ТАФСИРИ ОЯТИ ХОТАМАННАБИЙИН

АЗ РӮЙИ ГУФТАҲОИ БУЗУРГОНИ САЛАФ

Дар мақолаи дигар мо ояти хотаманнабийинро шарҳ дода будем ва бо далелҳо гуфта будем, ки ояти хотаманнабийин дар ҳақиқат дараҷаи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро ба баландтарин мақом мерасонад ва ба воситаи ин оят дигар ягон кас берун аз итоати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набӣ шуда наметавонад. Агар Худо касеро дараҷаи нубувват доданӣ бошад, пас ӯ ҳатман зери итоати комили шариати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бошад ва фармонбардори ҳазрати Сайядулмурсалин саллаллоҳу алайҳи ва саллам бошад. Ғайр аз ин ягон роҳи нубувват нест. Аз Қуръон чанд қадар оятҳоро нишон додем, ки аз рӯйи онҳо баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набӣ омадан мумкин аст, дар ҳақиқат ин нубувват зери шариати муҳаммадия мебошад. Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад – Масеҳ ва Маҳдии Мавъуд (а) низ итоати комили Қуръону суннатро карда аз тарафи Худо то ба дараҷаи нубувват расиданд ва Қуръон дари ҳамин хел нубувватро кушода мондааст.

Дар ин мақола боз ояти хотаманнабийинро бори дигар аз навиштаҳои бузургони гузашта шарҳ хоҳем дод ва маънои ХОТАМ-ро ба хонандагон нишон медиҳем. وما توفیقنا الا باللہ. Бори дигар ояти каримаро менависем.

مَا کَانَ مُحَمَّدٌ اَبَاۤ اَحَدٍ مِّنۡ رِّجَالِکُمۡ وَلٰکِنۡ رَّسُوۡلَ اللّٰہِ وَخَاتَمَ النَّبِیّٖنَؕ وَکَانَ اللّٰہُ بِکُلِّ شَیۡءٍ عَلِیۡمًا۔سورۃ الاحزاب:41

Дар мақолаи пеш гуфта будем, ки кадом маънои ибораи хотаманнабийин карда шавад, мо қабул мекунем ва аз рӯйи ҳамон маъно шарҳ медиҳем ва шарҳ низ дода будем. Мухолифони мо дар ин оят тарҷумаи хотаманнибийинро чунин мекунанд, ки аз рӯйи ин ибора гӯё ягон намуд набӣ баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам омада наметавонад. Акнун ҳамин амрро шарҳ хоҳем дод.

Маънои хотам (خَاتَمْ) бо фатҳаи ҳарфи “то” (ت) хатмкунанда намебошанд, зеро ин исми фоил нест, балки исми ола аст. Масалан, калимаи олам (عَالَمْ)  маънои инро дорад (مَا یُعْلَمُ بِہٖ), яъне он чизе, ки аз он илм ҳосил шавад, яъне ҳастии Худованд маълум шавад, зеро аз дунё ҳастии Худо маълум мешавад, бинобар ин, инро олам мегӯянд. Ҳамин тавр калимаи ХОТАМ аст, ки маънояш “یُخْتَمُ بِہٖ” хоҳанд шуд, яъне ҳарфи “то”и хотам касра надорад, балки фатҳа дорад. Хулоса, тарҷумаи ХОТАМ “хатмкунанда” намебошад. Дар исми фоил ҳарфи айнаш максур мебошад, масалан, қотил, носир, фоил ва ғайра, аммо дар ҳарфи хотам ҳарфи айни он максур нест, балки мафтуҳ аст.

Далели дуюм ин аст, ки дар забони арабӣ вақте хотам бо фатҳаи “то” бошад ва музофи сиғаи ҷамъ бошад, масалан, хотамушшуаро (خَاتَمُ الشُّعَرَاءِ), хотамулфуқаҳо (خَاتَمُ الْفُقَھَاءِ), хотамулакобир (خَاتَمُ الْاَکَابِرِ), хотамулавлиё (خَاتَمُ الْاَوْلِیَاءِ), хотамулмуҳоҷирин (خَاتَمُ الْمُھَاجِرِیْنَ), хотаманнабийин (خَاتَمَ النَّبِیِّیْن), дар ин сурат маънояш “афзалтар аз баъдинаҳо” мебошанд. Худи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам калимаи хотамро ба ҳамин маъно истифода кардаанд, чунончи:

اِطْمَئِنَّ یَا عَمِّ فَاِنَّکَ خَاتَمُ الْمُھَاجِرِیْنَ فِی الْھِجْرَۃِ کَمَا اَنَا خَاتَمُ النَّبِیِّیْنَ فِی النُّبُوَّۃِ۔ کنز العمال جلد:6، ص:178 حرف العین فی ذکر العباس

Яъне “эй амакӣ (Аббос), хотирҷамъ бошед, ки шумо мисли хотаманнабийин будани ман хотамулмуҳоҷирин ҳастед”.

(Канзулуммол, ҷ. 6, саҳ. 178, ҳарфулайн фӣ зикрилааббос)

Акнун оё баъд аз ҳазрати Аббос (р) ягон муҳоҷир нашудааст? То имрӯз ҳазорҳо мусалмон ҳиҷрат кардаанд. Маълум мешавад, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳазрати Аббос (р)-ро ба ин маъно хотамулмуҳоҷирин гуфтаанд, ки баъд аз ӯ ягон муҳоҷир мисли шаъни ӯ нахоҳад шуд.

Боз гуфта шудааст, ки

اَنَا خَاتَمُ الْاَنْبِیَاءِ وَ اَنْتَ یَا عَلِیُّ خَاتَمُ الْاَوْصِیَاءِ۔

کنوز الحقائق فی احادیث خیر الخلائق بر حاشیہ جامع الصغیر مصری جلد 1، ص:80

Яъне “Ман хотамуланбиё ҳастам ва эй Алӣ, ту хотамулавсиё ҳастӣ”. Оё баъд аз ҳазрати Алӣ (р) ягон кас мусӣ нашудааст?

Дар ривояти дигар чунин аст:

اَنَا خَاتَمُ الْاَنْبِیَاءِ وَاَنْتَ یَا عَلِیُّ خَاتَمُ الْاَوْلِیَآءِ۔

تفسیر صافی زیر آیت خاتم النبیین، احزاب:40

Акнун ҳама медонанд, ки баъд аз саҳоба ризвонуллоҳ алайҳим аҷмаин бисёр авлиё гузаштаанд. Пас, хонандагон фикр кунанд, ки маънои хотам чӣ мебошад?

Дар сарварақи китоби «Футӯҳоти маккия» ҳазрати Шайх Муҳйиддини ибни Арабиро “хотамулавлиё” навишта шудааст.

Олими Девбанд Мавлавӣ Маҳмудулҳасан девбандӣ дар вафоти Мавлавӣ Рашид Аҳмад Гангуҳӣ марсия навишт ва дар сарварақаш марҳумро “хотамулавлиё валмуҳаддисин” навишт.

Ҳазрати Шоҳ Абдулазиз муҳаддис деҳлавӣ дар сарварақи рисолаи «Уҷолаи нофеа» (عجالہ نافعہ) мавсуфро “хотамулмуҳаддисин” навишт.

Ҳазрати Сайид Абдулқодири Ҷилонӣ фармуданд, ки

بِکَ تُخْتِمُ الْوَلَایَۃُ۔ فتوح الغیب مقالہ نمبر 4، ص:23 نولکشور

Ва тарҷумаи ин гуфтор Шайх Абдулҳақ муҳаддис деҳлавӣ чунин кард:

“Дар замони ту мартабаи вилояту камоли ту фавқи камолоти ҳама бошад ва қадами ту бар гардани ҳама афтад”. «Футӯҳ-ул-ғайб. С. 23»

Яъне ҳазрати Сайид Абдулқодири Ҷилонӣ тавре, ки гуфтаанд, ки эй инсон, ту аз халқат хоҳӣ мурд, сонӣ тараққӣ карда “хотамулавлиё” хоҳӣ шуд. Ин маънои он дорад, ки ту ба дараҷаи камоли вилоят хоҳӣ расид ва мақоми вилояти ту аз ҳар як валӣ болотар хоҳад шуд ва қадами ту бар гардани валиҳои дигар хоҳад шуд.

Маълум шуд, ки маънои хотаманнабийин низ ҳамин мебошанд, ки ҳеҷ русуле дараҷаи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро соҳиб шуда наметавонад ва Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро нубуввати комила дода шудааст.

Боз Мавлавӣ Башир Аҳмад девбандӣ менависанд, ки

خَاتَمُ الْاَکَابِرِ. Вафоти ҳазрати Гангуҳӣ нақшаи шаҳодати Форуқиро ба ёд овардааст.

«Рисолаи Алқосим, ҷилди 2, С. 5,9»

Боз гуфта шудааст:

خَاتَمَۃُ الْحُفَّاظِ شَمْسُ الدِّیْنِ اَبِی الْخَیْرِ محمد بن محمد بن محمد الجرزی الدمشقی۔ دیباچہ التجرید الصریح، ص 4،5

Мавлоно Шиблии Нуъмонӣ дар бораи шоирони Ҳиндустон Ғолиб ва Завқ ибораи “Хотамушшуаро” истифода кардаанд. (موازنہ انیس و دبیر۔ ص:29)

Дар бораи Мавлоно Шиблӣ дар китоби «Ифодоти Маҳдӣ», дар саҳифаи 294 навишта шудааст, ки ӯ “Хотамулмусаннифин” аст.

Боз шоири классик Анварӣ дар мадҳи Ғиёсиддин Муҳаммад Ғурӣ навиштааст:

Бар ту султоният хатму бар мани мискин сухан,

Чун шуҷоат бар Алӣ, бар Мустафо пайғамбарӣ. (Куллиёти Анварӣ)

Боз гуфта шудааст:

لَخَاتَمُ الْحُفَّاظِ وَالْمُجْتَھِدِیْنَ مُجَدِّد الْمائَۃِ التَّاسِعَۃ الشَّیْخُ اَبِیْ الْفَضْلِ جَلَالُ الدِّیْنِ عَبْدُ الرَّحْمٰنُ السَّخَاوِی بنُ اَبیْ بَکْرٍ الشَّھِیْرُ بِالسُّیُوْطِی۔

(المصنوع فی احادیث الموضوع صفحہ 3۔ از قلم شیخ محمد طاھر)

Дар вафоти муаллифи «Ҳаммоса», Абӯтамом Аттой, Ҳасан ибни Ваҳб чунин марсиягӯӣ мекунад:

فُجِعَ الْقَرِیْضُ بِخَاتَمِ الشُّعَرَاءِ

وَغَدِیْرِ رَوْضَتِھَا حَبِیْبِ الطَّائِی

(وفیات الاعیان وابن خلکان جلد 1، ص123 مصری)

Дар ин шеър Абӯтамомро “хотамушшуаро” гуфта шудааст. Ҳол он ки худи Ҳасан ибни Ваҳб шоир аст. Аз ин маълум мешавад, ки дар забони арабӣ маънои хотам, афзал мебошад, на ки хатмкунанда.

Имом Зарқонӣ маънои “хотаманнабийин” чунин менависанд:

وَالْخَاتَمُ۔۔۔ اَمَّا بِفَتْحِھَا مَعْنَاہُ اَحْسَنُ الْاَنْبِیَاءِ خَلْقًا وَ خُلْقًا لِاَنَّہٗ صلی اللہ علیہ وسلم جَمَالُ الْاَنْبِیَآءِ کَالْخَاتَمِ الَّذِیْ یُتَجَمَّلُ بِہٖ وَاَمَّا بِالْکَسْرِ۔۔۔ فَمَعْنَاہٗ اٰخِرُ الْاَنْبِیَاءِ۔

(شرح مواھب اللدنیہ جلد 4، ص 164 مطبوعہ مصر)

Яъне бо фатҳаи ҳарфи “то” маънои хотаманнабийин аҳсануланбиё мебошанд, зеро ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷамоли ҳамаи пайғамбаронанд, мисли ангуштарине, ки мақсадаш ҳосил намудани ҷамол аст. Ва бо касраи “то” маънои хотим “пайғамбари охир” мебошад.

Бидонед, ки дар Қуръон хотам бо фатҳаи ҳарфи “то” омадааст.

Асосгузори фирқаи девбанд Мавлоно Муҳаммад Қосим Нонотавӣ дар китоби худ «Таҳзир-ун-нос» ояти хотаманнабийинро айнан маънои мо мекунанд ва дар саҳифаи 25 ва дар чопи дигар дар саҳифаи 28 натиҷа бароварда мегӯянд: “Агар фарз кунем, ки баъд аз замони набавӣ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон набӣ пайдо шавад, он гоҳ дар хотамияти муҳаммадӣ ҳеҷ фарқ нахоҳад омад”. (Таҳзир-ун-нос, С. 25)

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ низ дар шеъри худ маънои хотам “афзал” кардаанд:

بھر این خاتم شدست او کہ بہ جود

مثل او نہ بود و نہ خواھند بود

چونکہ در صنعت برد استاد دست

نہ تو گوئی ختم صنعت بر توست

(مثنوی معنوی مولوی، دفتر ششم، بخش 2)

Баҳри ин хотам шудаст ӯ, ки ба ҷуд,

Мисли Ӯ на буду на хоҳанд буд.

Чунки дар санъат барад устод даст,

На ту гӯй: «Хатми санъат бар ту аст».

Дар «Тафсири Ҳусайнӣ» навишта шудааст:

Дар Айнулаҷвиба навишта шудааст, ки тасдиқи ҳар як навишта бо муҳри ӯ мешавад ва Ҳаққи таоло Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва салламро муҳр кард, то мардум бифаҳманд, ки дуруст будани даъвои муҳаббати Илоҳӣ дар натиҷаи пайравии ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам исбот мешавад. ان کنتم تحبون اللہ فاتبعونی یحببکم اللہ. Бузургию шарафи ҳар як китоб ба сабаби муҳри вай аст. Ҳамин тавр шарафи ҳар як пайғамбар бо зоти ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст ва шоҳиди ҳар як навишта муҳри ӯ мебошад ва рӯзи қиёмат ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам шоҳид хоҳанд шуд.

(Тафсири Ҳусайнӣ. Зери ояти хотаманнабийин, сураи Аҳзоб)

Дар ин ҷо низ маънои хотаманнабийин мусаддиқуланбиё, афзалуланбиё ва шоҳидуланбиё карда шудаанд. Фикр кунед.

Маълум шуд, ки тибқи муҳовараи аҳли араб ва худи Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам маънои хотаманнабийин “афзалуланбиё” мебошанд, на ки хатмкунандаи пайғамбарон. Дар китоби луғат зери калимаи хотам сухани ҳазрати Оиша (р) навишта шудааст:

قُوْلُوْا اَنَّہٗ خَاتَمُ الْاَنْبِیَاءِ وَلَا تَقُوْلُوْا لَا نَبِیَّ بَعْدَہٗ۔ (تکملہ مجمع بحار الانوار۔ ص۔85)

Дар ин ҷо ҳазрати Оиша (р) низ маънои хотамуланбиёро ба мардум мефаҳмонанд, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро хотамуланбиё бигӯед, аммо чунин нагӯед, ки баъд аз Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон намуд набӣ нест. Ва дар шарҳи ин навишта шудааст, ки

ھٰذَا نَاظِرٌ اِلٰی نُزُوْلِ عِیْسٰی وَھٰذَا اَیضًا لَا یُنَافِیْ حَدِیْثَ لَا نَبِیَّ بَعْدِیْ لِاَنَّہٗ اَرَادَ لَا نَبِیَّ یَنْسَخُ شَرْعَہٗ۔ (تکملہ مجمع بحار الانوار۔ 85)

Яъне маънои لا نبی بعدی ҳамин аст, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон набӣ намеояд, ки шариати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро мансух кунад.

Акнун маънои дигари хотам мегирем ва он маънои ангуштарин мебошанд. Азбаски инсон ангуштаринро барои зебу зинат мепӯшад, пас маънои “хотаманнабийин”  низ зинати пайғамбарон хоҳанд шуд. Чунончи дар «тафсири Фатҳулбаён» навишта шудааст, ки

صَارَ کَالْخَاتَمِ لَھُمُ الَّذِیْ یَخْتَمُوْنَ بِہٖ وَ یَتَزَیَّنُوْنَ بِکَوْنِہٖ مِنْھُمْ۔

(تفسیر فتح البیان۔ جلد 7، ص 286)

Яъне ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ангуштарини пайғамбарон шуданд, ба сабаби он, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам яке аз онҳо мебошанд ва онҳо аз вуҷуди Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам зинат ҳосил мекунанд.

Дар «Маҷмаъ-ул-баҳрайн» зери калимаи خَتَمَ маънои “хотаманнабийин” чунин навишта шудаанд:

خَاتَمُ بَمَعْنِیْ الزِّیْنَۃِ مَاخُوذٌ مِنَ الْخَاتَمِ الَّذِیْ ھُوَ زِیْنَۃٌ لِلَابِسِہٖ۔

Яъне маънои хотам “зинат” мебошанд ва ин маъно аз ангуштарин мебароянд, ки барои пӯшанда мӯҷиби зинат мебошад.

Шоири машҳури араб Шаҳобуддин Алмусавӣ маъруф ба Ибни Маътуқ дар қасидаи худ ин маънои хотамро таъйид мекунад:

طَوْقُ الرَّسَالَۃِ تَاجُ الرُّسُلِ خَاتَمُھُم

بَلْ زِیْنَۃٌ لِعِبَادِ اللہِ کُلِّھِمْ

(کتاب المجموعۃ البنھانیۃ فی المدائح النّبویۃ)

Яъне ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам тавқ, тоҷ ва ангуштарини рисолат мебошанд.

Дар «Тазкиратулавлиё» Шайх Фаридуддини Аттор раҳимаҳуллоҳ навиштаанд:

“Маҷзуб дараҷаҳои бисёр дорад. Баъзе аз онҳо қисми сеюми нубувватро соҳиб мешаванд ва баъзе аз онҳо нисфи онро ва баъзе аз нисф зиёд соҳиб мешаванд. Ҳатто баъзе маҷзуб чунин мебошанд, ки аз ҳама маҷзубҳо қисми зиёди нубувватро соҳиб мешаванд ва ӯ хотамулавлиё мебошад. Чӣ хеле, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хотамуланбиё ҳастанд ва мумкин аст, ки ин маҷзуб ИМОМ МАҲДӢ шавад”.

(Тазкиратулавлиё, боби 58)

Хонандагони азиз. Аз ин мақола ба ҳар як мусалмони ҳақҷӯ возеҳ шудааст, ки аз ибораи хотаманнабийин, ки дар Қуръон истифода шудааст, ҳеҷ гоҳ ин маъно намебарояд, ки баъд аз Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон намуд пайғамбар омада наметавонад, балки Худо қодир аст, ки дар вақти лозим набӣ фиристад, танҳо аз рӯйи ибораи хотаманнабийин шарт ҳамин аст, ки он набӣ итоаткунандаи комили ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бошад. Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад (а) низ ягон даъво берун аз Қуръон накардаанд. Даъвои нубуввати эшон аввал аз тарафи Худо ва дуюм аз рӯйи оятҳои Қуръон мебошад. Бо вуҷуди ин қадар далелҳо дили инсон итминон намеёбад. Бинобар ин, мо ҳама вақт дархост мекунем, ки аз Худо аз таҳти дил дуо карда ҳидоятро пурсед, то шумо аз қабули ин Маҳдӣ маҳрум шуда пеши Худо наравед.

وما علینا الا البلاغ المبین