ДАЛЕЛИ ЧАҲОРУМ ВА ПАНҶУМИ ИМКОНИ НУБУВВАТ ДАР УММАТИ МУҲАММАД САЛЛАЛЛОҲУ АЛАЙҲИ ВА САЛЛАМ
Аллоҳи таоло дар Қуръон дар сураи Фотеҳа моро як дуо ёд додааст, ки ҳар як мусалмон он дуоро бисёр мекунад, яъне
اِهدِنَــــا الصِّرَاطَ المُستَقِيمَ۔ صِرَاطَ الَّذِينَ أَنعَمتَ عَلَيهِمْ
Тарҷума: Эй Худо, моро роҳи рост нишон бидеҳ. Роҳи онҳое, ки бар эшон Ту инъом кардӣ.
Яъне моро ҳамон роҳ нишон бидеҳ, ки мо бар вай рафта ва амал карда мисли одамони инъомёфтаи пешина шавем ва он неъматҳоро соҳиб шавем, ки Ту бар онҳо карда будӣ. Ин маънои одии ин оятҳо мебошад, ки ҳар як мусалмон инҳоро қабул дорад ва ягон ҷойи шубҳа нест. Акнун савол пайдо мешавд, ки он неъматҳои пешинаи Худо чӣ буданд, ки бар одамони гузашта шуда буданд. Ҷавоби ин саволро дар як ҷойи дигар Қуръон мегӯяд:
يَا قَوْمِ اذْكُرُواْ نِعْمَتَ اللّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ جَعَلَ فِيكُمْ أَنبِيَاء وَجَعَلَكُم مُّلُوكًا وَآتَاكُم مَّا لَمْ يُؤْتِ أَحَدًا مِّن الْعَالَمِينَ۔ سورۃ المائدۃ:21
Дар ин оят Ҳазрати Мӯсо (а) қавми худро гуфтанд, ки эй қавми ман, шумо неъмати Худоро ба хотир биоред, вақте Ӯ дар байни шумо анбиё сохт ва шуморо подшоҳо низ сохт.
Аз рӯйи ин оят исбот мешавад, ки нубувват ва подшоҳат ду неъматҳои Худо ҳастанд, ки ӯ ба қавме медиҳад. Дар сураи Фотеҳа мо барои соҳиб шудани неъматҳои Худо дуо мекунем ва аз рӯйи ояти дуюм исбот шуд, ки нубувват низ яке аз неъматҳои Худо аст, пас, вақте Худо уммати Муҳаммадро ин дуо ёд додааст, дар натиҷаи ин дуо дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набӣ низ омада метавонад, зеро як паҳлуи қабул шудани дуо аз тарафи Худо ин неъмати нубувват додан аст.
Илова бар ин аз ояти дигар низ исбот мешавад, ки нубувват неъмати Худо аст ва он оят ин мебошад.
وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَالرَّسُولَ فَأُولَئِكَ مَعَ الَّذِينَ أَنْعَمَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ مِنَ النَّبِيِّينَ وَالصِّدِّيقِينَ وَالشُّهَدَاءِ وَالصَّالِحِينَ وَحَسُنَ أُولَئِكَ رَفِيقًا۔ سورۃ النساء:70
Аз ин оят низ исбот шуд, ки нубувват неъмати Худо аст ва дар сураи Фотеҳа мо аз Худо барои соҳиб шудани неъмати Худо дуо мекунем. Худо моро ин дуо ёд додааст ва Ӯ дар натиҷаи ин дуо дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набӣ пайдо карда метавонад.
ДАЛЕЛИ ПАНҶУМИ ИМКОНИ НУБУВВАТ
Худои таоло дар Қуръони карим мефармояд:
يَا أَيُّهَا الرُّسُلُ كُلُوا مِنَ الطَّيِّبَاتِ وَاعْمَلُوا صَالِحًا إِنِّي بِمَا تَعْمَلُونَ عَلِيمٌ۔ سورۃ المؤمنون۔52
Тарҷума: “Эй русулҳо, хурокҳои пок хӯред ва корҳои нек анҷом диҳед…”.
Ин ҷумлаи нидоӣ аст, яъне дар ин оят Худо русулҳоро мухотаб карда ҳукм медиҳад, ки шумо хӯркоҳои пок хӯред ва аъмоли солеҳ кунед. Нидо дар куҷое ояд, дар худ ду замон дорад, замони ҳозира ва оянда. Калимаи русул رسل ба шакли ҷамъ омадааст. Яъне Худо дар вақти нузули ин оят ба як русул не, балки зиёда аз як русулро мухотаб карда ин ҳукмҳоро дод. Акнун дар вақти нозил шудани ин оят ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам танҳо як набӣ буданд ва дар оят бояд барои мухотаб кардани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам یایھا الرسول гуфта мешуд, аммо Худои Ҳаким ин калимаро ба шакли ҷамъ гуфтааст ва ҳар як калимаи Қуръон аз ҳикмат берун намебошад. Бинобар ин мо бояд қабул кунем, ки Худо дар ин оят зиёда аз як русулҳоро мухотаб кардааст ва баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бояд русулҳои дигар низ оянд.
Савол пайдо мешавад, ки Худо дар ояти зикршуда шояд русулҳои гузаштаро ин сухан гуфтааст. Дар ҷавоб, якум ин, ки вақте нидо меояд, дар бораи замони ҳозира ва оянда меояд. Одамони гузаштаро мухотаб карда намешавад. Дуюм ин, ки Худо ба мурдагон чунин нагуфтааст, ки шумо аз қабрҳо бихезед ва хӯрокҳои пок хӯред ва аъмоли солеҳ кунед, зеро онҳо баргашта намеоянд. Пас исбот мешавад, ки дар ин ҷо русулҳои ояндаро мухотаб карда шудааст.
Боз аз ин ҳадиси зерин низ исбот мешавад, ки ин хитоб ба русулҳои гузаштаи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набуд.
حَدَّثَنِي أَبُو كُرَيْبٍ مُحَمَّدُ بْنُ الْعَلَاءِ، حَدَّثَنَا أَبُو أُسَامَةَ، حَدَّثَنَا فُضَيْلُ بْنُ مَرْزُوقٍ، حَدَّثَنِي عَدِيُّ بْنُ ثَابِتٍ، عَنْ أَبِي حَازِمٍ، عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ، قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: ” أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّ اللهَ طَيِّبٌ لَا يَقْبَلُ إِلَّا طَيِّبًا وَإِنَّ اللهَ أَمَرَ الْمُؤْمِنِينَ بِمَا أَمَرَ بِهِ الْمُرْسَلِينَ فَقَالَ: {يَا أَيُّهَا الرُّسُلُ كُلُوا مِنَ الطَّيِّبَاتِ وَاعْمَلُوا صَالِحًا، إِنِّي بِمَا تَعْمَلُونَ عَلِيمٌ} [المؤمنون: 51] وَقَالَ: {يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُلُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا رَزَقْنَاكُمْ} البقرة:172
صحیح مسلم۔ کتاب الزکوۃ۔ باب قبول الصدقۃ من الکسب الطیب وتربیتھا
Яъне ҳазрати Абӯҳурайра (р) ривоят мекунанд, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: Худо пок аст ва танҳо покиро қабул мекунад ва Худо муъмининро низ мисли ҳамин ҳукм додааст, ки набиҳоро додааст. Яъне “Эй русулҳо, хӯрокҳои пок хӯред ва корҳои нек анҷом диҳед…”. Инчунин Худо (муъмининро) фармудааст: “Эй муъминин, аз он ризқи пок хӯред, ки Мо шуморо додаем”.
Дар ин ҳадис ошкоро гуфта шудааст, ки чӣ хеле, ки Худои таоло муъмининро ҳукм додааст, ҳамон тавр русулҳоро ҳукм додааст. Дар ин ҷо муъминини гузашта зикр нашудаанд, балки хитоб ба муъминини ҳозира ва оянда аст. Ҳамин тавр дар навбати ояти дигар хитоб ба русулҳои ҳозира ва оянда аст. Аз рӯйи ин оят низ исбот мешавад, ки дар замони оянда Худо русулҳо мабъус хоҳад кард ва онҳоро ҳукм додааст, ки хӯрокҳои ҳалол бихӯранд ва аъмоли солеҳ бикунанд.
Ҳамин тавр, агар аз ин оят чунин маъно набарояд, ба хонандагон хоҳиш аст, ки маъноҳои дигар ба мо фаҳмонанд.
وما علینا الا البلاغ المبین۔
Leave A Comment