ДАЛЕЛИ СЕЮМИ ИМКОНИ НУБУВВАТ
Худои азза ва ҷалла дар Қуръони пок мефармояд:
يَا بَنِي آدَمَ إِمَّا يَأْتِيَنَّكُمْ رُسُلٌ مِّنكُمْ يَقُصُّونَ عَلَيْكُمْ آيَاتِي فَمَنِ اتَّقَى وَأَصْلَحَ فَلاَ خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلاَ هُمْ يَحْزَنُونَ۔ سورۃ الاعراف:36
Тарҷума: “Эй фарзандони одам (инсонҳо), аз байни шумо ҳатман русулҳо хоҳанд омад, ки бар шумо оятҳои Маро баён хоҳанд кард. Пас онҳоеро, ки тақворо пеш хоҳанд гирифт ва ислоҳи худ хоҳанд намуд, ҳеҷ биму ғам нахоҳад шуд”.
Дар ин оят тарҷумаи “اِمَّا یَاْتِیَنَّ” (ҳатман хоҳанд омад) аст, зеро یَاْتِیَنَّ музореи муаккад ба нуни сақила (نون ثقیلہ) аст. Агар чунин ҳолат бошад, ҳарфи нуни мушаддад дар феъли музореъ таъкидеро пайдо мекунад, ки ба замони оянда хос аст. Дар «Китоб-ус-сарф»-и Ҳофиз Абдурраҳмон навишта шудааст:
“Нуни таъкид – Ин ҳарф дар охири музореъ меояд ва пеш аз музореъ ҳарфи ломи мафтуҳ (لَ) меояд. Ин нун дар ҳарфи охири музореъ фатҳа меорад ва маънои таъкид бо замони ояндаро хос карда пайдо мекунад. Чӣ тавре, ки لَیَفْعَلَنَّ (ӯ ҳатман хоҳад кард). Чунин феъли музореъро “музореи муаккад ба ломи таъкид ва нуни таъкид” мегӯянд”.
Дар ҳамин саҳифа дар поварақ навишта шудааст, ки
“Аксари вақт ломи мафтуҳ меояд, аммо баъзе вақт اِمَّا низ меояд. Масалан اِمَّا یَبْلُغَنَّ”.
(Ҳофиз Абдурраҳмон, Китоб-ус-сарф, саҳифаи 15, чопи 9, саҳифаи 32)
Боз дар «Байзовӣ» зери ояти فَاِمَّا نَذْھَبَنَّ بِکَ чунин навишта шудааст:
وَمَا مَزِیْدَۃُ مُؤَکِّدَۃٌ بِمَنْزِلَۃِ لَامِ الْقَسَمِ فِی اسْتِجْلَابِ النُّوْنِ الْمُؤَ کِّدَۃِ۔
(Байзовӣ, ҷилди 2, саҳифаи 282, чопи Аҳмадӣ)
Пас маълум шуд, ки вақте дар охири феъли музореи یَاْتِیْ “нуни таъкид” ояд ва пеш аз феъл اِمَّا ояд, маънои ин матни арабӣ аз рӯйи грамматика чунин мебошад. “ҳатман русулҳо хоҳанд омад”.
Ин оят бар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил шуда буд ва дар ин оят ҳамаи инсонҳоро мухотаб карда гуфта шудааст, ки дар шумо русулҳо хоҳанд омад. Дар ин ҷо ин тавр навишта нашудааст, ки мо дар замони гузашта чунин гуфта будем. Боз чандин бор дар Қуръон матни یا بنی اٰدم омадааст ва ҳама ҷо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва мардуми баъд аз замони Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам мухотабанд. Масалан
یا بنی اٰدم خذوا زینتکم عند کل مسجد۔ الاعراف:32
Имом Ҷалолиддини Суютӣ (р) навиштаанд:
فَاِنَّہُ خِطَابٌ لِاَھْلِ ذٰلِکَ الزَّمَانِ و لِکُلِّ مَنْ بَعْدَھُمْ۔ تفسیر الاتقان فی علوم القراٰن جلد2، ص 36 مصری
Яъне ин хитоб ба он замон ва ба замони оянда буд.
Дар Тафсири Ҳусайнӣ мавсум ба Тафсири Қодирӣ омадааст, ки
“Ин хитоб ба мушрикони араб аст ва дурусттар хитоб ба омаи мардум аст”. (Тафсири Ҳусайнӣ, ҷилди 1. 305 с. Чопи Навлакшур, таҳти оят یا بنی اٰدم اما یاتینکم رسل منکم)
Имом Фахриддини Розӣ дар тафсири ин оят менависанд:
وَاِنَّمَا قَالَ رُسُلٌ وَ اِنْ کَانَ خِطَاباً لِلرَّسُوْلِ عَلَیْہِ الصَّلٰوۃُ وَالسَّلَامُ وَ ھُوَ خَاتَمُ الْاَنْبِیَاءِ عَلَیْہِ وَعَلَیْھِمُ السَّلَامُ۔۔۔۔۔۔ وَاَمَّا قَوْلُہٗ یَقُصُّوْنَ عَلَیْکُمْ اٰیَاتِیْ فَقِیْلَ تِلْکَ الْاٰیٰتُ ھِیَ الْقُرْاٰنُ۔۔۔۔۔۔ ثُمَّ قَسَمَ اللہُ تَعَالٰی حَالَ الْاُمَّۃِ فَقَالَ (فَمَنِ اتَّقٰی وَاَصْلَحَ)۔ تفسیر کبیر جلد 4، ص 299۔ مصر
Хонандагони азиз. Аз ин ояти Қуръон низ исбот шуд, ки дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин неъмати Худо, яъне неъмати нубувват маҳкам нашудааст, балки дар зери итоати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набӣ омада метавонад. Танҳо шарт ҳамин, ки он набӣ мусалмон бошад ва дар натиҷаи итоати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам неъмати нубувватро соҳиб шавад. Дар ояти зери баҳс низ гуфта шудааст, ки он русулҳое, ки дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хоҳанд омад, аз Қуръони пок оятҳоро хонда мардумро тарбия хоҳад кард. Дар оят ошкоро навишта шудааст, ки یَقُصُّوْنَ عَلَیْکُمْ اٰیَاتِی, яъне онҳо бар шумо оятҳои Қуръонии Маро хоҳанд хонд. Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад (а) низ ягон шариат ва китоби дигар наоварда буданд, балки ҳамон Қуръонро хонда ва итоати сардори анбиё карда аз тарафи Худо набӣ шуданд.
وما علینا الا البلاغ المبین۔
Leave A Comment