АЛОМАТҲОИ ИМОМ МАҲДӢ ВА МАСЕҲИ МАВЪУД АЛАЙҲИССАЛОМ
ДОББАТУЛАРЗ (دابۃ الارض)
Аломати дигар ин гуфта шудааст, ки дар замони Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом хурӯҷи доббатуларз (دابۃ الارض) хоҳад шуд, ки мардумро хоҳад газид ва байни кофиру муъмин фарқ хоҳад кард. Инчунин дар кишвар давр хоҳад зад. Дар Қуръони пок чунин зикр омадааст:
وَإِذَا وَقَعَ الْقَوْلُ عَلَيْهِمْ أَخْرَجْنَا لَهُمْ دَابَّةً مِّنَ الْأَرْضِ تُكَلِّمُهُمْ أَنَّ النَّاسَ كَانُوا بِآيَاتِنَا لَا يُوقِنُونَ۔ سورۃ النمل۔ 83
Яъне “вақте (бо фиристодани Масеҳи Мавъуд) ҳуҷҷати Худо бар онҳо карда мешавад, он гоҳ мо барои онҳо аз замин ҷонваре хоҳем баровард, ки онҳоро хоҳад газид. Ин ба сабаби он хоҳад шуд, ки мардум бар нишонаҳои Мо (Худо) яқин надоранд, яъне имон намеоранд”.
Дар ҳадисҳои Саҳеҳайн (Бухорию Муслим) низ дар бораи доббатуларз зикр мавҷуд аст, ки як нишони қурби қиёмат аст. Зикр шудааст, ки дар замони Масеҳи Мавъуд кирмаке мебарояд, ки дар кишвар давр хоҳад зад ва байни муъминҳо ва кофирҳо фарқ хоҳад кард.
Ин нишон низ дар замони ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом зоҳир шудааст. Дар вақти ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом вабои тоун пайдо шуд, ки асосан аз як намуд кирм пайдо мешавад. Маънои доббатуларз ҳам “кирмаки заминӣ” аст. Дар Қуръон низ ба ҳамин маъно доббатуларз истифода шудааст. Чунончи:
دَآبَّۃُ الۡاَرۡضِ تَاۡکُلُ مِنۡسَاَتَہٗ۔ سورۃ سبا:15
Яъне як кирмаки заминӣ буд, ки асои ҳазрати Сулаймон алайҳиссаломро мехӯрд. Муфассирин маънои добба “кирмак” кардаанд. Ба ҳамин сабаб дар вақти Масеҳи Мавъуд аз зоҳиршавии доббатуларз ҳамин мафҳум гирифта мешавад, ки ягон кирмаки заминӣ мебошад ва аз ӯ ягон вабо пайдо мешавад. Дар ривоятҳои дигар аломатҳои добба ба таври маҷозу истиора ворид шудаанд. Дар ҳақиқат, худи ҳамин вабои тоун баъди даъвои Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом зоҳир шуда исбот кард, ки ҳамин доббатуларз аст, зеро ин вабо зоҳир шуд ва мухолифони ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро як-як гирифта кушт, аммо бар ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ягон намуд таъсири манфӣ накард. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ин ваборо дар ҳаққи худ як нишон аз тарафи Худо эълон карданд. Барои хонандагон дар ҳаққи ин далел якчанд мисолҳо инҳо мебошанд:
Чароғдин ном як одам сокини Ҷамму буд. Ин одам аввал яке аз қабулкунандагони ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом буд, аммо баъдтар даъво кард, ки ман худам барои ислоҳи дунё омадам ва бар зидди ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом чандин мақолаву маҷаллаҳо чоп кард. Охир аз ин ҳам тасалло нагирифта, хилофи ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дуо кард ва иродаи чопкунии он дуо дошт. Мазмуни он дуо чунин буд:
“Эй Худо, дини ту ба сабаби ин шахс (яъне Мизро Ғулом Аҳмад) дар фитна афтидааст ва ин шахс мардумро метарсонад, ки вабои тоун ба сабаби ман нозил шудааст ва силсилаи зилзилаҳо ҳам ба сабаби қабул накардани ман омадаанд. Ту ин шахсро дурӯғ исбот кун ва вабои тоунро аз дунё бардор, то дурӯғгӯ буданаш исбот шавад ва байни ҳаққу ботил фарқ зоҳир шавад”.
Ин дуоро навишта барои чоп дод, аммо эъҷози Худовандро бинед, ки ҳоло матни ин дуо бар санг навишта нашуд, ки ҳамон вабои тоун, ки барои нест карданаш дуо карда буд, то даъвои ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом нодуруст исбот шавад, ки вабои тоун барои содиқ будани Эшон паҳн шудааст, бар хонаи вай ҳамла кард ва аввал ҳар ду писаронаш гирифтори тоун шуда вафот карданд. Ҳамсараш бо ӯ хиёнат карда, бо марди дигар гурехт ва баъд аз марги писарон худи ӯ ҳам гирифтори ҳамин вабо гашта мурд ва вақти мурдан мегуфт, ки акнун Худо маро ҳам партофт. Марги ин одам гувоҳӣ дод, ки мухолифати маъмурон чизи одӣ нест ва мубталои азоб мекунад. فاعتبروا یاولی الابصار
Мавлавӣ Ғулом Дастгир Қусурӣ аз ҳанафиҳо як олими бузург буд. Ин кас ҳам бар зидди Эшон дуо кард ва аз Худо қазоват хост, ки байни росту дурӯғгӯ фарқ нишон диҳад. Ин кас дар муддати чанд моҳ гирифтори марзи тоун шуда ҳалок шуд ва барои мардум нишони ибрат шуд.
Шахси дигар Фақирмирзо ном дошта сокини Дулмиёл ноҳияи Ҷеҳлам буд. Он кас байни мардум эълон кард, ки дар бораи Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом маро гуфта шудааст, ки то 27-уми моҳи рамазон ҳалок хоҳад шуд ва аъзои ҷамоати Аҳмадияи онҷоро матне навишта дод, ки дар он зикри ҳамин кашфаш буд, ки агар то 27-уми рамазон соли 1321 ҳиҷрӣ Мирзо Ғулом Аҳмад ҳалок нашавад ва ё ҷамоаташ табоҳ нашавад, пас, ман барои ҳар хел ҷазо тайёрам. Ба ин коғаз имзои бисёр мардумро гирифта аъзои ҷамоати Аҳмадияро дод. Аз рӯйи навиштори ин коғаз матн 7-уми рамазон соли 1321 ҳиҷрӣ навишта шуд. Баъд аз ин 27-уми рамазон гузашт ва ҳамин тавр бояд мешуд. Бар содиқ гапҳои дигарон ҳеҷ таъсир намекунанд, аммо вақте соли дигар моҳи рамазон омад, дар деҳааш вабои тоун сар шуд ва аввал ҳамсараш мурд, сонӣ Фақирмирзо худаш бемор шуд ва баъди як сол ҳамон рӯз, ки коғаз навишта буд, яъне 7-уми рамазон бо бисёр ранҷу алам ҳалок шуд ва баъди чанд рӯз духтараш низ мурд.
Агар чунин мисолҳоро ҷамъ кунем, теъдодашон садҳо, балки то ҳазорҳо мерасад, зеро ҳазорҳо мардум аз далелҳо безор шуда ва якравӣ карда бар хилофи ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом дуоҳо карданд ва дар шиканҷаи Худо афтиданд, аммо аз ҳама чизи аҷиб ҳамин аст, ки Худо чунин нишони зиллат ва ҳалокатро ҳаргуна нишон дод. Онҳое, ки гуфтанд, ки Худо дурӯғгӯро дар зиндагии ростгӯ ҳалок кунад, дар зиндагии ҳазрати Масеҳ Мавъуд алайҳиссалом ҳалок карда шуданд ва онҳое, ки гуфтанд, ки мурдани дурӯғгӯ дар зиндагии ростгӯ далел шуда наметавонад, балки дурӯғгӯро муҳлат дода мешавад, чӣ хеле, ки Мусайламаи каззоб баъд аз Расули карим саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳалок шуд, онҳоро Худо муҳлат дод ва монанди Мусайламаи каззоб буданашон исбот кард. Аз гуфтани ин тавр мисолҳо Ҷамоати Аҳмадия ягон намуд фахр намекунад, ки Худо фалон-фалонро кушт, аммо мақсади гуфтани чунин мисолҳо ин мебошад, ки Худо барои фиристодаҳои худ бисёр ғайрат дорад. Мардум ин мисолҳоро хонда бояд аз Худо талаби ҳақ шаванд ва дуо кунанд.
Вақте ин вабои тоун дар Ҳиндустон ва дигар ҷоҳо паҳн шуд, ҳамон вақт аз тарафи Худо ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссаломро илҳом шуд, ки
اِنِّیْ اُحَافِظُ کُلَّ مَنْ فِی الدَّارِ۔
Яъне Ман ҳар он касро, ки дар хона (яъне Ҷамоат) аст, муҳофизат хоҳам кард.
Ҳазрати Масеҳ Мавъуд алайҳиссалом ин илҳом пеши мухолифон гуфтанд. Акнун хонандагон қазоват кунанд, ки як одаме, ки агар ба тарафи Худо як сухан вобаста кунад ва он сухан аз тарафи Худо набошад, пас, Худо ӯро беҷазо мемонад, дар ҳоле, ки он замон вабо дар кишвар паҳн шуда бошад. Агар касе аз тарафи Худо набошад ва яқини комил бар Худо надошта бошад, чунин ваборо дида ҳеҷ гоҳ ҷасорат намекунад, ки гӯяд, ки Худо ба ман гуфтааст, ки туро ва пайравони туро Ман нигаҳбонӣ хоҳам кард. Ин вабо чунин буд, ки дар як рӯз як хонаи дорои 8 то 10 нафар холӣ мешуд ва ҳамаи оила мемурд. Агар касе дурӯғгӯ бошад, хап карда мешинад ва ягон ҳила мекунад, ки дар ин вабо мубтало нашавад. Хонандагон коронавирусро ба назар гирифта қазоват кунанд, ки дар вақти ин вабо чӣ хел мардум Худотарс шуданд. Як одами Худотарс агар дурӯғгӯ бошад, чунан эълон карда наметавонад.
Боз бар замми ин, он замон аз тарафи ҳукумат як сӯзандору (укол) бароварда шуд, то ки ваборо манъ карда шавад. Ҳазрати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ба пайравони худ гуфтанд, ки ҳеҷ кас ин сӯзандоруро нагирад, зеро Худо моро муҳофиз аст. Валлоҳ, чунин боварии комил танҳо як одами росту бо Худо пайваст, дошта метавонад. Агар ягон дурӯғгӯ мешуд, Худо дарҳол ӯро бо ҳамин вабо нест мекард. Хонандагон агар хоҳанд, ба ҳамаи ин воқеаҳоро таҳқиқ кунанд. Дар ин ҷо ҳар як воқеа дуруст навишта шудааст.
وما علینا الا البلاغ المبین
Leave A Comment