МАСЪАЛАИ НУБУВВАТ ВА ҲАЗРАТИ МАСЕҲИ МАВЪУД АЛАЙҲИССАЛОМ

Пеш аз ин мо дар бораи Вафоти ҳазрати Исо алайҳиссалом, Имом Маҳдӣ ва Масеҳи Мавъуд масъалаҳоро кушодем ва аз рӯйи Қуръону ҳадис шарҳ додем, ки ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом аз рӯйи аломатҳои замонӣ ва нишонаҳо аз тарафи Худо ҳамон Масеҳи Мавъуд ва Имом Маҳдӣ ҳастанд, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораашон хабар дода буданд.

Акнун баъд аз ин масъалаҳо як баҳси дигар боқӣ мемонад, ки оё ҳамон Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар борааш хабар дода буданд, ки дар охирзамон хоҳад омад, дараҷаи нубувватро соҳиб мешавад ва ё не? Ва агар соҳиб мешавад, пас дар натиҷа оё ба сифати “Хотаманнабийин” будани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон намуд зарар мерасад ва ё не?

Пеш аз он, ки мо ин масъаларо шарҳ диҳем, диққати ҳамаи хонандагон ба тарафи як намуд тарзи фикр мекашем. Ҳамаи хонандагон фикр кунанд, ки агар силсилаи илҳому ваҳй аз тарафи Худо маҳкам шуда бошад, пас Имом Маҳдӣ, ки мусалмонҳои дигар дар интизори ӯ ҳастанд, чӣ хел мефаҳмад, ки ӯ Имом Маҳдӣ аст. Агар бигӯед, ки ба воситаи хоб мебинад, пас ин ҷавоби кофӣ нест, зеро хобҳо ҳар гуна мешаванд. Ҳарчанд хобҳои рост бисёр одамон мебинанд, аммо касе танҳо ба хоб асос намуда даъвои Имом Маҳдӣ будани худро карда наметавонад, зеро ин як дараҷаи бисёр баланд дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст. Дар бораи ин фикр кунед ва аз Худо дуо карда ҳидоят пурсед.

Боз фикри хонандагон ба масъалаи дигар мекашем, ки агар Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом, ки мусалмонҳо ба интизори ӯ ҳастанд, ҳамчун набӣ омада наметавонад, пас чаро дар ҳадиси «Саҳеҳи Муслим» чор бор Масеҳи Муҳаммадиро бо калимаҳои “نبی اللہ” (Набиюллоҳ) ёдоварӣ карда шудааст. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро ҳамчун “نبی اللہ” (Набийюллоҳ) мухотаб карданд. Агар дар ҳадис як бор “набйюллоҳ” гуфта мешуд, гуфтан мумкин буд, ки ровӣ дар нақли даҳис хато кардааст, аммо дар ҳадис чор бор Исои муҳаммадиро “набиюллоҳ” гуфта шудааст. Аз ин исбот мешавад, ки ровӣ бо такрор аз даҳони мубораки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам калимаи “набиюллоҳ”-ро шунида буд. Бидонед, ки Масеҳи Мавъуд ҳамчун набии Худо шуда меояд. Агар олимони динии мусалмонҳо ба мардум чунин гӯянд, ки он Исое, ки дуюм бора дар уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам меояд, ба таври набӣ намеояд, пас онҳо мусалмонҳоро фиреб мекунанд ва ҳадиси Саҳеҳи Муслимро пинҳон мекунанд ва пеши мардуми ома намеоранд. Дар ин бора ҳам фикр кунед.

Акнун ба тарафи масъалаи “Хотаманнабийин” будани ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалом меоем. Пеш аз ҳама ба хонандагон мегӯем, ки оё ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом “Хотаманнабийин” будани ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро иқрор мекарданд ва ё инкор? Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом дар бисёр ҷо дар китобҳояшон навиштанд, ки калимаи шаҳодати мо لا الہ الا اللہ محمد رسول اللہ аст ва мо бар ҳамаи аркони Ислом ва аркони имон, имон дорем. Илова бар ин натанҳо дар бисёр ҷо навиштанд, ки мо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро “Хотаманнабийин” медонем, балки шарҳ дода навиштанд, ки касе мункири хатми нубувват аст, ман ӯро аз доираи Ислом берун медонам. Ӯ на аҳмадӣ аст ва на мусалмон.

Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дар як маҷлис чунин фармуданд:

Бояд зикр намуд, ки бар ман ва бар ҷамоати ман чунин туҳмат зада мешавад, ки мо Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи васалламро хотаманнабийин намедонем. Ин бар мо ифтирои азим аст. Мо бо чунон қувват, яқин, маърифат ва басират ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро хотамуланбиё қабул мекунем, ки дигарон қисми сад ҳазоруми онро қабул намекунанд ва чунин қувва ҳам надоранд. Онҳо ин ҳақиқатро ва сирри хотамуланбиёи хатми нубувватро намефаҳманд. Онҳо танҳо аз калонҳо як калима шунидаанд, аммо аз ҳақиқати он бехабаранд ва намедонанд, ки хатми нубувват чист ва мафҳуми имон овардан ба он чист? Аммо мо бо басирати том, ки танҳо Худо инро медонад, ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро хотамуланбиё бовар мекунем. Ва Худои таоло бар мо ҳақиқати хатми нубувватро чунин кушодааст, ки аз ин шарбати ирфонӣ, ки моро нӯшонда шудааст, як лаззати хос ҳосил мекунем ва ҳеҷ кас инро ҳис карда наметавонад, ғайр аз онҳое, ки аз ин чашма сероб карда шудаанд.

Боз ҳақиқати хатми нубувватро кушода мефармоянд:

“Аллоҳи таоло моро ҳамон набӣ додааст, ки Хотамулмуъминин, Хотамулорифин ва Хотаманнабийин аст ва ҳамин тавр он китоб бар вай нозил кардааст, ки ҷомеулкутуб ва хотамулкутуб аст. Тавре ки гуфта шудааст, ки Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам хотаманнабийин ҳастанд ва бар Эшон нубувват хатм шудааст, ин маънои онро надорад, ки нубувват монанди он ки касе гарданро фишурда ҷонро тамом мекунад, тамом шудааст. Чунин хатм боиси фахр намебошад, балки мурод аз хатми нубувват бар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин аст, ки ба таври табиӣ ҳамаи камолоти нубувват бар ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам тамом шудаанд, яъне он ҳамаи сифатҳои гуногун, ки аз Одам алайҳиссалом сар карда то ба ҳазрати Исо алайҳиссалом мавҷуд буданд, ҳамаи онҳо дар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷамъ шуданд. Ба ҳамин маъно ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба таври табиӣ Хотаманнабийин шуданд. Инчунин ҳамаи он таълимоту маърифатҳо, ки дар китобҳои гуногуни шариат буданд, бар Қуръони пок омада тамом шуданд. Ба ин маъно китоби Қуръон хотамулкутуб шуд”.

(Малфузоти ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом. Ҷилди 1, саҳ. 227)

Маънои хотаманнабийинро ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дар як ҷо чунин шарҳ доданд:

“Дар бори хатми нубувват ман боз гуфтан мехоҳам, ки маънои бузурги хотаманнабийин ҳаминанд, ки умури нубувват аз Одам алайҳиссалом сар шуда ба ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам тамом шуданд. Ин маънои зоҳирии хотаманнабийин ҳастанд. Маънои дигар ин мебошанд, ки доираи камолоти нубувват бар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам тамом шудааст. Ин комилан рост мебошад, ки Қуръони шариф ҳамаи масъалаҳои ноқисро то ба камол расондааст ва бар ҳамин нубувват тамом шудааст. Яъне дар таълимоти Қуръон, ҳамаи он сифоту таълимот, ки дар пайғамбарони пешина вуҷуд доштанд ва меъёрашон на он қадар баланд буд, ба камол расонда шуданд. Ва бар Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам он шариат нозил карда шуд ва дар ин ҷо набувват тамом шуд. Аз ин зиёд ҳеҷ кас ба дараҷаи камолот нарасида буд ва “нахоҳад расид”. Минбаъд касе расидан мехоҳад, ба воситаи Қуръон, ки бар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил шудааст, мерасад. Фармуданд, ки ба ҳамин сабаб Исломро ин имтиёз дода шуд, ки الیوم اکملت لکم دینکم. Яъне шариати Ислом комил шуд ва ягон набӣ аз доираи ин шариат берун шуда нахоҳад омад”.

Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом фармуданд, ки ман худам даъвои пайғамбарӣ накардаам, аммо он муколимҳову мухотибот, ки аз тарафи Аллоҳи ҷалла шаънуҳу ба ман шудаанд, ки дар онҳо ин калимаи нубуввату рисолат бисёр истифода шудааст, инҳоро ба сабаби маъмур буданам ҳеҷ гоҳ махфӣ дошта наметавонам. Худо ба ман гуфтааст. Ба ҳамин сабаб пинҳон карда наметавонам, аммо бо такрор мегӯям, ки дар ин илҳомот калимаи мурсал ё расул ва ё набӣ ба нисбати ман омадааст, бар маънои ҳақиқии худ истифода нашудааст.

Дар бораи дини худ ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом фармуданд:

“Мо мусалмон ҳастем ва бар китоби Худо, – Қуръон, имон дорем ва низ имон дорем, ки сардори мо ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам набӣ ва расули Худо ҳастанд. Илова бар ин Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам беҳтарин динро овардаанд. Бар ин низ имон дорем, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Хотамуланибё ҳастанд ва баъд аз Эшон пайғамбаре нест, аммо ҳамон кас, ки тарбияташ аз файзони Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам шуда бошад (Чӣ хеле, ки ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом гирифтанд) ва зуҳураш аз рӯйи пешгӯйи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам шуда бошад. Худои таоло авлиёи ин умматро бо муколима ва мухотаба мушарраф мегардонад ва онҳоро куртаи анбиё мепӯшонад, аммо онҳо набии ҳақиқӣ намебошанд, зеро Қуръон ҳамаи ҳоҷатҳои шариатро комил кардааст. Ва онҳоро фаҳми Қуръон дода мешавад, аммо онҳо дар Қуръон на ягон чиз илова мекунанд ва на камӣ мекунанд. Касе ки дар Қуръон чизе илова кард ва ё камӣ кард, ӯ шайтон ва фоҷир аст. Ва мурод аз хатми нубувват назди мо чунин аст, ки бар ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки афзалтарини ҳамаи пайғамбару расулон ҳастанд, ҳамаи камолоти нубувват тамом шудаанд. Ва мо ақида дорем, ки баъд аз ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам танҳо ҳамон шахс то ба мақоми нубувват расида метавонад, ки аз уммати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бошад ва пайрави комили Он ҳазрати саллаллоҳу алайҳи ва саллам бошад ва ҳамаи файзони нубувват танҳо аз рӯҳонияти ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ёфта бошад ва аз нурашон мунаввар шуда бошад. Дар ин мақом ягон намуди бегонагӣ нест ва на ин ҷойи ғайрат аст ва ин ягон нубуввати ҷудогона нест ва на мақоми ҳайрат аст, балки ин ҳамон Аҳмади муҷтабост саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки дар шакли дигар оина зоҳир шудааст ва ҳеҷ кас акси худро дар оина дида, ки дар ҳақиқат Худо ӯро дар оина нишон додааст, қаҳрӣ намешавад, зеро бар шогирдон ва писарон қаҳри одам намеояд. Хулоса, касе аз Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам файз гирифта ва дар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фано шуда ояд, ӯ дар ҳақиқат ҳамон кас аст, зеро ӯ бар мақоми комили фаност. Ӯ мисили Эшон ва чодари Эшонро пӯшида меояд ва аз Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам ӯ вуҷуди рӯҳонии худро ҳосил намудааст ва аз файзашон вуҷуди худро ба камол расондааст. Ва ҳамин ҳақ аст, ки бар баракоти Пайғамбарамон саллаллоҳу алайҳи ва саллам гувоҳӣ медиҳад ва мардум ҳусни ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар либоси пайравоне, ки ба сабаби муҳаббати камоли худ дар вуҷудашон фано шудаанд, мебинанд. Ва бар хилофи ин баҳс намудан боиси ҷаҳл аст, зеро аз тарафи Худо ба ин тавр исбот мешавад, ки Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам абтар (бе зуррият) набуданд ва барои одами зирак шарҳи ин лозим нест. Ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз рӯйи ҷисмонӣ падари ягон мард набуданд, аммо аз рӯйи файзони рисолат падари ҳар он касанд, ки дар рӯҳоният то ба дараҷаи камол расидааст. Ва Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам Хотами ҳамаи анбиё ва сардори ҳамаи мақбулҳо ҳастанд. Акнун дар дарбори Худованд танҳо ҳамон шахс дохил шуда метавонад, ки нақши муҳри ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дошта бошад ва бар суннаташон комилан амалкунанда бошад. Акнун ҳеҷ амале ва ибодате ғайр аз иқрори рисолати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам пеши Худо қобили қабул нест. Касе аз ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҷудо шуд ва то ҳадди имкон пайравии ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам накард, ӯ ҳалок шуд. Акнун баъд аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон намуд шариат нест ва ҳеҷ кас китоб ва аҳкоми Он ҳазрати саллаллоҳу алайҳи ва салламро мансух карда наметавонад ва на касе каломи Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро иваз карда метавонад. Ягон борон монанди борони сахти Он ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам шуда наметавонад ва касе аз пайравии Қуръон андак дур шуд, аз доираи имон хориҷ шуд. Касе комёб шуда наметавонад, то вақте ки ҳамаи ин чизҳоро пайравӣ накунад, ки аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам исбот шудаанд. Касе яке аз васиятҳои ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро тарк намуд, ӯ гумроҳ шуд ва касе дар ин уммат даъвои нубувват кард дар ҳоле, ки чунин эътиқод надошт, ки ӯ тарбиятёфтаи хайрулбашар, – Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, аст ва бе усваи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳеҷ аст ва ин, ки Қуръон хотамушшароеъ аст, пас ӯ ҳалок шуд ва рафиқи кофирону фоҷирон шуд. Ва касе даъвои нубувват кард ва чунин эътиқод надошт, ки ӯ аз уммати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст ва ин, ки чизе ёфтааст, ба воситаи файзи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ёфтааст ва ин, ки ӯ меваи боғи Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст ва як қатраи борони Муҳаммадӣ аст ва як шуои нури эшон аст, пас ӯ малъун аст. Бар ӯ ва рафиқону пайравон ва кумаккунандагони ӯ лаънати Худо бод”.

Ин буд имон ва эътиқоди ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом аз ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чунин файзу баракат ёфта буданд. Ба ҳамин сабаб ин тавр навиштанд, ки касе аз доираи иттибои ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам берун бошад, ӯ малъун аст. Эшон боз фармуданд, ки агар мусалмонҳо қоим бар дин мешуданд ва пайравони ҳақиқии ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебуданд, пас омади ман лозим набуд. Чунончи Эшон фармуданд:

Аз мисолҳои дунё мо хатми нубувватро бо Моҳ монанд карда метавонем. Чӣ хеле, ки Моҳ аз ҳилол сар мешавад ва бадар шуда комил мешавад, ҳамин тавр ҳамаи камолоти нубувват бар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам расида тамом шуданд. Онҳое, ки чунин ақида доранд, ки нубувват тамом шудааст ва ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро бар Юнус ибни Матто набояд тарҷеҳ дод, дар ҳақиқат онҳо ин ҳақиқатро нафаҳмидаанд ва ҳеҷ илм дар бораи фазилатҳо ва камолоти ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам надоранд. Бо вуҷуди доштани чунин фаҳм моро мегӯянд, ки мо мункири хатми нубувват ҳастем. Фармуданд, ки ман чунин маризҳоро чӣ бигӯям ва бар инҳо чӣ тавр афсус хӯрам? Агар аҳволи инҳо чунин намешуд, омади ман лозим намешуд. Агар дар инҳо имон боқӣ мемонд ва рӯҳонияти инҳо дуруст мешуд, пас ман ҳеҷ лозим намешудам. Ҳолати имонии инҳо бениҳоят заиф аст ва инҳо аз мафҳум ва мақсади Ислом ноошно ҳастанд, вагарна ягон сабаб набуд, ки инҳо аз аҳли ҳақ адоват мекарданд.

Инҳо чанд намунаҳои матн аз навиштаҳои ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом буданд. Умед дорем, ки хонандагон аз инҳо мефаҳманд, ки дар асл мо чӣ намуд набӣ будани ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссаломро эътиқод дорем. Дар оянда ин мазмунро аз рӯйи далелҳои Қуръону ҳадис исбот карда хоҳад шуд. وما توفیقنا الا باللہ