АҚИДАИ ХАТМИ НУБУВВАТ ВА ҶАМОАТИ АҲМАДИЯ – МАФҲУМИ ОЯТИ ХОТАМАННАБИЙИН
Аввал бояд шуморо ба ин чиз ошно кунем, ки масъалаи хатми нубувват чӣ ҳақиқат дорад?
Дар масъалаи ақидаи хатми нубувват байни Ҷамоати Аҳмадия ва фирқаҳои дигари исломӣ ягон фарқ нест. Бадбахтона дар ин масъала, ки ҳамаи мухолифони мо бо мо иттифоқ доранд, ҳамин масъаларо бардошта эҳсосоти мардуми омаро меангезанд.
Ҳамаи мусалмонҳо эътиқод доранд, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар Қуръон “хотаманнабийин” гуфта шудааст ва мо ҳам ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро хотаманнабийин мегӯем. Бинобар ин бар як қисми ин ақида мо иттифоқ дорем.
Боз ҳамаи мусалмонҳо эътиқод доранд, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро охирон пайғамбар буданд, ки шариатро оварданд. Баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон кас ягон шариатро намеорад. Мо низ ба ин ақида эътиқоди комил дорем ва мегӯем, ки баъд аз ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон кас нахоҳад омад, ки дини нав ва шариати навро биёрад.
Боз ҳамаи фирқаҳо бар ин чиз эътиқод доранд, танҳо як фирқаи нав пайдо шудааст, ки ҳадисҳоро тамоман инкор кардааст, ғайр аз вай ҳамаи фирқаҳо бар ин чиз эътиқод доранд, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам уммати худро баъд аз худ барои хидмати Ислом башорати як Масеҳи набиюллоҳ дода буданд. Мо ҳам айнан ҳамин ақида дорем.
Акнун ҳамаи Барелвиҳо, Девбандиҳо, Аҳли ҳадис, Аҳли ташъиъ ва ҳамаи Аҳли суннат ва зергурӯҳҳояшон бар ин эътиқод доранд, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам баъд аз худ ба уммати худ хабари хуши омади Масеҳи набиюллоҳ дода буданд ва ақидаи мо низ ҳамин аст.
Танҳо фарқ дар ин аст, ки ғайр аз мо ҳамаи фирқаҳои дигар мегӯянд, ки он Масеҳе, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам омаданист, ӯ ҳамон Масеҳ мебошад, ки 600 сол пеш аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам омада буд ва соҳиби Инҷил буд. Асосгузори ҷамоати Аҳмадия Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро Худо ин амр фаҳмонд, ки ҳазрати Исои исроилӣ алайҳиссалом дар осмон зинда нест ва вафот кардааст. Пас он пешхабариҳо, ки аз тарафи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дода шуданд, маънои инро доштанд, ки Худои таоло дар ин уммат барои Ислом аз рӯйи файзу баракати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва дар натиҷаи итоати комили ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам як инсонро пайдо хоҳад кард, ки лақаб ва мақоми Масеҳи набиюллоҳро соҳиб хоҳад шуд. Асосгузори ҷамоати Аҳмадия ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом эълон намуданд, ки Худо маро гуфтааст, ки ту ҳамон Масеҳи набиюллоҳ ҳастӣ, ки дар ҳадис зикраш омадааст. Ҳамин аст ихтилофи асосии байни ҷамоати Аҳмадия ва фирқаҳои дигари Ислом. Дигарон мегӯянд, ки баъд аз хотаманнабийин ягон набии нав пайдо шуда наметавонад.
Хонандагони азиз. Андак фикр кунед, ки агар баъд аз хотаманнабийин дар ҳақиқат ягон намуд набӣ лозим набошад, пас на набии куҳна меояд ва на набии нав. Ва агар ҳамаи фирқаҳои исломӣ баъд аз хотаманнабийин саллаллоҳу алайҳи ва саллам як намуд пайғамбарро интизор бошанд, пас маълум мешавад, ки баъд аз хотаманнабийин набӣ даркор будааст, зеро агар эҳтиёҷ набошад, пас на куҳна меояд ва на нав.
Акнун барои фаҳмондаи ин масъала як мисоли одӣ пешкаши шумо мекунем. Агар як одам бемор бошад ва пеши духтур равад. Духтур ӯро тавсия диҳад, ки минбаъд ту ош намехӯрӣ. Он шахси бемор дар хона омада оши саҳар пухтагиро мехӯрад ва сахт бемор мешавад. Пеши духтур рафта бигӯяд, ки ман баъд аз манъ кардани шумо оши навро нахӯрдам, балки оши саҳар пухтагиро хӯрдам, пас ягон кас он одамро доно мегӯяд? Ҳамин масъалаи нубувват аст. Агар баъд аз хотаманнабийин будани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон намуд набӣ лозим набошад, пас фарқ надорад, ки ӯ набии нав аст ва ё пешина. Агар ягон набии пешина баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро омада метавонад, пас чаро нав омада наметавонад?
Яъне ихтилоф байни мову дигарон ҳамин аст, ки мо набии навро қабул кардем ва онҳо набии пешинаро интизоранд.
Акнун чӣ тавр бояд қазия карда шавад? Барои ҳалли ин мушкил як кас бояд дар бораи ҳазрати Исои исроилӣ алайҳиссалом таҳқиқ кунад, ки оё ӯ дар осмон зинда аст ва ё мурдааст? Алҳамдулиллоҳ ҷамоати Аҳмадия вафоти ҳазрати Исо алайҳиссаломро аз рӯйи Қуръон ва ҳадисҳо исбот мекунад.
Агар касе исбот карда тавонад, ки ҳазрати Исо алайҳиссалом зинда дар осмон мавҷуданд, пас фирқаи Аҳмадият ба таври худ нест мешавад, зеро агар ҳазрати Исо алайҳиссалом зинда бошанд, пас бояд ҳамон кас набӣ шуда, барои ҳидояти мусалмонҳо биояд. Аммо агар касе ҳазрати Исо алайҳиссаломро зинда исбот карда натавонад ва аз рӯйи далелҳои ҷамоати Аҳмадия вафоти ҳазрати Исо алайҳиссалом исбот шавад, пас аз ин рӯ ҳамаи фирқаи дигарон нест мешаванд. Яъне барои фаҳмидани масъалаи нубувват масъалаи вафоту ҳаёти Исо алайҳиссалом аҳамияти бузург дорад.
Акнун ба тарафи ояти хотаманнабийин меоем ва мебинем, ки ин оят чӣ маъно дорад? Ин оят чунин аст:
مَّا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَا أَحَدٍ مِّن رِّجَالِكُمْ وَلَكِن رَّسُولَ اللَّهِ وَخَاتَمَ النَّبِيِّينَ وَكَانَ اللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمًا۔ سورۃ الاحزاب۔40
Дар ин оят ду калима ХОТАМ ва НАБИЙИН мавҷуданд. Маънои ан-набийин набиҳо мебошад. Калимаи аввал хотам аст. Пас касе чӣ тавр тарҷумаи хотам кунад, ба мо қабул аст, танҳо бар он тарҷума андак фикр кардан даркор аст.
Агар касе тарҷумаи хотаманнабийин “хатмкунандаи пайғамбарон” кунад, чӣ хеле, ки бисёри мусалмонҳо ҳамин тарҷума мекунанд, пас савол пайдо мешавад, ки мурод аз хатм кардани пайғамбарон чӣ мебошад. Ҳар як пайғамбар ду дараҷа дорад. Яке дараҷаи ҷисмонӣ мебошад ва дигаре дараҷаи рӯҳонӣ аст. Акнун агар аз рӯйи дараҷаи зоту ҷисм бинем, пас вақте ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба дунё омаданд, аз рӯйи ақидаи мухолифони мо ҳамаи пайғамбарон аз рӯйи ҷисм вафот ёфта буданд. Танҳо ҳазрати Исо алайҳиссалом дар он замон зинда буданд ва дараҷаи ҷисмонии Эшон боқӣ монда буд. Бинобар ин ақидаи мухолифони мо ҳамин шуд, ки бо вуҷуди нозил шудани ояти хатми нубувват, ки дар он даъвои хатм намудани ҳамаи пайғамбарон шудааст, он даъво ҳам (наузубиллоҳ) дурӯғ шуд ва аз рӯйи ҷисм як пайғамбаре, ки зинда буд, баъд аз беъсати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ зинда монд ва ояти хатми нубувват ба он пайғамбар, яъне ҳазрати Исо алайҳиссалом ягон намуд таъсир расонда натавонист. Ин аст зарари ақидаи хатми нубуввати мухолифони мо. Аз рӯйи шарҳи мухолифони мо ҳамин маъно мебароянд, ки боло зикр кардем ва мухолифини мо гӯё дини худро бо дасти худ масхара карда истодаанд.
Масалан агар имрӯз як ҳинду бигӯяд, ки пайғамбари шумо чунин даъвои бузург кардааст, ки ман хатмкунандаи ҳамаи пайғамбаронам. Агар андак фикр кунем, ҳамаи пайғамбарон пешакӣ вафот ёфта буданд. Танҳо дар бораи як пайғамбар шумо (мусалмонҳо) ақида доред, ки ҳоло вафот накарда буд ва дараҷаи ҷисмонии ӯ ҳоло тамом нашуда буд. Пайғамбари шумо бо вуҷуди чунин даъвои бузург ӯро ҳам хатм карда натавонист. Пас дар ҷавоби он гапи ҳинду мо танҳо шарманда мешавем ва ягон ҷавоб дода наметавонем.
Акнун дараҷаи дуюми набӣ дараҷаи рӯҳонӣ мебошад. Пеш аз омадани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам файзу таъсири рӯҳонии ҳамаи пайғамбарон тамом шуда буд. Танҳо аз рӯйи ақидаи мухолифони мо ҳазрати Исо алайҳиссалом пайғамбаре ҳастанд, ки замони файзу таъсир ва таблиғу тарбияташон баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ боқӣ мемонад. Яъне аз рӯйи дараҷаи рӯҳонӣ низ ояти хатми нубувват ба ҳазрати Исо алайҳиссалом ягон намуд таъсир расонда натавонист. Пас, аз рӯйи рӯҳоният низ даъвои хатми нубувват танҳо даъво мемонад ва мухолифони мо инро исбот карда наметавонанд.
Акнун Ҷамоати Аҳмадия дар бораи ин оят чӣ ақида дорад. Бидонед, ки вақте ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба дунё омаданд, ҳамаи динҳои пешинаро тамом карданд. Ҳамаи таъсироти рӯҳонӣ ва файзи пайғамбарони пешинаро хатм намуданд. Чунончи Қуръони пок чунин эълон кардааст:
وَمَنْ يَبْتَغِ غَيْرَ الْإِسْلَامِ دِينًا فَلَنْ يُقْبَلَ مِنْهُ وَهُوَ فِي الْآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ۔ سورۃ اٰل عمران۔ 85
Яъне эй мардум, ғайр аз дини ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам касе дини пайғамари дигаре талош хоҳад кард, ӯ дар боргоҳи Худо қабул нахоҳад шуд ва ӯ дар охират аз зиёнкорон хоҳад шуд.
Аз ин маълум мешавад, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам файзи ҳамаи пайғамбарони пешинаро хатм карданд ва ҷорӣ шудаи дарёи файзи худро эълон намуданд. Худо фармуд:
قُلْ إِنْ كُنْتُمْ تُحِبُّونَ اللّٰهَ فَاتَّبِعُونِي يُحْبِبْكُمُ اللّٰهُ۔ سورۃ اٰل عمران۔ 31
Яъне эй пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ту байни мардум эълон кун, ки агар шумо муҳаббати Худоро мехоҳед, пас, маро пайравӣ кунед, дар натиҷа маҳбуби Худо хоҳед шуд.
Ва дигар ҷо омадааст, ки ҳар касе, ки дар натиҷаи пайравии ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам маҳбуби Худо шуд, дар байни онҳо касе СОЛЕҲ хоҳад шуд, касе ШАҲИД хоҳад шуд, касе СИДДИҚ хоҳад шуд ва касе то ба дараҷаи НАБӢ хоҳад расид. Пас, ҳамин мафҳум аст, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам файзи ҳамаи анбиёро тамом карданд, шариатҳои ҳамаи пайғамбарон ва динашонро хатм карданд ва танҳо дини Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва шариаташон ҷорӣ хоҳад шуд.
Як савол ин аст, ки сабаби беъсати Набӣ чист ва барои чӣ ӯ дар дунё меояд?
Ҷавоб ҳамин аст, ки агар мо чунин ақида дошта бошем, ки маънои хотаманнабийин ин мебошад, ки дигар ягон пайғамбар намеояд, дар ин сурат боз ин савол пайдо мешавад, ки оё он сабабҳо ҳам тамом шудаанд, ки дар натиҷаи онҳо пайғамбар меояд? Оё он фитнаҳо низ тамом шудаанд, ки дар натиҷаи он беъсати набӣ мешавад? Бояд мо бар ин савол фикр кунем, зеро ҳеҷ гоҳ чунин шуда наметавонад, ки Худо силсилаи омади пайғамбаронро тамом кунад, аммо сабабҳои омади пайғамбаронро тамом накунад. Яъне дарҳои фитнаҳо кушода истанд, аммо дари табобаткунандаи он фитнаҳо маҳкам шавад. Агар марзҳои рӯҳонӣ боқӣ монанд ва табибҳои чунин марзҳои рӯҳонӣ набошанд, ин қонуни Худо нест. Қуръон аз ҳама зиёд сифати Раҳми Худор такрор намудааст. Агар мо бигӯем, ки Худо дарҳои фитнаҳоро маҳкам накардааст ва дар муқобили он дарҳои табобаткунандаи он фитнаҳо, яъне пайғамбаронро маҳкам кардааст, дар ин сурат ин феъл зидди сифати Раҳми Худо аст.
Акнун Қуръон ду намуд пайғамбаронро нишон медиҳад. Яке соҳиби шариат ва дигаре бешариат. Қуръон даъво кардааст, ки шариаташ комил шудааст ва ягон намуди шариат то қиёмат даркор нест. Аз ин маълум мешавад, ки ягон намуд пайғамбар омада наметавонад, ки шариати дигар орад. Ҳазрати Иброҳим алайҳиссаломро бинед, Эшон дини иброҳимиро оварданд ва динҳои пешинаро мансух карданд. Баъд аз Эшон ҳазрати Исмоил ва ҳазрати Исҳоқ алайҳиссалом пайғамбар буданд ва бо вуҷуди пайғамбар будани худ дини Иброҳим алайҳиссаломро мансух накарданд ва мардумро низ ба ҳамон дин даъват мекарданд. Сипас ҳазрати Яъқуб ва ҳазрати Юсуф алайҳиссалом низ дини Иброҳимро мансух накарданд.
Акнун вақти мо бар ин савол фикр мекунем, ки оё чунин набӣ дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам омада метавонад ва ё не, ки худаш ҳам ба шариати Исломӣ амал кунад ва мардумро низ таблиғи шариати Ислом кунад, дар ҷавоб Қуръони пок дар сураи Соффот мефармояд:
وَلَقَدْ ضَلَّ قَبْلَهُمْ أَكْثَرُ الْأَوَّلِينَ۔ سورۃ الصفٰت۔71
Яъне бештари қавмҳои пешина ба гумроҳӣ афтоданд.
Пас баъд аз ин чӣ шуд. Қуръон дар ояти баъд аз ин ҷавоб медиҳад:
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا فِيهِمْ مُنْذِرِينَ۔ سورۃ الصفٰت۔72
Пас мо дар он қавмҳо набӣ фиристодем.
Аз ин оят қоидаи Худованӣ маълум мешавад. Яъне вақте ки дар қавмҳо гумроҳӣ пайдо мешуд, Худо дар онҳо набӣ мабъус мекард. Акнун агар аксарияти уммати мо то қиёмат дуруст боқӣ монад ва дар ин уммат фитна пайдо нашавад, пас аз рӯйи ин оят маълум мешавад, ки ягон набии ходими Ислом даркор намебошад. Аммо ҳама медонанд, ки чунин нест.
Дар ҷойи дигар Қуръон моро ин қоида низ фаҳмондааст:
لَقَدْ كَانَ فِي قَصَصِهِمْ عِبْرَةٌ لِأُولِي الْأَلْبَابِ۔ سورۃ یوسف۔ 111
Дар воқеаҳои анбиё барои хирадмандон ибрате аст.
Дар ин оят ишора ба ин тараф аст, ки барои таҳқиқи ҳар як масъла мо бояд таърихи зикркардаи анбиёро дар Қуръон бихонем. Акнун ҳамин қоидаро ба назар гирифта ин масъаларо мебинем. Қуръон карим мефармояд, ки
إِنَّا أَنْزَلْنَا التَّوْرَاةَ فِيهَا هُدًى وَنُورٌ يَحْكُمُ بِهَا النَّبِيُّونَ الَّذِينَ أَسْلَمُوا لِلَّذِينَ هَادُوا۔ سورۃ المائدۃ۔44
Яъне мо Тавротро нозил кардем, ки дар вай ҳидоят ҳам мавҷуд буд ва нури Худо низ мавҷуд буд.
Ин маънои онро дорад, ки то он вақт дар Таврот таҳриф нашуда буд ва ҳамаи ҳалли масъалаҳои он замон низ дар он мавҷуд буданд. Шариат мавҷуд буд ва маҳфуз буд, аммо Худо фармуд, ки пайравони шариат мунташир шуда буданд ва аз низоми ваҳдат баромада буданд. Ихтилофҳо дар байни онҳо бисёр шуда буданд. Амалашон дигар шуда буданд. Ҳар кас оятҳои Тавротро ҳар хел шарҳ медод. Давоми оят чунин аст, ки вақте дар Банӣ Исроил ихтилофот пайдо шуданд, вақти дар он уммат фирқаҳо бисёр шуданд, пас мо барои раҳнамоии онҳо чунин пайғамбарон фиристодем, ки аз рӯйи таълимоти Таврот (یحکم بھا) ихтилофоти Банӣ Исроилро қазия мекарданд ва ягон шариати навро намеоварданд.
Акнун ин оят моро фаҳмонда истодааст, ки барои Банӣ Исроил китоби Таврот мавҷуд буд ва дар он китоб ҳалли ҳамаи масъалаҳояшон низ мавҷуд буданд, аммо бо вуҷуди ин уммат фирқа-фирқа шуда буд. Худо ихтилофоти диниашонро дида барои қазия намудани ихтилофот ба таври Ҳакам пайғамбарон фиристод, ки аввал худашон ба таълимоти Таврот амал мекарданд ва сонӣ Банӣ Исроилро аз рӯйи таълимоти Таврот ҳидоят мекарданд.
Акнун бар ин оят фикр карда чунин натиҷа баровардан мумкин аст, ки агар уммати мо то қиёмат дар силсилаи ваҳдат боқӣ монад ва шикори ихтилофоту интишор нашавад, пас уммати мо ба ягон намуд набии ходим ҳоҷат надорад. Аммо агар уммати мо аз ваҳдат маҳрум шавад, фирқаҳо бисёр шаванд ва дар ҳар як масъала ихтилофот пайдо шаванд, пас аз рӯйи ин оят дар уммати мо низ ҳоҷати чунин набӣ мавҷуд аст, ки аз Худо файз гирифта ва аз Худо ирфон гирифта шариати исломиро фаҳмида масъалаҳои ихтилофоти диниро қазия кунад.
Аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам зиёдтар ояти хотаманнабийинро ҳеҷ кас фаҳмида наметавонад. Агар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мафҳуми ин оятро чунин мефаҳмиданд, ки баъд аз ман барои хидмати Ислом дар уммати ман ҳоҷати набии ходим нест, пас ҳеҷ гоҳ мусалмононро башорати Масеҳи набиюллоҳ намедоданд. Аммо бо вуҷуди нузули ояти хотаманнабийн ва бо вуҷуди маърифат ёфтани ҳар як чиз уммати худро барои хидмати Ислом башорати Масеҳи набиюллоҳ дода моро фаҳмонданд, ки барои хидмати Ислом омадани Масеҳи набиюллоҳ хилофи мақоми хотаманнабийини ман нест. Ҳамаи фирқаҳо ба ин башорот ақида доранд ва гӯё ба ин чиз иҷмоъ карда истодаанд, ки барои хидмати Ислом омади ягон набӣ хилофи ояти хотаманнабийн намебошад.
Баъзеҳо тарҷумаи хотаманнабийин “пайғамбари охирин” мекунанд. Яъне баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро ягон намуд пайғамбар нест.
Акнун ин тарҷумаро ба хонандагон мефаҳмонем. Агар инҳо як тараф ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро пайғамбари охирин мегӯянд, дар баробари ин боз ақида доранд, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Масеҳи набиюллоҳ хоҳад омад. Ин амри аҷиб мебошад. Мухолифони мо дар ҳаққи худ далел меоранд, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз рӯйи таваллуд ва беъсат пайғамбари охиринанд. Яъне баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон кас таваллуд намешавад, ки пайғамбар шавад. Ҳазрати Исо алайҳиссалом пешакӣ таваллуд шудаанд. Дар ҷавоб мо мегӯем, ки дар ояти хотаманнабийин ду калима ҳастанд, яъне хотам ва набийин. Савол ба мухолифони ҷамоати Аҳмадия ин аст, ки таваллуд шудан ва мабъус шудан тарҷумаи кадом калимаҳои оят мебошанд? Ин танҳо ақидаи ихтироъ кардашуда аст, ки аз рӯйи таваллуд ва беъсат ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам охирин набӣ ҳастанд. Дар Қуръон ягон калима ин тавр нест, ки тарҷумааш чунин бошад.
Акнун агар тарҷумаи хотаманнабийинро “пайғамбари охир” қабул кунем, пас аз рӯйи ақидаи мухолифини мо васфи “пайғамбари охир” ба ду қисм тақсим мешавад. Яъне аз рӯйи таваллуд ва беъсат ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам хотаманнабийин шуданд, аммо аз рӯйи таълим додани дунё, таблиғот ва файзи худро ҷорӣ намудан ҳазрати Исо алайҳиссалом хотаманнабийин шуданд. Қуръон як набиро хотаманнабийин гуфта истодааст, аммо аз рӯйи шарҳи мухолифони мо (наузубиллоҳ) ду набӣ хотаманнабийин шуданд.
Боз ба ин нукта низ таваҷҷуҳи шуморо мекашем, ки танҳо пайғамбари охир будан ягон хубӣ надорад. Мухолифони мо мегӯянд, ки азбаски ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз ҳама охир омаданд, бинобар ин аз ҳама пайғамбарон афзал шуданд.
Бидонед, ки афзалият аз рӯйи сифот мешавад. Касе дар аввал ояд, дар байн ояд ва ё дар охир ояд, танҳо ба ин сабаб ягон намуд хубӣ пайдо намешавад. Масалан, мо дуруди пок мехонем, ки
اللھم صل علی محمد وعلیٰ اٰل محمد کما صلیت علی ابراھیم وعلیٰ اٰل ابراھیم انک حمید مجید۔
Аз ин дуруди шариф исбот мешавад, ки баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам агар касе афзал дар пайғамбарон буд, ӯ ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом буданд. Акнун агар аз рӯйи ақидаи мухолифини мо қабул кунем, ки касе баъдтар ояд, ӯ ба таври худ афзал хоҳад шуд, пас, баъд аз ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом бисёр пайғамбарон омаданд. Оё касе гуфта метавонад, ки ҳазрати Яҳё алайҳиссалом аз ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом афзал буданд, ба ин сабаб, ки эшон баъд аз ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом омаданд? Ҳазрати Закриё алайҳиссалом аз ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом афзалтар буданд, зеро Эшон баъд аз ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом омаданд ва монанди инҳо. Ҳамин тавр аз рӯйи ақидаи мухолифини мо азбаски ҳазрати Исо алайҳиссалом аз ҳамаи пайғамбарон дар охир хоҳанд омад, пас Эшон афзалтарини пайғамбарон хоҳанд шуд.
Боз як тарҷумаи дигари калимаи хотам “муҳр” карда мешавад ва мухолифини мо тарҷумаи хотаманнабийин “муҳр бар пайғамбарон” мекунанд. Акнун дар Қуръон ибораи хотаманнабийин омадааст, яъне ин ибора изофат дорад ва тарҷумааш “муҳри пайғамбарон” дуруст мебошад, на ки “муҳр бар пайғамбарон”. Барои “бар” бояд дар арабӣ علیٰ меомад, чӣ хеле, ки дар аввали Қуръон омадааст, ки ختم اللہ علی قلوبھم. Ин як баҳс буд. Баҳси дигар ин, ки гуфта мешавад, ки муҳр дар охир зада мешавад. Дар ҷавоб гуфта мешавад, ки ин лозим нест, ки муҳр дар охир зада шавад. Муҳр дар аввал ва дар байн ҳам зада мешавад, дар болои матн низ зада мешавад. Савол бояд ҳамин тавр мешуд, ки муҳр чӣ кор мекунад? Кори муҳр ҳамин аст, ки дар куҷое зада шавад, нақши худро мегузорад. Аз ин рӯ ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам муҳри пайғамбарон шуданд ва муҳри ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба кадом инсоне, ки зада шуд, дар он инсон нақши пайғамбарӣ пайдо мекунад ва он инсонро ҳамчун набӣ тасдиқ мекунад. Яъне ибораи хотаманнабийин моро башорат дода истодааст, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам муҳри пайғамбарон ҳастанд ва дар куҷое ин муҳр зада мешавад, дар он нақши пайғамбарӣ зоҳир мешавад. Аз ин рӯ вуҷуди ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набитарош, набисоз ва набигар мебошад.
Leave A Comment