بسم اللہ الرحمٰن الرحیم
Вазифаи ҳақиқии ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) Исломро бар ҳамаи динҳои дигар ғолиб карда нишон додан буд. Барои ин кор Худои таоло ҳазрати Ақдас алайҳиссаломро хеле фурсатҳо дод ва ҳазрати Ақдас (а) бо роҳҳои гуногун ҳаққоният ва садоқати дини Исломро ба дунё нишон дод. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) дар ҳаёти худ бисёр хоҳиш доштанд, ки ягон ҷаласа баргузор шавад, ки дар он ҷо намояндагони ҳамаи динҳо бошанд ва ҳар кас садоқати дини худро ба мардум ошкор кунад, то маълум шавад, ки дар ин замон дар дунё кадом дин дини ҳақиқӣ, афзал ва аз тарафи Худо аст. Худои таоло барои такмили хоҳиши Ҳузур (а) чунин фурсат пайдо кард, ки як ҳинду – Савомӣ Соду Шуган Чандар, ки барои тарбияи ҳиндуҳо хидмат мекард, чунин тавсия дод, ки бояд як ҷаласа шавад ва дар он ҷо намояндаи ҳамаи динҳо бошанд, то маълум шавад, ки кадом дин афзалу бартар аст. Ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссалом даъвати ӯро қабул карда ин китобро навиштанд ва аз тарафи Худо илҳом ёфта пешгӯй намуданд, ки ин китоб бар тамоми китобҳои дигар ғолиб хоҳад буд ва ҳамин тавр шуд.
Leave A Comment