ДАЛЕЛИ ДУЮМ БАР ИМКОНИ НУБУВВАТ
Худои таоло дар китоби поки худ – Қуръони маҷид, мефармояд:
وَمَنْ يُّطِعِ اللّٰهَ وَالرَّسُولَ فَأُوْلَـئِكَ مَعَ الَّذِينَ أَنْعَمَ اللّٰهُ عَلَيْهِمْ مِنَ النَّبِيِّينَ وَالصِّدِّيقِينَ وَالشُّهَدَاء وَالصَّالِحِينَ وَحَسُنَ أُولَـئِكَ رَفِيقًا۔ سورۃ النساء:70
Яъне “касоне, ки Худо ва русул саллаллоҳу алайҳи ва салламро итоат мекунанд, дохили онҳо хоҳанд шуд, ки Худо инъом кардааст. (Яъне) пайғамбарон, сиддиқон, шаҳидон ва солеҳин. Ва инҳо рафиқони беҳтаринанд”.
Дар ин оят Худои таоло роҳи ҳусули неъмат ва таҳсили неъмат дар уммат баён кардааст. Дар оят гуфта шудааст, ки як инсон метавонад, аз мақоми солеҳият тараққӣ карда то ба мақоми нубувват расад, аммо шарт ҳамин аст, ки итоати комили Худо ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам кунад. Дар оят الرسول омадааст, ки мурод аз вай танҳо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебошанд. Яъне танҳо итоати комили ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чунин таъсир дорад, ки то ба мақоми нубувват расонад.
Дар ҷоҳои дигар, ки зикри пайравии пайғамбарони гузаштааст, дар он ҷо инъоми нубувват дода нашудааст. Чунончи Худо таоло мефармояд:
وَالَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ أُولَئِكَ هُمُ الصِّدِّيقُونَ وَالشُّهَدَاءُ۔ سورۃ الحدید:20
Яъне онҳое, ки ба Худо ва пайғамбарони дигар имон оварда буданд, онҳо то ба дараҷаи сиддиқият ва шаҳид расиданд.
Бояд зикр намуд, ки дар ин оят калимаи اٰمنوا сиғаи замони гузашта аст ва калимаи رسلہ сиғаи ҷамъ аст. Дар ояти пеш аз ин зикршудаи сураи Нисо чунин нест. Дар он ҷо калимаи یُطِعُ музореъ, яъне замони ҳозира-оянда шуда омадааст. Аз ин гуфтори пурҳикмати Худо низ маълум мешавад, ки ин чор инъом то ба қиёмат ба онҳо дода мешаванд, ки баъд аз Худо итоати комили ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам кунанд. Яъне итоати пайғамбарони гузашта як одамро то ба мақоми сиддиқият расонда метавонист, аммо итоати сардори ду ҷаҳон, – ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, то ба дараҷаи нубувват мерасонад. Ин аст таъсири мақоми Хотаманнабийин.
Дар ин ҷо шояд як иштибоҳ пайдо шавад. Он иштибоҳ дар бораи ёридиҳандаи مَعَ аст. Яъне шояд касе фикр кунад, ки дар оят فاولئک مع الذین انعم اللہ علیھم омадааст ва маъноаш чунин бошад, ки онҳое, ки пайравии ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хоҳанд кард, БО пайғамбарон хоҳанд шуд, на ки худашон пайғамбар мешаванд ва агар оят ин тавр мешуд, ки فاولئک من الذین انعم اللہ علیھم, пас, шарҳи ҷамоати Аҳмадия дуруст мебаромад.
Ҷавоб ин аст, ки одатан тарҷумаи مَعَ “бо” карда мешавад, ва маънои ҳамроҳӣ пайдо мекунад, аммо дар ин оят тарҷумаи مَعَ “бо” карда намешавад, зеро агар чунин тарҷума кунем, маънои оят чунин мебарояд, ки дар уммат касе чӣ қадар итоати комили Худо ва Русул саллаллоҳу алайҳи ва саллам кунад, ӯ худаш набӣ намешавад, балки бо набиҳо хоҳад шуд. Агар касе итоати комили ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам кунад, худи ӯ то ба дараҷаи сиддиқият намерасад, балки бо сиддиқҳо хоҳад шуд. Агар касе дар уммат итоати комили Худову Русул саллаллоҳу алайҳи ва саллам кунад, ӯ ба дараҷаи шаҳид намерасад, балки бо шаҳидҳо хоҳад шуд ва агар касе дар уммат итоати комили Худо ва Русул кунад, ӯро касе солеҳ ҳам гуфта наметавонад, балки ӯ бо солеҳин хоҳад шуд. Яъне аз рӯйи ин маъно на ҳазрати Абӯбакр (р) сиддиқ шуданд ва на ҳазрати Умар, Усмон, Алӣ ва Ҳусайн (ризияллоҳи анҳум) шаҳид шуданд ва на дар уммат касе ин дараҷаҳоро соҳиб шуд, балки касе чӣ қадар итоати Худо ва Русул саллаллоҳу алайҳи ва саллам кунад, ӯ танҳо рафиқи набиҳо, сиддиқҳо, шаҳидҳо ва солеҳин шуда метавонад. Ин аст зарари тарҷумаи مَعَ-ро “бо” кардан. Пас маълум шуд, ки дар ин ҷо калимаи مَعَ ба маънои مِنْ истифода шудааст.
Акнун ин вазифаи мост, ки исбот кунем, ки калимаи مَعَ ба маънои مِنْ ҳам дар забони арабӣ истифода мешавад ё не. Чунончи дар Қуръон омадааст:
إِلَّا الَّذِينَ تَابُوا وَأَصْلَحُوا وَاعْتَصَمُوا بِاللَّهِ وَأَخْلَصُوا دِينَهُمْ لِلَّهِ فَأُولَئِكَ مَعَ الْمُؤْمِنِينَ وَسَوْفَ يُؤْتِ اللَّهُ الْمُؤْمِنِينَ أَجْرًا عَظِيمًا۔ سورۃ النساء:147
Тарҷума: Аммо касоне ки тавба ва ислоҳи худ карданд ва ба (ресмони) Ӯ чанг заданд ва барои Худо дини худро холис карданд, пас онҳо ДАР зумраи муъмининанд….
Дар ин оят низ ҳамон مع истифода шудааст, ки дар ояти зери баҳс истифода шуда буд. Пас маълум шуд, ки مع ба маънии من низ истифода мешавад.
Мисоли дигар аз сураи Оли Имрон аст. Дар охири ин сура омадааст, ки
رَبَّنَا فَاغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَكَفِّرْ عَنَّا سَيِّئَاتِنَا وَتَوَفَّنَا مَعَ الْأَبْرَارِ۔ آیۃ 194
Дар ин оят ҳеҷ кас тарҷумаи مع-ро “БО” карда наметавонад. Агар чунин тарҷума карда шавад, пас мафҳуми оят чинун мебарояд, ки вақте ягон одами нек вафот кунад, моро низ вафот бидеҳ. Чунин тарҷума нодуруст хоҳад шуд. Тарҷумааш ҳамин мешавад, ки мо бояд дар вақти мурдани худ дохили гурӯҳи некон бошем.
Боз мисоли дигар дар бораи مَعَ чунин мебошад, ки дар бораи шайтон дар Қуръон дар як ҷо омадааст, ки
اِلَّا اِبْلِیْسَ اَبٰی اَنْ یَّکُوْنَ مَعَ السّٰجِدِیْنَ۔ سورۃ الحجر۔32
Ва дар бораи ҳамин шайтон дар ҷойи дигар чунин омадааст.
فَسَجَدُوْا اِلَّآ اِبْلِیْسَ لَمْ یَکُنْ مِّنَ السّٰجِدِیْنَ۔ سورۃ الاعراف۔12
Яъне ҳамон مع-ро Худо дар ҷойи дигар مِنْ гуфтааст.
Пас маълум шуд, ки مع ба ҳар ду маъно меояд ва мафҳуми он ҷумла таъйин мекунад, ки дар он ҷо тарҷумаи БО аст ва ё مِنْ аст.
Дар ояти ومن یطع اللہ والرسول тарҷумаи مَعَ ғайр аз مِنْ карда наметавонем. Мухолифини ҷамоати Аҳмадия низ эътироф мекунанд, ки дар ин уммат бисёриҳо ба дараҷаи сиддиқият, шаҳидият ва солеҳият расидаанд. Вақте ин се дараҷаро мусалмонҳо соҳиб шуданд, пас чаро аз рӯйи оят чорум дараҷаро соҳиб шуда наметавонанд?
Хулоса, аз рӯйи ояти сураи Нисо касе итоати Худо ва Русул саллаллоҳу алайҳи ва саллам мекунад, ӯ то ба дараҷаи нубувват расида метавонад ва ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад (а) низ дар натиҷаи итоати комил ва хизмати дини Ислом аз тарафи Худо дараҷаи нубувватро соҳиб шуданд.
Дар ин ҷо савол пайдо мешавад, ки вақте дар ин оят навишта шудааст, ки касе аз уммати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам итоати комили Худо ва Русул саллаллоҳу алайҳи ва саллам мекунад, ӯ агар Худо хоҳад, набӣ ҳам шуда метавонад, пас чаро занҳо набӣ шуда наметавонанд, зеро онҳо ҳам итоат мекунанд ва баъзеҳо итоати комил низ мекунанд?
Ҷавоби ин савол дар ҳамин оят мавҷуд аст. Ҷавоб чунин аст, ки дар ояти من یطع اللہ ин тавр на гуфта шудааст, ки онҳое, ки Худо ва Русул саллаллоҳу алайҳи ва салламро итоат мекунанд, мо ҲАТМАН онҳоро набӣ таъйин мекунем, балки Худо фармудааст, ки онҳое, ки итоат хоҳанд кард, мо онҳоро шомили онҳо мекунем, ки бар онҳо инъом карда шуд. انعم اللہ علیھم. Ба сиғаи замони гузашта омадааст. Яъне инъомҳо чӣ хеле, ки дар замони гузашта медодем, ҳозир ҳам ҳамон тавр тақсим мекунем. Ҳама медонанд, ки дар замони гузашта занҳо набӣ намешуданд ва Қуръон низ ин амрро дар ояти зерин гуфтааст:
وَمَا أَرْسَلْنَا قَبْلَكَ إِلَّا رِجَالًا نُوحِي إِلَيْهِمْ۔۔۔ سورۃ الانبیاء:8
Пас, ҳозир ҳам аз рӯйи қоидаи Худо занҳо набӣ намешаванд. Занҳо то ба дараҷи сиддиқият расиданд. Ба ҳамин сабаб дар ин уммат низ суннати Худо иваз намешавад ва танҳо мардҳо набӣ шуда метавонанд. Фарқ танҳо ҳамин шуд, ки дар замони гузашта дараҷаи пайғамбарӣ дар натиҷаи итоати Худо дода мешуд ва ҳозир барои соҳиб шудани ин дараҷа дар баробари итоати Худо, итоати маҳбуби Худо ҳазрати Хотамуланбиё Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ лозим аст. Дар ин оят боз дараҷаи аз ҳама баланд доштани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам зикр шудааст, ки ягон пайғамбари пешина ин дараҷаро соҳиб шудагӣ нест. Ба ҳамин сабаб ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Хотаманнабийин мебошанд.
Боз савол пайдо мешавад, ки чаро ҳар як итоаткунандаи Худову Русул саллаллоҳу алайҳи ва саллам набӣ шуда наметавонад?
Дар ҷавоб Худои таоло мефармояд:
اللَّهُ أَعْلَمُ حَيْثُ يَجْعَلُ رِسَالَتَهُ۔ سورۃ الانعام: 125
Яъне Худо беҳтар медонад, ки киро набӣ таъйин кунад, кай набӣ таъйин кунад ва дар куҷо набӣ таъйин кунад.
اھدنا الصراط المستقیم۔
واٰخر دعوانا ان الحمد للہ رب العالمین۔
Leave A Comment