо касеро дурӯғгӯ гӯед ва ӯ ҳини 23 сол бар Худо дурӯғ кардан гирад ва Худои таоло ба ҷойи ҳалок кардан ӯро таъйид кунад.

Боз мефармоянд:

نَحْنُ لَا نُنْکِرُ اَنَّ کَثِیْرًا مِّنَ الْکٰذِبِیْنَ قَامَ فِی الْوُجُوْدِ وَ ظَھَرَتْ لَہٗ شَوْکَتُہٗ وَلٰکِنْ لَّمْ یَتِمْ لَہٗ اَمْرُہٗ وَلَمْ تَطُلْ مُدَّتُہٗ بَلْ سَلَّطَ عَلَیْہِ رُسُلَہٗ۔۔۔۔ فَمَحَقُوْا اَثَرَہٗ وَ قَطَعُوْا دَابِرَہٗ وَاسْتَاصَلُوْا شَافَتَہٗ ھٰذِہٖ سُنَّتُہٗ فِیْ عِبَادِہٖ مُنْذُ قَامَتِ الدُّنْیَا وَ اِلٰی اَنْ یَّرِثَ الْاَرْضُ وَمَنْ عَلَیْھَا۔ «زاد المعاد۔ جلد1 صفحہ500»

Тарҷима: “Мо ин амрро инкор намекунем, ки бисёр муддаиёни дурӯғини нубувват истоданд ва шаъну шавкаташон низ зоҳир шуд, аммо ҳеҷ гоҳ дар мақсадашон комёб нашуданд ва инчунин онҳоро муҳлати зиёд низ дода нашуд, балки Худо фариштаҳои худро бар онҳо таъйин кард, ки нишони онҳоро аз дунё маҳв карданд ва решаи онҳоро канданд ва асосҳои онҳоро нест карданд. Аз вақте, ки ин дунё ба вуҷуд омадааст, ҳамин суннати Худо дар бораи бандагони худ мебошад ва то вақте, ки ин дунё мавҷуд ҳаст, давом мекунад”.

Хонандагони азиз, аз рӯйи ақволи гузаштагон ҳар кас қазоват карда метавонад, ки ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом рост буданд ва ё дурӯғгӯ. Ҳар рӯзе, ки мегузарад, бар содиқ будани ин ҷамоат муҳр сабт мекунад. Боз бармегардем ба тарафи оят ва мебинем, ки дар ин оят чӣ шартҳо мавҷуднанд:

  1. Дар оят якум ин гуфта шудааст, ки одами даъвокунандаи илҳоми дурӯғ маҷнун набошад, зеро дар оят калимаи تَقَوَّلَ аз боби тафаъъул аст, ки дар ин боби арабӣ сохтакорӣ вуҷуд дорад. Вай бояд дидаву дониста ин даъво кунад.
  2. Дуюм ин ки ӯ қоили илҳоми лафзӣ набошад. Яъне он чизе, ки дар дил пайдо мешавад, ӯро илҳом нагӯяд, зеро дар оят калимаҳои بَعْضَ الْاَقَاوِیْلِ мавҷуданд. Яъне даъво кунад, ки Худо бар ман илҳом нозил кардааст.
  3. Ӯ даъвои худро бояд дар байни мардум эълон карда бошад. Хомӯш наистад, зеро дар оят фоили تقوّل худи даъвокунанда мебошад, на касе дигар. Яъне чунин набошад, ки худи муддаӣ даъво накарда бошад ва на ягон илҳом пешниҳод карда бошад, балки ягон муридаш ва ё одами дигар бигӯяд, ки ӯро чунин илҳом аз тарафи Худо шуда буд.
  4. Ӯ муддаии улуҳият набошад. Яъне худоро Худо нагӯяд, балки танҳо даъво карда бошад, ки илҳом аз тарафи Худо бар ӯ меояд.

Ҳамин аломатҳо дар муддаӣ бошанд ва Худо ӯро азоб надиҳад, пас ӯ даъвокунандаи содиқ аст.

Дар бораи даъвои худоӣ ояти ҷудогона дар Қуръон омадааст:

وَمَن يَقُلْ مِنْهُمْ إِنِّي إِلَهٌ مِّن دُونِهِ فَذَلِكَ نَجْزِيهِ جَهَنَّمَ كَذَلِكَ نَجْزِي الظَّالِمِينَ۔ سورۃ الانبیاء۔ 30

Тарҷума: “Касе аз байнашон бигӯяд, ки ман ғайр аз Ӯ худо ҳастам, пас ӯро ба таври ҷазо ҷаҳаннум медиҳем. Ҳамин тавр Мо золимонро ҷазо медиҳем”.

Аз ин оят исбот мешавад, ки барои муддаии улуҳият лозим нест, ки ӯро дар ин дунё ҷазо дода шавад, балки барои он кас дар ин дунё ҷазо муқаррар карда шудааст, ки ба тарафи Худо илҳоми дурӯғ мансуб мекунад.

Дар охир як масъалаи дигарро зикр мекунем. Дар Қуръон як оят чунин омадааст:

قُلْ إِنَّ الَّذِينَ يَفْتَرُونَ عَلَى اللّهِ الْكَذِبَ لاَ يُفْلِحُونَ۔ مَتَاعٌ فِي الدُّنْيَا ثُمَّ إِلَيْنَا مَرْجِعُهُمْ ثُمَّ نُذِيقُهُمُ الْعَذَابَ الشَّدِيدَ بِمَا كَانُواْ يَكْفُرُونَ۔ سورۃ یونس: 70-71

Тарҷима: “Бигӯ: «Онҳое, ки дурӯғро бар Худо мебанданд, комрон намешаванд». (барои онҳо) фоида дар дунё аст, сипас бозгашти онҳо ба сӯйи Мост; пас, ба сабаби он ки куфр мекарданд, ба онҳо азоби сахтро мечашонем”.

Дар фикри баъзеҳо ин оятро хонда ду эътироз пайдо мешаванд, ки бар зидди шарҳи болои мо мебошанд. Якум ин, ки касе илҳоми дурӯғро ба тарафи Худо мансуб кунад, ӯ дар дунё фоида мебинад. Дуюм ин, ки дар дунё азоб намебинад, балки баъд аз мурдан ба тарафи Худо меравад; сипас ӯро азоб дода мешавад.

Ҷавоби ин иштибоҳҳо чунин мебошад. Аввал ин ки дар ин оят чунин зикр нашудааст, ки ӯ дар дунё то мурданаш фоида мебинад, балки дар ҳаққи мо дар ояти дигар зикр шудааст, ки дар дунё фоидаи андак мебинад. Чунончи:

إِنَّ الَّذِينَ يَفْتَرُونَ عَلَى اللّهِ الْكَذِبَ لاَ يُفْلِحُونَ۔ مَتَاعٌ قَلِيلٌ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ۔ سورۃ النحل: 117-118

Яъне “Ҳамоно онҳое, ки бар Худо дурӯғро ифтиро мекунанд, комёб намешаванд. (онҳоро) фоидаи андак (аст); ва барояшон азоби дарднок бошад”.

Ҷавоби эътирози дигар худи оятҳои ولو تقول мебошанд, ки дар он ҷо Худо гуфта истодааст, ки дар дунё ӯро дошта раги ҷонаш мебурем.

Хулоса, Қуръони пок дар ягон ҷо барои муфтарии алаллоҳ муҳлати дароз пешниҳод накардааст, балки барои ӯ азоб дар ин дунё ва дар он дунё низ муқаррар карда шудааст ва кори ӯ ҳеҷ гоҳ пеш намеравад.

Баръакси ин ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад, – Масеҳи Мавъуд ва Имом Маҳдӣ алайҳиссалом, баъд аз даъвои илҳом аз тарафи Худо зиёда аз 23 сол зинда буданд ва ҷамоаташон то ҳол мавҷуд аст ва рӯз то рӯз тараққӣ карда истодааст. Ҳамин амр гувоҳӣ дода истодааст, ки Худо дар ҳаққи ҷамоати Аҳмадия аст ва ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом дар ҳақиқат аз тарафи Худо буданд. Пас, эй мардум, дар бораи ин фикр кунед ва аз Худо ёрӣ пурсед.

وما علینا الا البلاغ المبین