МАФҲУМИ ҲАДИСИ (لا نبی بعدی)
Пеш аз ин мо аввалан ояти қуръон “хотаманнабийин”-ро шарҳ додем ва исбот кардем, ки аз ин оят ҳеҷ гоҳ омадани набӣ дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам манъ намешавад. Сипас аз Қуръон оятҳои дигарро нишон додем, ки аз рӯйи онҳо низ исбот мешавад, ки набӣ дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам омада метавонад ва дари ин неъмати Худо ба бандагонаш маҳкам нашудааст, танҳо шарт ҳамин аст, ки ягон набӣ шариати навро оварда наметавонад, зеро Худо ин шариатро шариати комил гуфта фиристодааст. Ҳар касе, ки меояд дар натиҷаи итоати комили ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин мақомро соҳиб шуда омада метавонад.
Акнун баъд аз Қуръон ба тарафи ҳадис меоем. Аз баъзе ҳадисҳо низ маълум мешавад, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам оид ба омадани набӣ дар уммати худ хабар дода буданд ва набии умматӣ дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам омада метавонад, аммо пеш аз ҳама мо бояд он ҳадисро шарҳ диҳем, ки дар мусалмонҳо мухсус бар зидди ҷамоати Аҳмадия бисёр машҳур аст, яъне ҳадиси “Ла набийя баъдӣ” لا نبی بعدی. Ин Ҳадиси саҳеҳ аст ва дар баробари ин як ҳадиси дигар низ ҳадиси саҳеҳ аст, ки дар он ҷо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Масеҳи Мавъуд (а)-ро чор бор набиюллоҳ (نبی اللہ) гуфта мухотаб карда буданд, яъне Масеҳе, ки дар уммати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хоҳад омад, соҳиби нубувват низ хоҳад шуд. Касе ки ин ҳар ду ҳадисро хонад, албатта фикр мекунад, ки байни инҳо як ҳадис нодуруст аст, аммо чунин нест. Пеш аз ин ки ҳадисҳоро зикр кунем, ҷумлаи لا نبی بعدی -ро аз назар мегузаронем. Ин ҳадис дар Саҳеҳи Бухорӣ аст ва як ҳадиси дигар айнан ҳамин тавр омадааст. Он ҳадис чунин аст:
حَدَّثَنَا يَحْيَى بْنُ بُكَيْرٍ، حَدَّثَنَا اللَّيْثُ، عَنْ يُونُسَ، عَنِ ابْنِ شِهَابٍ، قَالَ: وَأَخْبَرَنِي ابْنُ المُسَيِّبِ، عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ، أَنَّهُ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «إِذَا هَلَكَ كِسْرَى، فَلاَ كِسْرَى بَعْدَهُ، وَإِذَا هَلَكَ قَيْصَرُ فَلاَ قَيْصَرَ بَعْدَهُ، وَالَّذِي نَفْسُ مُحَمَّدٍ بِيَدِهِ، لَتُنْفِقُنَّ كُنُوزَهُمَا فِي سَبِيلِ اللَّهِ۔
صحیح البخاری کتاب المناقب باب علامات النبوۃ فی الاسلام
Яъне “ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки “Вақте Кисро хоҳад мурд, баъд аз ӯ ҳеҷ кас Кисро нахоҳад шуд ва вақте Қайсар хоҳад мурд, баъд аз ӯ ҳеҷ кас Қайсар нахоҳад шуд”.
Акнун матни ҳар ду ҳадисро хонед. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораи худ لا نبی بعدی фармуданд ва дар бораи Кисро لا کسری بعدہٗ ва дар бораи Қайсар لا قیصر بعدہ фармуданд. Матни ҳар ду ҳадисро нигоҳ кунед. Ҳеҷ фарқ нест. Танҳо як ҷо بعدی аст ва дигар ҷо بعدہ аст. Оё баъд аз Қайсар ягон Қайсар нашудааст ва баъд аз Кисро ягон Кисро нашудааст? Агар баъд аз Қайсар ва Кисрои замони ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Қайсару Кисро шуда бошанд ва албатта шудаанд, пас, ин ҳадис чӣ маъно дорад? Диққат диҳед. Хонандагони азиз, бидонед, ки маънои ин ҳадис чунин аст, ки баъд аз Қайсару Қисрои замони ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Қайсару Кисрои дигар мешаванд, аммо ҳеҷ кас то ба он дараҷа ва шаъну шавкати онҳо нахоҳад расид. Чӣ хеле, ки дар «Фатҳулборӣ» навишта шудааст:
مَعْنَاہُ فَلَا قَیْصَرَ بَعْدَہٗ یَمْلِکُ مِثْلَ مَا یَمْلِکُ ھُوَ۔ فتح الباری شرح صحیح البخاری۔ جلد6
Яъне “маънои ин ҳадис ин мебошад, ки вақте Қайсар хоҳад мурд, баъд аз ӯ ягон Қайсар пайдо нахоҳад шуд, ки мисли ӯ ҳукумат хоҳад кард”. Пас маълум мешавад, ки маънои لا نبی بعدی низ ҳамин мебароянд, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам то қиёмат чунин набӣ нахоҳад омад, ки дар мақому дараҷа мисли ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам барояд. Ин “لا” барои нафии сифати мавсуф меояд. Чӣ хеле, ки як мақоли машҳур дар арабҳо аст, ки
لَا فَتٰی اِلَّا عَلِیٌّ لَا سَیْفَ اِلَّا ذُوالْفقَارِ۔ موضوعات کبیر، صفحہ 59،81
Оё баъд аз ҳазрати Алӣ (р) ягон ҷавон таваллуд нашудааст ва оё баъд аз зулфиқор ягон шамшер сохта нашудааст? Дар ҳақиқат дар ин ҷо гуфта шудааст, ки касе мисли ҳазрати Алӣ (р) шуда наметавонад. Дар ҳадис низ لا барои нафии ҷинс нест, балки барои нафии сифати мавсуф омадааст. Ҳазрати Имоми Розӣ (р) дар шарҳи لَا ھِجْرَۃَ بَعْدَ الْفَتْحِ۔ صحیح بخاری کتاب مناقب الانصار باب ھجرۃ النبی صلی اللہ علیہ وسلم وأصحابہ الی المدینۃ навиштаанд:
وَاَمَّا قَوْلُہٗ عَلَیْہِ السَّلَامُ لَا ھِجْرَۃَ بَعْدَ الْفَتْحِ فَالْمُرَادُ اَلْھِجْرَۃُ الْمَخْصُوْصَۃُ۔
تفسیر کبیر جلد 4 صفحہ580 مطبوعہ مصر زیر آیت ان الذین اٰمنوا وھاجروا وجاھدوا باموالھم۔ الانفال72
Яъне маънои сухани Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам لا ھجرۃ بعد الفتح чунин нест, ки баъд аз фатҳи Макка ҳар намуд ҳиҷрат манъ шудааст, балки танҳо як ҳиҷрати махсус мурод аст, ки аз Макка ба Мадина дар зиндагии ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мешуд.
Ҳамин тавр мурод дар ҳадиси لا نبی بعدی ҳар намуд нубувват нест, балки инқитои як нубуввати махсус аст, ки ҳомили шариат бошад ва шариати Қуръонро мансух кунад. Илова бар ин мустақил бошад ва аз файзони ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набошад.
Боз нуктаи дигар оид ба ин ҳадис ин мебошад, ки дар ин ҳадис калимаи بعدی низ диққатталаб аст. Дар Қуръони пок калимаи بعد барои мухолифат низ истифода шудааст:
فَبِأَيِّ حَدِيثٍ بَعْدَ اللَّهِ وَآيَاتِهِ يُؤْمِنُونَ۔ سورۃ الجاثیہ: 7
Яъне “Онҳо баъд аз Худо ва оятҳояш ба кадом сухан имон хоҳанд овард?”
Савол пайдо мешавад, ки маънои “баъд аз Худо” чист? Оё – наузубиллоҳ – баъд аз марги Худо ва оё баъд аз ғоиб шудани Худо? Албатта не. Ин ҳар ду маъно ботиланд. Дар ин ҷо ҳамин маъно ҳастанд, ки “хилофи Худо”, “ғайр аз Худо”. Ҳамин тавр маънои ҳадиси لا نبی بعدی чунин мешаванд, ки “касе бар хилофи ман бошад, набӣ нест”.
Дар ҳадиси дигар калимаи بعدی чунин истифода шудааст:
بَيْنَا أَنَا نَائِمٌ، رَأَيْتُ فِي يَدَيَّ سِوَارَيْنِ مِنْ ذَهَبٍ فَأَهَمَّنِي شَأْنُهُمَا فَأُوحِيَ إِلَيَّ فِي المَنَامِ: أَنِ انْفُخْهُمَا فَنَفَخْتُهُمَا فَطَارَا فَأَوَّلْتُهُمَا كَذَّابَيْنِ يَخْرُجَانِ بَعْدِي أَحَدُهُمَا العَنْسِيُّ، وَالآخَرُ مُسَيْلِمَةُ۔
صحیح البخاری، کتاب المغازی، باب وفد بنی حنیفۃ
Яъне ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки дар хоб ду дастбанд дидам ва Худо ваҳй кард, ки инҳоро пуф кун. Пуф кардаму онҳо парида гум шуданд.
Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам давом доданд, ки таъбири ин хоб ин аст, ки мурод аз дастбандҳо ду каззоб ҳастанд, ки баъд аз ман мешаванд. Аввалашон Асвади Ансӣ аст ва дигараш Мусайлима аст. Дар ин ҳадис ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам یَخْرُجَانِ بَعْدِیْ фармуданд, яъне ин ҳар ду каззоб баъд аз ман зуҳур мекунанд. Дар ин ҷо ҳам мурод аз بعد баъди вафоти ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нест, балки “мухолиф будан ва бар хилоф будан”-ро аст, зеро Мусайлима ва Асвади Ансӣ дар ҳаёти ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам даъвои нубувват карда бар хилофи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам баромада буданд. Чунончи дар ҳамин Саҳеҳи Бухорӣ омадааст:
فَأَوَّلْتُهُمَا الكَذَّابَيْنِ اللَّذَيْنِ أَنَا بَيْنَهُمَا، صَاحِبَ صَنْعَاءَ، وَصَاحِبَ اليَمَامَةِ۔ بخاری کتاب المغازی باب وفد بنی حنیفۃ
Дар ин ҷо انا بینھما фармуда исбот карданд, ки ман дар байни онҳо ҳастам. Маълум шуд, ки онҳо дар зиндагии ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам даъво карда буданд ва мурод аз калимаи بعد дар ҳадиси боло “бар хилоф” аст.
Акнун ин ҳадисҳоро меорем, ки дар он ҷо لا نبی بعدی гуфта шудааст ва ғайр аз он шарҳе, ки боло додем, ин ҳадисҳоро низ шарҳ медиҳем. وما توفیقنا الا باللہ
Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд:
إِنَّهُ سَيَكُونُ فِیْ أُمَّتِي ثَلَاثُونَ كَذَّابُونَ كُلُّهُمْ يَزْعُمُ أَنَّهُ نَبِيُّ وَأَنَا خَاتَمُ النَّبِیِّیْنَ لَا نَبِيَّ بَعْدِي۔ صحیح البخاری
Яъне ба наздик дар уммати ман сӣ каззоб хоҳанд шуд. Ҳар яке онҳо гумон хоҳад кард, ки ӯ набӣ аст. Ва ман хотамуннабийин ҳастам, дар муқобили ман ҳеҷ кас набӣ шуда наметавонад.
Дар ин ҳадис якум ин, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам шумораи сиро истифода карданд. Ин тавр нагуфтанд, ки то қиёмат ҳама набӣ каззоб хоҳанд шуд. Дуюм ин, ки Масеҳи маъуд (а), ки дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хоҳад омад, ӯ дар ин ҳадис шомил нест, зеро дар борааш худи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуда буданд, ки
لَیْسَ بَیْنِیْ وَ بَیْنَہٗ نَبِیٌّ۔ سنن ابی داؤد کتاب الملاحم باب خروج الدجال
Яъне байни ману ӯ (Масеҳи Мавъуд) касе дигар набӣ нест. Яъне чӣ хеле, ки ман набӣ ҳастам ӯ низ набӣ хоҳад шуд. Маълум мешавад, ки ин сӣ каззоб ҳамонҳо мешаванд, ки дар замони байни ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва Масеҳи Мавъуд даъвои нубуввати мустақил мекунанд ва ин теъдоди сӣ каззоб то ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад (а) ба итмом расида буд. Чунончи дар шарҳи мусаллам «Акмол-ул-акмол» навишта шудааст:
ھٰذَا الْحَدِیْثُ ظَھَرَ صِدْقُہٗ فَاِنَّہٗ لَوعُدَّ مَنْ تَنَبَّأَ مِنْ زَمَنِہٖ صلی اللہ علیہ وسلم اِلَی الْاٰنَ لَبَلَغَ ھٰذَا الْعَدَدَ وَ یَعْرِفُ ذَالِکَ مَنْ یّطالِعُ التَّارِیْخَ۔ اکمال الاکمال جلد 7 صفحہ 458 مصری
“Ростии ин ҳадис исбот шудааст. Агар аз замони ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам то кунун муддаиёни нубувватро шуморида шавад, пас ин теъдод ба итмом расидааст ва касе мутолиаи таърих кунад, аз ин ошно мешавад”. (Муаллифи ин китоб соли 828 ҳиҷрӣ вафот ёфт).
Маънои хотаманнабийин Имом Алӣ Алқорӣ чунин кардаанд:
اَلْمَعْنٰی اَنَّہٗ لَا یَأْتِیْ نَبِیٌّ بَعْدَہٗ یَنْسَخُ مِلَّتَہٗ وَ لَمْ یَکُنْ مِنْ اُمَّتِہٖ۔ موضوعات کبیر۔ صفحہ59 مطبوعہ مطبع مجتبائی دھلی
Яъне маънои хотаманнабийин ин мебошанд, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чунин набӣ омада наметавонад, ки динашонро мансух кунад ва аз уммати Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам набошад.
Ва дар шарҳи ҳадиси لا نبی بعدی навиштанд:
وَرَدَ لَا نَبِیَّ بَعْدِیْ مَعْنَاہُ عِنْدَ الْعُلَمَآءِ لَا یَحْدُثُ بَعْدَہٗ نَبِیٌّ بِشَرْعٍ یَنْسَخُ شَرْعَہٗ۔ الاشاعۃ فی اشراط الساعۃ صفحہ 149۔ دار الکتاب العلمیۃ بیروت
Яъне назди олимон маънои لا نبی بعدی ин мебошанд, ки дар оянда ягон набӣ пайдо нахоҳад шуд, ки шариате дошта бошад, ки шариати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро мансух кунад.
Маълум шуд, ки дар ҳадиси зери баҳс аз уммат зикри сӣ нафароне аст, ки даъвои нубуввати ташриӣ ва мустақил кунанд ва бинобар ин онҳо дигар умматӣ намебошанд. Аз як паҳлу даъвои умматӣ будан мухолифи ин ҳадис нест ва даъвои Масеҳи Мавъуд (а) ҳамин аст. Чунончи зикри ҳамин мазмун дар ҳадиси дигар шудааст ва дар он ҷо истисно низ вуҷуд дорад. Чунончи:
سَیَکُوْنُ بَعْدِیْ ثَلَاثُوْنَ کُلُّھُمْ یدْعٰی اَنَّہ نَبِیٌّ وَ اَنَّہ لَا نَبِیَّ بَعْدِیْ اِلَّا مَاشَاءَ اللہُ۔ نبراس شرح الشرح لعقائد النسفی صفحہ 445
Яъне дар уммати ман сӣ нафар мебошанд, ки даъвои нубувват хоҳанд кард ва таҳқиқ баъд аз ман набӣ нест, ғайр аз он, ки Худо хоҳад.
Дар бораи ин ривоят ба шарти сиҳат соҳиби Наброс менависад, ки алоқаи истиснои الا бо Масеҳи Мавъуд аст. Илова бар ин дар ҳошия навишта шудааст:
وَالْمَعْنٰی لَا نَبِیَّ بِنُبُوَّۃِ التَّشْرِیْعِ بَعْدِیْ اَلَّا مَاشَاءَ اللہُ مِنْ اَنْبِیَآءِ الْاَوْلِیَآءِ۔ نبراس حاشیہ صفحہ 445
Яъне маънои ҷумлаи ҳадиси لا نبی بعدی ин аст, ки ягон набӣ бо нубуввати шаръӣ баъд аз ман нахоҳад шуд. Мурод аз истиснои الا ماشاء اللہ ҳамин аст, ки انبیاء الاولیاء. Яъне ҳамон авлиёе, ки дар уммат мақоми нубувватро соҳиб хоҳанд шуд.
Боз ҳадиси дуюм чунин аст:
حَدَّثَنَا مُسَدَّدٌ، حَدَّثَنَا يَحْيَى، عَنْ شُعْبَةَ، عَنِ الحَكَمِ، عَنْ مُصْعَبِ بْنِ سَعْدٍ، عَنْ أَبِيهِ، أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ خَرَجَ إِلَى تَبُوكَ وَاسْتَخْلَفَ عَلِيًّا، فَقَالَ: أَتُخَلِّفُنِي فِي الصِّبْيَانِ وَالنِّسَاءِ؟ قَالَ: «أَلاَ تَرْضَى أَنْ تَكُونَ مِنِّي بِمَنْزِلَةِ هَارُونَ مِنْ مُوسَى إِلَّا أَنَّهُ لَيْسَ نَبِيٌّ بَعْدِي» وَقَالَ أَبُو دَاوُدَ: حَدَّثَنَا شُعْبَةُ، عَنِ الحَكَمِ، سَمِعْتُ مُصْعَبًا۔
صحیح البخاری، کتاب المغازی، باب غزوۃ تبوک
Тарҷума: Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам вақте барои ғазваи Табук баромаднӣ буданд, он гоҳ ҳазрати Алӣ (р)-ро халифаи худ интихоб карданд. Ҳазрати Алӣ (ба сабаби завқи суҳбати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ҷиҳод) гуфтанд: – Оё шумо маро дар занҳо ва хурдсолҳо монда меравед (ва иҷозати ҷанг намедиҳед)? Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҷавоб фармуданд: – Эй Алӣ, оё ту бар ин розӣ нестӣ, ки ту ба ман мисли ҳамон дараҷа бошӣ, ки ҳазрати Ҳорун (а) дар вақти набудани ҳазрати Мусо саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд, аммо ҳақиқат ин аст, ки дар вақти набудани ман ғайр аз ман ҳеҷ кас набӣ нест.
Мо андак тарҷумаро шарҳ дода гуфтем, то хонандаҳо бифаҳманд. Ҳазрати Шоҳ Валиюллоҳ (р) дар шарҳи ин ба забони форсӣ чунин фармуданд:
“Бояд донист, ки мадлули ин оят нест, илло истихлофи Алӣ (р) бар Мадина дар ғазваи Табук ва ташбеҳ додани ин истихлоф ба истихлофи Мӯсо Ҳорунро дар вақти сафари худ ба ҷониби Тур ва маънои بعدی ин ҷо غیری аст. Чунончи дар ояти فَمَنْ یَّھْدِیْہِ مِنْ بَعْدِ اللہِ гуфтаанд, на буъдияти замонӣ”.
«قرۃ العَینَیْن فی تفصیل الشیخین۔ صفحہ206»
Хулоса, дар назди ҳазрати Шоҳ Валиюллоҳ (р) аз ин ҳадис истинботи баъдияти замонӣ ҷоиз нест, зеро сухани худро давом дода дар поён менависанд:
“Зеро ки ҳазрати Ҳорун (а) баъди ҳазрати Мӯсо (а) намонданд, то эшонро баъдияти замона собит бувад ва аз ҳазрати Муртазо онро истисно кунанд”.
Дар ин бора як ривояти билмаъно чунин ворид шудааст:
غَیْرَ اَنَّکَ لَسْتَ نَبِیًّا۔ (طبقات سعد جلد 5 صفحہ 15)
Яъне вақти ғазваи Табук ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз Мадина рафтанӣ буданд ва ба ҳазрати Алӣ (р) фармуданд, ки ту дар ин ҳолати мавҷуд набудани ман мисли Ҳорун халифаи ман хоҳӣ шуд, аммо набӣ нахоҳӣ шуд.
Яъне ин ҳадис танҳо барои ҳамон вақту замон буд, на ки барои замони оянда.
Боз ҳадиси дигар чунин аст:
حَدَّثَنِي مُحَمَّدُ بْنُ بَشَّارٍ، حَدَّثَنَا مُحَمَّدُ بْنُ جَعْفَرٍ، حَدَّثَنَا شُعْبَةُ، عَنْ فُرَاتٍ القَزَّازِ، قَالَ: سَمِعْتُ أَبَا حَازِمٍ، قَالَ: قَاعَدْتُ أَبَا هُرَيْرَةَ خَمْسَ سِنِينَ، فَسَمِعْتُهُ يُحَدِّثُ عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَ: «كَانَتْ بَنُو إِسْرَائِيلَ تَسُوسُهُمُ الأَنْبِيَاءُ، كُلَّمَا هَلَكَ نَبِيٌّ خَلَفَهُ نَبِيٌّ وَإِنَّهُ لاَ نَبِيَّ بَعْدِي وَسَيَكُونُ خُلَفَاءُ فَيَكْثُرُونَ» قَالُوا: فَمَا تَأْمُرُنَا؟ قَالَ: فُوا بِبَيْعَةِ الأَوَّلِ فَالأَوَّلِ، أَعْطُوهُمْ حَقَّهُمْ، فَإِنَّ اللَّهَ سَائِلُهُمْ عَمَّا اسْتَرْعَاهُمْ۔
صحیح البخاری کتاب أحادیث الانبیاء باب ما ذکر عن بنی أسرائیل۔
Азбаски баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар замони наздики оянда халифаҳо хизмати дини Ислом карданӣ буданд, бинобар ин, ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам калимаи سیکون –ро истифода карданд, аммо Масеҳи Мавъуд (а)-ро худи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳам набӣ гуфта буданд ва ҳам халифа. Чунончи:
لَیْسَ بَیْنِیْ وَ بَیْنَہٗ نَبِیٌّ۔ سنن ابی داؤد کتاب الملاحم باب خروج الدجال
Боз дар дигар ҷо гуфта шудааст:
اَلَا اِنَّہٗ لَیْسَ بَیْنِیْ وَ بَیْنَہٗ نَبِیٌّ وَلَا رَسُوْلٌ وَ اَلَا اِنَّہٗ خَلِیْفَتِیْ فِیْ اُمَّتِیْ۔ طبرانی فی الاوسط والکبیر
Тарҷума: “Бидонед, ки байни Масеҳи Мавъуд (а) ва ман ягон набӣ нест ва бидонед, ки ӯ дар уммати ман халифаи ман аст”.
Чанд бор пеш ҳам зикр намудем, ки Масеҳи Мавъуди ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набӣ мебошад, зеро ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ӯро набӣ гуфтаанд. Ин ҳадиси Саҳеҳи Муслимро як тараф гузошта намешавад. Ин ҳадиси калон аст, аммо дар ин ҷо матни махсус, ки дар он ҷо Масеҳи Мавъудро набӣ гуфта шудааст, меорем.
یُحْصَرُ نَبِیُّ اللہُ عِیْسٰی وَ أَصْحَابُہٗ۔۔۔۔۔۔۔۔۔ فَیَرْغَبُ نَبِیُّ اللہِ عِیْسٰی وَ أَصْحَابُہٗ۔۔۔۔۔۔۔۔ ثُمَّ یَھْبِطُ نَبِیُّ اللہِ عِیْسٰی وَ أَصْحابُہٗ۔۔۔۔۔۔ فَیَرْغَبُ نَبِیُّ اللہِ عِیْسَی وَ أَصْحَابُہُ أِلَی اللہِ۔
صحیح مسلم کتاب الفتن باب ذکر الدجال
Боз ҳадиси дигар чунин аст:
حَدَّثَنَا سَعِيدُ بْنُ عَبْدِ الرَّحْمَنِ المَخْزُومِيُّ قَالَ: حَدَّثَنَا سُفْيَانُ، عَنْ الزُّهْرِيِّ، عَنْ مُحَمَّدِ بْنِ جُبَيْرِ بْنِ مُطْعِمٍ، عَنْ أَبِيهِ، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «إِنَّ لِي أَسْمَاءً، أَنَا مُحَمَّدٌ وَأَنَا أَحْمَدُ وَأَنَا المَاحِي الَّذِي يَمْحُو اللَّهُ بِيَ الكُفْرَ وَأَنَا الحَاشِرُ الَّذِي يُحْشَرُ النَّاسُ عَلَى قَدَمِي وَأَنَا العَاقِبُ الَّذِي لَيْسَ بَعْدِي نَبِيٌّ» وَفِي البَابِ عَنْ حُذَيْفَةَ: «هَذَا حَدِيثٌ حَسَنٌ صَحِيحٌ
سنن ترمذی، ابواب الأدب، باب ما جاء فی أسماء النبی صلی اللہ علیہ وسلم
Дар охири ҳадис омадааст, ки
“Ман он Оқиб ҳастам, ки баъди ӯ набӣ нест”.
Як ровии ин ҳадис Суфён аст ва дар борааш дар «Мизон-ул-эътидол» саҳифаи 397 навишта шудааст, ки ӯ тадлис мекард ва Имоми Аҳмад мегӯянд, ки ӯ аз Имом Зуҳрӣ бисёр ривоёт дорад ва дар бисёриҳо тадлис кардааст.
Ғайр аз ин Суфён ин ҳадисро аз Имоми Зуҳрӣ гирифтааст ва Имоми Зуҳрӣ матни والعاقب الذی لیس بعدہ نبی дар ҳадис илова кардаанд, зеро дар شمائل ترمذی مجتبائی дар ҷое, ки ин ҳадис аст, дар он ҷо дар болои матни والعاقب الذی لیس بعدہ نبی ва байни сатрҳо навишта шудааст, ки ھذا قول الزُھری. Яъне ин сухани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нест, балки қавли Зуҳрӣ аст. (شمائل ترمذی مجتبائی مطبوعہ 1342ھجری، صفحہ26)
Оқиб калимаи забони арабӣ аст ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо арабҳо мухотаб буданд. Дар ҳоле, ки ба арабҳо мухотаб буданд, пас, маънои калимаи “оқиб” гуфтан даркор набуд. Ин тарҷума низ гуфта истодааст, ки ин матн ҳамон вақт илова шудааст, ки вақте пеши ғайри арабҳо ин ҳадис гуфта шуд. Ҳамин аст, ки Имом Алӣ Алқорӣ (р) дар бораи ин ҳадис навиштанд, ки
اَلظَّاھِرُ اَنَّ ھٰذَا تَفْسِیْرٌ لِلصَّحَابِیِّ اَوْ مَنْ بَعْدَہ وَ فِیْ شَرْحِ مُسْلِمٍ قَالَ ابْنُ الْاَعْرَابِیِّ اَلْعَاقِبُ الَّذِیْ یُخْلِفُ فِی الْخَیْرِ مَنْ کَانَ قَبْلَہ۔
مرقاۃ شرح مشکوۃ جلد 5، صفحہ 576 باب اسماء النبی صلی اللہ علیہ وسلم الفصل الاول
Яъне зоҳиран маънои لیس بعدہ نبی ё тафсири саҳобӣ аст ва ё шарҳи ровии дигаре. Дар Муслим Ибни Аъробӣ (р) гуфтааст, ки العاقب он шахсе мебошад, ки дар некию хайр ҷонишини пешинаҳои худ бошад.
Ҳарчанд дар ин ҷо матни لیس بعدہ نبی аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нест ва аз Имоми Зуҳрӣ (р) ҳаст ва чунин зикр шудааст, ки ривоят мудаллис шудааст, аммо муроди Имоми Зуҳрӣ ҳамин шуда метавонад, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон набии шариатдор нахоҳад омад ва аз пайғамбарони шариатдор ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз ҳама охир омадаанд.
Бузургон
Дар охир бояд зикр намуд, ки ин маънои ҳадиси لانبی بعدی танҳо ҷамоати Аҳмадия накардааст, балки дар замонҳои гуногун олимони гуногун низ ин маъноро кардаанд. Шайх Муҳйиддин ибни Арабӣ фармуданд:
وَھٰذَا مَعْنٰی قَوْلِہٖ صلی اللہ علیہ وسلم اِنَّ الرَّسَالَۃَ وَالنُّبُوَّۃ قَدِ انْقَطَعَتْ فَلَا رَسُولَ بَعْدِیْ وَلَا نَبِیَّ اَیْ لَا نَبِیَّ بَعْدِیْ یَکُوْنُ عَلٰی شَرْعٍ یُخَالِفُ شَرْعِیْ بَلْ اِذَا کَانَ یَکُوْنُ تَحْتَ حُکْمِ شَرِیْعَتِیْ۔
فتوحات مکیۃ جلد 2، صفحہ 3 مصری مطبوعہ دارالکتب العربیہ الکبریٰ
Яъне ҳадиси لا نبی بعدی ҳамин маъноро дорад, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чунин набӣ омада наметавонад, ки бар хилофи шариати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба шариати дигар амал кунад. Агар зери шариати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам шуда ояд, пас набӣ шуда метавонад.
Ҳазрати Имоми Шеъронӣ мефармоянд:
قَوْلُہٗ صلی اللہ علیہ وسلم فَلَا نَبِیَّ بَعْدِیْ وَلَا رَسُوْلَ الْمُرَادُ بِہٖ مُشْرِعَ بَعْدِیْ۔ الیواقیت الجواھر، جلد2، صفحہ24
Яъне мурод аз сухани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам لا نبی بعدی ولا رسول ҳамин аст, ки баъд аз ман ягон соҳиби шариат набӣ нахоҳад шуд.
Уммулмуъминин ҳазрати Оиша (р) чунин гуфта буданд:
قُوْلُوْا اِنَّہٗ خَاتَمُ الْاَنْبِیَآءِ وَلَا تَقُوْلُوْا لَا نَبِیَّ بَعْدَہٗ۔ در منثور جلد 5، صفحہ 204 و تکملۃ مجمع البحار صفحہ85
Яъне “Шумо ин тавр бигӯед, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хотаманнабийин ҳастанд, аммо чунин нагӯед, ки баъд аз Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам набӣ нест”
Дар китоби луғат «Такмилаи Маҷма-ул-биҳоруланвор»-и Имом Муҳаммад Тоҳир навишта шудааст:
وَھٰذَا اَیْضًا لَا یُنَافِیْ حَدِیْثَ لَا نَبِیَّ بَعْدِیْ لِاَنَّہٗ اَرَادَ لَا نَبِیَّ یَنْسَخُ شَرْعَہٗ۔ تکملہ مجمع البحار الانوار، صفحہ85
Муаллиф ишора ба тарафи қавли ҳазрати Оиша (р) мекунад, ки
قُوْلُوْا اِنَّہٗ خَاتَمُ الْاَنْبِیَآءِ وَلَا تَقُوْلُوْا لَا نَبِیَّ بَعْدَہٗ۔ در منثور جلد 5، صفحہ 204 و تکملۃ مجمع البحار صفحہ85
Яъне “Шумо бигӯед, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хотаманнабийин ҳастанд, аммо чунин нагӯед, ки баъд аз Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам набӣ нест”. Ин сухан зидди ҳадиси لا نبی بعدی нест, зеро мурод аз сухани لا نبی بعدی ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳамин буд, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон набӣ нахоҳад омад, ки шариаташонро мансух кунад.
Навоб Нурулҳасанхон менависанд:
Ҳадиси لا وَحْیَ بَعْدَ مَوْتِی беасос аст, аммо لا نبی بعدی омадааст, ки маънои он назди аҳли илм ин мебошанд, ки баъд аз ман ягон набии шаръи носих нахоҳад овард. (Иқтироб-ус-соат, 162 с.)
Хонандагони азиз, дар ин мақола исбот карда шудааст, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набии шариатдор омада наметавонад. Танҳо набии ғайри шаръӣ ва итоаткунандаи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам омада метавонад. Даъвои ҳазрати Масеҳи Мавъуд – Мирзо Ғулом Аҳмад (а) низ ҳамин аст ва ягон шариати нав наовардаанд. Вақте Худо дид, ки дар ин замон ислоҳи мардум даркор шудааст, набии худро мабъус кард, ки Имом Маҳдӣ ва Масеҳи Мавъуд низ ҳаст.
Агар шумо бо вуҷуди ин далелҳо дар дил шубҳа доред ва ин далелҳоро қабул кардан намехоҳед, пас як роҳи осон ҳамин аст, ки аз Худо пурсед ва аз ӯ ҳидоят биҷӯед, зеро молики ҳар як дин Худо аст ва Худо бандагони худро роҳи рост нишон медиҳад. Дуо кунед, зеро пеши Худо ҳар кас ҷавоб медиҳад.
وما علینا الا البلاغ المبین
Leave A Comment