Ҳазрати Мирзо Тоҳир Аҳмад 18 апрел соли 1928 дар деҳаи Қуодиён таваллуд шуданд. Эшон халифаи чаҳоруми Масеҳи мавъуд ва Ҷамоати Аҳмадия буданд. Эшон баъди вафоти халифаи сеюми Ҷамоати Аҳмадия, – Мирзо Носир Аҳмад, 10 июн соли 1982 халифа интихоб крада шуданд. “Маҷлиси интихоби Хилофат” баъди вафоти халифаи сеюми Ҷамоати Аҳмадия дар Масҷиди Мубораки Рабва, Покистон баргузор шуд ва ин маҷлис ҳазрати Мирзо Тоҳир Аҳмадро халифаи чаҳоруми Ҷамоати Аҳмадия интихоб крад.

Баъди ба вуҷуд омадани кишвари Покистон маркази хилофати Аҳмадия шаҳри Рабваи Покистон буд. Соли 1984 ҳукумати Покистон қонуни навро қабул кард. Аз рӯйи ин қонун ягон Аҳмадӣ дар байни мардум худро мусалмон гуфта наметавонад. Бинобар ин, Халифаи чаҳоруми Ҷамоати Аҳмадия аз Покистон ҳиҷрат карданд ва шаҳри Лондони Англия рафтанд. Дар он ҷо масҷиди Фазалро ҳамчун марказ ташкил доданд. Дар Лондон ҳазрати Мирзо Тоҳир Аҳмад бисёр маҷлисҳои саволу ҷавобро баргузор карданд ва ба ин тариқ дар саросари ҷаҳон меҳмонҳоро даъвати иштирок дар ин маҷлисҳо дода таблиғи Аҳмадият карданд. Дар роҳбарии Эшон дар Ҷамоати Аҳмадия тарҷумаҳои Қуръон ба забонҳои гуногун карда шуданд. Боз дар замони хилофати Эшон, Ҷамоат рушди сохторӣ ва молиявӣ дар сатҳи байналмилалӣ кард. Аввалин шабакаи телевизионии моҳвораии мусулмонӣ, МТА дар соли 1994 таъсис дода шуд. Ин як кори фавқулода шуд, ки тавассути он Эшон пайғом ва хутбаҳову насеҳатҳои худро ба тамоми аъзои ҷамоат дар саросари ҷаҳон расонда тавонистанд.

Ҳазрати Мирзо Тоҳир Аҳмад низ китобҳои зиёд навиштаанд. Машҳуртарин онҳо инҳоянд: « Some Distinctive Features of Islam» Баъзе вижагиҳои хоси Ислом; «Christianity: A Journey from Facts to Fiction» Насроният, сафаре аз ҳақиқат ба афсона; «Murder in the Name of Allah» Хун ба номи Аллоҳ ва асари бузургтарини файласуфонаи Эшон «Revelation, Rationality, Knowledge & Truth» Ваҳй, ақл, илм ва ҳақиқат.

Соли 1993 Ҳазрати Мирзо Тоҳир Аҳмад дар Ҷаласаи Солона маросими байналмилалии байъатгириро оғоз карданд, то ҳар он кас, ки ҳини сол Аҳмадӣ шуда бошад, дар дасти Халифа байъат карда дохили Ҷамоат шавад. Минбаъд ин маросим ба тариқи телевизион дар тамоми ҷаҳон мустақим нишон дода мешавад ва то ҳозир давом дорад.

Ҳамчун Халифатул Масеҳ ҳазрати Мирзо Тоҳир Аҳмад Телевизиони мусалмонии Аҳмадияро, ки одатан МТА номида мешавад, таъсис доданд. Ин шабакаи моҳвораӣ барномаи аввалини худро (Хутбаи Ҷумъаи Тоҳир Аҳмад) 7 январи соли 1994 аз Лондон пахш кард.

Ҳазрати Мирзо Тоҳир Аҳмад дар Лондон 19 Апрел 2003 ба сабаби сактаи дил даргузаштанд. Халифаи панҷуми навинтихобшуда, ҳазрати Мирзо Масрур Аҳмад 23 Апрел 2003 ҷанозаро имомат карданд ва дар қафои Эшон аз тамоми дунё 40,000 одам дар вай ширкат карданд.