ДАЛЕЛИ ШАШУМ ВА ҲАФТУМИ ИМКОНИ НУБУВВАТ ДАР УММАТИ ҲАЗРАТИ МУҲАММАД САЛЛАЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВА САЛЛАМ
ДАЛЕЛИ ШАШУМ
Худои таоло дар Қуръони маҷид мефармояд:
وَمَا كَانَ لَكُمْ أَن تُؤْذُوْا رَسُولَ اللّٰهِ وَلَا أَنْ تَنْكِحُوْا أَزْوَاجَهُ مِنْ بَعْدِهِ أَبَدًا۔ سورۃ الاحزاب:54
Тарҷума: “Ва шуморо намесазад, ки шумо русули Худоро ранҷ диҳед ва барои шумо мумкин нест, ки баъд аз вафоти русул бо ҳамсарони ӯ никоҳ кунед”.
Дар ин оят Худои таоло як қоидаро гуфта истодааст, ки бо занҳои русул ҳеҷ муъмин никоҳ карда наметавонад. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ як русул буданд. Вақте Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам вафот карданд, баъд аз вафоташон ҳеҷ кас бо ҳамсарони ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз рӯйи ин оят никоҳ накард. Сипас азвоҷи мутаҳҳарот низ вафот карданд. Акнун агар силсилаи нубувват тамом шуда бошад, пас Худои таоло ин қоидаро чаро дар Қуръон овардааст? Дар бораи ин бояд фикр кунем, зеро таълимоти Қуръон то қиёмат амалшаванда мебошанд. Агар ягон қоида дар Қуръон гуфта шудааст, ин маънои он дорад, ки бар ин қоида то қиёмат муъминон бояд амал кунанд. Мешуд, ки дар ягон ҳадиси қудсӣ зикр мешуд ва масъала ҳал мешуд. Аммо ин оятро дар Қуръон овардан маънои он дорад, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ русулҳо хоҳанд омад ва бо ҳамсарони онҳо аз рӯйи ҳамин шариати Қуръон ҳеҷ кас никоҳ накунад. Агар чунин мафҳум намебаромад, ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегуфтанд, ки баъд аз ман ин оят лозим нест ва аз Қуръон гирифта шавад, аммо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳеҷ гоҳ ин тавр нагуфта буданд ва ҳақ ҳам надоштанд, зеро медонистанд, ки ин оят низ як қисми шариат аст.
Хулоса, аз ин оят низ маълум мешавад, ки Худои таоло ин қоида барои сардори пайғамбарон ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва барои русулҳои оянда гуфтааст.
ДАЛЕЛИ ҲАФТУМ БАР ИМКОНИ НУБУВВАТ
Худои таоло мефармояд:
وَلَقَدْ جَاءَكُمْ يُوسُفُ مِنْ قَبْلُ بِالْبَيِّنَاتِ فَمَا زِلْتُمْ فِي شَكٍّ مِّمَّا جَاءَكُم بِهِ حَتَّى إِذَا هَلَكَ قُلْتُمْ لَنْ يَبْعَثَ اللّٰهُ مِن بَعْدِهِ رَسُوْلًا كَذَلِكَ يُضِلُّ اللّٰهُ مَنْ هُوَ مُسْرِفٌ مُّرْتَابٌ۔ الَّذِيْنَ يُجَادِلُوْنَ فِيْ آيَاتِ اللّٰهِ بِغَيْرِ سُلْطَانٍ أَتَاهُمْ كَبُرَ مَقْتًا عِنْدَ اللّٰهِ وَعِنْدَ الَّذِيْنَ آمَنُوْا كَذَلِكَ يَطْبَعُ اللّٰهُ عَلٰى كُلِّ قَلْبِ مُتَكَبِّرٍ جَبَّارٍ۔ سورۃ المؤمن (غافر):34-35
Яъне “Пеш аз ин назди шумо ҳазрати Юсуф (а) нишонаҳои ошкор оварданд, аммо шумо бар таълими эшон шак мекардед, ҳатто вақте эшон вафот ёфтанд, шумо гуфтед, ки акнун Худои таоло баъд аз ин ҳеҷ русуле нахоҳад фирист. Худо ҳамин тавр онҳоро гумроҳ қарор медиҳад, ки аз ҳад таҷовуз мекунанд ва (дар оёти Худо) шак мекунанд. Онҳо дар бораи оятҳои Худо, бе ягон далел, ки аз тарафи Худо дода шавад, ҷанҷол мекунанд…..”
Дар Қуръони маҷид воқеаҳои пайғамбарони гузашта ва қавмҳояшон танҳо ҳамчун қисса оварда намешаванд, балки барои ибрат баён мешаванд. Дар ин оят Худои таоло зикри уммати ҳазрати Юсуфро овардааст ва ақидаашон барои ибрат дар Қуръон нақл шудааст, ки мо низ, яъне уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз ин воқеаи гузашта дарси ибрат гирем. Боз дар ин оят калимаҳои یضل ва یجادلون замони ҳозира-оянда мебошанд ва дар худ пешхабарӣ доранд, ки ҳамин тавр ҳодиса дар оянда низ хоҳад шуд.
Як ояти дигар, ки бо ояти боло алоқаманд мебошад ва аҳволи умматро зикр мекунад, чунин аст:
مَا يُقَالُ لَكَ إِلَّا مَا قَدْ قِيْلَ لِلرُّسُلِ مِنْ قَبْلِكَ۔ سورۃ حٰم السجدۃ (فصلت): 44
Яъне “Эй Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, дар бораи ту низ ҳамон чиз гуфта мешавад, ки дар бораи пайғамбарони гузашта гуфта шуд”.
Худои таоло ояти пешинаро нозил карда буд ва ҳамон Худои таоло ин оятро низ нозил кардааст. Аз Худо ҳеҷ кас зиёд намедонад. Ин ҳар ду оятҳо ба ҳамдигар алоқаи зич доранд. Он оятро хонед ва сипас ин оятро хонед. Ин оят қазия мекунад, ки дар бораи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ мисли ҳазрати Юсуф гуфта мешавад ва дурӯғ гуфта мешавад, чӣ хеле, ки дар бораи ҳазрати Юсуф дурӯғ гуфта шуд. Чунончи мебинем, ки уммати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳамон гап гуфта истодааст, ки уммати ҳазрати Юсуф (а) гуфта буд. Яъне баъд аз ин Набӣ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон набӣ нахоҳад омад. Аммо баъди ҳазрати Юсуф алайҳиссалом набиҳо омаданд… فاعتبروا یا ولی الابصار
وما علینا الا البلاغ المبین۔
Leave A Comment