
Мирзо Башируддин Маҳмуд Аҳмад 8 ноябр соли 1889 ба дунё омаданд. Эшон аз ҳамсари дуюми ҳазрати Мирзо Ғулом Аҳмад (Имом Маҳдӣ ва Масеҳи мавъуд), хонум Нусрат Ҷаҳон Бегам ҳамчун писари калонӣ ба дунё омаданд. Эшон 14 марти соли 1914 дар синни 25 солагӣ баъди даргузашти халифаи якуми Ҷамоат, Мавлоно Ҳаким Нуруддин, халифаи дуюми Ҷамоати Аҳмадия интихоб карда шуданд.
Дар вақти интихоби халифаи дуюм дар Ҷамоат ихтилоф пайдо шуд ва як гурӯҳ ба сабаби ихтилофи тарзи идора кардани ҷамоат ҷудо шуд ва байъати хилофат накард. Ҳазрати Мирзо Башируддин Маҳмуд Аҳмад зиёда аз ним аср роҳбарии Ҷамоати Аҳмадия карданд. Дар замони хилофат Эшон сохтори Ҷамоат аз ҷумла панҷ созмони ёрирасон ва такмил онҳо карданд. Маҷлиси Шӯроро асос гузоштанд. Барои истеҳкоми низоми иқтисодии ҷамоат системаи молиявиро оғоз намуданд ва фаъолияти васеи марказҳои берун аз нимҷазираи Ҳиндустонро роҳбарӣ карданд. Эшон ба сабаби тафсири Қуръонашон низ, ки «Тафсири Кабир» ном дорад ва дорои даҳ ҷилд мебошад, дар байни мардум шинохта мешаванд. Сухангӯи маъруф Мирзо Маҳмуд Аҳмад як шахсияти фаъоли сиёсӣ дар Ҳиндустон низ буданд. Эшон инчунин яке аз асосгузорон ва аввалин президенти “Кумитаи умумиҷаҳонии Кашмири Ҳиндустон”, ки барои таъсиси ҳуқуқҳои шаҳрвандии мусулмонони Кашмир таъсис ёфта буд, буданд. Баъди ҷудо шудан ва ба вуҷуд омадани кишвари Покистон дар соли 1947 Эшон ҳиҷрати аҳмадиҳоро аз Қодиён ба кишвари нав эҳтиёткорона нигаҳбонӣ карданд. Дар Покистон як қитъаи замин аз ҳукумат харида дар он ҷо як маркази нав барои Ҷамоати Аҳмадия таъсис доданд ва номаш Рабва гузоштанд. Айни замон як маҷмӯаи 26 ҷилда, ки «Анворулулум» ном дорад, ба чоп баромадааст, ки дорои зиёда аз 800 китобу мақолаҳои Эшон мебошад. Хутбаҳои Ҷумъа ғайр аз ин мебошанд. Ҳазрати Мирзо Башируддин Маҳмуд Аҳмадро дар Ҷамоати Аҳмадия ҳамчун “Муслеҳи мавъуд” ва ё “писари ваъдашуда”, ки Мирзо Ғулом Аҳмад алайҳиссалом дар борааш аз тарафи Худо хабар ёфта пешгӯй карда буданд, қабул карда мешавад.

Ҳазрати Муслеҳи мавъуд р.а.
10 март соли 1954 баъди тамом шудани намози Аср шахсе, ки дар қатори якум буд, хеста дар гардани Эшон ду бор корд зад. Эшон ҷароҳати вазнин бурдоштанд, аммо душман дар иродаи худ комёб нашуд ва ҷони Эшонро Худои таоло маҳфуз монд. Дар натиҷаи ин ҳамла барои табобат Эшон кишварҳои Аврупо рафтанд. Духтурҳо гуфтанд, ки нуги корд дар бадан мондааст ва дар як раги хун пайваст шудааст, бинобар ин вайро набояд аз он ҷо бароварда шавад. Дар баробари ин дар Аврупо Эшон марказҳои гуногуни Ҷамоати Аҳмадияро аз назар гузаронда тафтиш карданд. Дар Лондан як корфронс баргузор шуд, ки дар он ҷо тамоми мубаллиғҳои Аврупо ширкат карданд.
Баъд аз воқеаи кордзанӣ сиҳати Эшон рӯз то рӯз заиф шудан гирифт. Эшон 8 ноябр соли 1965 дар Рабва, Покистон аз олам гузаштанд. Баъди интихоби халифаи сеюм Мирзо Носир Аҳмад ҷанозаи Эшонро имомат карданд. Беш аз 50000 одам ҷаноза хонданд.
☼☼☼☼
Leave A Comment