МАФҲУМИ ОЯТИ ХОТАМАННАБИЙИН
Аллоҳи таоло дар Қуръони карим дар бораи Хотаманнабийин будани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармояд:
مَا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَا أَحَدٍ مِّن رِّجَالِكُمْ وَلَكِن رَّسُولَ اللَّهِ وَخَاتَمَ النَّبِيِّينَ وَكَانَ اللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمًا۔ سورۃ الاحزاب۔40
ما کان محمد ابا احد من رجالکم
Яъне ҳазрати “Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз байни шумо падари ягон мард нестанд” ولکن رسول اللہ “Аммо расули Худо ҳастанд”.
Калимаи “лекин” вақте дар забони арабӣ истифода мешавад, аз рӯйи грамматика дар байни ду ҷумлаҳо меояд, ки ба ҳам дигар зид мебошанд. Яъне агар пеш аз “лекин” иқрори масъалае бошад, баъд аз “лекин” инкори он масъала хоҳад омад. Ин аст истифодаи “лекин”. Акнун бар матни оят нигоҳ мекунем. Худо фармуд, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам падари ягон мард нестанд, АММО…
Акнун ин калимаи “аммо” хабар медиҳад, ки дар қисми дуюми оят, яъне баъд аз “лекин” аз ҷиҳати дигар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро падар гуфта мешавад. Дар оят чунин аст, ки ولکن رسول اللہ, “аммо Он ҳазрати саллаллоҳу алайҳи ва саллам расули Худо ҳастанд”. Агар матнро нигоҳ кунем, бояд ин тавр гуфта мешуд, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам падари ягон одам нестанд, аммо падари фалон касанд, аммо дар оят чунин гуфта шудааст, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам падари ягон мард нестанд, аммо расули Худо ҳастанд.
Пас дар ин ҷо моро фаҳмонда шуд, ки пеш аз калимаи لٰکن “АММО” инкори падари ҷисмонӣ будани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам зикр шудааст ва баъд аз “лекин” ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро расулуллоҳ гуфта аз рӯйи рӯҳоният падари рӯҳонии ҳамаи мусалмонҳо гуфта шудааст. Яъне ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳарчанд падари ҷисмонии ягон мард нестанд, аммо падари рӯҳонии ҳамаи мардҳо мебошад. Бинобар ҳамин, дар як ҷойи дигар Қуръон зикр мекунад, ки ازواجہ امھاتھم۔ سورۃ احزاب. Яъне ҳамсарони пайғамбар модарони муъминин мебошанд. Пас вақте онҳо модар шуданд, худи набӣ падар шуд. Давоми оят чунин аст, ки وخاتم النبیین. Ҳарфи “ва” дар дастури арабӣ барои атф меояд. Яъне мафҳуме, ки пеш аз “ва” гуфта шудааст, ҳамон мафҳум баъд аз “ва” гуфта мешавад. Пеш аз “ва” дар оят гуфта шудааст, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам падари рӯҳонии муъминин ҳастанд ва баъд аз “ва” гуфта шуд, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам падари рӯҳонии пайғамбарон низ мебошанд. Акнун агар аз авлоди рӯҳонии ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳеҷ кас набӣ нахоҳад шуд, пас дар оят чаро ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро падари набиҳо гуфта шудааст? Агар гӯед, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам падари набиҳои пешина буданд, пас ҷавоби ин шубҳа ҳамин аст, ки вақте ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам падари набиҳои пешина ҳастанд, пас падари набиҳои оянда низ шуда метавонанд. Дар оят ягон ҷо навишта нашудааст, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хотаманнабийин барои набиҳои пешина ҳастанд. Вақте ин оят набуд, он вақт аз таъсири ин оят набиҳо мешуданд ва акнун, ки ин оят бар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил шудааст, чаро ҳозир аз таъсири ин оят набӣ шуда наметавонад?
Ин аст мафҳуми ояти хотаманнабийин.
Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом низ аз файзу баракати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набӣ ҳастанд. Мусалмонҳо ақида доранд, ки Масеҳи набиюллоҳ хоҳад омад. Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом ба воситаи ирфони Илоҳӣ аз Қуръону ҳадис исбот карданд, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом вафот ёфтаанд ва дуюм бора нахоҳанд омад. Худо маро Масеҳи Мавъуд таъйин кардааст ва азбаски Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро дар ҳадиси «Саҳеҳи Муслим» ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набиюллоҳ гуфтанд, бинобар ин, ман ҳам як набӣ ҳастам, аммо ягон шариати навро наовардаам. Кори ман таҷдид ва такмили таблиғи ҳидояти Ислом аст. Ин дараҷаро танҳо ба воситаи итоати комили ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ёфтаам.
وما علینا الا البلاغ المبین۔
Leave A Comment