ОЁ МАҚОМИ МАСЕҲИ МАВЪУД ВА ИМОМ МАҲДӢ НАБӢ АСТ Ё НЕ?
Аз ҷамоати Аҳмадия савол карда мешавад, ки мо Масеҳи Мавъуд ва Имом Маҳдиро чӣ дараҷа медиҳем? Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом аз Аллоҳи таоло хабар ёфта даъвои Масеҳ ва Маҳдӣ карда буданд. Акнун ҳар як мусулмон бояд инро таҳқиқ кунад, ки Масеҳ ва Маҳдиро Аллоҳи таоло ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чӣ дараҷа дода буданд? Агар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Имом маҳдӣ ва Масеҳро дараҷаи нубувват дода бошанд, пас, мо бояд Масеҳ ва Маҳдиро ҳамчун набӣ қабул кунем, агар не, пас, мо эшонро набояд набӣ гӯем.
Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки бар эшон ояти Хотаманнабийин нозил шуда буд, дар ҳадиси «Саҳеҳи Муслим» Масеҳи меомадагиро чор бор “Набиюллоҳ” гуфтанд. Агар аз мусулмонҳо ин ҳадис пинҳон бошад, пас, бояд китоби «Саҳеҳи Муслим»-ро гирифта таҳқиқ кунанд, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки тамоми илмашон аз тарафи Худо буд ва пеш аз ин уммӣ буданд, Масеҳи Бани Исроилро не, балки Масеҳи Муҳаммадиро чор бор набиюллоҳ гуфтаанд. Ҳадис аз ин ҷо мулоҳиза карда метавонед:
“Саҳеҳи Муслим, Китобулфитан, Боби Зикруддаҷҷол”.
Акнун аз ин ҳадис ошкоро исбот мешавад, ки Масеҳи Муҳаммадӣ, ки дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам меояд, бо мақоми нубувват хоҳад омад.
Акнун дараҷаи Имом Маҳдиро таҳқиқ мекунем. Ҷамоати Аҳмадия Имом Маҳдӣ, яъне ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссаломро ба ҳамон маъно набӣ таслим мекунад, ки Қуръон гуфтааст ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам пешгӯй кардаанд. Агар мақоми Имом Маҳдӣ набии тобеи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набуд, пас, ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад низ ин мақомро доро нестанд, аммо агар мақоми Имом Маҳдӣ набии умматӣ мебошад, пас, ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад низ набии умматӣ мебошанд.
Агар касе даъвои Имом Маҳдӣ кунад ва дар баробари ин чунин гӯяд, ки Худо маро Имом Маҳдӣ будани худамро нагуфтааст, балки ман худам даъвои Имом Маҳдӣ кардаам, пас, дар дилатон савол гузоред, ки оё шумо чунин одамро қабул мекунед ё не? Аввалан, бояд ҳамаи мусулмонҳо ақидаи худро бисанҷанд. Худро савол диҳанд, ки дар наздашон мақоми Имом Маҳдӣ чӣ бояд шавад? Албатта дилҳоятон ҳамин ҷавоб хоҳанд гардонд, ки Имом Маҳдӣ набии умматӣ хоҳад шуд, зеро дар Имом Маҳдӣ ду шарт будан ҳатмист, ки дар ҳар як набӣ вуҷуд доштанд. Ҳамаи мусулмонон имон доранд, ки Имом Маҳдӣ соҳиби ин ду шарт аст.
Барои набӣ будан чӣ шартҳо лозим меоянд?
- Аллоҳи таоло ӯро мабъус мекунад, таъйин мекунад ва бо ваҳйи худ ӯро Имоми он замон месозад.
- Шарти дуюм барои набӣ ин мебошад, ки Аллоҳи таоло ҳеҷ касро иҷозат намедиҳад, ки набии Ӯро инкор кунад. Имон овардан бар набии худ ҳатмӣ мекунад.
Ин ҳар ду шарт дар нубувват ҳатмист. Аз Одам алайҳиссалом то ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин шартҳо лозим буданд. Акнун хуб фикр карда гӯед, ки Имом Маҳдӣ кадоми ин шартҳоро доро намебошад. Оё Имом Маҳдӣ бо фикри худ даъво мекунад ва ё қавме ӯро интихоб мекунад? Оё Худо ӯро таъйин мекунад ё не? Агар ӯро Худо ваҳй карда хабар диҳад, ки ту Имом Маҳдӣ ҳастӣ, пас, шарти якуми набӣ будан лозим омад. Шарти дувум ба таври худ ҳал мешавад. Яъне касеро Худо таъйин кунад, хоҳ ӯ дараҷаи кам дошта бошад ва ё аъло, инкори ӯро Худо ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳад. Дар тамоми уммат ин чиз фаҳмо аст. Шумо пеши кадом олими дини Ислом равед ва пурсед, ки оё Имом Маҳдӣ дорои ин ду шарт хоҳад шуд ё не? Ӯ ҷавоб хоҳад дод, ки албатта, Худо ӯро таъйин хоҳад кард ва ӯро қабул кардан ва байъат кардан ҳатмист. Агар ягон олим ин шартҳоро қабул накунад, пас, бояд ҳадиси Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ӯро нишон дода шавад, ки вақте Имом Маҳдӣ хоҳад омад, пас, агар болои кӯҳҳои барфӣ баромада пеши ӯ рафтан лозим ояд, равед ва ӯро байъат кунед ва фармуданд, ки саломи маро ба ӯ расонед.
Акнун фикр кунед, ки дар бораи касе, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки ӯро байъат кунед, пас, магар барои ҳар як мусулмони ошиқи Русул ин чиз воҷиб намеояд, ки ӯро байъат карда қабул кунад. Агар ин чиз ҳатмӣ бошад ва ҳар як мусулмон дар бораи Имом Маҳдӣ ҳамин ақида дорад, ки байъат кардани ӯ ҳатмист, пас, Қуръони покро хонда қазоват кунед, ки оё дар Қуръон ғайр аз пайғамбарон байъат кардани касе дигарро ҳатмӣ гуфта шудааст ё не? Аркони имонро ба ёд биоред. Имон бар Аллоҳ, Русулҳо, фариштаҳо, китобҳо, рӯзи қиёмат ва тақдири хайру шар. Ғайр аз ин бар каси дигар имон оварданро Худои таоло ҳатмӣ нагуфтааст. Дар бораи имон овардан бар Имом Маҳдӣ ҳамаи олимон гуфтаанд.
Дар Қуръони карим низ калимаи Имом Маҳдӣ мавҷуд аст. Қуръони карим мефармояд:
وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا۔ سورۃ الانبیاء:74
Қуръони шариф зикри анбиёро карда мефармояд: “Мо ин анбиёро имом сохтем”. Дуюм ин, ки онҳо аз тарафи худ ҳидоят намедиҳанд, балки аввал аз мо ҳидоят мегиранд ва сипас ба мардум ҳидоят медиҳанд.
Агар касе забони арабиро дониста бошад, инро хуб медонад, ки агар касе аз тарафи худ ҳидоят диҳад, ӯро “ҳодӣ” (ھادی) мегӯянд ва агар касе аз дигар кас ҳидоят ёфта ба мардум ҳидоят расонад ӯро “маҳдӣ” (مھدی) мегӯянд. Худи калимаи Имом Маҳдӣ инро исбот карда истодааст, ки Маҳдӣ аз Худо ҳидоят ёфта ва аз улуми Қуръон ошно шуда мардумро ҳидоят хоҳад дод. Аллоҳи таоло дар Қуръон фармудааст, ки ҳамаи анбиёи пешина ҳодӣ набуданд, балки маҳдӣ буданд. Аз мо ҳидоят ёфта, мардумро ҳидоят медоданд.
Акнун ин таҳқиқотро дида ҷамоати Аҳмадия чунин даъво дорад, ки мо мақоми ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссаломро аз рӯйи ин таҳқиқ на андак боло мегузорем ва на андак поён. Мо ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссаломро ҳамон набии умматӣ мегӯем, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораашон хабар дода буданд.
Leave A Comment