ДАЛЕЛҲОИ ДАҲУМ, ЁЗДАҲУМ ВА ДУВОЗДАҲУМИ ИМКОНИ НУБУВВАТ ДАР УММАТИ ҲАЗРАТИ МУҲАММАД САЛЛАЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВА САЛЛАМ
ДАЛЕЛИ ДАҲУМ
Худои таоло дар Қуръон мефармояд:
وَاِنۡ مِّنۡ قَرۡیَۃٍ اِلَّا نَحۡنُ مُہۡلِکُوۡہَا قَبۡلَ یَوۡمِ الۡقِیٰمَۃِ اَوۡ مُعَذِّبُوۡہَا عَذَابًا شَدِیۡدًاؕکَانَ ذٰلِکَ فِی الۡکِتٰبِ مَسۡطُوۡرًا۔ سورۃ بنی اسرائیل:59
Яъне “Пеш аз барпо шудани қиёмат Мо ҳар як қарияро мубталои азоби шадид хоҳем кард ва ин амр дар китоб навишта шудааст”.
Боз дар ҳамин сура Худо мефармояд:
وَمَا کُنَّا مُعَذِّبِیۡنَ حَتّٰی نَبۡعَثَ رَسُوۡلًا۔ سورۃ بنی اسرائیل:16
“То вақте, ки мо набӣ нафиристем, азоб нозил намекунем”. Яъне аввал набӣ мефиристем, то атмоми ҳуҷҷат шавад ва баъд азоб бар инкоркунандагон мефиристем.
Боз фармуд:
وَمَا کَانَ رَبُّکَ مُہۡلِکَ الۡقُرٰی حَتّٰی یَبۡعَثَ فِیۡۤ اُمِّہَا رَسُوۡلًا یَّتۡلُوۡا عَلَیۡہِمۡ اٰیٰتِنَا۔ سورۃ القصص:60
Яъне “Рабби ту қарияҳоро (ҷойи зисти одамон) ҳалок намекунад, то вақте ки дар байни яке аз онҳо русул барпо накунад, то (пеш аз азоб) ӯ пеши онҳо оятҳои Моро хонад (ва ба ин тариқ бар онҳо атмоми ҳуҷҷат карда нашавад)”.
Боз Худо дар ҷойи дигар мефармояд:
وَلَوۡ اَنَّـاۤ اَہۡلَکۡنٰہُمۡ بِعَذَابٍ مِّنۡ قَبۡلِہٖ لَقَالُوۡا رَبَّنَا لَوۡلَاۤ اَرۡسَلۡتَ اِلَیۡنَا رَسُوۡلًا فَنَتَّبِعَ اٰیٰتِکَ مِنۡ قَبۡلِ اَنۡ نَّذِلَّ وَنَخۡزٰی۔ سورۃ طٰہٰ:135
Яъне “Агар Мо пеш аз оне, ки ба воситаи набӣ нишонаҳо нишон медодем, бар онҳо азоб нозил мекардем, пас онҳо мегуфтанд, ки эй Рабби мо, чаро Ту ба тарафи мо русуле нафиристодӣ, то мо пеш аз оне, ки чунин залилу расво мешудем, пайравии ӯ мекардем”.
Дар сураи Қасас низ ояти ба ҳамин мазмун вуҷуд дорад.
Хонандагони азиз ҳамаи ин оятҳоро хонда фикр кунанд. Аз ҳамаи ин оятҳо аз рӯйи суннати Худо исбот мешавад, ки Худои таоло дари нубувватро маҳкам намекунад. Аз рӯйи мазмуни ин оятҳои боло азбаски пеш аз азоб набӣ меояд, пас агар азоб бар мардуми инкоркунандагон ва аз доираи итоат берун шудагон омаданӣ бошад, пас пеш аз он азоб бояд аз тарафи Худо набӣ низ ояд. فاعتبروا یٰاولی الابصار
ДАЛЕЛИ ЁЗДАҲУМ
Худои таоло дар Қуръони пок мефармояд:
وَاِذۡ اَخَذَ اللّٰہُ مِیۡثَاقَ النَّبِیّٖنَ لَمَاۤ اٰتَیۡتُکُمۡ مِّنۡ کِتٰبٍ وَّحِکۡمَۃٍ ثُمَّ جَآءَکُمۡ رَسُوۡلٌ مُّصَدِّقٌ لِّمَا مَعَکُمۡ لَتُؤۡمِنُنَّ بِہٖ وَلَتَنۡصُرُنَّہٗ۔۔۔ سورۃ اٰل عمران:82
Ва чун Худо аз пайғамбарон аҳд гирифт, ки дар ҳоле, ки шуморо китоб ва ҳикмат додаам, боз агар назди шумо русуле ояд, ки тасдиқкунандаи он чиз бошад, ки дар дасти шумо аст, шумо бояд ба ӯ имон оваред ва бояд ӯро ёрӣ диҳед…
Ҳазрати Имоми Розӣ раҳимаҳуллоҳ дар шарҳи ин оят навишта буданд, ки
فَحَاصِلُ الْکَلَامِ اِنَّہٗ تَعَالٰی اَوْجَبَ عَلٰی جَمِیْعِ الْاَنْبِیَاءِ الْاِیْمَانَ بِکُلِّ رَسُوْلٍ جَآءَ مُصَدِّقًا لِّمَا مَعَھُمْ۔ تفسیر کبیر جلد 2۔ ص 726
Яъне хулосаи калом ин аст, ки Худои таоло бар ҳамаи анбиё воҷиб кардааст, ки онҳо ба ҳар он русуле имон оваранд, ки нубуввати онҳоро тасдиқ мекунад.
Акнун савол пайдо мешавад, ки оё аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ аҳд (мисоқ) гирифта шудааст ва ё не? Қуръони пок ҷавоб мегӯяд:
وَاِذۡ اَخَذۡنَا مِنَ النَّبِیّٖنَ مِیۡثَاقَہُمۡ وَمِنۡکَ وَمِنۡ نُّوۡحٍ وَّاِبۡرٰہِیۡمَ وَمُوۡسٰی وَعِیۡسَی ابۡنِ مَرۡیَمَ۪ وَاَخَذۡنَا مِنۡہُمۡ مِّیۡثَاقًا غَلِیۡظًا۔ سورۃ الاحزاب:8
Худои таоло мефармояд, ки вақте мо аз пайғамбарон аҳд гирифтем, аз ту (яъне ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) низ аҳд гирифтем ва аз ҳазрати Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо ва Исо ибни Марям низ аҳд гирифтем.
Агар баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дари нубувват маҳкам мешуд, пас, Худои таоло чаро ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар мисоқ шомил намудааст? Маълум шуд, ки ин оят низ далели имкони нубувват шуда метавонад.
ДАЛЕЛИ ДУВОЗДАҲУМ
Худои таоло дар Қуръон фармудааст:
۔۔۔اَلۡیَوۡمَ اَکۡمَلۡتُ لَکُمۡ دِیۡنَکُمۡ۔۔۔ سورۃ المائدۃ:4
Яъне имрӯз Ман дини шуморо комил кардаам. Яъне Қуръони пок як шариати мукаммал шудааст.
Ҳамаи мо аҳамияти ин оятро медонем. Яҳудиҳо мегуфтанд, ки агар ин оят аз они мо мешуд, мо Ид мекардем. Вазифаи ҳақиқии шариат ҳамин мебошад, ки дар дунё инсонро бо Худо алоқаманд мекунад. Чӣ қадар шариат комил бошад, ҳамон қадар алоқаи инсонро бо Худо мустаҳкам мекунонад ва ҷӣ қадар шариат камӣ дошта бошад, ҳамон қадар алоқаи инсонро бо Худо заиф мекунонад.
Акнун медонем, ки Қуръон шариати мукаммал аст ва ба ҳамин сабаб исбот мешавад, ки ин шариат алоқаи иснонро бо Худо комил пайдо мекунад. Аз ҳама алоқаи мустаҳкаме, ки инсонро бо Худо аст, алоқаи пайғамбарӣ аст. Аз рӯйи оятҳои дигари Қуръон низ маълум мешавад, ки Худо агар ба ягон инсон розӣ шавад, ӯро мақомҳои гуногун ато мекунад, то он инсон бо Худо наздик шавад ва он мақомҳо солеҳият, шаҳид, сиддиқ ва набӣ мебошанд.
Агар чунин гуфта шавад, ки Қуръон ҳеҷ инсонро ба мақоми нубувват намерасонад, пас ба таври дигар гӯё иқрор мекунем, ки Қуръон шариати комил нест. Албатта чунин нест. Пас, фикри мардум нодуруст аст, ки Қуръон касеро ба мақоми нубувват расонда наметавонад.
وما علینا الا البلاغ المبین۔
Leave A Comment