САДОҚАТИ ҲАЗАРТИ МАСЕҲИ МАВЪУД, – МИРЗО ҒУЛОМ АҲМАД, АЛАЙҲИССАЛОМ
Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом аз тарафи Худои таоло Имом Маҳдӣ ва Масеҳи Мавъуд таъйин карда шуданд. Эшон аз як ҷиҳат набии умматӣ низ буданд. Ин вазифаи ҷамоати Аҳмадия аст, ки бояд ин ҳар се даъвоҳои ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссаломро аз Қуръону ҳадис исбот кунад. Алҳамдулиллоҳ, мо ин ҳар се даъвоҳои ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро аз рӯйи Қуръону ҳадис исбот мекунем. Пеш аз ҳама вафоти ҳазрати Исо алайҳиссаломро исбот мекунем ва баъд даъвои Масеҳи Мавъуд будани ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссаломро рост нишон медиҳем. Илова бар ин, он аломатҳоро низ нишон медиҳем, ки дар бораи Масеҳу Маҳдӣ аз тарафи Худо ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хабар дода шуданд ва дар ин замон аз тарафи Худо нишон дода шуданд. Дар аввал гуфтем, ки ҳар кас бояд дуо карда, аз Худо дар бораи рост будани ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом пурсад, зеро барои шинохтани касе аз ҳама роҳи беҳтарин Худо аст ва Худо мисли ҳамеша имрӯз ҳам мардумро дар бораи рост будани ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом хабар медиҳад. Мо ин воқеаҳоро шоҳид ҳастем. Хонандагони азиз, агар касе фикр кунад, ки ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом як одами дурӯғгӯ аст, пас, бояд аз Худо барои ғорат шудани ин ҷамоат дуо кунад, аммо агар ин ҷамоат Исломи ҳақиқии гумшударо оварда бошад ва аз тарафи Худо бошад, пас, ҳар кас бояд фикри охирати худро кунад ва пеш аз оне, ки пеши Худо ҳозир шавад, бояд ин ҷамоатро аз сидқи дил таҳқиқ кунад.
Баъд аз ин, ки мо даъвоҳои Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссаломро рост исбот кардем, акнун навбат ба худи зоти ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом мерасад, ки худи ин шахс чӣ хел буд? Оё аз тарафи Худо буд ва ё як одами дунёӣ ва ҳадафҳои дунёро дошт? Барои ин мақсад меъёри мо зоти ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебошад. Ба ҳамин асос далели якуми мо чунин мебошад:
Худои таоло дар Қуръони пок мефармояд:
فَقَدْ لَبِثْتُ فِيكُمْ عُمُرًا مِّن قَبْلِهِ أَفَلاَ تَعْقِلُونَ: سورۃ یونس۔ 17
Худои таоло дар ин қисми оят садоқати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро ба мардум нишон медиҳад. Худои таоло ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро фармуда буд, ки ба ин инкоркунандагон бигӯ, ки ман пеш аз даъвои нубувват дар байни шумо як муддати дароз зиндагӣ ба сар бурдаам, оё шумо ақлро кор намефармоед. Агар пеш аз ин дар ҳаётам ягон дурӯғ мегуфтам, пас, ин даъвои нубувват низ як дурӯғ ҳисобида мешуд, аммо агар пеш аз ин дар 40 сола зиндагиам шумо дурӯғгӯйи маро намебинед, пас, имрӯз даъвои илҳому нубуввати ман низ бар ҳақ аст.
Аз ин меъёр маълум шуд, ки зиндагии пешинаи даъвокунанда пок мебошад ва ӯ аз кизбу ифтиро дур аст. Ҳамин амр далел бар ин аст, ки ин даъвокунанда дар сухани худ ва даъвои худ рост аст. Ин далели ақлӣ мебошад. Бинобар ҳамин дар оят низ дар охир навишта шудааст, ки اَفَلَا تَعْقِلُوْنَ.
Бар ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом низ илҳом шуда буд, ки
وَلَقَدْ لَبِثْتُ فِيكُمْ عُمُرًا مِّن قَبْلِهِ أَفَلاَ تَعْقِلُونَ۔
«تذکرۃ۔ صفحہ70، مطبوعہ 2004ء»
Ин илҳом карда Худои таоло низ тасдиқ кард, ки зиндагии пеш аз даъвои ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом низ зиндагии содиқона буд. Худи ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом мефармоянд:
“Акнун бубинед, ки Худо бурҳони худро бар шумо ба ин роҳ кардааст, ки бар даъвои ман ҳазорҳо далел оварда шуморо имконият фароҳам овардааст, ки фикр кунед, ки шахсе, ки шуморо ба ин силсила даъват мекунад, худи ӯ чӣ дараҷаи маърифат дорад ва чӣ қадар далелҳо пешниҳод мекунад. Шумо дар бораи зиндагии пешинаи ман ягон айб, ифтиро, дурӯғ ва фиреб исбот карда наметавонед, то касе фикр кунад, ки шахсе, ки пештар одати дурӯғгӯй ва ифтиро дошт, ин ҳам як дурӯғаш мебошад. Аз байни шумо кӣ аст, ки дар бораи зиндагии пешинаи ман ягон эрод гирифта тавонад? Пас, ин фазли Худо аст, ки Ӯ аз ибтидо маро бар тақво устувор монд ва барои фикркунандагон ин як далел мебошад”.
«Рӯҳонӣ хазоин, Тазкират-уш-шаҳодатайн. саҳ. 64»
Хонандагони азиз, ин матнро хонед ва тасаввур кунед, ки касе чунин даъво дар бораи зиндагиаш карда метавонад? Худо касеро интихоб мекунад, аз аввали рӯз ӯро пок нигоҳбинӣ мекунад. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дар матни боло ҳамаро даъват дода буданд, ки дар бораи зиндагии пешинаи ман касе эрод дошта бошад, бигӯяд, аммо бо вуҷуди мухолифати шадид аз тарафи муллоҳои динии он вақт ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки дар бораи зиндагии пешинаи ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ягон калимаи бад гӯяд. Ин барои соҳибони ақл як далел мебошад. Баръакси ин онҳое, ки ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро қабул накарда буданд, дар бораи парҳезгории зиндагии пешинаи ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом шаҳодат доданд. Чунончи Мавлавӣ Сироҷиддин, ки падари Мавлавӣ Зафаралӣ, – сардабири рӯзномаи “Заминдор”, буданд, дар бораи зиндагии пешинаи ҳазрати Масеҳи Мавъуд чунин гувоҳӣ доданд:
“Мирзо Ғулом Аҳмад қариб солҳои 1860-1861 дар шаҳри Сиёлкут муҳаррир буданд. Он гоҳ умрашон 22 ё 23 сола буд ва мо аз рӯйи шаҳодати чашмдид мегӯем, ки дар ҷавонӣ бениҳоят солеҳ ва муттақии бузург буданд”.
«Заминдор, 8 Июн, 1908»
Боз шаҳодати Мавлавӣ Муҳаммад Ҳусайн Батолавӣ аст. Ин кас аз кӯдакӣ ҳазрати Масеҳи Мавъуд алйҳиссаломро мешинохт. Баъд аз даъвоҳои ҳазрати Масеҳи Мавъуд алйҳиссалом душмани сахт шуд ва то маргаш зидди ҷамоати Аҳмадия буд. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алйҳиссалом ҳоло ягон даъво накарда буданд ва барои ҳимояи дини Ислом як китоб бо номи «Бароҳини Аҳмадия» навиштанд. Дар ин китоб мақому дараҷаи Қуръон ва дини Исломро баён карданд ва бо динҳои дигари дунё муқоиса карданд. Баъд аз чоп баромадани ин китоб Мавлавӣ Муҳаммад Ҳусайн Батолавӣ дар бораи зиндагии пеш аз даъвои ҳазрати Масеҳи Мавъуд алйҳиссалом чунин менависад:
“Аз аҳволу хаёлҳои муаллифи «Бароҳини Аҳмадия» чӣ қадар мо ошноӣ дорем, дар байни ҳамасрони мо чунин одамҳо кам мебошанд. Муаллиф ҳамватани мо ҳастанд, балки аз аввали умр (вақте мо Қутбию Шарҳи Мулло мехондем) ҳаммактаби мо ҳастанд”.
«Ишоат-ус-сунна, ҷилди 7, № 6»
Боз дар бораи ҳазрати Масеҳи Мавъуд алйҳиссалом менависад:
“Муаллифи «Бароҳини Аҳмадия» аз рӯйи таҷрибаву мушоҳидаи мухолифу мувофиқ (валлоҳу ҳасибуҳу) қоим бар шариати муҳаммадия, парҳезгор ва садоқатшиор ҳастанд”.
«Ишоат-ус-сунна, ҷилди 7, № 9»
Боз дар бораи китоби «Бароҳини Аҳмадия» менависад:
“Акнун мо дар бораи ин (китоб) фикри худро ниҳоят мухтасар ва муболиға нокарда зоҳир мекунем. Ба фикри мо ин китоб дар ин замон бар вазъияти ҳозира назар карда, чунин китоб мебошад, ки назираш то имрӯз дар Ислом таълиф нашудааст…… Ва муаллифаш (ҳазрати Масеҳи Мавъуд) низ дар нусрати молӣ, ҷонӣ, қаламӣ, лисонӣ, ҳолӣ ва қолии Ислом чунон мустаҳкам баромадааст, ки назираш дар мусалмонҳои пешина бисёр кам ёфта мешавад.”
«Ишоат-ус-сунна, ҷилди 6, № 7»
Олими дигари он замон Мавлавӣ Саноуллоҳ Амратсарӣ, ки сардабири рисолаи «Аҳли ҳадис» буд, дар китоби худ «Таърихи Мирзо» менависад:
“То «Бароҳин» ман аз ҷаноби Мирзо ҳусни зан доштам. Чунончи умрам 17 ё 18 сола буд, пиёда ба шавқи зиёрат танҳо Қодиён рафта будам”.
«Мавлавӣ Саноуллоҳи Амтарсарӣ, Таърихи Мирзо. 53 с.»
Ин мисолҳоро хонед ва воқеаи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро ба хотир биоред, ки ҳамаи аҳлу оиларо ҷамъ карда буданд ва гуфтанд, ки агар ман шуморо бигӯям, ки аз қафои ин кӯҳ як лашкари ҷаррор омада истодааст, оё шумо ба ман бовар мекунед. Ҳама дар ҷавоб гуфтанд, ки бале, зеро туро ҳеҷ гоҳ дурӯғ гуфта надидем.
Аммо вақте ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз тарафи Худо будани худро эълон карданд, дӯстҳо душман шуданд. Ҳамин тавр зиндагии ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алйҳиссалом аст. Олимони он вақт аввал дӯст буданд, аммо баъд аз даъво душман шуданд. Ҳамин далел аз рӯйи ояти зикршудаи боло бар содиқ будани ҳазрати Масеҳи Мавъуд алйҳиссалом далел аст, ки зиндагии пеш аз даъво пок аст ва ҳама инро эътироф мекунанд. Аз ин маълум мешавад, ки даъвоҳои баъдина низ рост ва аз тарафи Худо мебошанд.
●●●●
Leave A Comment