
Дар китоби таърихии яҳудиҳо, дар «Толмуд» навишта шудааст, ки баъди вафоти Масеҳ подшоҳати рӯҳонии ӯ ба писараш ва наберааш хоҳад гузашт. Дар китоби «Ҳақиқатулваҳй» низ ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссалом дар бораи чаҳор писар ва як набераашон барои оянда шукри Аллоҳ карданд. Ин пешгӯй 16 ноябр соли 1909 иҷро шуд, вақте дар хонаи ҳазрати Мирзо Башируддин Маҳмуд Аҳмад писаре таваллуд шуд, ки номаш Носир Аҳмад гузошта шуд. Дар пешгӯй зикри ҳамин набера шудааст, ки номаш ҳазрати Қорӣ Мирзо Носир Аҳмад мебошад. Ҳамсари ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссалом ҳазрати Уммулмуъминин Носир Аҳмадро “Мубораки ман ва Яҳёи ман” мегуфтанд. Пештар писарашон Муборак Аҳмад дар айёми кӯдакӣ вафот карда буд. Дар таваллуди набераашон яъне Мирзо Носир Аҳмад хоб диданд, ки писари вафотёфтаашон Мирзо Муборак омада бағалгир шуда мегӯяд, ки “Модар, акнун ман намеравам”. Ҳазрати Навоб Муборика Бегам низ дар ин бора хоб диданд.
Илова бар ин 26 сентябр соли 1909 пеш аз таваллуди Мирзо Носир Аҳмад, Ҳазрати Мирзо Башируддин Маҳмуд Аҳмад бе як дӯсташ номо навишт, ки Худо Эшонро хабар додааст, ки Эшонро писаре дода хоҳад шуд, ки риштаи дини Исломро мустаҳкам хоҳад кард. Пешгӯй дар бораи набера дар бораи Яҳё гап мезанад. Ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссалом ба калимаи Яҳё асос гузошта дуруст натиҷа бароварданд, ки ин набераашонро умри дароз дода хоҳад шуд. Баръакси ин умри писари ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссалом хеле кам буд ва ӯ дар хурдсолӣ вафот карда буд. Аз Қуръон маълум мешавад, ки ҳазрати Яҳё алайҳиссаломро дар хурдсолӣ каломи Худо ёд дода шуд. Ба ҳамин тариқ ҳазрати Мирзо Носир Аҳмад дар синни 13 сола Қуръонро ҳифз намуданд.
Баъд аз ин ҳазрати Мирзо Носир Аҳмад таҳсили худро дар Мадрассаи Аҳмадия давом доданд. Соли 1929 Мадрассаро тамом карданд. Баъд аз ин дар солеҷи Лоҳур дипломи бақалаврро соли 1934 ба даст оварданд.
5 август соли 1934 Мирзо Носир Аҳмад бо Сайида Мансура Бегам, ки набераи ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад ва духтари Навоб Муҳаммадалӣ Хон буданд, издивод карданд. Баъди як моҳи тӯй Эшон барои таҳсилро довом додан Ҳиндустонро тарк намуда Англия рафтанд. Дар он ҷо дар Донишгоҳи Оксфорд магистрро тамом карданд. Дар он ҷо бо як профессори пешина во хӯрданд. Профессор Эшонро дар хонаи худ бурд ва ба аъзои дигари ҷамоат гуфт, ки ман дар ин кас нишонаҳои роҳбарӣ мебинам.
Пеш аз баргаштан ба Ҳиндустон Эшон дар Миср аз мони июл то ноябри соли 1938 истиқомат карданд, то ки забони арабиро бисёртар омӯзанд. Дар он ҷо бо бародари худ Мирзо Муборак Аҳмад низ во хӯрданд, то ки дар Қоҳира тараққиёти Ҷамоати Аҳмадияро аз назар гузаронанд.
Ноябри соли 1938 Эшон дар деҳаи Қодиёни Ҳиндустон баргаштанд. Дар он ҷо Эшон дар донишгоҳи “Ҷомиаи Аҳмадия” профессор таъйин шуданд. Соли 1939 Эшон дар он ҷо ректор таъйин карда шуданд ва 5 сол дар ин мансаб хидмат карданд. Аз моҳи май 1944 то ноябри 1965 Эшон ректори “коллеҷи Таълимулислом” таъйин карда шуданд. Ин коллеҷ аввал дар Қодиён буд ва баъди ба вуҷуд омадани Покистон дар шаҳри Рабваи Покистон буд.
Дар фитнаҳои зидди Аҳмадият соли 1953 Мирзо Носир Аҳмад маҳбас карда шуданд ва 28 май соли 1953 озод карда шуданд. Баъди раҳо шудан аз маҳбас Эшон дар мансабҳои гуногун хидмат карданд, то вақте ки баъди вафоти падарашон халифа шуданд.
Ҳазрати Мирзо Носир Аҳмад 9 ноябри соли 1965 аз тарафи Худо ба мақоми халифаи сеюм расиданд. Маҷлиси интихоби Хилофат дар садорати Мирзо Азиз Аҳмад Эшонро дар масҷиди Мубораки Рабва халифа интихоб кард. Баъди халифа шудан Эшон фаъолияти таблиғии ҷамоатро хеле вусъат доданд. “Фазли Умар фоундешан”-ро таъсис доданд. Яке аз муҳимтарин кори ин маҷлис таъмир намудани китобхона буд. Соли 1971 дар шаҳри Рабва ифтитоҳи “Китобхонаи Хилофат” шуд, ки айни замон 100,000 китобу маҷаллаҳо ва мақолаҳоро дар бар мегирад.
Эшон соли 1967 фармуданд:
Ман аҳмадиҳои тамоми дунёро гуфтан мехоҳам, ки 25 соли оянда барои ҷамоат бисёр муҳим хоҳанд шуд, зеро як инқилоби рӯҳонӣ тамоми дунёро хоҳад ҷунбонд. Гуфта наметавонам, ки кадом миллатҳо чунон хушбахт хоҳанд буд, ки пайғоми Аҳмадиятро қабул хоҳанд кард. Оё онҳо қувваҳои калон чун англисҳо хоҳанд буд ва ё қавмҳои африқоӣ хоҳанд буд, аммо шуморо гуфтан мехоҳам, ки рӯзе дур нест, ки баъзе кишварҳо ва ё баъзе қисми онҳо Аҳмадиятро қабул хоҳанд кард ва ҳукуматашонро Аҳмадиҳо идора хоҳанд кард. Дар ин бора пешгӯйҳо ва рӯъёҳои ҳазрати Масеҳи мавъуд алайҳиссалом бисёр ошкоранд. Намедонам, ки барои пайдо намудани чунин табаддулот дар дунё шумо аз кадом мушкилиҳо хоҳед гузашт, аммо шуморо пеш аз он рӯзи ваъдашуда дар бисёр имтиҳонҳо гузошта мешавад. Бинобар ин, шумо бояд барои он лаҳзаи муҳиме, ки аз зуҳури подшоҳии Худо дар рӯйи замин мужда мерасонад, ба тавре, ки Пайғамбари мо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва намояндаи муътабараш, Масеҳи мавъуд пешгӯй кардааст, тайёр бошед.
Дар ҷараёни сафари таърихии худ ба Аврупо дар соли 1967 Халифаи сеюми Масеҳи мавъуд Аврупоро огоҳ карданд:
“Ҳазрати Масеҳи мавъуд пешгӯй карда буданд, ки пас аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷанги сеюми ҷаҳонӣ боз ҳам бузургтар хоҳад буд. Дар ҳолати бехабарии ҳама ду мухолифи калон ногаҳон бо як дигар бархӯрд хоҳанд кард. Марг ва ҳалокат аз осмон хоҳад борид ва оташи шадид заминро фаро хоҳад гирифт. Бузургии тамаддуни муосир ба хок яксон хоҳад шуд. Дар ин ҷараён камунистҳо ва блоки мухолифон нобуд хоҳанд шуд. Росия ва моҳвораҳои он як тараф ва ИМА ва иттиҳоди вай тарафи дигар нобуд карда хоҳанд шуд. Қудраташон шикаста ва тамаддунашон хароб хоҳад шуд. Наҷотёфтагон аз фоҷиа дар ҳайрат хоҳанд монд. Анҷоми ҷанги сеюми ҷаҳонӣ оғози пирӯзии Ислом хоҳад буд. Мардум ҳақиқати Исломро ба шумораи зиёд қабул хоҳанд кард ва дарк хоҳанд кард, ки Ислом дини ҳақиқӣ аст ва озодии инсон ба воситаи паёми Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба даст оварда мешавад. Аммо фаромӯш накунем, ки ин пешгӯй низ мисли ҳама пешгӯйҳо ҳушдор аст ва иҷрои он метавонад ба таъхир афтад ё ҳатто пешгирӣ карда шавад, ба шарте ки инсон ба сӯйи Парвардигораш рӯй оварад, тавба кунад ва роҳи худро ислоҳ кунад. Агар инсон аз парастиши худоҳои ботил, сарват, қудрат ва обрӯву эътибори худ даст кашад, бо Парвардигораш робитаи самимӣ барқарор кунад, аз ҳар гуна таҷовуз парҳез кунад, фарзи худро дар назди Худо ва инсон анҷом диҳад ва барои беҳбудии ҳақиқии инсон кор карданро ёд гирад, ба ин тариқ метавонад, ки ғазаби илоҳиро фурӯ нишонад”.

Дар соли 1970 халифаи сеюми Ҷамоат барои 9 ҳафта ба сафари Африқо рафтанд. Дар сафари таърихии худ ба шаш кишвари Африқои Ғарбӣ ҳазрати Халифаи сеюми Ҷамоат изҳор доштанд:
“Ҳамаи одамон баробаранд. Дар байнашон ҳеҷ тафовут нест. Агар ҷаҳон инро дарк кунад, мушкилиҳо хеле камтар хоҳанд шуд”.
3 июли соли 1970 дар хутбаи Абботобод чунин фармуданд:
“Дар сарзамини Африқо охирин ҷанги рӯҳонӣ байни Ислом ва Масеҳият хоҳад буд”.
“Аз нигоҳ дин дар ҷаҳон мебинем, ки қисми асосии инсоният дар чанголи атеизм ё агностицизм қарор дорад. Россияи советиро мисол мегирем. Чини коммунистӣ яке аз он кишварҳое мебошад, ки Худоро расман бадарға кардаанд. Дар баъзе кишварҳои аврупоӣ аз нигоҳи идеологӣ вазъият тақрибан якхела аст, гарчанде ки дар ин бора эъломия расмӣ дода нашудааст. Мо метавонем ба таври васеъ гӯем, ки тамоми Аврупо аз рӯи дин насронӣ аст. Дар сӯҳбати ҳаррӯза Англия ҳамчун кишвари масеҳӣ шинохта мешавад. Ин барои Австралия, Зеландияи Нав, Канада, Иёлоти Муттаҳида, Амрикои Шимолӣ ва баъзе қисматҳои Африқо низ мувофиқ аст. Шумо инро дониста дар ҳайрат хоҳед монд, ки ман дар калисоҳои Лондон плакатҳои “Барои фурӯш”-ро дидам. Ин кишварҳо танҳо ба ном масеҳӣ мебошанд. Шаҳрвандон ҳатто намедонанд, ки масеҳият чист. Хуб, аз рӯйи харитаи ҷаҳон, ки имрӯз мавҷуд аст, мо мебинем, ки баъзе кишварҳо ошкоро атеизм ё агностицизмро қабул кардаанд. Илова бар ин, майдони ҷанги Африқо вуҷуд дорад, ки дар он қувваҳои Ислом ва Масеҳият мубориза барои бартарӣ бастаанд. Агар мо дар Африқо пирӯз шавем, барои мубаллиғони масеҳӣ дубора ҷамъ кардани қувваҳои худ дар Испания ё Амрикои Ҷанубӣ барои муқобил баромадан ва ҳамлаи рӯҳонӣ кардан душвор хоҳад буд. Онҳо умеди муваффақият надоранд. Маводе, ки Масеҳи мавъуд бар зидди насрониҳо ҷамъоварӣ кардааст, он қадар бузург ва таъсирбахш аст, ки ҳар кас аз бузургии ин дар ҳайрат мемонад”.

Дар пайи ошӯбҳо ва хушунат алайҳи Аҳмадиҳо соли 1974, сарвазир Зулфиқор Алӣ Бутто бо фишори раҳбарони динӣ рӯбарӯ шуд, то Аҳмадиҳоро ғайримусулмон эълон кунанд. Дар натиҷа қонунгузорӣ ва тағйироти конститутсионӣ қабул карда шуданд, тамоми Аҳмадиҳо бойкот карда шуданд ва кору фаъолияти динии онҳо ҷиноят дониста шуд, ҳатто онҳоро аз даъвои мусалмон будан ва ё ҳамчун мусалмон рафтор намудан манъ карда шуд. Пас аз он, Ҷамъияти мусалмонони Аҳмадия бо тафтишоти ёздаҳрӯза рӯбарӯ шуд, ки дар он ҷо худи Мирзо Носир Аҳмад ва чаҳор донишманди барҷаста аз ҷамоати мусалмонони Аҳмадия дар Маҷлиси миллии Покистон намояндагӣ карданд. Мирзо Носир Аҳмад шахсан ба ҳамаи иддаоҳое, ки алайҳи Аҳмадия гуфта мешуданд, посух доданд. Дар ниҳоят, аз ҷониби порлумони Миллии Покистон Аҳмадиҳо ғайримусулмон эълон карда шуданд.
Соли 1978 Мирзо Носир Аҳмад ба Лондон сафар карданд. Дар он ҷо конфронси “Наҷоти Исо аз салиб” дар донишкадаи Команвелти Кингсингтон баргузор шуд. Дар корфронс олимони мухталифи динҳои асосӣ ширкат доштанд ва мақолаҳои худ дар бораи салиби ҳазрати Исо алайҳиссалом хонданд. Баъд аз он нуқтаи назари ҷамоати Аҳмадия дар бораи марги Исо пешниҳод карда шуд. Инчунин аз ҷониби Сарзафруллохон ва М.М. Ахмад баромадҳо карда шуданд.
Калисои насронӣ изҳорот дод, ки ҷамоати Аҳмадия таълимоти дини Ислом надода истодааст, инчунин дар баҳси динӣ, ки дар вақти рӯнамоии кафани Турин баргузор мешуд, ширкат варзиданро худдорӣ намуд. Дар он ҷо аз Покистон, Ҳиндустон, Африко, Осиё, Аврупо ва Америко намояндаҳо иштирок намуда буданд. Ба ин муносибат Ҳазрати Мирзо Носир Ахмад низ дар ин бора лекция хонданд. Эшон дар атрофи мавзӯи зинда мондани Исо аз салиб, сафари ӯ ба сӯйи шарқ ва ваҳдати Худо сухан ронда, мақоми Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро баён карданд.
Leave A Comment