АЛОМАТҲОИ ИМОМ МАҲДӢ ВА МАСЕҲИ МАВЪУД АЛАЙҲИССАЛОМ
ВАЗИФАИ МАСЕҲИ МАВЪУД АЛАЙҲИССАЛОМ
Як аломати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ин гуфта шудааст, ки ӯ салибро хоҳад шикаст, хукҳоро хоҳад кушт, Даҷҷолро хоҳад кушт ва дини Исломро бар динҳои дигар ғолиб хоҳад кард, ҳатто Офтоб аз тарафи ғарб тулӯъ хоҳад шуд. Масеҳи Мавъуд дар ҳамаи ихтилофҳо рост-рост қазоват хоҳад кард ва имони гумшударо боз дар дунё хоҳад овард. Байни мардум молҳои бемаҳдудро тақсим хоҳад кард, аммо мардум моли ӯро қабул нахоҳанд кард. Чунончи, дар ҳадисҳо чунин зикр шудааст:
وَاللّٰهِ لَيَنْزِلَنَّ ابْنُ مَرْيَمَ حَكَمًا عَدْلًا ، فَلَيَكْسِرَنَّ الصَّلِيْبَ ، وَلَيَقْتُلَنَّ الْخِنْزِيْرَ ، وَلَيَضَعَنَّ الْجِزْيَةَ ، وَلَيَتْرُكَنَّ الْقِلاصَ فَلا يَسْعَى عَلَيْهَا ، وَلَتَذْهَبَنَّ الشَّحْنَاءُ ، وَالتَّبَاغُضُ ، وَالتَّحَاسُدُ ، وَلَيَدْعُوَنَّ إِلَى الْمَالِ فَلا يَقْبَلُهُ أَحَدٌ۔ صحیح مسلم
وفی روایۃ یُفِیْض الْمَال حَتّٰی لَا یقبلہٗ اَحَد۔ صحیح بخاری
وفی روایۃ۔ فیطلبہ حتی یدرکہ بباب لدّ فیقتلہ۔ صحیح مسلم
وفی روایۃ وتطلع الشمس من مغربھا۔ مشکوۃ۔
وفی روایۃ لو کان الایمان عند الثریا لنالہ رجلٌ من ھٰؤلاء (ای ابناء فارس)۔ صحیح بخاری
وقال اللہ تعالیٰ۔ هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَى وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ۔ سورۃ التوبہ۔33
Яъне “Қасам ба Худо, дар байни шумо ҳатман ибни Марям нозил хоҳад шуд ва ӯ ихтилофҳои байни шуморо рост-рост қазия хоҳад кард. (Яъне ихтилофҳое, ки дар ривоёт, ақоид ва аъмол ва ғайраҳо пайдо шудаанд, онҳоро Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом омада қазоват хоҳад кард). Ва ӯ ҳатман салибро хоҳад шикаст ва хукҳоро хоҳад кушт ва ҷизяро мавқуф хоҳад кард (ва дар дигар ҷо дар Саҳеҳи Бухорӣ омадааст, ки ӯ “ҷангро мавқуф хоҳад кард”) ва дар замони ӯ уштурҳои модина, ки ҳамчун савора истифода карда мешаванд, тарк карда хоҳанд шуд, яъне дигар ҳоҷат барои сафари онҳо нахоҳад монд. (Ва дар байни қабулкунандагони ӯ) кина, буғз ва ҳасад нахоҳад монд ва Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом мардумро ба тарафи мол фарёд хоҳад кард, аммо касе моли ӯро қабул нахоҳад кард ва дар ривояти дигар аст, ки ӯ бо касрат молро хоҳад рехт, аммо ҳеҷ кас нахоҳад гирифт ва дар ривояти дигар чунин аст, ки вақте Даҷҷол ӯро хоҳад дид, монанди намак дар об ҳал хоҳад шуд ва Даҷҷол аз ӯ хоҳад гурехт, аммо Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом вайро таоқуб карда дар “боби луд(д)” хоҳад капид ва ӯро қатл хоҳад кард. Ва дар замони ӯ офтоб аз тарафи ғарб тулӯъ хоҳад шуд. Ва имон агар аз дунё чунин ғоиб мезада бошад, ки гӯё ба ситораи Сурайё рафтааст, пас, як марди комил, ки форсиуласл хоҳад шуд, онро дубора ба дунё хоҳад фаровард. (Яъне ҳамин Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом имони гумшударо дар дунё хоҳад овард). Ва дар Қуръони пок Худои таоло мефармояд, ки
“Ҳамон Худо аст, ки расули худро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристодааст, то Ӯ инро бар ҳамаи динҳои дигар ғолиб карда нишон диҳад”. (Ин оятро муфассирон дар бораи замони Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом гуфтаанд ва илова намудаант, ки ин ваъда бори дигар дар замони Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом вафо хоҳад шуд.
Аз аломатҳои Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом, ки мо зикр кардем ин аломати даҳум мебошад ва дар ҳақиқат ҳамин аломат ҷони ҳамаи аломатҳост, зеро дар ин вазифаи Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом гуфта шудааст ва шинохти як муслеҳи рӯҳонӣ ба воситаи корҳояш мешавад. Ба ҳамин асос мо баҳси ин аломатро ҷудо карда гуфтем. Дар ҳақиқат агар ин чиз исбот шавад, ки ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом ҳамаи он корҳоро, ки аз дасти Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом бояд карда мешуданд, анҷом додаанд ва тибқи суннати пайғамбарон тухмрезӣ карданд, пас, ягон ҷойи иштибоҳ боқӣ намемонад ва баъд аз ин, интизори ягон Маҳдӣ ва Масеҳи фарзӣ бефоида мешавад, зеро агар ба фарзи маҳол қабул карда шавад, ки ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом Масеҳ ва Маҳдӣ нестанд ва бо вуҷуди ин ба воситаи эшон вазифаҳои Масеҳ ва Маҳдӣ иҷро шуда бошанд, пас, ғайр аз вай мабъус кардани ягон Масеҳву Маҳдӣ як кори беҳуда аст ва зоти Худованд сазовори ҳеҷ гуна кори беҳуда нест.
Акнун мебинем, ки мурод аз касри салиб чист? Ҳар як соҳиби ақл андак фикр кунад, мефаҳмад, ки мурод аз касри салиб ҳеҷ гоҳ ин шуда наметавонад, ки Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом зоҳиран ҳамаи он салибҳоро хоҳад шикаст, ки масеҳиён месозанд. Агар ин тавр фикр кунем, пас, гӯё ҳамаи зиндагии Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ба як кори беҳуда сарф хоҳад шуд, ки ҳар ҷо рафта салибҳои масеҳиёнро кофта-кофта шиканад. Якум ин, ки ин кор аз шаъни мурсали яздонӣ дур аст, ки фақат барои шикастани салибҳо мабъус шавад. Дуюм ин, ки ин кори Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ҳеҷ фоида ба мусалмонҳо нахоҳад овард. Оё аз шикастани салибҳо масеҳпарастӣ аз дунё нест мешавад? Хонандагони азиз, бидонед то вақте, ки фикрҳои ботили масеҳиён вуҷуд доранд, салиб вуҷуд дорад. Танҳо салиби чубиву оҳаниро шикастан як кори кӯдакист ва сабаби истеҳзои душманон аст. Салиб дар ҳолате шикаста мешавад, ки дилҳои масеҳиёнро фатҳ карда фикрҳои ақидаи салибиро шикаста шавад. Дар ин ҳолат салиби зоҳирӣ ба таври худ шикаста мешавад, зеро вақте дунё аз ақидаҳои салибӣ безор хоҳад шуд, он гоҳ салибро хоҳад партофт.
Бояд зикр намуд, ки чунин фикр кардан, ки замоне дини масеҳӣ аз дунё тамоман нест хоҳад шуд, фикри нодуруст аст, зеро Қуръон мегӯяд, ки
فَاَغۡرَیۡنَا بَیۡنَہُمُ الۡعَدَاوَۃَ وَ الۡبَغۡضَآءَ اِلٰی یَوۡمِ الۡقِیٰمَۃِ ۔ سورۃ المائدۃ:15
Яъне Мо байни масеҳиён ва яҳудиҳо то қиёмат душманӣ мондаем.
Аз ин маълум мешавад, ки дини насронӣ то қиёмат мемонад. Бинобар ин, маънои касри салиб ин ҳам намебошад, ки дини масеҳӣ тамоман аз саҳифаи дунё маҳв хоҳад шуд, балки мурод аз касри салиб ин аст, ки қувваи ин дин заиф хоҳад шуд ва ғалабааш тамом хоҳад шуд. Дар охир ин динро ҳамчун як дини заифи дунё ҳисобида хоҳад шуд.
Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад, – Маҳдӣ ва Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом, чунин навиштанд:
“Эй мардум, гӯш кунед, ки ин пешгӯйи он Худо аст, ки замину осмонро офаридааст. Ӯ ҷамоати худро дар ҳамаи кишварҳо густариш хоҳад дод ва аз рӯйи ҳуҷҷату бурҳон бар ҳама ғалаба хоҳад бахшид……. Бидонед, ки ҳеҷ кас аз осмон нахоҳад фаромад. Мухолифҳои мо, ки ҳозир зинда мавҷуданд, ҳама мемиранд ва ҳеҷ кас аз байни онҳо Исо ибни Марямро аз осмон фаромада нахоҳад дид. Сипас авлоди онҳо, ки боқӣ мемонад, хоҳад мурд ва ҳеҷ кас аз байнашон Исо ибни Марям алайҳиссаломро аз осмон фаромада нахоҳад дид. Сипас авлоди авлодашон мемирад ва онҳо ҳам писари Марям алайҳиссаломро аз осмон фаромада нахоҳанд дид. Баъд дар дилашон Худо тангӣ ворид хоҳад кард, ки замони ғалабаи салиб ҳам гузаштааст ва дунё иваз шудааст, аммо писари Марям то ҳол аз осмон нафаромадааст. Дар ин ҳол ҳамаи донишмандон якбора аз ин ақида безор хоҳанд шуд ва аз ҳамин рӯз (рӯзе, ки ин матнро навиштанд) сар карда ҳоло асри сеюм пурра нахоҳад гузашт, ки чӣ мусалмонҳо ва чӣ масеҳиён ҳама ноумед ва бадзан шуда ин ақидаро тарк хоҳанд намуд ва дар дунё танҳо як дин (Ислом) ва як пешво (Муҳаммад) хоҳад монд. Ман танҳо барои тухмрезӣ омадаам. Пас, аз дасти ман он тухм рехта шудааст. Акнун ин тухм хоҳад афзуд ва ҳосилаш калон хоҳад шуд ва ҳеҷ касе нест, ки инро манъ карда тавонад”.
(Тазкират-уш-шаҳодатайн, саҳ. 64-65)
Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом бар хилофи масеҳият хидматҳои бисёр дар ҳаққи Ислом анҷом доданд. Ҳатто мухолифон низ инро эътироф карданд ва ҳамин касри салиб аст. Мавлавӣ Нур Муҳаммад нақшбандӣ то ин дараҷа навишт, ки
“Мирзо Ғулом Аҳмад чунон далелҳои бузург хилофи масеҳият оварданд, ки аз Ҳиндустон то Ғарб ҳамаи кашишҳоро (рӯҳонии масеҳиён) шикаст доданд”.
(Дебочаи тарҷумаи Қуръон аз Мавлавӣ Нур Муҳаммад Нақшбандӣ)
Баъд аз ин дар бораи қатли хинзир навишта шудааст, ки Масеҳи Мавъуд хукҳоро қатл хоҳад кард. Мурод аз ин ҳам маънои зоҳирӣ нестанд, зеро бо куштани хукҳо ба дини Ислом чӣ фоида мешавад? Мусалмонҳо пешакӣ аз хукҳо дур ҳастанд ва гӯшти онҳоро намехӯранд. Мурод аз куштани хукҳо ин мебошад, ки Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом душманони Исломро дар майдони илмӣ шикаст хоҳад дод ва бар онҳо ғалаба ҳосил хоҳад намуд. Дар ҳадис низ омадааст, ки олимони бади замони охир низ ба сабаби хислатҳои бад, одати тақлидгарӣ, бадамалӣ ва дурӯғ гуфтан ва ғайра монанди маймунҳо ва хукҳо мебошанд.
Ин корро низ ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом ба хубӣ анҷом додаанд ва роҳбарони он вақтаи ҳамаи динҳоро дар майдони рӯҳонӣ барои мубориза даъват доданд ва пурқудрат будани дини Исломро бар ҳама динҳо зоҳир карданд.
Баъд аз ин гуфта шудааст, ки Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом молро тақсим хоҳад кард, аммо касе ӯро қабул нахоҳад кард. Агар мафҳуми ин ҳадисро ба таври зоҳирӣ гирем, пас мафҳум дуруст намешавад, зеро дар Қуръон бисёр ҷоҳо муҳаббати молро ҳамчун ибтило аз тарафи Худо гуфта шудааст. Барои мардуми рӯҳонӣ талаб намудани моли дунё ҳеҷ чиз аст ва онҳо танҳо дар рӯҳоният лаззат мебинанд. Як одами дунёпараст танҳо ҳамин маъноро қабул мекунад, ки Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом омада моро моли дунё хоҳад дод. Мурод аз ҳадис ин аст, ки ӯ маорифи Қуръонӣ ва ҳақоиқи диниро баён хоҳад кард, аммо дунё онҳоро қабул нахоҳад кард. Ҳамин тавр шудааст. Ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом муштамил бар маорифи қуръонӣ ва ҳақоиқ зиёда аз 84 китоб навиштанд, аммо мардум онҳоро қабул намекунанд ва дурӣ меҷӯянд.
Дар бораи Даҷҷол мо як мақолаи ҷудо навиштем ва дар он ҷо кӣ будани Даҷҷолро шарҳ додем. Баъд аз ин, дар ҳадис зикри “боби луд(д)” омадааст. Бидонед, ки баъзе муҳаддисҳо мегӯянд, ки Луд номи ҷое аст, ки наздики Димишқ аст. Ин танҳо фикрашон мебошад. Аз тарафи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳеҷ таъвили луд(д) нашудааст. Дар ҳақиқат лудд калимаи арабӣ буда шакли ҷамъи он алад (اَلَد) мебошад ва маънояш “ҷанҷол ва муҷодила” мебошанд. Чунончи, дар Қуръон низ ҳамин калима омадааст: وَھُوَ اَلَدُّ الْخِصَام (Яъне ӯ аз ҳама зиёд ҷанҷолӣ аст). Боз гуфта шудааст, ки “قوما لُّدّا” (яъне қавми ҷанҷолӣ). Маълум шуд, ки маънои боби луд “дарвозаи ҷанҷолкунандагон” аст. Ҳамин хотир маънои ҳадис чунин мебошанд, ки Масеҳи Мавъуд Даҷҷолро дар дарвозаи ҷанҷолкунандагон хоҳад кушт, яъне Даҷҷол аз Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом хоҳад гурехт ва билохир дар дарвозаи ҷанҷолкунандагон Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом вайро дошта хоҳад кушт. Акнун ин масъала низ ҳал шуд ва ҳоҷати шарҳ нест, зеро мафҳуми ин калом ҳамин аст, ки Даҷҷол аз Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дурӣ хоҳад ҷуст, аммо Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом вайро пайгирӣ карда дар майдони далелу баҳсҳо хоҳад дошт ва ӯро хоҳад кушт. Куштани ӯ аз шамшер намебошад, балки қатлаш аз рӯйи далелу бароҳин хоҳад шуд.
Аз ҳамаи ин нишонаҳо ба таври хулоса вазифаи Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ба ду шоха тақсим мешавад.
Якум, ин ки ӯ ихтилофоти даруниро ба таври Ҳакам Адал қазоват хоҳад кард.
Дуюм, ин ки ҳамлаҳои берунӣ бар Исломро дифоъ мекунад ва онҳоро рад карда ҷавоб медиҳад.
Ҳамин вазифаро ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом ба таври аҳсан анҷом доданд, ки дар ин мақолаи кутоҳ навишта намешаванд. Ин мақола танҳо барои кушодани фикри хонандагон ва расондани пайғом аст.
وما علینا الا البلاغ المبین۔
Leave A Comment