ДАЛЕЛИ ЯКУМ АЗ ҚУРЪОН ОИД БА ИМКОНИ НУБУВВАТ
Мо пеш аз ин дар бораи масъалаи нубувват зикр кардем, ки дар итоати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам омадани набӣ мумкин аст, ва ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом дараҷаи нубувватро танҳо дар натиҷаи итоати комили ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам соҳиб шуданд. Аз тарафи дигар азбаски Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом аз рӯйи ҳадиси Саҳеҳи Муслим бояд набиюллоҳ мешуд, ба ҳамин сабаб ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом набиюллоҳ ҳастанд, зеро ҳамин кас Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ҳастанд. Боз пеш аз ин мо ояти хотаманнабийинро низ шарҳ додем, ки ояти хотаманнабийин ҳеҷ гоҳ омадани набии ходимро инкор намекунад. Азбаски ҳамаи мусалмонҳо аз синни хурдсолӣ аз калонҳо мешунаванд, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам охирон пайғамбар буданд, ба ҳамин сабаб дар ояҳои Қуръон оид ба ин масъала фикру таҳқиқ намекунанд.
Акнун мо бояд аз Қуръон дар ҳаққи ин ақидаи худ оятҳоро нишон диҳем, ки аз онҳо исбот шавад, ки баъд аз Хотаманнабийин ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам зери итоати комили Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам набӣ омада метавонад ва Худо ин дарро маҳкам накардааст. Чунончи Худои таоло дар Қуръон мефармояд:
اَللَّهُ يَصْطَفِي مِنَ الْمَلَائِكَةِ رُسُلًا وَمِنَ النَّاسِ إِنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ بَصِيرٌ۔ سورۃ الحج۔ 76
Яъне Худои таоло аз фариштаҳо ва инсонҳо русулҳо интихоб мекунад ва интихоб хоҳад кард.
Дар ин оят калимаи یصْطَفِی сиғаи музореъ аст, ки барои замонҳои ҳозира ва оянда меояд. Аз ин рӯ маънои یصطفی “интихоб мекунад ва хоҳад кард” мешаванд. Дар ин оят танҳо маънои замони ҳозира гирифта намешавад, зеро таркиби оят чунин аст:
اَللَّهُ يَصْطَفِي مِنَ الْمَلَائِكَةِ رُسُلًا وَللَّهُ يَصْطَفِي مِنَ النَّاسِ رُسُلًا
Яъне Худои таоло аз фариштаҳо русулҳо интихоб мекунад ва аз инсонҳо низ русулҳо интихоб мекунад. Калимаи رُسُل шакли ҷамъ аст ва мурод аз ин калима танҳо як русул намебошад. Пас, аз рӯйи ин оят маълум шуд, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ силсилаи нубувватро Худо маҳкам накардааст. Агар Худо ин силсиларо маҳкам мекард, дар ин оят чунин калимаро истифода намебурд.
Боз калимаи یصطفی бо зоти Худованд нисбат дорад ва дар ояти баъд аз ин чунин омадааст:
يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ
Яъне “Он чӣ дар пеши онҳо ва дар қафои онҳо аст, Худо медонад”. Ин оят низ мафҳуми ояти пешинаро тасдиқ карда истодааст. یعلم низ феъли музореъ аст, яъне замони ҳозира-оянда.
Дар ин ҷо шояд касе чунин фикр кунад, ки Худо дар ин оят фармуда истодааст, ки азбаски Худо аз рӯйи суннати қадимаи худ расулҳоро интихоб мекард, бинобар ҳамин ин русул, яъне ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро низ интихоб кардааст. Мо беҳуда масъалаи нубуввати ояндаро зикр карда истодаем.
Ҷавоби якуми мо ҳамин, ки аз ин оят замони оянда собит аст ва мо аз тарафи худ ин маъноро набаровардем.
Дуюм ин, ки вақте суннати қадимаи Худо ин бошад, ки барои таблиғи ҳидоят ва тарбияи мардум русулҳо мефиристад, пас суннати Худо ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбад, зеро Худои таоло фармудааст:
لَنْ تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْدِيلًا۔ سورۃ الاحزاب۔63، سورۃ الفتح۔24
Яъне суннати Худо ҳеҷ гоҳ иваз намешавад.
Агар дар бораи набиҳо Худо суннати худро иваз карда бошад, пас лозим аст, ки дар бораи тарбияи мардум низ суннати худро иваз мекард. Аммо ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуда буданд, ки дар уммати ман уламо мисли хуку маймун хоҳанд шуд. Акнун агар суннати Худо дар бораи фиристодани набиҳо иваз шуда бошад, пас лозим аст, ки дар бораи тарбияи мардум низ ин суннат иваз мешуд. Аммо чунин нест. Маълум шуд, ки вақте мардум ба гумроҳӣ меафтанд, Худо барои тарбияи онҳо набӣ мефиристад. Ҳамин аст суннати Худо ва аз рӯйи ояти боло зикршуда суннати Худо ҳеҷ гоҳ иваз намешавад.
Боз дар ин ҷо савол пайдо мешавад, ки фиристодани набии шариатдор низ суннати Худо аст, пас чаро набии шариатдор омада наметавонад?
Ҷавоб ҳамин, ки албатта фиристодани набии шариатдор низ суннати Худо аст, аммо дар ин ҷо бояд зикр намуд, ки набии шариатдор танҳо он замон меояд, ки шариати пешина номукаммал бошад ва ё аз тарафи мардум дар он шариат дастдорозӣ шуда бошад ва он шариатро аз тарафи инсонҳо иваз карда шавад. Он гоҳ шариати нав лозим мешавад ва Худо шариати пешинаро мансух карда шариати навро нозил мекунад ва албатта он шариат ба воситаи пайғамбаре нозил карда мешавад.
Аммо барои набии бешариат суннати Худо ҳамин аст, ки шариат муҳарриф ва ё ноқис ҳам нашуда бошад, аз рӯйи зарурати замон набиро мефиристад. Дар мардум замоне бадамалӣ, залолат ва гумроҳӣ пайдо мешавад, Худо барои ислоҳ набии ғайри шаръӣ ва ходими набии шариатдорро мабъус мекунад.
Азбаски дар бораи Қуръон Худо фармудааст, ки انا نحن نزلنا الذکر وانا لہ لحافظون, яъне “Мо ин зикрро нозил кардаем ва Мо муҳофизи ин ҳастем” ва дар бораи шариатҳои дигар чунин даъво набуд, бинобар ин шариати Қуръонӣ дигар тағйир намеёбад. Дар бораи комил шудани шариат Худо фармудааст, ки الیوم اکملت لکم دینکم واتممت علیکم نعمتی۔۔۔۔, ба ин сабаб шариати дигар то қиёмат лозим нест. Аз ин рӯ ягон набии шариатдор намеояд. Аммо набии ғайри шариатдор дар вақти гумроҳии уммат ва дурӣ аз шариат омада метавонад. Ҳамин аст, ки ояти боло зикршуда дари нубуввати ғайри ташрииро кушода мондааст ва ғайр аз ин боз оятҳои дигар низ ҳастанд, ки аз онҳо омадани набии бешариат собит мешавад.
Бояд зикр намуд, ки ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом ягон намуд шариат наовардаанд ва ягон ҷо нагуфтаанд, ки шариати маро пайравӣ кунед. Шариати мо Қуръон аст. Ба хонандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин масъала аз Худо дуо карда пурсед. Пеш аз хоб рафтан нафлҳои истихора хонда аз Худо ин масъаларо пурсед. والسلام علی من اتبع الھدی
وما علینا الا البلاغ المبین۔
Leave A Comment