АЛОМАТҲОИ ИМОМ МАҲДӢ ВА МАСЕҲИ МАВЪУД АЛАЙҲИССАЛОМ

ВАЗЪИЯТИ ДИНИИ МУСАЛМОНҲО

Яке аз аломатҳои замони Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом ҳамин буд, ки он замон ҳолати Ислом сахт нозук хоҳад шуд ва ҳама тараф бединӣ ғалаба хоҳад кард. Мусалмонҳо мисли яҳудиҳо хоҳанд шуд ва вазъияти олимони дин бадтар хоҳад шуд. Дар байни мусалмонҳо бисёр ихтилофҳо пайдо хоҳанд шуд ва имон танҳо барои ном боқӣ хоҳад монд ва аз дилҳо нест хоҳад шуд ва монанди инҳо. Чунончи, ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадисҳои худ фармуданд:

لَتَتْبَعُنَّ سَنَنَ مَنْ كَانَ قَبْلَكُمْ شِبْرًا شِبْرًا ، وَذِرَاعًا بِذِرَاعٍ حَتَّى لَوْ دَخَلُوا جُحْرَ ضَبٍّ تَبِعْتُمُوهُمْ ، قُلْنَا : يَا رَسُولَ اللَّهِ ، الْيَهُودُ ، وَالنَّصَارَى ، قَالَ : فَمَنْ

و فی روایۃ يَذْهَبُ الصَّالِحُونَ الْأَوَّلُ فَالْأَوَّلُ ، وَيَبْقَى حُفَالَةٌ كَحُفَالَةِ الشَّعِيرِ أَوِ التَّمْرِ ، لَا يُبَالِيهِمُ اللَّهُ بَالَةً

وفی روایۃ يُوشِكُ الأُمَمُ أَنْ تَدَاعَى عَلَيكُمْ كَمَا تَدَاعَى الأَكَلَةُ إِلَى قَصْعَتِهَا فقال قائل: ومِن قلَّةٍ نحن يومئذٍ قال بَلْ أَنتُمْ يَومَئِذٍ كَثِيرٌ، وَلَكِنَّكُمْ غُثَاءٌ كَغُثَاءِ السَّيْلِ، وَلَيَنْزِعَنَّ اللهُ مِنْ صُدُورِ عَدُوِّكُمْ المَهَابَةَ مِنكُمْ، وَلَيَقذِفَنَّ اللهُ فِي قُلُوبِكُمُ الوَهَنَ فقال قائل: يا رسول الله! وما الوَهَن؟ قال حُبُّ الدُّنيَا وَكَرَاهِيَةُ المَوتِ۔

وفی روایۃ قال يَكُونُ بَعْدِي أَئِمَّةٌ لَا يَهْتَدُونَ بِهُدَايَ ، وَلَا يَسْتَنُّونَ بِسُنَّتِي ، وَسَيَقُومُ فِيهِمْ رِجَالٌ قُلُوبُهُمْ قُلُوبُ الشَّيَاطِينِ فِي جُثْمَانِ إِنْسٍ۔

و فی روایۃ عُلَمَاؤُهُمْ شَرُّ مَنْ تَحْتَ أَدِيمِ السَّمَاءِ

و فی روایۃ يُرْفَعَ الْعِلْمُ وَيَكْثُرَ الْجَهْلُ ، وَيَكْثُرَ الزِّنَا ، وَيَكْثُرَ شُرْبُ الْخَمْرِ۔

و فی روایۃ سَتَفْتَرِقُ عَلَى ثَلَاثٍ وَسَبْعِينَ ، ثِنْتَانِ وَسَبْعُونَ فِي النَّارِ ، وَوَاحِدَةٌ فِي الْجَنَّةِ ، وَهِيَ الْجَمَاعَةُ۔

و فی روایۃ لَوْ كَانَ الْإِيمَانُ عِنْدَ الثُّرَيَّا لَنَالَهُ رِجَالٌ أَوْ رَجُلٌ مِنْ هَؤُلَاءِ۔

Тарҷумаи ин ҳадисҳо чунин аст:

“Яъне ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд, ки эй мусалмонон, шумо ҳатман ба нақши қадами умматҳои пешина монанди болишт ба болишт ва даст ба даст пайравӣ хоҳед кард, ҳатто агар аз қавмҳои пешина баъзеҳо дар сурохи сусмор даромада бошанд, шумо низ ҳамин тавр хоҳед кард. Пурсида шуд, ки эй Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, оё аз умматҳои пешина яҳудиҳо ва насрониҳо муроданд? Дар ҷавоб фармуданд, ки агар онҳо набошанд, пас киҳо мебошанд?

Дар ҳадиси дигар меояд, ки сулаҳо мегузаранд ва танҳо коҳ мемонад ва Худо чунин одамҳоро ҳеҷ парвоҳ нахоҳад кард.

Дар ривояти дигар омадааст, ки замоне мерасад, ки бар хилофи шумо умматҳои дигар як дигарро барои кумак ҷеғ хоҳанд зад, чӣ тавре, ки меҳмондор ба сари табақи худ дигаронро даъват медиҳад, яъне шумо хӯроки дигарон хоҳед шуд ва онҳо як дигарро бар шумо даъват хоҳанд дод. Шахсе пурсид: Ё расулаллоҳ, оё мо он рӯз кам хоҳем шуд ва ба сабаби камӣ аҳволи мо чинин хоҳад шуд? Фармуданд, не, балки шумо он рӯз бисёр хоҳед шуд, аммо монанди он каф, ки баъд аз сел бар канори ҷӯйҳои боронӣ меистад, яъне дар ҳолати ночизу бефоида мебошед ва Худо аз дилҳои душманон руъби шуморо нест хоҳад кард ва дар дилҳои шумо заъф дохил хоҳад кард. Пурсида шуд, ки мурод аз заъф чист? Фармуданд, ки муҳаббати дунё ва тарси марг, яъне ба сабаби тарси дунё аз корҳои нек худро боз доштан.

Дар ҳадиси дигар омадааст, ки баъд аз ман замоне мерасад, ки чунин олимон пайдо хоҳанд шуд, ки аз ман ҳидоят нахоҳанд гирифт ва бар суннати ман амал нахоҳанд кард ва дар уммати ман чунин одамҳо пайдо хоҳанд шуд, ки ҳарчанд баданашон инсонӣ хоҳанд шуд, аммо дилашон монанди дили шайтон хоҳад шуд.

Дар ривояти дигар омадааст, ки вазъияти олимони уммати чунин хоҳад шуд, ки дар зери осмон махлуқи бадтарин ҳисобида хоҳад шуд.

Дар ривояти дигар омадааст, ки илм бардошта хоҳад шуд ва ҷаҳолат бисёр хоҳад шуд ва зинову шаробнӯшӣ бисёр хоҳад шуд.

Дар ривояти дигар омадааст, ки дар замони Масеҳи Мавъуд вазъияти мусалмонҳо чунин хоҳад шуд, ки аз рӯйи шумора бисёр хоҳанд шуд, аммо дилашон каҷ хоҳанд шуд, яъне на имони дуруст хоҳанд дошт ва на аъмоли дуруст хоҳанд кард.

Дар ривояти дигар омадааст, ки уммати ман ба 73 фирқаҳо тақсим хоҳад шуд, ки ҳама ба тарафи роҳи оташ хоҳанд рафт, ғайр аз якто ва он фирқаи ҷамоат аст.

Дар ривояти дигар омадааст, ки “агар имон аз замин тамом шуда, ба ситораи Сурайё равад ҳам, яъне аз дунё нест ҳам шавад, аз форсҳо шахсе онро ба дунё хоҳад овард”.

Ин нақша Сарвари коинот саллаллоҳу алайҳи ва саллам барои уммати худ кашида буданд. Дар уммате, ки беъсати Масеҳи Мавъуд алайҳиссалом муқаддар хоҳад шуд. Акнун хонандагон ин ҳадисҳоро хонда ва аҳволи мусалмонҳоро дида хулоса бароварда метавонанд, ки оё вазъияти мусалмонҳо айнан ҳамин тавр шудааст ё не? Мо бо боварии комил мегӯем, ки баъд аз ҳазрати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ягон вақт аҳволи динии мусалмонҳо мисли ҳозира нашудааст ва бар ин ягон далел овардан лозим нест. Дар баробари суст будан дар аъмол, дар ақидаҳо низ чунон ихтилоф пайдо шудааст, ки ҳамон 72 фирқаҳо пайдо шудаанд, ки дар ақидаҳо мухолифи якдигаранд. Илова бар ин, дар сифатҳои Худои таоло ихтилоф пайдо шудааст. Ҳолати имон чунин аст, ки қариб 90 фоиз мусалмонҳо мебошанд, ки танҳо барои ном мусалмонанд ва имон аз дилҳояшон парвоз кардааст.

Мусалмонҳо аз даҳон иқрор мекунанд, ки Худо ҳаст, аммо дар ҳақиқат аз дил мункири Худо мебошанд ва дар ботин атеист шудаанд. Танҳо аз рӯйи эътиқод бо забони худ мегӯянд, ки Худо ҳаст, аммо андак бисанҷем, маълум мешавад, ки дар бораи зоти Худо садҳо иштибоҳ доранд. Ғайр аз ин дар бораи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ имонашон мустаҳкам нест, балки танҳо ранги эҳсосотӣ дорад. Агар дар бораи Худо ва пайғамбараш ақидаҳои заиф дошта бошанд, пас, дар бораи баъс баъди марг, ҷазову мукофот, вуҷуди фариштагон тамоман иштибоҳ пайдо шудан хориҷ аз имкон нест.

Боз роҳҳои ибодат, ки бар онҳо амал карда салафҳои мо то ба дарбори Худо расида буданд, он роҳҳоро бо нафрат нигоҳ карда мешавад. Ширк, ки бар зидаш тамоми Қуръон пур аст, дар мусалмонҳо беҳад зиёд шудааст. Пулро дӯст дошта мешавад ва таваккул бар пул карда мешавад, ки ширк аст. Ба сари қабрҳо рафта саҷдаҳо карда мешаванд. Шаробхӯрӣ, зинокорӣ, қиморбозӣ ва ҳаромхӯрӣ дар ҳамаи кишварҳои мусалмон ҳаст. Дар бораи суд, яъне рибо гуфта шудааст, ки касе судро мегирад ва судро медиҳад, пас ӯ бо Худо барои ҷанг омода шавад. Ин суд гӯё монанди шири модар дар байни мусалмонҳо шудааст. Ба ҳамин сабаб ҳамаи кишварҳои мусалмон заиф шудаанд ва кишварҳои масеҳӣ кадом вақт хоҳанд, инҳоро шикор мекунанд. Вуҷуди Ислом шикори ҳамлаҳои берунӣ шудааст. Бар сардори пайғамбарон ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам эътирозҳои беҳуда карда мешаванд. Бар уммаҳотулмуъминин эътирозҳо карда мешаванд ва сурати таълимоти исломӣ бениҳоят бад карда, масхара карда,  ба мардум нишон дода мешавад. Дини масеҳӣ тараққӣ кард ва даҳрият чеҳраи худро зебо карда дилҳои мардумро асир карда истодааст. Хулоса, киштии Ислом гирифтори туфони азим шудааст ва то вақте, ки дасти Худо инро муҳофизат накунад, то ба канор расиданаш мумкин нест. Дар чунин ҳолат фарзи олимони дин буд, ки ба Ислом кумак мекарданд, аммо онҳо хобанд ва ҳамаи қувваашон барои такфири як дигар сарф мешавад.

Чунин вазъият моро доду фарёд зада гуфта истодааст, ки ҳамин замон аст, ки дар борааш ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам моро таҳдид карда буданд. Ҳамин замон аст, ки дар борааш гуфта шуд, ки як муҷаддиди азимушшон Масеҳ ва Маҳдӣ шуда меояд, зеро агар дар ин ҳолати шадид ва вақти лозим аз тарафи Худо ягон муслеҳ наояд, пас ваъдаи Худо (наузубиллоҳ) вафо намешавад, ки “Ман Қуръон ва Исломро нигоҳубинӣ хоҳам кард ва барои хидмати дин халифаҳо ва муҷаддидинро мабъус хоҳам кард”.