ШАРҲИ ҲАДИСҲО ОИД БА ИНҚИТОИ НУБУВВАТ
Дар ин мақола баъзе ҳадисҳоро шарҳ дода мешавад, ки одатан аз онҳо чунин мазмун бароварда мешавад, ки баъд аз ҳазрати Хотамуланбиё, – Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ягон намуд набӣ омада наметавонад ва ин ки файзи нубувватро сардори пайғамбарон қатъ кардаанд. Дар мақолаи пешина ҳадиси لا نبی بعدی-ро шарҳ дода фаҳмондем, ки аз он ҳадис ҳеҷ гоҳ набии умматӣ шудани Масеҳи Мавъуд манъ намешавад. وما توفیقنا الا باللہ. Акнун ҳадиси якумро аз «Саҳеҳи Бухорӣ» зикр мекунем:
حَدَّثَنَا قُتَيْبَةُ بْنُ سَعِيدٍ، حَدَّثَنَا إِسْمَاعِيلُ بْنُ جَعْفَرٍ، عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ دِينَارٍ، عَنْ أَبِي صَالِحٍ، عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، أَنَّ رَسُولَ اللّٰهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَ: إِنَّ مَثَلِي وَمَثَلَ الأَنْبِيَاءِ مِنْ قَبْلِي، كَمَثَلِ رَجُلٍ بَنَى بَيْتًا فَأَحْسَنَهُ وَأَجْمَلَهُ، إِلَّا مَوْضِعَ لَبِنَةٍ مِنْ زَاوِيَةٍ، فَجَعَلَ النَّاسُ يَطُوفُونَ بِهِ، وَيَعْجَبُونَ لَهُ، وَيَقُولُونَ هَلَّا وُضِعَتْ هَذِهِ اللَّبِنَةُ؟ قَالَ: فَأَنَا اللَّبِنَةُ وَأَنَا خَاتَمُ النَّبِيِّينَ۔
صحیح البخاری، کتاب المناقب، باب خاتم النبیین صلی اللہ علیہ وسلم
Яъне “Мисоли ман ва анбиёи пешина чунин аст, ки одаме хона таъмир кард ва онро хеле ороставу пироста кард, ғайр аз гӯшае, ки ҷойи хиште холӣ дошт. Мардум барои тамошои вай меомаданд ва хурсанд мешудан ва мепурсиданд, ки чаро ин хиштро нагузоштед? Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки “он хишт манам ва ман хотаманнабийин ҳастам”.
Ин ҳадис дар Саҳеҳ Бухорӣ, Саҳеҳ Муслим ва Мишкот оварда шудааст. Ин ривоят заиф аст, аммо мо дар ин бора баҳс намекунем, то касе чунин нагӯяд, ки ҳадисро заиф гуфта тарк намудем. Агар ин ривоятро саҳеҳ таслим карда шавад, пас мафҳуме, ки аз ин ҳадис бароварда мешавад, зидди мақому дараҷа ва номуси ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, зеро аз рӯйи шарҳи ғайри аҳмадиҳо танҳо ҷойи як хишт холӣ монда буд ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам омада он ҷоро пур карданд. Ин мафҳум маънои он дорад, ки агар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам намеомаданд ҳам, дар қасри нубувват танҳо сурохе боқӣ мемонд, ки бе вай ҳам қаср гӯё мукаммал буд. Ҳол он ки дар бораи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Худои таоло фармуд, ки:
لَوْلَاکَ لَمَا خَلَقْتُ الْاَفْلَاکَ۔ نزھۃ النظر فی شرح نخبۃ الفکر: ص۔13 و موضوعات کبیر: صفحہ 89،81
Яъне агар ту, яъне Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам, намешудӣ, Ман, яъне Худо, дунёро тахлиқ намекардам.
Маълум шуд, ки мурод аз ин ҳадис он нест, ки ғайри аҳмадиҳо мефаҳманд. Дар ҳақиқат дар ин ҳадис зикри қасри шариат аст, ки онро пайғамбарон таъмир мекунанд, на зикри қасри пайғамбарон. Анбиёи гузашта аз рӯйи зарурати замони худ аҳкоми шариат меоварданд ва асбоби таъмири ин қаср ҷамъ шудан гирифт. Азбаски ақли инсон дар маҷмӯъ ба қуллаи баландтарини иртиқои худ нарасида буд, ба ҳамин сабаб он шариатҳо ноқис буданд ва камӣ доштанд. Вақте Худои таоло ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро мабъус кард, он гоҳ ақли инсон комил шуда буд ва аҳли фаҳмиши аҳкоми шариат пайдо карда буд. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам омада шариатҳои пешинаро низ ба Қуръон шомил карданд ва чӣ қадар камие буд, онро низ комил карда, қасри шариатро пурра таъмир карданд. Дар Қуръон аст:
فِیْھَا کُتُبٌ قَیِّمَۃٌ۔ سورۃ البینۃ:4
Яъне дар ин Қуръон ҳамаи шариатҳои пешина ворид карда шудаанд. Он пешравӣ ва инкишофи ақли инсонӣ, ки аз замони ҳазрати Исо (а) сар карда, то замони ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам шуда буд, онро ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷойи хишт қарор доданд. Ин аст шарҳи ин ҳадис.
Боз дар ин ҳадис ҷумлаи اَلأَنْبِيَاءِ مِنْ قَبْلِي омадааст. Ин ҷумла низ ҳадисро шарҳ медиҳад, ки дар ин ҳадис ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам танҳо зикри анбиёи гузаштаро кардаанд. Зикри анбиёи баъдина мақсуди назар нест валекин тамоми анбиё мефармуданд.
Боз далели дигар ба шакли савол ба хонандагон аст, ки вақте аз рӯйи ақидаи ғайри аҳмадиҳо ҳазрати Исо (а) нозил мешаванд, пас он хишт куҷо меравад? Агар касе гӯяд, ки ҳоло ҳазрати Исо (а) зинда ҳастанд, пас дар ин ҳадис ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бояд мегуфтанд, ки ҳоло дар ин қаср ҷойи ду хишт холӣ мондааст. Аммо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам танҳо як хиштро зикр намуданд ва чунин фармуда бар вафоти ҳазрит Исо (а) низ муҳр заданд. Агар ин ҳадисро аз фаҳмиши ғайри аҳмадиҳо фаҳмида шавад, пас аз ин ҳадис вафоти ҳазрати Исо (а) низ исбот мешавад.
ҲАДИСИ ДИГАР
Ҳадиси дигар дар Сунани Тирмизӣ чунин омадааст:
حَدَّثَنَا سَلَمَةُ بْنُ شَبِيبٍ قَالَ: حَدَّثَنَا المُقْرِئُ، عَنْ حَيْوَةَ بْنِ شُرَيْحٍ، عَنْ بَكْرِ بْنِ عَمْرٍو، عَنْ مِشْرَحِ بْنِ هَاعَانَ، عَنْ عُقْبَةَ بْنِ عَامِرٍ، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «لَوْ كَانَ نَبِيٌّ بَعْدِي لَكَانَ عُمَرَ بْنَ الخَطَّابِ» قَالَ. «هَذَا حَدِيثٌ حَسَنٌ غَرِيبٌ لَا نَعْرِفُهُ إِلَّا مِنْ حَدِيثِ مِشْرَحِ بْنِ هَاعَانَ»
سنن ترمذی، ابواب المناقب، باب فی مناقب أبی حفص عمر بن الخطاب رضی اللہ عنہ
Аз ин ҳадис ғайри Аҳмадиҳо далел меоранд, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чунин гуфта, ки агар баъд аз ман ягон набӣ мешуд, албатта Умар мешуд. Яъне баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набӣ намешавад.
Ин ҳадис дар «Сунани Тирмизӣ» ва «Мишкот» омадааст, аммо дар ҳар ду китоб баъд аз ҳадис навишта шудааст, ки ھذا حدیث غریب. Имоми Тирмизӣ (р) ин ҳадисро ғариб гуфтанд.
Имом Суютӣ (р) дар «Алҷомеъ-ус-сағир» ин ҳадисро заиф гуфтаанд. Ғайр аз ин, ҳадисро дар ҷойи дигар чунин шарҳ дода шудааст:
لَوْ لَمْ اُبْعَثْ لَبُعِثْتَ یَا عُمَرُ: مرقاۃ شرح مشکوۃ، جلد 5، صفحہ 539 و حاشیہ مشکوۃ مجتبائی باب مناقب
Яъне ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки агар ман мабъус карда намешудам, пас эй Умар (р), ту мабъус мешудӣ. “Ин ҳадис саҳеҳ аст. (تعقبات سیوطی صفحہ 671)
۲۔ لَوْ لَمْ اُبْعَثْ فِیْکُمْ لَبُعِثَ عُمَرُ فِیْکُمْ: کنوز الحقائق جلد 2 صفحہ 73 حاشیہ
Яъне агар ман дар байни шумо мабъус намешудам, Умар мабъус мешуд.
Азбаски ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набӣ шуда мабъус шуданд, пас ҳазрати Умар (р) набӣ нашуданд. Ҳамин мафҳуми ҳадиси Тирмизӣ аст, ки агар ман набӣ намешудам, Умар (р) ҳақ дошт, ки набӣ мешуд.
Дар бораи набӣ будани Масеҳи Мавъуд худи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хабар додаанд, пас дар ҳадиси зери баҳс зикри набии умматӣ нашудааст, балки зикри набии ташриӣ шудааст.
ҲАДИСИ ДИГАР
۔۔۔۔وَأَنَا آخِرُ الْأَنْبِيَاءِ، وَأَنْتُمْ آخِرُ الْأُمَمِ ۔۔۔۔۔۔ سنن ابن ماجہ، کتاب الفتن، باب فتنۃ الدجال و خروج عیسی بن مریم
Ин ҳадиси дароз аст. Мо танҳо он ҷумларо овардем, ки бояд шарҳ дода шавад.
Аввал ин, ки ровиҳои ин ҳадис Арраҳмон ибни Маҳорабӣ ва Исмоил ибни Рофеъ заифанд.
«Мизон-ул-эътидол, ҷилди 2, саҳифа 115» ва «Таҳзиб, ҷилди 6, саҳифа 266»
Ғайр аз ин худи матни ҳадис, ҳадисро шарҳ медиҳад, ки дар ин ҳадис танҳо хатми он анбиё зикр шудааст, ки омада уммати нав ташкил медиҳанд ва шариати навро меоранд ва аз итоати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам берун шуда даъвои нубувват мекунанд.
Ғайр аз ин, ин ҳадисро ҳадиси дигари «Саҳеҳи Муслим» шарҳ медиҳад, ки саҳеҳ низ ҳаст. Ҳадис чунин аст:
۔۔۔۔۔۔ قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «فَإِنِّي آخِرُ الْأَنْبِيَاءِ، وَإِنَّ مَسْجِدِي آخِرُ الْمَسَاجِدِ»۔
صحیح مسلم کتاب الحج باب فضل الصلاۃ بمسجدی مکۃ والمدینۃ
Яъне ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки ман охирин пайғамбар ҳастам ва масҷиди ман охирин масҷид аст.
Акнун ҳама медонанд, ки баъди масҷиди ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бисёр масҷидҳо таъмир шудаанд, пас ин охирин будани масҷид чӣ маъно доранд? Оё ҳамаи масҷидҳо баъди масҷиди пайғамбар масҷид номида намешаванд? Агар инро фаҳмем, сипас охирин будани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро низ мефаҳмем.
Дар асл ин ҷо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба сабаби он масҷиди худро охирин масҷид гуфтаанд, ки баъд аз масҷиди ман ягон масҷид то он вақт масҷид шуда наметавонанд, ки мақсади масҷиди ман надошта бошад. Яъне мисли масҷиди ман дар он ҷо намоз ва ибодат карда шавад ва қиблааш мисли масҷиди ман Каъба бошад.
Айнан ҳамин маънои пайғамбари охирин аст, ки ягон пайғамбар баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз шариаташон берун шуда омада наметавонад ва бояд ҳамон мақсад ва шариати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дошта бошад. Чӣ хеле, ки масҷидҳо баъди масҷиди ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳамон мақсад доранд. Ин нуктаро касе фаҳмидааст, ба шинохти Худо наздиктар шудааст.
Ин тарҷумаи калимаи “охир” танҳо аз тарафи мо нест, балки дар адабиёти араб низ ба ҳамин маъно истифода шудааст. Чунончи
شَرٰی وُدِّیْ وَ شُکْرِیْ مِنْ بَعِیْدٍ
لِاٰخِرِ غَالِبٍ اَبَداً رَبِیْعٍ
«دیوان الحماسہ لابی تمام حبیب بن اوس الطائی باب الحماسہ، باب الادب»
Тарҷумаи ин шеърро мавлавӣ Зулфиқоралии девбандӣ, ки шореҳи Ҳаммосаанд, чунин мекунанд:
Рабиъ ибни Зиёд дустию шукри маро дур нишаста барои шахсе, ки дар Банӣ Ғолиб охирин, яъне адимулмисоли то абад аст, харидааст.
Пас ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ ба ҳамин маъно охируланбиё, яъне адимулмисоланд.
- Имом Ҷалолиддини Суютӣ дар бораи Имом ибни Таймия навиштаанд:
سَیِّدُنَا الْاِمَامُ الْعَالِمُ الْعَلَّامَۃُ۔ اِمَامُ الْاَئِمَّۃِ قُدْوَۃُ الْاُمَّۃِ عَلَّامَۃُ الْعُلَمَاءِ وَارِثُ الْاَنْبِیَاءِ اٰخِرُ الْمُجْتَھِدِیْنَ۔
«الاشباہ والنظائر جلد3، ص310»
Аз рӯйи ин матн гӯё Имом ибни Таймия охирин муҷтаҳид буданд. Оё баъд аз эшон касе муҷтаҳид нашудааст?
Хулоса, аз ҳадисҳои боло маънои охир низ фаҳмида шуд ва ин ҳадисҳо низ дари нубуввати ғайри ташрииро маҳкам намекунанд ва ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад (а) даъвои нубуввати ғайри ташриӣ карда буданд.
اھدنا الصراط المستقیم
Leave A Comment