МАФҲУМИ ХАТМИ НУБУВВАТ АЗ РӮЙИ АҚВОЛИ БУЗУРГОН
Мавзӯи мақолаи зери назар низ хатми нубувват аст. Пеш аз ин аз рӯйи Қуръон ва ҳадис исбот карда шуд, ки файзони нубувват дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам қатъ нашудааст. Дар ин мақола ақволи баъзе бузургони салафро меорем, ки аз онҳо маълум мешавад, ки дар уммати ҳазрати Хотаманнабийин саллаллоҳу алайҳи ва саллам набии умматӣ омада метавонад. Чунончи Аш-шайхулакбар ҳазрати Муҳйиддин ибни Арабӣ алайҳирраҳама дар шарҳи ҳадисди لا نبی بعدی фармуданд:
فَمَا ارْتَفَعَتِ النُّبُوَّۃُ بِالْکُلِّیَّۃِ وَلِھٰذَا قُلْنَا اِنَّمَا ارْتَفَعَتْ نُبُوَّۃُ التَّشْرِیْحِ فَھٰذَا مَعْنٰی لَا نَبِیَّ بَعْدَہ۔
«فتوحات مکیہ جلد 2، صفحہ58، مطبوعہ دار صادر بیروت»
Тарҷума: “Нубувват ба таври тамом маҳкам нашудааст, бинобар ин мо ҳаминро гуфтем, ки танҳо нубуввати шариатдор маҳкам шудааст. Маълум шуд, ки маънои لا نبی بعدی ҳамин мебошанд”.
Боз ҳазрати Муҳйиддини ибни Арабӣ алайҳирраҳама мефармоянд:
اِنَّ النُّبُوَّۃَ الَّتِیْ انْقَطَعَتْ بِوَجُوْدِ رَسُوْلِ اللہ صلی اللہ علیہ وسلمَ اِنَّمَا ھِیَ نُبُوَّۃُ التَّشْرِیْعِ لَا مُقَامُھَا فَلَا شَرْعَ یَکُوْنُ نَاسِخًا لِشَرْعِہٖ صلی اللہ علیہ وسلمَ وَلَا یَزِیْدُ فِیْ حُکْمِہٖ شَرْعًا اٰخَرَ وَ ھٰذَا مَعْنٰی قَوْلِہٖ صلی اللہ علیہ وسلمَ اِنَّ الرِّسَالَۃَ وَ النُّبُوَّۃَ قَدِ انْقَطَعَتْ فَلَا رَسُوْلَ بَعْدِیْ وَ لَا نَبِیَّ اَیْ لَا نَبِیَّ یَکُوْنُ عَلٰی شَرْعٍ یُّخَالِفُ شَرْعِیْ بَلْ اِذَا کَانَ یَکُوْنُ تَحْتَ حُکْمِ شَرِیْعَتِیْ وَلَا رَسُوْلَ اَیْ لَا رَسُوْلَ بَعْدِیْ اِلٰی اَحَدٍ مِنْ خَلْقِ اللہِ بِشَرْعٍ یَدْعُوْھُمْ اِلَیْہِ فَھٰذَا ھُوَ الَّذِیْ اِنْقَطَعَ وَ سُدَّ بَابُہٗ لَا مَقَامُ النَّبُوَّۃِ۔
«فتوحات مکیہ جلد 2، صفحہ3، مطبوعہ دار صادر بیروت»
Тарҷума: “Он нубуввате, ки баъд аз омади ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мунқатеъ шудааст, танҳо нубуввати ташриӣ аст, на ки мақоми нубувват. Акнун ягон шариат нест, ки носихи шариати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бошад ва на ягон шариат дар шаръи Он ҳазрати саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳукме афзояд ва ҳамин маънои қавли ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебошанд, ки рисолат ва нубувват қатъ шудааст, пас баъд аз ман на ягон набӣ ва на русул хоҳад шуд. Яъне мурод аз қавли ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳамин аст, ки акнун ягон набие намеояд, ки бар хилофи шариати ман шариати дигар орад, балки кадом вақт набие хоҳад омад, ӯ таҳти ҳукми шариати ман хоҳад омад. Баъд аз ман ягон русул нест, яъне баъд аз ман ба тарафи ягон инсони дунё русуле омада наметавонад, ки шариат оварда бошад ва мардумро ба тарафи шариати худ даъват диҳад. Пас ҳамин аст он қисми нубувват, ки маҳкам шудааст ва дарвозааш маҳкам шудааст. Мақоми нубувват маҳкам нашудааст”.
Ҳазрати Имоми Шеъронӣ фармудаанд:
اِعْلَمْ اَنَّ مُطْلَقَ النُّبُوَّۃِ لَمْ یَرْتَفِعْ وَ اِنَّمَا ارْتَفَعَ نُبُوَّۃُ التَّشْرِیْعِ۔
«الیواقیت الجواھر، جلد2، صفحہ24، مطبوعہ مطبع منشی نولکشور آگرہ»
Тарҷима: “Бидонед, ки тамоман нубувват бардошта нашудааст, танҳо нубуввати шариатдор бардошта шудааст”.
Боз мефармоянд:
فَلَا تَخْلُوَ الْاَرْضُ مِنْ رَّسُوْلٍ حَیٍّ بِجِسْمِہٖ اِذْ ھُوَ قُطْبُ الْعَالَمِ الْاِنْسَانِیِّ وَلَوْ کَانُوْا فِی الْعَدَدِ اَلْفَ رَسُوْلٍ فَاِنَّ الْمَقْصُوْدَ مِنْ ھٰؤُلَاءِ ھُوَ الْوَاحِدُ۔
«الیواقیت الجواھرمبحث نمبر45 جلد2، صفحہ80-81، مطبوعہ مطبع منشی نولکشور آگرہ»
Тарҷума: “Замин ҳеҷ гоҳ аз русули зиндаи муҷассим холӣ намемонад, хоҳ чунин русулҳо дар шумора ҳазорҳо бошанд, зеро ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам қутби олами инсонанд ва мурод аз ин русулҳо худи шахсияти Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст.
Боз навиштаанд:
فَمَا زَالَ الْمُرْسَلُوْنَ وَلَا یَزَالُوْنَ فِیْ ھٰذِہِ الدَّارِ لٰکِنْ مِنْ بَاطِنِیَّۃِ شَرْعِ مُحَمَّدٍ صلی اللہ علیہ وسلمَ وَلٰکِنَّ اَکْثَرَ النَّاسِ لَا یَعْلَمُوْنَ۔
«الیواقیت الجواھرمبحث نمبر45 جلد2، صفحہ81»
“Мурсалин пеш ҳам буданд ва оянда низ дар ин дунё хоҳанд шуд, аммо инҳо бо шарофати ботинияти шариати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хоҳанд шуд, аммо бисёр мардум аз ин ҳақиқат ноошно мебошанд”.
Орифи раббонӣ Сайид Абдулкарим Ҷилонӣ ибни Иброҳим Ҷилонӣ фармуданд:
فَانْقَطَعَ حُکْمُ النُّبُوَّۃِ التَّشْرِیْعِ بَعْدَہٗ وَکَانَ مُحَمَّدٌ صلی اللہ علیہ وسلمَ خَاتَمَ النَّبِیِّیْنَ لِاَنَّہٗ جَآءَ بِالْکَمَالِ وَلَمْ یَجِیءُ اَحَدٌ بِذٰلِکَ۔
«الانسان الکامل جلد 1، صفحہ 69 مطبوعہ مصر»
Тарҷума: “Ҳукми нубуввати ташриӣ баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мунқатеъ шуд ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хотаманнабийин шуданд, зеро Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам чунон шариати комил оварданд, ки ҳеҷ набие наовардааст”.
Ҳазрати Мулло Алии Қорӣ фармуданд:
قُلْتُ و مَعَ ھٰذَا لَوْ عَاشَ اِبْرَاھِیْمَ وَصَارَ نَبِیًّا وَکَذَا لَوْ صَارَ عُمَر نَبِیًّا لَکَانَا مِنْ اَتْبَاعِہٖ علیہ السلام ۔۔۔۔۔ فَلَا یُنَاقِضُ قَوْلَہٗ تَعَالٰی خَاتَمَ النَّبِیِّیْنَ اِذَا الْمَعْنٰی اَنَّہٗ لَا یَاْتِیْ نَبِیٌّ بَعْدَہٗ یَنْسَخُ مِلَّتَہٗ وَلَمْ یَکُنْ مِنْ اُمَّتِہٖ۔
«موضوعات کبیر، صفحہ58-59»
Тарҷума: “Ман мегӯям, ки бо ин фармони ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки агар писарам Иброҳим зинда мемонд, набӣ мешуд ва инчунин агар Умар (р) ҳам набӣ мешуд, албатта аз пайравони ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мешуд….. Ин қавлҳо мухолифи хотаманнабийин нестанд, зеро мурод аз хотаманнабийин ин аст, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон набӣ омада наметавонад, ки шариати Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро мансух кунад ва аз умматашон набошад”.
Ҳазрати Сайиди Валиюллоҳ муҳаддиси деҳлавӣ ва муҷаддиди асри дувоздаҳуми ҳиҷрӣ мефармоянд:
خُتِمَ بِہِ النَّبِیُّوْنَ اَیْ لَا یُوْجَدُ بَعْدَہٗ مَنْ یَأمُرُہُ اللہُ سُبْحَانَہٗ بِالتَّشْرِیْعِ عَلَی النَّاسِ۔
«تفھیمات الٰہیہ جلد2، صفحہ85»
Тарҷима: Бар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набиҳо хатм карда шудаанд, яъне баъд аз Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам чунин одам ёфт намешавад, ки Худои субҳонаҳу ӯро ба мардум бо шариати нав маъмур кунад”.
Ҳазрати Мавлоно Ҷалолиддини румӣ, – шоири бузурги қавми форс ва суфӣ, менависанд:
مکر کن در راہ نیکو خدمتی
تا نبوت یابی اندر امتی
Макр кун дар роҳи некӯ хидмате,
То нубувват ёбӣ андар уммате.
Дар саҳифаи дигар:
بہر این خاتم شداست او کہ بجود
مثل او نہ بود نہ خواہند بود
Баҳри ин хотам шудаст ӯ, ки ба ҷуд,
Мисли ӯ на буду на хоҳанд буд.
Боз менависанд:
چونکہ در صنعت برد استاد دست
تو نہ گوئی ختم صنعت برتو است
Чунки дар санъат барад устод даст,
На ту гӯӣ: «Хатми санъат бар ту аст?»
«مثنوی معنوی از مولانا جلال الدین رومی»
Ҷаноби мавлоно Муҳаммад Қосими Нонотавӣ, бонии ҷамоати Девбанд дар китоби худ ба забони урду мефармоянд:
سو عوام کے خیال میں تو رسول اللہ صلی اللہ علیہ وسلم کا خاتم ہونا بایں معنی ہے کہ آپ صلی اللہ علیہ وسلم کا زمانہ انبیاء سابق کے زمانہ کے بعد اور آپ صلی اللہ علیہ وسلم سب میں آخری نبی ہیں مگر اہل فہم پر روشن ہو گا کہ تقدم و تأخر زمانی میں بالذات کچھ فضیلت نہیں۔ پھر مقام مدح میں ولٰکن رسول اللہ وخاتم النبیین فرمانا اس صورت میں کیونکر صحیح ہو سکتا ہے۔ (صفحہ3)
اگر بالفرض بعد زمانہ نبوی صلی اللہ علیہ وسلم بھی کوئی نبی پیدا ہو تو پھر بھی خاتمیت محمدی میں کچھ فرق نہ آئے گا۔ (صفحہ 28)
«تحذیر الناس از مولانا محمد قاسم ناناتوی بانئ دیوبند، صفحہ3 و 28»
Тарҷума: “Ба фикри мардуми омма маънои хотаманнабийин будани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин аст, ки замони Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам баъд аз замонҳои анбиёи пешина аст ва Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз ҳама охир омадаанд, аммо бар аҳли фаҳм равшан аст, ки аввал ва охир будани замон дар худ ягон фазилат надорад, (агар чунин бошад) пас дар мақоми мадҳи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ولکن رسول اللہ وخاتم النبیین фармудан чӣ тавр дуруст шуда метавонад?” (Таҳзируннос, саҳифаи 3)
“Агар фарзан баъд аз замонаи набавӣ саллалллоҳу алайҳи васаллам касе набӣ шавад, пас дар хотамияти муҳаммадӣ ҳеҷ фарқе пайдо нахоҳад шуд”. (Таҳзируннос, саҳифаи 28)
Ҳазрати Оиша (р) мефармоянд:
قُوْلُوْا اِنَّہٗ خَاتَمُ الْاَنْبِیَاءِ وَلَا تَقُوْلُوْ لَا نَبِیَّ بَعْدَہٗ۔
«درمنثور جلد5، صحیفہ 204 و تکملہ مجمع البحار جلد 4، صفحہ85»
Яъне “Бигӯед, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хотаманнабийин ҳастанд, аммо чунин нагӯед, ки баъд аз Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам набӣ нест”. (Дурри Мансур, ҷ. 5, саҳ. 204)
Хонандагони азиз. Ин суханҳои олимони машҳурро дар ин мақола овардем. Ғайр аз ин бисёри дигаргон ин амрро фаҳмидаанд, ки хотаманнабийин будани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам маънои онро надорад, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон намуд набӣ омада наметавонад. Ҷамоати Аҳмадия низ айнан ҳамин маъноро қабул дорад ва мо ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад (а)-ро аз рӯйи ҳамин маъно набӣ мегӯем ва худи Эшон ба ҳамин маъно даъвои нубувват карда буданд, ки ман як набии умматӣ ҳастам.
Хонандагони азиз, мо вақте ин силсилаи далелҳоро сар карда будем, бисёриҳо моро тамасхур карданд, аммо агар касе бо инсоф ҳамаи ин мақолаҳоро хонад, бар ӯ мисли рӯзи равшан ошкор мегардад, ки ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад (а) ягон даъво берун аз ҳукмҳои Қуръон ва ҳадис накарданд ва ҳамаи даъвоҳояшон аз тарафи Худо буданд. Агар ин кори одам мешуд, то ин замон, ки қариб зиёда аз 134 сол шудааст, Худо ин ҷамоатро нест мекард, аммо Худо ин ҷамоатро ҳар рӯз тараққӣ дода истода, бар содиқ будани ин ҷамоат муҳр задааст. Мо дар оғоз гуфта будем, ки агар касе садоқати ин ҷамоатро фаҳмидан мехоҳад, аз Худо бо дили соф дуо кунад. Замона дигар шудааст. Онҳое, ки дар интизори Имом Маҳдӣ буданд, ноумед шуданд, аммо оне, ки аз тарафи Худо омадааст, ба тарафи ӯ нигоҳ намекунанд.
وما علینا الا البلاغ المبین
Leave A Comment