АЛОМАТҲОИ ИМОМ МАҲДӢ ВА МАСЕҲИ МАВЪУД АЛАЙҲИССАЛОМ

ХУСУФУ КУСУФ (ГИРИФТАНИ МОҲУ ОФТОБ)

Аломати шушум барои шинохти Масеҳ ва Маҳдӣ дар ҳадис ин гуфта шудааст, ки дар он замон дар рӯзҳои муайян моҳ ва офтоб гирифта мешаванд. Чунончи, Имом Муҳаммад Боқир (р) ривоят мекунанд, ки

1795۔ حَدَّثَنَا أَبُو سَعِيدٍ الْإِصْطَخْرِيُّ , ثنا مُحَمَّدُ بْنُ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ نَوْفَلٍ , ثنا عُبَيْدُ بْنُ يَعِيشَ , ثنا يُونُسُ بْنُ بُكَيْرٍ , عَنْ عَمْرِو بْنِ شِمْرٍ , عَنْ جَابِر (ص: 420) عَنْ مُحَمَّدِ بْنِ عَلِيٍّ , قَالَ: «إِنَّ لَمَهْدِيِّنَا آيَتَيْنِ لَمْ تَكُونَا مُنْذُ خَلَقَ اللَّهُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ , يَنْخَسِفُ الْقَمَرُ لَأَوَّلِ لَيْلَةٍ مِنْ رَمَضَانَ , وَتَنْكَسِفُ الشَّمْسُ فِي النِّصْفِ مِنْهُ , وَلَمْ تَكُونَا مُنْذُ خَلَقَ اللَّهُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ»۔

سنن دار قطنی۔ کتاب العیدین۔ باب صفۃ صلاۃ الخسوف والکسوف وھیئتھما

Тарҷума: Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд. Барои Маҳдии мо ду нишонаҳо таъйин шудаанд, ки аз пайдоиши замину осмон )ин нишонаҳо барои ягон маъмури дигар( зоҳир нашудаанд. Якум )ин, ки дар замони Маҳдии Мавъуд) дар моҳи Рамазон моҳ (дар рӯзҳои якуми моҳгирӣ) гирифта мешавад ва офтоб )дар рӯзҳои мобайни офтобгирӣ( гирифта мешавад. Ва ин нишонаҳо аз пайдоиши замину осмон )дар вақти ягон маъмури дигар( зоҳир нашудаанд.

Ин тарҷумаи тафсирӣ буд, то хонандагон бифаҳманд. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чӣ тавр бо лутф мегӯянд, ки “барои Маҳдии мо”. Дар ин ҷо бо замири “мо” дараҷаи Маҳдӣ низ баён шудааст, ки ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чӣ қадар Маҳдиро аҳамият дода буданд. Акнун таърихро гирифта хонед. Дар соли 1894 дар моҳи Рамазон аввал дар рӯзҳои моҳгирӣ, дар рӯзи якум, яъне рӯзи 13-ум моҳ гирифта шуд ва дар ҳамон моҳи Рамазон дар рӯзҳои офтобгириӣ, яъне 27, 28 ва 29 дар рӯзи мобайн, яъне рӯзи 28-ум офтоб гирифта шуд. Боз ин нишон натанҳо барои кишварҳои шарқӣ буд, балки дар кишварҳои ғарбӣ низ дар соли 1895, яъне баъди як сол ҳамин нишон ба мардум аз тарафи Худо нишон дода шуд, то мардуми ғарб низ ба ҳамин нишон шоҳид бошанд. Ҳар ду бор дар ҳамон рӯзҳои муайян, ки дар ҳадис зикр шудаанд, ин нишон зоҳир шуд. Ин як нишони азим барои ҷӯяндагони ҳақ буд. Ин нишонаи Маҳдӣ алайҳиссалом натанҳо ҳадис гуфтааст, балки дар Қуръон низ зикри ин нишона шудааст. Аллоҳи таоло дар Қуръон мефармояд:

وَخَسَفَ الْقَمَرُ۔ وَجُمِعَ الشَّمْسُ وَالْقَمَرُ۔ سورۃ القیامۃ۔8-9

Яъне моҳ гирифта мешавад ва дар ин нишон бо моҳ офтоб низ ҳамроҳ хоҳад шуд. Яъне офтоб низ дар ҳамон моҳи сол гирифта хоҳад шуд.

Акнун бубинед, ки чӣ тавр ин аломат аз тарафи Худо барои Маҳдии худ зоҳур шуд. Ин кори инсон нест. Танҳо вазифаи мо ҳамин аст, ки дар бораи ин Маҳдие, ки Худо дар ҳақаш ин аломати бузургро нишон додааст, дуо кунем ва аз Худо ёрӣ пурсем. Агар ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом як одами дурӯғгӯ мешуданд, пас, чаро Худо ин аломатҳоро айнан аз рӯйи гуфтаи ҳадис нишон дод. Чӣ хеле, ки мо имон дорем, ки Худо ҳақиқати ҳар як одамро медонад, пас, чаро Худо аз рӯйи гуфтаи мухолифон дар ҳаққи як дурӯғгӯ ин аломати бузургро нишон дод? فاعتبروا یاولی الابصار

Дар замоне, ки ин аломат аз тарафи Худо зоҳир шуд, гуфта мешавад, ки баъзе муллоҳо афсус мехӯрданд ва мегуфтанд, ки акнун мардум гумроҳ хоҳанд шуд. Ба ҷойи он, ки ин нишонро дида Маҳдиро қабул карда шавад, кори Худоро дурӯғ гуфта шуд. انا للہ وانا الیہ راجعون. Бо ҳамаи хонандагон хоҳиш аст, ки аз офаридгори худ дуо кунед ва дар бораи ин масъала ёрӣ пурсед.

وما علینا الا البلاغ المبین