Ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад 15 сентябр 1950 дар шаҳри Рабва, Покистон ба дунё омаданд. Айни замон халифаи панҷум ва роҳбари панҷуми Ҷамоати Аҳмадия дар дунё мебошанд. Лақаби расмии Эшон “Халифатулмасеҳилхомис” (Халифаи панҷуми Масеҳ) мебошад. Эшон 22 Апрел соли 2003 баъди вафоти халифаи чаҳорум халифаи Ҷамоат интихоб карда шуданд.

Баъди вафоти халифаи чаҳорум, Маҷлиси интихоби хилофат нахустин бор берун аз шибҳи қораи Ҳинд дар шаҳри Лондон баргузор шуд. Дар ин маҷлис ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад ҳамчун халифаи панҷуми Ҷамоат интихоб крада шуданд. Баъди интихоб шудани халифа Эшон аз тарафи ҳукумати Покистон маҷбур карда шуданд, ки худро муҳоҷир созанд. Баъди хилофат Эшон дар саросари ҷаҳон сафар карданд, то бо аъзоҳои Ҷамоати Аҳмадия во хӯранд ва дар ҷаласаҳо онҳоро хитоб кунанд. Дар бисёр кишварҳое, ки Эшон сафар карданд, аз тарафи хилофат нахустин сафар буд.

Зиндагӣ пеш аз хилофат

Ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад 15 сентябр 1950 дар шаҳри Рабваи Покистон, ки он замон маркази Ҷамоати Аҳмадия буд, таваллуд шуданд. Эшон хоҳарзодаи халифаи чаҳорум Мирзо Тоҳир Аҳмад буданд.

Дар Гана

Ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад дар мансабҳои гуногун хидмати Ҷамоат карданд ва дар Гана беш аз 8 сол хидмат карданд. Эшон дар минтақаи шимоли Гана, дар Слага мактабро таъсис доданд. Худи Эшон дар он ҷо ду сол ҳамчун директор хидмат карданд. Эшон дар ин мактаб директори бо муваффақият шуданд. Ба ҳамин асос Эшонро дар мактаби миёнаи Эссаркир, ки дар минтақаи маркази Гана буд, директор интихоб карда шуд. Дар он ҷо Эшон 4 сол хидмат карданд.

Баъд аз ин ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмадро дар минтақаи шимоли Гана, дар Депалӣ ҳамчун директори хоҷагии қишлоқи Ҷамоати Аҳмадия таъйин карда шуданд. Дар он ҷо 2 сол хидмат карданд. Эшон бори аввал дар Гана бомуваффакият гандум корида ҳосилаш гирифтанд. Ин таҷрибаи коридан, калон кардан ва ҳосил гирифтани гандумро ҳимчун зироати иқтисодӣ дар Гана дар якмаркаи тиҷораии байналмилалӣ ба намоиш гузошта шуд ва натиҷааш ба Вазорати кишоварзии Гана пешниҳод карда шуд.

Дар Маҳбасхона

Соли 1999 дар маҷлиси ноҳиявии Панҷоб қароре пешниҳод шуд, ки азбаски калимаи Рабва дар Қуръон омадааст, бинобар ин номи шаҳри Рабваро иваз намуда шавад. Пеш аз ин Ҷамоати Аҳмадияро дар Покистон аллакай ҷамоати ғайри мусалмонӣ эълон карда шуда буд. Ин қарор бе ягон мухолифат қабул карда шуд ва номи шаҳри Рабва иваз намуда Чаноб Нагар гузошта шуд. Ин эълон дар ҷоҳои машҳури Рабва гузошта шуд. Баъди якчанд рӯзҳо аризаи ҷиноӣ пешниҳод карда шуд ва дар он ариза баъзе аъзоҳои ҷамоатро айбдор карда шуд, ки онҳо эълони дорои номивазкунии шаҳрро канда партофтанд. Ҳарчанд дар шикоят номе зикр нашуда буд, бо вуҷуди ин парванда ба қайд гирифта шуд ва дар натиҷа ҳазрати Мирзо Масрури Аҳмад ва чанд тан аъзои Ҷамоати Аҳмадия боздошт шуданд. Онҳо ба муддати 11 рӯз бидуни гарав зиндон карда шудан ва 10 майи соли 1999 бидуни айб озод карда шуданд.

Хилофат

Ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад 22 апрел 2003 баъди вафоти халифаи чаҳоруми Ҷамоати Аҳмадия халифаи панҷум интихоб карда шуданд. Айни замон Эшон зуд-зуд дар саросари ҷаҳон сафар мекунанд ва дар ҷаласаи солони он кишварҳо ҳамчун роҳбар иштирок мекунанд. Инчунин пештар дар Масҷиди Алфазл, Лондон ва айни замон дар Масҷиди Муборак намозҳоро имомат мекунанд ва гоҳо дар масҷиди Байтулфутуҳ намози Ҷумъаро низ имомат мекунанд.

Зери роҳбарии Эшон канали байналмилалии моҳвоии телевизионӣ МТА бисёр тараққӣ кард ва акнун ба 8 канал иваз шудааст. Ба забонҳои гуногун таълиму тарбия мекунад. Ғайр аз ин бисёр радистансияҳо низ дар Аврупо ва Африқо фаъолият мекунанд. Донишгоҳи Ҷамоат “Ҷамиаи Аҳмадия” дар кишварҳои гуногун ба кор даромаданд. Эшон ба ин амр бисёртар аҳамият доданд, ки фаъолияти манфии ВАО дар бораи Исломро бартараф карда шавад ва таълими ҳақиқии Ислом дар дунё шинос кунонда шавад.

Аз соли 2004 сар карда то ҳозир ҳар як сол зери роҳбарии Эшон Конфронси амни миллӣ баргузор мешавад (дар соли 2015 ду бор баргузор шуд ва дар солҳои вабои корона баргузор нашуд). Дар ин конфронс Эшон дар атрофи мавзӯи амни ҷаҳонӣ аз рӯйи таълимоти Ислом сухан мегӯянд. Ин конфронс диққати бисёр сафирҳо, вакилҳои порлумон, олимони дин ва дигар шахсони дорои маълумоти олӣ дар соҳаҳои гуногунро ҷалб кардааст. Аз соли 2009 сар карда дар ин конфронс барои шахсоне, ки ба инсоният хидмати фавқулода кардаанд ва ё барои амни ҷаҳон кӯшишҳо карда бошанд, ҷоизаи сулҳи байналмилалӣ эълон карда мешавад.

Ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад бо сарони давлатҳо дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон мулоқот кардаанд ва дар он ҷоҳо баромад оиди таълимоти дини Ислом низ кардаанд. Дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида дар Капитал Ҳил, Порлумони Аврупо, Палатаҳои Порлумони Британияи Кабир, Порлумони Канада ва Порлумони Ҳолланд суханрониҳои асосӣ оиди барқарор намудани амн дар ҷаҳон ва ҳалли ин мушкилҳо аз рӯйи Қуръон пешниҳод кардаанд. Эшон пайваста ба ростқавлӣ ва риоя намудани адолат дар муносибатҳои байналмилалӣ даъват мекунанд.

27 майи соли 2008 аъзои ҷамоат ҷашни 100-солагии таъсиси Хилофатро таҷлил гирифтанд. Ҳазрати Мирзо Масрури Аҳмад дар як ҷамъомади васеи аъзои ҷамоат дар Лондон, Англия суханронӣ карданд ва аз Аҳмадиҳои саросари ҷаҳон ба воситаи МТА аҳд гирифтанд.

Ба муносибати таҷлил гирифтани садсолагии хилофат Ҷаласаи Солонаи Қодиён дар моҳи декабри соли 2008 ба нақша гирифта шуда буд. Аммо ба сабаби ҳамлаҳои террористии Мумбай дар авохири моҳи ноябр ва тағйири вазъи амниятӣ дар пайи он, ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад ширкати худро дар ҳамоиши Қодиён лағв карданд ва ба Лондон баргаштанд.

Баҳси карикатураҳои ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар рӯзномаи Jyllands-Posten

Соли 2005 як рӯзномаи Дания “Jyllands-Posten” чанд карикатураи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро нашр кард, ки мусулмонҳои саросари ҷаҳонро ба хашм овард. Ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад ноширони карикатураҳоро маҳкум карданд ва гуфтанд, ки ин сӯиистифода аз озодии баён аст. Аммо дар баробари ин Эшон вокуниши хушунатомези бархе аз мусалмонҳои ҷаҳонро низ маҳкум кард ва фармуданд, ки ин хилофи бофтаи таълимоти сулҳҷӯёнаи Ислом аст. Эшон Ҷамоатро барои паҳн кардани сирати ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар Дания ва дар тамоми ҷаҳон тавассути навиштан ва муколама роҳнамоӣ карданд. Ҳамчунин Аҳмадиҳоро тавсия карданд, ки дар ин замони сахтӣ бар ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дуруд бифиристанд. Мавъизаҳои Эшон дар ин бора баъдан дар шакли китоби «Намунаи мубораки ҳазрати Муҳаммад (с) ва карикатураҳо» ба табъ расидаанд.

Ихтилофи Поп Бенедикти 16 аз дини Ислом

12 сентябри соли 2006, вақте ки Попи Бенедикти 16 дар Донишгоҳи Регенсбург лексия хонд, ӯ аз андешаи императори Византия Мануэли II Палайологос иқтибос овард: «Ба ман нишон диҳед, ки Муҳаммад чӣ навгонӣ овард ва дар он ҷо танҳо чизҳои бад ва ғайриинсониро хоҳед ёфт, ба монанди фармони ӯ дар бораи паҳн кардани имон бо шамшер». Ин иқтибос аз ҷониби як қатор намояндагони ҳукумат ва пешвоёни динии мусулмон, аз ҷумла ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад, Халифаи панҷуми Ҷамоат, интиқодҳоро ба вуҷуд овард.

Ҳазрати Мирзо Масрури Аҳмад ҳамчун роҳбари Ҷамоати Аҳмадия аз дидгоҳи Поп нисбат ба Ислом нописандӣ карда, изҳор доштанд, ки Поп бемасъулиятона рафтор кардааст ва гӯё аз Ислом огоҳӣ надорад. Эшон таълимоти осоиштаи хоси Ислом ва Қуръонро тавзеҳ доданд ва тасаввуроти нодуруст дар бораи Ҷиҳод ва Муҳаммад (с)-ро дар партави истинодҳои адибони аврупоӣ дар хутбаи ҷумъаи худ дар 15 сентябри соли 2006 бартараф сохтанд.

Соли 2010. Баҳси сӯзондани Қуръон

Ҳазрати Мирзо Масрури Аҳмад дар масҷиди Байтулфутуҳ дар Лондон лойҳаи сӯзондани Қуръон аз ҷониби Маркази ҷаҳонии Дов дар 9-умин солгарди ҳамлаҳои 11 сентябрро шадидан маҳкум карданд. Эшон изҳор доштанд, ки «экстремизми динӣ, хоҳ аз тарафи ифротгарони насронӣ бошад, хоҳ азтарафи ифротгарони мусулмонӣ ва хоҳ дигар навъ бошад, ҳеҷ гоҳ инъикоси ҳақиқии дин нест».

Соли 2010. Баҳси масҷиди Ground Zero

Дар соли 2010 нақша тарҳрезӣ карда шуд, ки як маркази мусулмонии 13-ошёна ба шакли ду блок аз макони Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат дар Манҳеттани Поён, шаҳри Нию-Йорк сохта шавад. Ҳарчанд бинои Park51 аз макони Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ намоён нахоҳад буд, мухолифони лоиҳа гуфтанд, ки бунёди масҷиде дар наздикии Ground Zero ҷанҷолнок хоҳад буд, зеро дуздони ҳавопаймоҳои 11 сентябри соли 2001 террористони Исломӣ буданд.

Ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад дар бораи нақшаи бунёди масҷид дар наздикии Ground Zero чунин изҳор доштанд:

“Агар дар ҷойи пешниҳодшуда масҷид сохта шавад, Ҷамоати мусалмонони Аҳмадия мехоҳад, ки дар наздикии Ground Zero калисоҳо, синагогҳо, ибодатхонаҳои ҳиндуҳо ва ибодатхонаҳои дигар динҳоро низ бубинад. Ин як пайғом ва намунаи хуб хоҳад буд, ки чӣ гуна аз як амали бад ва террор ваҳдат ва сулҳ ба вуҷуд омадааст”.

Қатли Лоҳур

Рӯзи 28 майи соли 2010 ду масҷиди Аҳмадӣ дар Лоҳури Покистон мавриди ҳамла аз тарафи “Теҳрики Толибони Покистон”-и Панҷоб қарор гирифтанд. Ҳамлаҳо тақрибан дар як вақт дар масҷиди Доруззикр дар Гарҳи Шоҳу ва масҷиди Байтуннур дар Моделтаун сурат гирифтанд. Дар ин ҳодиса 94 нафар (аз ҷумла як ҳамлагар) кушта шуданд ва 108 нафар маҷрӯҳ шуданд. Як ҳамлагари дигарро намозиҳо дастгир карданд.

Ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад айядаҳуллоҳу таоло ду пайғоми матбуъотӣ нашр карданд. Дар он ҷо аҳли ҷамоатро даъват ба сабр ва дуо караданд. Боз фармуданд, ки “ҳеҷ як амали ношоиста аз ҷониби ягон Аҳмадӣ нишон дода нашавад”.

Хилофати халифаи панҷуми Ҷамоати Аҳмадия ҷорӣ аст ва бо фазли Худо зери роҳбарии Халифаи панҷум Ҷамоат рӯз то рӯз тараққӣ карда истодааст.