ИМКОНИ НУБУВВАТ АЗ ҲАДИС
Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад (а), – Масеҳ ва Маҳдии Мавъуд, аз рӯйи хабарҳои оятҳову ҳадисҳо набӣ низ буданд, аммо ин нубувват ғайри ташриӣ буд ва ягон шариати навро оварда нашуд, балки ин мақому дараҷа дар нитиҷаи итоати комили ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва Қуръон ёфта шуд. Акнун ин вазифаи даъвокунанда аст, ки бояд даъвоҳои худро аз Қуръону ҳадис исбот кунад. Мо пеш аз ин аз Қуръон набӣ будани ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а)-ро исбот кардем, акнун он ҳадисҳоро пеши хонандагон мегузорем, ки аз онҳо маълум мешавад, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дари нубуввати ғайри ташриӣ маҳкам нашудааст. Дар ин бобат якум ҳадис чунин аст:
حَدَّثَنَا عَبْدُ الْقُدُّوسِ بْنُ مُحَمَّدٍ قَالَ: حَدَّثَنَا دَاوُدُ بْنُ شَبِيبٍ الْبَاهِلِيُّ قَالَ: حَدَّثَنَا إِبْرَاهِيمُ بْنُ عُثْمَانَ قَالَ: حَدَّثَنَا الْحَكَمُ بْنُ عُتَيْبَةَ، عَنْ مِقْسَمٍ، عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ، قَالَ: لَمَّا مَاتَ إِبْرَاهِيمُ ابْنُ رَسُولِ اللَّهِ _ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ _ صَلَّى رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، وَقَالَ: إِنَّ لَهُ مُرْضِعًا فِي الْجَنَّةِ، وَلَوْ عَاشَ لَكَانَ صِدِّيقًا نَبِيًّا۔
«سنن ابن ماجہ، کتاب الجنائز، باب ما جاء فی الصلاۃ علی ابن رسول اللہ صلی اللہ علیہ وسلم وذکر وفاتہ»
“Ҳазрати ибни Аббос (р) ривоят мекунанд, ки вақте Иброҳим, – писари ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, вафот кард, Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки барои ӯ дар ҷаннат ҷое муқаррар шудааст ва агар зинда мемонд, набии сиддиқ мешуд”.
Ин воқеа, яъне вафоти ҳазрати Иброҳим (р) соли 9-уми ҳиҷрӣ шуд. Ояти хотаманнабийин соли 5-уми ҳиҷрӣ нозил шуда буд. Дар ҳақиқат ин сухани Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ояти хотаманнабийинро шарҳ медиҳад. Албатта, ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мафҳуми ояти хотаманнабийинро медонистанд. Агар мафҳуми ояти хотаманнабийин чунин мешуд, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон намуд набӣ омада наметавонад, пас ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораи писарашон чунин сухан намегуфтанд, ки агар писарам зинда мемонд, ҳатман набӣ мешуд. Ин сухан маънои он дорад, ки дар назди ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам сабаби набӣ нашудани Иброҳим вафоти ӯ шуд. Ин сабаб набуд, ки ҳар намуди нубувват қатъ шудааст. Агар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хотаманнабийин будани худро сабаби инқитои ҳар як намуд нубувват медонистанд, пас чунин мегуфтанд:
لَو عَاشَ ابْراھیْمُ لَمَا کَانَ نَبِیًّا لِاَنِّیْ خَاتَمُ النَّبِیِّیْنَ۔
Яъне агар Иброҳим зинда ҳам мемонд, набӣ намешуд, зеро ман хотаманнабийин ҳастам. Аммо чунин нагуфтанд.
Маълум шуд, ки ояти хотаманнабийин силсилаи нубувватро қатъ намекунад ва ин оятро худи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ин ҳадис шарҳ додаанд.
Далели сиҳати ҳадис:
Оид ба ин ҳадис дар «الشھاب علی البیضاوی» навишта шудааст:
اَمَّا صِحَّۃُ الْحَدِیْثُ فَلَا شُبْھَۃَ فِیْہِ لانَّہٗ رَوَاہُ ابْنُ مَاجَۃَ وغَیْرُہٗ کَمَا ذَکَرَہٗ اِبْنُ حَجَرٍ: «الشھاب علی البیضاوی، جلد7، صفحہ175»
Яъне дар сиҳати ҳадис ҳеҷ шубҳае нест, зеро инро ибни Моҷа ривоят кардааст ва дигарон мисли Ҳофиз ибни Ҳаҷар зикр кардаанд.
Муҳаддиси машҳур Мулло Алӣ Қорӣ (р) менависад:
لَہُ طُرُقٌ ثَلَاثٌ یُقَوَّی بَعْضُھَا بِبَعْضٍ۔ «موضوعات کبیر، صفحہ58»
Яъне баъзеҳо мегӯянд, ки ин ҳадис мавзӯъ аст, аммо чунин нест, зеро ин ҳадис бо се роҳ марвӣ аст ва ҳар як тариқ аз тариқи дигар қувва мегирад. Эшон ин ҳадисро он чунон саҳеҳ гуфтаанд, ки лозим донистаанд, ки бояд ояти хотаманнабийинро шарҳ дода шавад. Чунончи навиштаанд:
فَلَا یُنَاقِضُ قولہٗ تعالیٰ خاتَم النبیینَ اِذا المعْنٰی اَنہٗ لَا یَأتِیْ نَبِیٌّ بَعْدَہٗ یَنْسَخُ مِلَّتَہٗ ولمْ یکُن منْ اُمَّتِہٖ۔ «موضوعات کبیر۔ صفحہ59»
Яъне ин ҳадис хилофи ояти хотаманнабийин нест, зеро маънои хотаманнабийин ин мебошад, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам касе шариати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро мансух карда омада наметавонад ва ин ки касе аз умматашон набошад.
Ин ҳадис бо се тариқ ривоят шудааст. Ғайр аз ҳазрати ибни Аббос (р) аз ҳазрати Анас (р) ва ҳазрати Ҷобир (р) низ ривоят шудааст. Бинобар ин ҳазрати Ҳофиз ибни Ҳаҷар Ал-асқалонӣ (р) бо ҳаволаи ҳазрати Суюутӣ (р) менависанд, ки ривояти ҳазрати Анас (р) низ дуруст аст. Чунончи
وَ بَیَّنَ الْحَافِظُ السُّیُوْطِیْ اَنَّہٗ صَحَّ عَنْ اَنَسٍ رَضِیَ اللہُ عَنْہُ اَنَّہٗ سُئِلَ النبی صلی اللہ علیہ وسلم عَنِ ابْنِہٖ اِبْرَاھِیْمَ قَالَ لَا اَدْرِیْ رَحْمَۃُ اللہِ عَلٰی ابراھیمَ لَوْ عَاشَ لَکَانَ صِدِّیْقًا نَّبِیًّا۔
Яъне ҳазрати Имоми Суютӣ (р) баён карданд, ки аз ҳазрати Анас (р) ривояти саҳеҳ аст, ки касе аз эшон пурсид, ки оё ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҷавоби ягон савол фармуда буданд, ки (агар ӯ зинда мемонд, набӣ мешуд). Ҳазрати Анас (р) фармуданд. Ин дар хотирам нест, аммо раҳмати Худо бар Иброҳим бод. Агар ӯ зинда мемонд, набии сиддиқ мешуд.
«الفتاوی الحدیثیۃ مصنفہ حضرت امام ابن حجر ہیثمی، صفحہ150، مطبوعہ مصر»
Дар ҷойи сеюм ин ҳадис аз ҳазрати Ҷобир (р) марвӣ аст. Ҳазрати Имоми Суютӣ (р) фармуданд:
وَرَوَاہُ ابْنُ عَسَاکِرٍ عَنْ جَابِرٍ عَنِ النَّبِیِّ صلی اللہ علیہ وسلم
«الفتاویٰ الحدیثیۃ مصری، صفحہ150»
Маълум шуд, ки дар сиҳати ин ҳадис ягон шубҳа нест, зеро ин ҳадис ба се тариқ ва аз саҳобаҳои мухталиф марвӣ шудааст.
Дар санади ин ҳадис шаш ровӣ ҳастанд ва агар дар бораашон аз китоби асмоурриҷол «Таҳзиб-ут-таҳзиб» хонем, маълум мешавад, ки онҳо сиқаанд.
ҲАДИСИ ДИГАР
Ҳадиси дигар чунин зикр шудааст:
اَبُوْبَکْرً اَفْضَلُ ھٰذِہِ الْاُمَّۃِ اِلَّا اَنْ یَکوْنَ نَبِیٌّ۔ «کنوز الحقائق فی حدیث خیر الخلائق، صفحہ4»
Яъне ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки “Абӯбакр афзали ин уммат аст, ғайр аз ин, ки касе набӣ шавад”.
Ҳадис маънои он дорад, ки агар касе набӣ шавад, пас ҳазрати Абӯбакр (р) аз ӯ афзал намешаванд. Бинобар ин, аз ҳадис имкони нубувват собит аст. Боз монанди ҳамин ҳадис дар дигар ҷо чунин зикр шудааст:
اَبُوْبَکْرٍ خَیْرُ النَّاسِ اِلَّا اَنْ یَّکُوْنَ نَبِیٌّ۔
الجامع الصغیر السیوطی جلد1، حرف الھمزہ، صفحہ11۔ دارالکتب بیروت لبنان
Яъне “Абӯбакр аз байни мардум беҳтарин аст, ғайр аз ин, ки ягон кас набӣ шавад”. Агар баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон кас набӣ намешуд, пас ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чунин сухан намефармуданд.
ҲАДИСИ ДИГАР
Дар ҳадис зикри дуруди пок шудааст. Аз “дуруди пок” низ маълум мешавад, ки дар ин уммат набӣ омада метавонад. Дар дуруд мо он фазлу баракатҳо барои ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам металабем, ки бар ҳазрати Иброҳим (а) ва умматашон шуда буданд. Яке аз фазлҳои Худо бар уммати ҳазрати Иброҳим (а) ин буд, ки дар он уммат набиҳо меомаданд, пас вақте дар дуруд мо ҳамин фазлҳо аз Худо металабем, ин маънои он дорад, ки дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ набиҳо биоянд.
ҲАДИСИ ДИГАР
Ҳадиси дигар аз «Саҳеҳи Муслим» аст, ки дар он ҷо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Масеҳи Мавъуд (а)-ро чор бор набиюллоҳ гуфта мухотаб карданд. Азбаски вафоти ҳазрати Исо (а) аз Қуръону ҳадис исбот мешавад, пас ин хабари набӣ будан дар бораи ҳамон Масеҳ дода шудааст, ки дар уммати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хоҳад омад. Ин ҳадис дароз аст. Танҳо дар ин ҷо матни махсус, ки дар он ҷо Масеҳи Мавъудро набӣ гуфта шудааст, меорем.
یُحْصَرُ نَبِیُّ اللہُ عِیْسٰی وَ أَصْحَابُہٗ۔۔۔۔۔۔۔۔۔ فَیَرْغَبُ نَبِیُّ اللہِ عِیْسٰی وَ أَصْحَابُہٗ۔۔۔۔۔۔۔۔ ثُمَّ یَھْبِطُ نَبِیُّ اللہِ عِیْسٰی وَ أَصْحابُہٗ۔۔۔۔۔۔ فَیَرْغَبُ نَبِیُّ اللہِ عِیْسَی وَ أَصْحَابُہُ أِلَی اللہِ۔
«صحیح مسلم کتاب الفتن باب ذکر الدجال»
Боз дар бораи Масеҳи Мавъуд (а) чунин фармуда шудааст:
لَیْسَ بَیْنِیْ وَ بَیْنَہٗ نَبِیٌّ۔ سنن ابی داؤد کتاب الملاحم باب خروج الدجال
Яъне дар байни ман (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ӯ (Масеҳи Мавъуд) набӣ нест.
ҲАДИСИ ДИГАР
Ҳадиси дигар он аст, ки дар он ҷо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораи хилофат ало минҳоҷи нубувват хабар дода буданд. Чунончи
عَنِ النُّعْمَانِ بْنِ بَشِيرٍ، عَنْ حُذَيْفَةُ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صلى الله عليه وسلم «تَكُونُ النُّبُوَّةُ فِيكُمْ مَا شَاءَ اللَّهُ أَنْ تَكُونَ ، ثُمَّ يَرْفَعُهَا اللہُ تعالیٰ، ثُمَّ تَكُونُ خِلاَفَةٌ عَلَى مِنْهَاجِ النُّبُوَّةِ مَا شَاءَ اللَّهُ أَنْ تَكُونَ، ثُمَّ يَرْفَعُهَا اللہ تعالیٰ ، ثُمَّ تَكُونُ مُلْكًا عَاضًّا، فَتَكُونُ مَا شَاءَ اللَّهُ أَنْ تَكُونَ، ثُمَّ يَرْفَعُهَا اللہ تعالیٰ، ثُمَّ تَكُونُ مُلْكًا جَبْرِيَّةً فَیَكُونُ مَا شَاءَ اللَّهُ أَنْ یَكُونَ ، ثُمَّ يَرْفَعُهَا اللہ تعالیٰ، ثُمَّ تَكُونُ خِلاَفَةً عَلَى مِنْهَاجِ النُّبُوَّةٍ۔ ثُمَّ سَكَتَ قَالَ حَبِيبٌ: فَلَمَّا قَامَ عُمَرُ بْنُ عَبْدِ الْعَزِيزِ، كَتَبْتُ إِلَيْهِ بِھٰذَا الْحَدِيثِ أُذكرہُ إِيَّاہُ وَقُلْتُ: أَرْجُو أَنْ تَكُونَ أَمِيرُ الْمُؤْمِنِينَ بَعْدَ الْمُلْكِ الْعَاضِّ وَالْجَبْرِيَّةِ، فَسُرَّ بِهِ وَأَعْجَبَهُ، یعنی عمر بن العزیز۔رواہ أحمد والبیھقی فی «دلائل النبوۃ»
« مشکوۃ کتاب الرقاق باب الانذار والتحذیر، الفصل الثالث، حدیث 5378»
Яъне ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки дар шумо то вақте, ки Худо хост, нубувват хоҳад монд. Сипас хилофат бар минҳоҷи нубувват то вақте, ки Худо хост, хоҳад шуд. Баъд аз ин низоми подшоҳӣ хоҳад шуд….. ва баъд аз он боз хилофати минҳоҷи нубувват хоҳад шуд. Баъд аз ин ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам хомӯш шуданд.
Дар ин ҳадис гуфта шудааст, ки дар замони охир боз хилофат бар минҳоҷи нубувват барқарор хоҳад шуд, чӣ хеле, ки хилофати якум баъд аз вафоти ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам сар шуд, ҳамин тавр хилофати дуюм низ баъд аз вафоти набие сар мешавад. Аз рӯйи ин ҳадиси Мишкот маълум мешавад, ки хилофати дуюм низ баъд аз набӣ сар мешавад. Агар нусхаи китоби Мишкоти матбаи “Асаҳҳулматобеъ”-ро гирем, дар он ҷо байни сатрҳо навишта шудааст, ки
الظَّاھِرُ اَنَّ الْمُرَادَ بِہٖ زَمَنُ عِیْسٰی وَالْمَھْدِی۔
Яъне “маълум аст, ки мурод дар ин ҷо замони Исо ва Маҳдӣ (а) мебошад”.
Алҳамдулиллоҳ, ки дар ҷамоати Аҳмадия баъд аз вафоти ҳазрати Масеҳи Мавъуд (а) беш аз 116 сол мешаванд, ки аз рӯйи ҳадиси боло низоми хилофат ҷорӣ аст. Ин амр низ шоҳид бар ин аст, ки Худо ҳамроҳи ин ҷамоат аст, зеро ин ҷамоат зери низоми хилофат рӯз то рӯз тараққӣ карда истодааст ва Худо кумак карда истодааст. Алҳамдулиллоҳ.
Аз ҳамаи ин ҳадисҳо маълум мешавад, ки дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набӣ омада метавонад. Агар ҳамаи мусалмонҳои замони он набӣ ӯро мухолиф ҳам бошанд, муттақиён аз Худо дуо карда ёрӣ меҷӯянд ва Худо ҳеҷ гоҳ бандаи ҳақиқии худро беҳидоят намемонад. اھدنا الصراط المستقیم
وما علینا الا البلاغ المبین
Leave A Comment